Ҳукумати Индонезия ба таҳқиқот ва рушди технологияҳои нав таваҷҷуҳи зиёд намуда, дар ин самт, робитаҳои байналмилилии худро тавқият бахшида, махсусан соҳаи истеҳсоли ваксина ва биотехнологияро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Соли 2025 Индонезия бо Ҷопон барои истеҳсоли ваксинаҳо ва доруҳо аз қабили инсулин ва доруҳои хун асоси ҳамкории худро гузошт[18]. Илова бар ин, Президенти Индонезия, Прабово Субианто бо Билл Гейтс дар бораи ташаббусҳои соҳаи тандурустӣ ва таҳияи ваксинаи нави бар зидди сил, ки дар Индонезия озмуда мешавад, мулоқот анҷом дод[13].
Соҳаи дорусозии Индонезия ҷавон буда, пеш аз ҳама, дар заминаи саноати рушдёфтаи друсозии ШМА, Ҳиндустон ва кишварҳои Аврупо ташаккул ёфта аст. Чи тавре аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, сиёсати дорусозии Индонезия дар маҷмӯъ бо ташкили як бахши устувор ва инноватсионӣ равона шудааст, ки метавонад талаботи аҳолии мамлакатро бо доруҳои босифат ва дастрас таъмин намояд.
Сиёсати саноати дорусозии Тоҷикистон.
Бозори саноати дорусозии Тоҷикистон, яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, фаъолияти он барои таъмини аҳолӣ бо доруворӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ равона гардидааст. Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Маҷлиси миллӣ 23 декабри соли 2022 пешкаш гардид, рушди саноати дорусозӣ дар кишвар мебошад. Тавре Президенти мамлакат зикр карданд: “Гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 340 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд”[9]. Табиати кишвари мо аз гиёҳҳои шифобахш бой буда, Ҳукумати мамлакат ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди саноати дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.