АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҷавонони кишвар дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ фаъолият мекунанд. Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат намуд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик зиракии сиёсиро аз даст дода, ба гумроҳию гумномӣ меравад, ки аз аслу мақсади таблиғгарони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хабар надоранд.    Пас аз характери ҷаҳонӣ-глобалӣ пайдо намудани экстремизм ин ҳолат Тоҷикистонро низ дар канор нагузошт ва замина барои қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бар зидди терроризм” пайдо шуд (аз 8 декабри соли 2003)
   Баъдан бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2016 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид. Дар он намудҳои амалии ҷанбаҳои муҳими муқовимат бар алайҳи вуҷуди ин гардиши манфии ҷомеа қайд гардидааст.
   Тибқи омори маркази маълумоти таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 271 ҷинояти экстремистӣ ба қайд гирифташуда, 295 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Инҳо аъзоёни гурӯҳҳои экстримистии, «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷундуллоҳ», «Ҷамоат Ансуруллоҳ», «Салафия», «Гуруҳи-24», «ҲНИ», «ДОИШ» мебошанд. Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои номбаршуда ғоя ва идеяҳи радикалии худро паҳн намуда, ҷавононро аз кишварҳои пасошурави ҳамчунин Тоҷикистон ба гирдоби ҷанг мекашиданд.
   Ҳадафи гурӯҳҳои ифротгароӣ ин нобуд намудани ҳукумату давлат ва миллатҳо аст. Он нафароне, ки шомили ин гурӯҳу созмонҳо мешаванд, сараввал аз кофӣ набудани дониши динӣ, ки гурӯҳҳои терористии ифротӣ аз он васеъ истифода мебаранд, нодурустии мақсади зиндагӣ, надоштани саводи кофии аввалиндараҷаи томактабӣ ва мактабӣ, инчунин, дур будани ғояҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ хусусан худшиносии миллӣ мебошад.
   Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро огоҳ будан аз равандҳои сиёсиву ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ онҳоро водор менамояд, ки пеш аз ворид шудан ба ҳаводиси сиёсӣ  таҳлил ва муайян намоянд.
    Гарчанде, ки ҳар нафар дар назди оилаву дин ва ватани худ, масъулияту мавҷудияти хешро дорад, бояд хуб дарк намояд, ки дар зиндагӣ бо он ҳодисоте, ки рӯ меоварад бо таҳлили дуруст хулоса намуда, роҳи худро идома диҳад.
   Ҷавононе, ки дар кишвари соҳибистиқлолу ободу ором зиндагӣ мекунанд, бояд пеш аз ҳама ба худ суол диҳанд, ки барои чӣ бояд ба гурӯҳ ва ё созмонҳои ифротӣ шомил гарданд, барои онҳо ин гурӯҳҳо чӣ манфиат дорад, пас аз шомил шудан чӣ дастовард ва ё хатаре дорад ва ниҳоят барои ҳар кор мукофот ва ҷавобгарие, дар назди оила, хешовандон ва ватан ҳаст. Ҳар нафаре, ки пеши худ ин саволҳоро мегузорад новобаста аз мақсади инсониаш ба ин амали разилона даст намезанад.
   Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки ҳодисаҳои ваҳшатборе, ки зери ниқоби дини мубини ислом бо қатли инсонҳо даст мезананд, бори дигар собит менамояд, ки чунин аъмоли ваҳшиёна ба дини мубини ислом умуман иртибот надорад ва шариати ислом онро дар ҳама шакл қатъиян маҳкум мекунад. Ба ибораи дигар, дини ислом ба чунин «пуштибонҳо”-и ҷоҳилу разил эҳтиёҷ надорад. Бинобарин, ҳар фарди солимфикрро зарур аст, ки баҳри ҳидояти ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои милливу инсондӯстӣ бетараф набошад.
   Хулоса, ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибони аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баръакс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва эктремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.
 
    Адабиёти истифодашуда:
  1. Қурбонзода Б.Ш. Уголовная ответсвенность за организацию экстремистского сообществов РТ, Дисс. 120008, Душанбе 2017., стр-217
  2. Указ Президента Республики Таджикистан от 12.11.2016 г., №776 “Об утверждении Национальной стратегии Республики Таджикистан по продействию экстремизму и терроризму на 2016-2020 годы”.- Душанбе, 2016.-С.1.
  3. Закон Республики Таджзикистан «О борьбе с экстримизмом» от 8.12.2003г. // Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан.-2003.-№12.-С.697; 2007.-№3, СТ.158
  4. Абдухамитов В.А. Борьба с религиозным экстремизмом: уголовно-правовые, криминологическые проблемы(на материалах РТ). –Бишкек, 2015;
  5. Имомов А.Х. Терроризм-форма организованной преступности.-Душанбе, 2003;
  6. Маджижзода Дж. З. Противодействие терроризму и экстримизму: курс лекций.-Душанбе: Нашри Мубориз, 2016;
  7. Мухаббатов К.М. Реакционная политика «Хизб ут- Тахрир». –Душанбе, 2010;
  8. Сафаров Х.С. Соотношение определений «террористическая деятельность» и «экстремистская деятельность» в законодателстьве Республики Таджикистан // Труды академии МВД РТ.- Душанбе, 2011.-№(15);
Таҳмина ВОҲИДОВА,
корманди Институт
 

БОЗГАШТ