Тоҷикистон: Воридот 3,68 миллиард доллари амрикоӣ (56% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 250 миллион доллари амрикоӣ (16% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.
Қирғизистон: Воридот 3,68 миллиард доллари амрикоӣ (29% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 887 миллион доллари амрикоӣ (26% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.
Узбекистон: Воридот 12,7 миллиард доллари амрикоӣ (32% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 1,82 миллиард доллари амрикоӣ (6% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.
Туркманистон: Воридот 957 миллион доллари амрикоӣ( 20% аз ҳаҷми умумӣ) ва содирот 9,63 миллиард доллари амрикоӣ (62% аз ҳаҷми умумӣ) ташкил медиҳад.[2]
Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи ҳамоиши дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин санаи 17 - уми июни соли 2025 дар Остона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Сарони давлатҳо зимн мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро барраси намуда, ба самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Раисиҷумҳури Чин аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи муҳити зист, махсусан кӯшишҳо дар соҳаи дипломатияи об ва иқлим баҳои баланд доданд. Инчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе баргузор гардид, табрик намуда, қайд намуданд, ки Чин дар оянда низ барои рушди устувори Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолият пуштибонӣ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Чин бештар ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ҳамин тариқ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии дуҷониба дар 4 моли соли 2025 беш аз 725 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар соли 2024 ҳудуди 2 миллиард ва дар соли 2023 бошад, беш аз 1,4 миллиар доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо ба рушди пайвастаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳ намуданд. Инчунин таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати чинӣ фаъолият менамоянд, ки бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, энергетикӣ ва истихроҷи маъданро дар бар мегирад. Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Чин таъсиси паркҳои технологӣ ба шумор меравад ва инчунин таъсиси маркази технологияҳои иттилоотии муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон ба соҳаҳои истеҳсоли мошинҳои электронӣ, панелҳои офтобӣ, маҳсулотҳои дорусозӣ ва химиявӣ диққати махсус доданд.[3]
Тибқи таҳлилҳои дар боло зикр гардида, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи Формати “5+1” ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, саноат, инфрасохтор, тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамта дар соҳаҳои мазкур яке аз ҳадафҳои асосии Чин дар минтақа мебошад. Бояд қайд намуд, ки Чин тавассути рушди иқтисодӣ дар минтақа манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геостратегии худро ба даст оварда, нуфузи худро дар минтақа нигоҳ медорад. Зеро солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ Формати “5+1” бо шиддат нуфуз ёфта, дигар кишварҳои абарқудрат дар доираи формати мазкур ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаи худро ба роҳ монда, ҳадафҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегӣ дошта, пайваста ҳамкориҳои худро бо кишварҳои минтақа густариш медиҳанд.