АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Роҳҳои рушди ҳукумати электронии Сингапур

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Ҷумҳурии Сингапур дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун кишвари хурди минтақа буда, як давлати рушдкардаи  ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум табдил ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илму инноватсия рушд кардааст. Бояд зикр кард ки асосгузори рушди ” муъҷизаи иқтисодӣ” Сингапур ин саҳми сарвазир Ли Куан Ю буда, дар тули 30 соли давлатдориаш кишварро пешрафта кардааст. Тибқи маълумоти соли 2021 аҳолиаш тақрибан 6 058 739[1] нафар буда,  ҳудудаш-728,0 км² - ро дар бар мегирад. Пойтахташ шаҳри Сингапур ва забони давлатиаш англисӣ, чинӣ, малайзӣ ва тамилӣ мебошад. Ҷумҳурии Сингапур-ҷумҳурии парлумонӣ-президентӣ буда, аз 14-уми сентябри соли 2017  Президент- Ҳалима Яқуб ва сарвазир Ли Сянлун аз 12 августи 2004 мебошад.

Ҳукумати электронӣ асосии рушди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳадафи ҳукумати электронӣ ин автоматикунонии равандҳои идоракунӣ дар саросари кишвар аст, то самаранокии идоракунии давлатиро ба таври назаррас баланд бардорад ва хароҷотро барои хизматрасонӣ ба ҳар як аъзои ҷомеа поён барад.

Сингапур аз ҷиҳати ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад. Дар Сингапур технологияҳое ҷорӣ карда шуданд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои марбут ба идоракунии кишвар ва хизматрасонӣ ба аҳолиро автоматӣ мекунанд.

Дар Сингапур зиёда аз 1600 намудҳои хизматрасонии электронӣ мавҷуданд. Яке аз фалсафаи пешбарандаи рушди иқтисодиёт ва таҳкими Ҳукумати электронии Сингапур чунин аст: «Ҳар гуна хизматрасонии давлатӣ, агар имконпазир бошад, бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад»[2].

Сиёсатмадорони Сингапур дарк намуданд, ки ягона имконияти "зинда мондан" дар шароити набудани захираҳои табии, барои рушди иқтисоди зеҳнӣ, таҳия ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар идораи давлат шуруъ намуданд.  Ҳукумати Сингапур барои рушди тиҷорати электронӣ системаи ҳуқуқӣ ва идоракуниро таъсис дод, ки тасдиқи он, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, таҳияи қарордод ва ҳалли баҳсҳоро дар бар мегирад. Қонун мақоми ҳуқуқии шартномаҳои электронӣ ва имзои рақамиро муайян намуд, ки дар ҳукумати электронӣ чунин низоми нишондиҳандаҳо сохта шуданд:

  • нишондиҳандаҳои соҳаи Техналогияи Иттилооти;
  • идоракунии давлатӣ;
  • муносибати ҷомеа ба фаъолияти давлат.

Раванди ташаккули ҳукумати электронии Сингапур аз соли 1980 оғоз ёфта, тавассути ташкили Шӯрои миллии компютерӣ ва Барномаи миллии компютеркунонӣ, ки ба шарофати он Сингапур ҳоло дар ҷаҳон дар Рейтинги ҳукумати электронӣ мақоми аввалро ишғол мекунад, идора мешавад. 

Соли 1980 ҳукумати Сингапур барномаи компютеркунонии хизматрасонии давлатиро барои 20 сол қабул кард. Тибқи он, тамоми муассисаҳои давлатӣ бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба мансабдорон усулҳои истифодаи   технологияи нав омӯзонида шуданд. Ин имкон дод, ки раванди қабули қарорҳо ва самаранокии хизматрасонии аҳолӣ баланд бардошта шавад. Дар аввали соли 1990 шабакаи иттилоотии оммавӣ таъсис дода шуд.

Ин барнома дар аввал чунин ҳадафҳоро иҷро намуд:

  1. электронӣ намудани вазоратҳо;
  2. рушди (Information technology- Техналогияи Иттилооти) IT-саноати маҳаллӣ;
  3. дар тӯли 5 сол тайёр намудани 580 нафар кадрҳо дар самти (Information technology- Техналогияи Иттилооти)-IT.

Шӯрои миллии компютерӣ, махсус барои татбиқи нақшаи компютеркунонӣ таъсис дода шуда аст. Татбиқи бомуваффақияти ин барнома барои нақшаҳои минбаъдаи иттилоотӣ чунин замина гузошт, аз ҷумла:

  1. IT- Техналогияи Иттилооти -Нақшаи миллии (1986-1991) - Алоқа ва мубодилаи маълумотҳо байни низомҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ бо истифода аз (Electronic Data Interchange)- мубодилаи электронии маълумот.
  2. Нақшаи "Ҷазираи иттилоотӣ" (1992-1999) - ҳамгироии захираҳои электронии ҳукуматро ба (Singapore Government Network- Шабакаи ҳукумати Сингапур), ки дастрасии ҳамаро ба Интернет фароҳам меорад аввалин шабакаи миллии умумии дар ҷаҳон Singapore ONE мебошад.

Инчунин, ташкилоти ҳукуматӣ-  Раёсати рушди технология иттилоотӣ -Infocomm Development Authority (IDA)  таъсис дода шуд, ки барои рушди ТИК дар Сингапур масъул аст.

  1. Нақшаи амали I (Action Plan I - солҳои 2000-2003) - мушаххас кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ:
  • давлат – шаҳрвандон;
  • давлат – соҳибкорон;
  • давлат - кормандон.

Дар доираи ин барнома усули ҳамкории электронӣ бо мақсади расонидани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба муассисаҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва аҳолӣ ба оғози ташаккули ҳукумати электронӣ муқаррар карда шуд.

