АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ - асоси устувории давлат ва ҷомеа

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ - асоси устувории давлат ва ҷомеа

(Дар партави суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024)

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, рушди техника ва технологияҳои навини иттилоотӣ дар сиёсати давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол илм ва маориф яке аз пояҳои муҳим ва арзишманд маҳсуб ёфта, мақоми меҳвариро касб намудааст. Ҳанӯз аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илм ва маорифи миллӣ ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои тақвият бахшидан ва рушди ин соҳаҳо тамоми роҳу воситаҳои заруриро ҷустуҷу ва пайдо менамоянд.

Пӯшида нест, ки руз аз руз таҳдидхои наве чун ифротгароиву терроризм ва дигар ҳодисаҳои номатлуб тамаддунҳои муосирро таҳдид менамоянд. Албатта яке аз роҳҳои истодагарӣ намудан ба ин ҳама чолишҳо мусоидат намудан ба рушди ин соҳаҳо ва таваҷҷуҳи бештар додан ба муҳтавои таълиму тадрис дар макотиби миёнаву олӣ, ба талаботи замона мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи барномаҳо, китобҳои дарсиву адабиёти илмӣ ва инчунин ба воя расонидани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар суханронии Президенти кишвар, ки дар таърихи 30.05.2024 бо аҳли илм ва маорифи кишвар шуда гузашт, ба ин масъалаи муҳим ру оварда шуд. Пешвои миллат дар ин мулоқот бори дигар қайд намуданд, ки «рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад». Барҳақ, агар тамоми шаҳрвандон, алалхусус ҷавонону наврасон, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд, аз донишҳои замонавӣ бархурдор бошанд, сатҳи маърифати ҳуқуқии худро доимо баланд намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ҳеҷ гуна гурӯҳҳои тундрав онҳоро гумроҳ карда ба доми худ кашида наметавонад. Зеро ҳар гуна қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноят дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон маншаъ мегирад.

Дар ин раванд қайд кардан бамаврид аст, ки эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз пешниҳодҳои оқилона ва созандаи Пешвои миллат буда, дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакати мо боз як саҳифаи навро боз намуд. Зеро густариши маърифати ҳуқуқии ҷомеа яке аз масъалаи муҳим ва ҳалталаби ҳаёти имруза арзёбӣ карда мешавад. Яъне тавассути илму маориф ва маърифати ҳуқуқӣ арзишҳои миллӣ, махсусан арзишҳои фарҳангӣ дар раванди таърих аз насл ба насл мегузаранд ва ҳифз карда мешаванд.

Роҳбари давлат дар ин мулоқот дуруст ва бамаврид ибрози андеша намуданд, ки «Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Зеро ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад».

Ҷаҳони муосир бо ҳама мухолифату таззодҳояш ба мутахассисони боилму бомаърифат, болаёқату кордон ва дорои дониши замонавӣ эҳтиёҷ дорад. Беҳуда нест, ки мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» маҳз дар нимаи дуюми асри XX ба вуҷуд омад. Бинобар ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба имзо расонидани як қатор санадҳои байналмилалӣ, созишномаҳои ҳамкорию ҳамгироӣ тақозо мекунад, ки омӯзгорону донишҷӯёни замони нав бояд сифатҳои шахсиятии ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, ӯҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро дошта бошанд. Онҳо бояд шахсони бомаърифати аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки роҳҳои дастрас кардани ахбору маълумоти заруриро тавассути техника ва технологияҳои навин интихоб намуда, онро таҳлилу арзёбӣ карда тавонанд, масъалаҳои мураккаби олами атрофро дарк кунанд, мушкилиҳои гуногуни таълимию ҳаётиро пешгӯӣ ва ҳал карда тавонанд, масъулияти худро дар назди оила, аҳли ҷомеа ва кишвар эҳсос намоянд ва пайваста пайи такмили донишу маҳорати касбии худ саъю кушиш намоянд. Дар ин ҷода нақши устоду омӯзгор хеле муҳим ва бузург мебошад.

Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму вохурӣ ва суханрониҳои ҳамасолаи худ бо аҳли илму маориф доимо таъкид ва хотирнишон менамоянд, ки «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рузафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Воқеан имруз низоми илму маорифи кишварамон ислоҳоти ҷиддиро тақозо менамояд. Мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо аҳли илм ва маорифро метавонем, ҳамчун як санади пурарзиш ва рузмарра арзёбӣ намоем. Дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои мубрами илмӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, мубрамияти мавзуъ ва мазмуну сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ибрози назар намуда, ба аҳли зиё, олимону омӯзгорони мамлакат мурочиат намуданд, ки баҳри рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни дар рушди илми ватанӣ, татбиқи амалии онҳо дар истеҳсолот, инчунин пурқувват намудани илми донишгоҳӣ саҳми бориз дошта бошанд.

Мулоқот бо аҳли илм ва маориф дарак аз он медиҳад, ки Пешвои миллат бо такя ба далелу рақамҳо ва таҳлили воқеъбинонаи масъалаҳои марбут ба илм ва маориф дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз пешрафту мушкилоти соҳаи мазкур маълумоти комил доранд. Дар мулоқоти мазкур бори дигар аз ҷониби роҳбари давлат вазъи кунунии илму маорифи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои судманд дода шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат ба аҳли илму маориф чунин иброз доштанд, ки «Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд». Инчунин қайд карда гузаштанд, ки «Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед».

         Ҳамин тариқ, рушди илму маориф кафили устувории давлат ва пешрафти ҷомеа буда, бо ҳидояти Пешвои миллат ҷузъи созандаи иқтисод ва фарҳанги миллат, василаи таъмини пешрафту пойдории халқу кишвар шинохта шудааст. Дар ин замина роҳбари давлат бо фарогирии таҷрибаи таърихии миллат ва дастовардҳои ҷаҳонӣ имкони мусоиде барои озодӣ ва инкишофи мутаносиби зеҳниву ҷисмонии ҳамватанони мо ба вуҷуд оварданд, ки раҳнамои саодати ҷовидона барои наслҳои оянда мебошад.

Холиқова Шоира,

ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи мпллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