АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ЭРОН

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ЭРОН

30 июли соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.Умедоворем, ки ин сафари навбатии Пешвои миллат ба кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги мо дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон саҳифаҳои навро мекушояд.

Бояд зикр намуд, ки ҶИЭ,баъд аз пош хурдани ИҶШС нисбати Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама сиёсати конструктивиро пеш гирифт. Вай бо ин роҳ мехост исбот намояд, ки мақсади асосии Эрон ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ва пеш аз ҳама, таъмини суботи ҳарбӣ-сиёсии минтақа мебошад. Гуфтаҳои болоро иштироки фаъоли Эронро барои ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷалб намудани ҷумҳуриҳои ОМ, кӯшишҳои барқарорсозии Шоҳроҳи Бузурги абрешим, эълони дар ихтиёри ин ҷумҳуриҳо гузоштани ҳудуд ва бандарҳои обии Эрон барои боркашонӣ ва роҳёфтан ба обҳои кушод, сохтмони иншоотҳои хурду бузург дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тақвият мебахшанд.

Дар сиёсати хориҷии Эрон муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз охирҳои даҳаи 1980 сар карда то имрӯз яке аз ҷойҳои асосиро ишғол намудаанд. Теҳрон бо мақсади кӯмак ба рушди иқтисодиёти дохилӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ, дар навбати аввал содироти маводи ғайринафтиро интихоб намуд. Теҳрон робитаҳои иқтисодиро яке аз омилҳои пуртаъсир ва муҳими кӯмакрасон ба манфиатҳои амниятӣ ва сиёсии худ мешуморад. Роҳбарони Эрон дар изҳороташон ҳамеша оид ба алоқамандиҳо байни суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва инчунин барои рушди робитаҳои иқтисодии судманди мутақобил ва эътимоду ҳамкориҳо таъкид мекарданд. [1].

Таи муддати сипаришуда, миёни ҶИЭ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин мувофиқатномаҳои дуҷониба ва теъдоди зиёди мувофиқатнома ва ёддошти тафоҳуми дуҷонибаву сеҷониба ба имзо расида, тарафи Эрон бо мақсади ташвиқи маҳсулоти дохилии худ чандин намоишгоҳҳоро ташкил намудааст. Дар ин муддат утоқҳои бозаргонии дуҷониба ва кумитаҳои иқтисодӣ таъсис шуда, масъалаҳо ва қонунҳои судури раводид ҳалли худро ёфтанд. Бинобар набудани марзи муштарак, рафту омад танҳо аз ҳудуди Туркманистон сурат мегирад ва аз ҳамин сабаб дар сарҳади байни Эрону Туркманистон чандин гузаргоҳҳо кушода шуданд. Хатулсайри парвозҳо ё масирҳои ҳавоӣ байни Эрону ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор гардиданд.

Таи солҳои аввали 1990 Эрон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва иқтисодӣ дар ду масъала саъю талошҳои пурсамаре анҷом дод. Аввалин ва муҳимтарини ин талошҳо аз тавсеа ва эҳёи созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ иборат буд. Дар нишастҳо ва ҷаласаҳои соли 1992-и созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣдар Теҳрон, 6 кишвари мусалмоннишини Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар якҷоягӣбо Афғонистон ба се узви минтақавии ин созмон (Эрон, Туркия ва Покистон) пайвастанд ва дар натиҷа як ташкилоти байнидавлатии минтақавии нав бо доштани вазифа ва имкониятҳои зиёди тақвият ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиву амниятӣ ба вуҷуд омад.[1]

Масъалаи дуввум, иборат аз он буд, ки Эрон аз мавқеъ, фурсат ва имконоти мавҷуда истифода карда, пешниҳод намуд, ки як ниҳоди байнидавлатии чандҷонибаи нав, яъне Созмони Ҳамкориҳои баҳри Каспий таъсис дода шавад. Ин пешниҳод низ аз ҷониби 4 кишвари дигари бо баҳри Каспий марзи муштараки обӣ дошта: Озарбойҷон,Туркманистон, Россия ва Қазоқистон дастгирӣ ёфт[7].

Муносибатҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолият хуб ба роҳ монда шуда, ҳамеша дар ҳоли тавсеа ва рушд қарор доранд. Ногуфта намонад, ки аввалин кишваре, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт, Эрон буд ва сабаби аслии он муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣба шумор меравад.

Дар бахши муносибатҳои энергетикӣ ва иқтисодӣ таи ин муддат бо кӯмак ва дастгирии ҶИЭ, корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Сохтмони нақби Истиқлол, Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда 2, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, таъмиру азнавсозии меҳмонхонаи Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои дӯзандагӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣтаъмин намудани онҳо, корхонаи истеҳсоли маводи аҳамияти ҳарбӣ дошта, тавсеаи тиҷорат дар шаклу қолабҳои гуногун ва ғайра мисолҳоеанд чун муште аз хирвор.

Бо таъйини сафирҳои соҳибтаҷриба аз ҳар ду ҷониб дар ибтидои соли 2019, муносибатҳои байнидавлатӣ ба зинаҳои нав баромаданд. Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳои мусофирбар бо хатсайри Душанбе-Машҳад-Душанбе дубора барқарор гардида, дар охири соли 2019 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти эронӣбаргузор гардид. Ҷонибҳо дар бораи ба охир расонидани сохтмони нақби «Истиқлол» бо кӯмаки молиявии Эрон ва ҳамчунин истифодаи пулҳои миллӣдар тиҷорати байниҳамдигарӣ ба мувофиқа расиданд. Ғайр аз ин, Эрон истифодаи ҳудуд ва бандарҳои баҳрии хешро барои интиқоли борҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Муносибатҳои фарҳангӣ низ дар ҳоли тавсеа ва рушд буданд ва дар ин росто як қатор корҳои назаррас низ ба анҷом расиданд. Дар ин бахши ҳамкориҳо мо метавонем ҷашни хамасолаи «Китоб»-ро мисол оварем. Дар ин ҷашн ҳар сол садҳо китобдӯстону ноширони тоҷик ба Теҳрон даъват карда мешаванд ва онҳо аз наздик ба кори ноширони китоби Эрон ва дигар кишварҳо ошно гашта, китобҳои даркориашонро аз ғурфаҳои китобфурӯшӣ пайдо мекунанд. Ҳар сол дар ғурфаи китоби Тоҷикистон бо кӯмаки сафоратхонаи Тоҷикистон дар Теҳрон Рӯзи Тоҷикистон доир мегашт ва ҳадафи аслӣаз доир кардани ин рӯз муаррифии Тоҷикистон ва санъати ноширии он буд.