  1. Нақшаи амал (Action Plan II солҳои 2003-2006)- баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ба Интернет:
  • такмили ҳамкориҳои байниидоравӣ;
  • бештар кардани хизматрасонии электронӣ.
  1. Нақшаи iGov соли 2010- Портали хидматҳои давлатӣ (солҳои 2006-2010) - баланд бардоштани сифат ва дастрасии беҳтар ба хизматрасонӣ. Ҷалби харидорон ба раванди эҷоди хизматрасониҳои нав.
  2. Нақшаи iGov соли 2015- Портали хидматҳои давлатӣ (солҳои 2011-2015) - такмил додани ТИК- технологияҳои иттилоотӣва коммуникатсионӣ ва истифода аз Facebook ва YouTube, тақвияти ҳамкории кормандони давлатӣ бо якдигар, соҳибкорӣ ва рушди “IT-саводнокӣ”-и аҳолӣ.

Воқеаи муҳим дар доираи ташаккули модели идоракунии давлатӣ дар Сингапур соли 1999 таъсис додани Агентии давлатии рушди ТИК- технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (IDA - Authority Development Infocommunication) буд, ки ба агентӣ ваколатҳои васеъ оид ба таҳия, татбиқ ва назорати маблағгузорӣ барои барномаҳои ҳукумати электронӣ дода шуд. Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Сингапур як маркази ягонаи сиёсати давлатии технологӣ ба вуҷуд омад, ки масъули тамоми муассисаҳои давлатӣ оид ба иттилооткунонӣ дар саросари кишвар мебошад.

Мавриди зикр аст ки оғози ҳукумати электронии Сингапур дар натиҷаи сохтани “Чорчӯбаи хидматрасонии техникӣ- Service-Wide Technical Architecture” (SWTA, соли 2002)- ташаккул ёфт. Баъдан дар “Чорчӯбаи корхонаҳои давлатии Сингапур- Singapore Government Enterprise Architecture” (SGEA, соли 2006) васеъ гардид. Дар асл, SGEA як намунаест, ки мувофиқи он бояд системаҳои иттилоотии ҳар як шуъбаи ҳукумат тарҳрезӣ карда шавад.

Таҳлили ҳамаҷонибаи роҳҳои рушди Ҷумҳурии Сингапур, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии  иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши рақобат муҳим аст. Омӯзиш ва таҳлили ҳукумати электронии Сингапур барои рушди минбаъдаи ҳукумати электронии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. 26 январ соли  2021 дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр карданд:”... вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба ҳукумати кишвар ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”.[3]

Дар айни замон, модели ягонаи блокҳои асосии стратегияи умумии таъсиси "ҳукумати электронӣ"  вуҷуд надорад. Ҳар як давлат равишҳои худро барои сохтани ин низом дар асоси хусусиятҳои идоракунии давлатӣ, сатҳи рушди иттилоот ва ҳадафҳои стратегӣ, ки дар татбиқи амалии хизматрасонии электронӣ ба миён меоянд, ташаккул медиҳад.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Сингапурро оид ба татбиқ, идоракунӣ ва банақшагирии рушди технологияҳои иттилоотӣ, барои расонидани хизматрасони босифат ба аҳолӣ, ҳамчун як таҷрибаи муваффақ метавон дар шароити Тоҷикистон истифода бурд.

Барои рушди ҳукумати электрони Тоҷикистон чунин пешниҳодҳоро иброз менамоем:

  1. Ба мансабдорони давлатӣ усулҳои истифодаи технологияи нав омӯзонида шавад.
  2. Электронӣ намудани вазоратҳо, рушди ТИ-саноати маҳаллӣ ва

тайёр намудани кадрҳо дар самти ИТ.

  1. Ташкили Агентии давлатии рушди технологияҳои иттилоотӣва коммуникатсионӣ.
  2. Нақшаҳои дар боло зикршуда истифода карда шавад.
  3. Таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон истифодаи таҷрибаи Ҷумҳурии Сингапур оид ба рушди ИТ.
  4. Амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи Сингапур истифода шавад ва мутахассисони ин кишварро барои татбиқи “ҳукумати электронӣ” ҷалб карда шавад.

Адабиёт:

  1. Электронное правительство в Сингапуре // Электронное правительство разных стран: http://elgov.ucoz.ru/ index/ehlektronnoe_pravitelstvo_v_singapure/0-17 Санаи муроҷиат07.2021
  2. Попова М. Сингапур строит «Электронное правительство 2.0» на iPhone иAndroid // CNews. Новости.: http://www.cnews.ru/news/top/index.shtml?2011/06/20/444561. Санаи муроҷат07,2021
  3. E-Government Action Plan II // eGov Singapore. eGov Masterplans. eGap II. Vision & Strategic Thrusts.-Singapore,://www. egov.gov.sg/egov-masterplans/egap-ii/vision-strategic-plan;jsessionid=0CAF8D066 B6874F5E86C57B31893F791
  4. Facts & Figures // IDA Singapore. Tech scene and news. – Singapore,: http://www.ida.gov.sg/Tech-Scene-News/Facts-and-Figures

 

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими хурди илмӣ

ва докторант PhD-и

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

 

 

 

[1] Аҳолии Сингапур https://countrymeters.info/ru/Singapore

[2] Садовская К. Как Сингапуру удалось создать электронное правительство и выбиться в ИТ-лидеры // МФЦ Статьи. Обзор статей. Мировой опыт. –: http://мфц.рф/articles/672/ Санаи муроҷиат 08.07.2021

[3] Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон /папкаи ахбор/ https://mfa.tj/tg/kobul/view/7039/pajomi-prezidenti-tojikiston-peshvoi-millat-ba-majlisi-olii-tojikiston. Санаи муроҷиат 08.07,2021

БОЗГАШТ