(Дарҳошияимубоҳисаҳоииҷлоси 80-умиМаҷмааиУмумииСозмониМилалиМуттаҳид мулоқоти Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣРаҳмонбоПрезидентиҶумҳурииСотсиалистииВетнамЛионг Кионг)
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур, аз он ҷумла Ветнам аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад” дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст[5]. Ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳо бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ветнам, дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим идома доранд ва ин раванд яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар тӯли 34 соли истиқлолият мебошад. Заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои минтақа, аз қабили Ветнам, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ғайра, дар ҳоли ташаккул қарор доранд.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам [Манбаи электронӣ] URL:https://www.mfa.tj/index.php/tg/main/view/18/munosibathoi-tojikiston-bo-vetnam (санаи муроҷиат 23.06.2021)
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг [Манбаи электронӣ] https://www.president.tj/event/news/52857(санаи муроҷиат 23.09.2025)
Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-55