Солона чандин адад китобҳои шоирону нависандагони тоҷик ба таври ройгон ба чоп мерасанд. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Теҳрон соли 2010 гузаронида шуд ва аз ҷониби мардуми Эрон хеле хуб пазируфта гардид.

Тибқи ахбори сомонаи Авесто.тҷ аз 04.03.2020 сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, донишманд ва диломати шинохта Низомиддин Зоҳидӣ оид ба масъалаи рушди муносибот дар бахши амниятӣбо котиби Шӯрои Олии амнияти миллии ҶИЭ оқои Алӣ Шамхонӣ мулоқот намуд. Мавзуи мулоқот ёфтанироҳҳо ва усулҳои дар амал пиёда намудани «Меморандум оид ба принсипҳо ва чорчӯби ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эрон дар бахши амниятӣ» буда, ба зарурати андешидани чораҳои муассир барои иҷрои моддаҳои ин ҳуҷҷати муҳим таъкид карда шуд.

Ташрифи Президети ҶИЭ марҳум Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар сентябри соли 2021 ва сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ва диду боздидҳояшон бо роҳбарияти сиёсӣ ва низомии кишварҳо, имзои 16 санади ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногунро ба бор овард.

Ногуфта намонад, ки дар замони на он қадар тӯлонии роҳбарии марҳум Раисӣ муносибати Тоҷикистону Эрон ба маҷрои аввалааш баргашт. Ӯ дар аввалин сафараш ба Тоҷикистон гуфт, «фасли наве дар равобити иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии Теҳрону Душанбе оғоз шуд» Сафари дувуми Раисӣ ба Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта воқеаи таърихӣ буд. Ӯ зимни ин сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва ҳарду дар нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки раводид барои шаҳрвандони ҳар ду кишвар барои 30 рӯз лағв мегардад. Марҳум Раисӣ дар ҷараёни сӯҳбаташ қонеъона ва қотеъона гуфт, ки «Шояд баъзеҳо тавсеаи Тоҷикистонро намеписанданд, муҳим нест, аммо мо ба унвони Ҷумҳурии исломии Эрон муътақидем, пешрафти Тоҷикистон пешрафти мост, амнияти Тоҷикитон амнияти мост. Боварии мо ин аст, ки ҳар гоме, ки дар ҷиҳати пешрафт дар кишвари Тоҷикистон бардошта мешавад. иззати ҳамаи мост. Дар ин ҷиҳат аз ҳеҷ ҳамкорие дареғ нахоҳем дошт» [9].

Ҷумҳурии исломии Эрон дорои имконот ва зарфиятхои бузурги молияӣ, иқтисодӣ, техникӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣва ғайраҳо буда, яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик шинохта шудааст.

Рафту омад, табодули ҳайатҳои расмӣ, бастани шартномаву қарордодҳои ду ҷонибаву бисёрҷониба миёни ҳарду кишвари дорои умумиёти муштарак ҷавобгуйи тақозои замон мебошад.

Аз ин рӯ, беҳбуди муносибот, рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, ҳарбӣва ҳарбӣ-техникӣ бо ин кишвар, ба манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд.

Бо боварии комил қайд намуд ҷоиз аст, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷмуҳурии исломии Эрон, ҳамкории барои ҷонибҳо судмандикишварҳои моро дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар минбаъд ҳам густариш хоҳанд дод.

Вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг имрӯз дар сатҳи қаноатмандӣ қарор дорад ва ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.

Холназаров Назар Мирзоевич,

ходими калони илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рӯйхати адабиёт

1. Амният дар Осиёи Марказӣ «дар чорчӯби навини байналмилалӣ», маҷмӯи мақолаҳо, фасли 8, Ёдмунг Ҳерзиг-«Эрон ва Осиёи Марказӣ», тарҷимаи Муҳаммадризо Дабирӣ, саҳ. 235-272

2. Казахистан и организация «Исламская конференция»,маҷмуаи мақолаҳо, боби 2, 2.2. Ҷумҳурии Исломии Эрон,сах.79-97

3. Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон.Б.2, моддаи 16

4. Ҳафтаномаи «Дунё», №5 (825), 29.01- 04.02.2020

5. http://www/ Iran.ru.04.12.2008

6. Inside Central Asia, issue 121 (13-19 may 19960),p.1

7. Caspian issues have figured prominetlyin Iranian polici and specialists and public debate in the 1990s, vol4,no,1 includes five articles giving the perspectives of senior Iranian offisiels and analitis…

8. Richard Pomfret, Central Azia Turns South? Traide Relations in Tranzition (London: Royal Institute of international Affairs? 1999), charpter 4, Trade Panernsin the 1990s, especiali pp, 42-43

9. Хафтаномаи «Самак», №21(654), 23.05.2024,с.5

Бознашр: https://amit.tj/tj/rushdi-khamkorikhoi-chumkhurii-tochikiston-bo-eron

БОЗГАШТ