АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Ҳайдарзода Рустам

Расм

РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз мо бо дастовардҳои олимони тоҷик дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар бисёр самтҳо фахр менамоем. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки барои рушди илму маориф дар ҷомеаи тоҷик, хусусан дар самти аз худ намудани донишҳо ва технологияҳои замонавӣ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон иқдоми назаррас амалӣ шудаанд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ барои фаъол гардонидани табодули таҷрибаи олимони мамлакат ва таҳқиқоти онҳо бо олимону марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ, аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ бо давлатҳои пешқадами дунё — ИМА, Германия, Япония, Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Франсия ва дигарон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи илму маориф имзо гаштанд, ки он ба муҳаққиқони варзидаю ҷавони тоҷик барои сайқал додани дониш ва давом додани пажуҳиш дар марказҳои пешқадами илмии давлатҳои мазкур имконият фароҳам овард. Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлол принсипи ҳамбастагии наслҳои муҳаққиқонро дар соҳаи илми миллати тоҷик таъмин намуд ва он аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, хусусан дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ баҳрабардор гардид. Соҳаи илм дар кишвари мо дар давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати олимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумуъ карда истодааст. Сарвари давлат ба ҳамин хотир гуфтанд, ки “дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад”.

Президенти мамлакат зимни суханрониашон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 барҳақ зикр намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.

Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”

Боиси ёдоварист, ки дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол ба махзани илмҳои бунёдӣ ва макони олимони тавоно мубаддал гардид.

Дар ҳифзу таҳкими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хизмати Пешвои миллати тоҷик беназир аст. Ҳарчанд ки дар давраи баъд аз низои шаҳрвандӣ вазъи иқтисодӣ ва молиявии мамлакат дар ҳолати номуътадил қарор дошт, Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро барои наҷот ва ҳифзи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона намуданд. Сарвари давлат бо хислати олимпарваронаи худ дарк карда буданд, ки аз байн рафтани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба пойдевори давлати ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷик зарбаи ҷонкоҳ зада мешавад. Наҷот ва таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва инфрасохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва умуман соҳаи илму маорифи мамлакат масаъалаи ҳаётан муҳими нахустин давлати дунявии тоҷикон буд ва мо, насли муосири олимони тоҷик ин амали Пешвои миллатро ҳамчун қаҳрамонӣ баҳри боқӣ мондани миллати тоҷик, забону номи тоҷик ва илму фарҳанги миллии тоҷик эътироф менамоем.

Дар ҳақиқат миллати тоҷик, ки бо тамаддунофариаш дар ҷаҳон ном баровардааст, дар таърихи инсоният маҳз бо дастовардҳои илмӣ ва зеҳнӣ, асарҳои бадеӣ, мусиқӣ ва наққошии худ муаррифӣ шудааст. Миллати озодандеши тоҷик давоми таърихи худ маҳз аз ҳисоби фарҳангсолориаш ҳамчун миллат боқӣ мондаасту истилогарони сарзамини аҷдодони мо маҷбур мешуданд ба воситаи ассимилятсияи фарҳангӣ фарҳангу забони моро аз худ намоянд. Ман итминони комил дорам, то он замоне, ки мо, яъне насли имрӯзаи тоҷикон ном ва эҷодиёти гузаштагони худ- анаъанаи шаҳрсозии Саразми Панҷакент, “Шашмақом”, ашъори бо забони ноби тоҷикӣ эҷодшудаи Рӯдакӣ, “Ёддоштҳо”-и Айнӣ С., “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров, ашъори ватандорӣ ва ё “Ватаннома”-и М.Турсунзода ва эҷодиёти ҳазорон олимону зиёиёни миллатамонро ҳифзу таблиғ менамоем ва то он даме, ки ҷашни Наврӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллати тоҷик асту боқӣ мемонад, мо ҳамчун тоҷик — миллати куҳанбунёд, тамаддунофар ва фарҳангсолор ҷовидон ҳастем ва хоҳем монд.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат зикр менамоянд, ки “имрӯз рисолати олимони ҷамъиятшинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри густариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат гарданд”.

Алъон ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳолати дигаргуншавии доимӣ қарор ёфта, таҳдид ва чолишҳои нав эҷод менамояд, ки ин раванд аз мо, олимони тоҷик, таҳлилу таҳқиқ ва вокунишҳои илман асоснокшударо ба ин зуҳурот тақозо менамояд.

Ба назари мо, рисолати олимони тоҷик имрӯз аз омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғояҳои инсондӯстонаи илму фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои зеҳнии аҷдодони мо дар арсаи ҷаҳон ва интиқоли ин донишу арзишҳо ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик бояд иборат бошад.Тамаддунофарӣ, фарҳангсолорӣ ва илмпарварии тоҷикон бояд ҳамчун хислатномаи миллати мо дар ояндаи дуру наздик дар зеҳни ҷаҳониён таҷассум гардад.

Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра,

директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои фалсафа

Бознашр: https://amit.tj/tj/rushdi-ilmu-maorif-dar-davroni-istikloli-davlatii-tochikiston

БОЗГАШТ