РУШДИ ИМКОНИЯТҲОИ ҶАВОНОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Муаллиф: Давлатова Фарида

Расм

Воқеан ҳам ҳар як мулоқот ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири нуқтаҳои муҳим ва  таҳкимбахш мебошад, ки омили рушди босуботи минбаъдаи кишварамон мегардад. Паёми навбатӣ, ки санаи 28.12.2024 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, дар он самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар солҳои минбаъда арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат зимни суханронӣ қайд намуданд, ки: “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.

Дар ҳақиқат, инкишофи ҳар як ҷомеи мутамаддин ба нерӯи созанда ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози демографӣ давлати ҷавон буда, 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Имрӯз тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон нақши муҳим бозида, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намуд ва тадриҷан барои рушду такмили ҷавонон дар шароити душвори дигаргуниҳои сохторӣ ва иҷтимоӣ имконият фароҳам овард.

Ба сиёсати ҷавонон ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеа диққати махсус дода мешавад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумат ба ҷавонон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, 13-уми  марти соли 1992 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" №562 қабул гардид. Ин қонун дар раванди рушди муосир 15 – уми июли соли 2004 № 52 дар таҳрири нав қабул карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва ба воя расидани ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиеёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи самараноки энергияи зеҳнӣ ва маънавии худ муайян менамояд. Мулоқоти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони мамлакат собит менамояд, ки сарвари давлат ба қувваи эҷодкору роҳбарикунандаи ҷавонон эътимоди зиёд дорад ва ин эътиқоди Пешвои Миллат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте ки ӯ раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ба таври равшан намоён гардид. Дар вазъияти ноороми кишвар, яъне дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, 2 -уми феврали соли 1993 бори аввал бо ҷавонон мулоқот кард. Ин нишонаи ғамхории падаронаи Пешвои бузурги миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон ва эътимоди комил ба нерӯи эҷодӣ ва созандаи ҷавонон гардид. Аз ин рӯ, ҳар як вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад.

Дар ҷомеаи муосир мавқеи ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа ғояҳои тоза ва нав дорад, қувваи муҳими пешбарандаи иқтисодиёт мебошад ва метавонад истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот таъмин намояд.

Тавре ки дар консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: танҳо кишварҳое, ки ба ҷавонон диққати бештар медиҳанд, ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд. Тоҷикистон, ки дар ин раванд фаъолона иштирок мекунад ва дар доираи ин консепсия амал мекунад, муваффақиятҳои худро дар сиёсати давлатӣ нишон медиҳад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон аз шароити мусоид, ки давлат фароҳам меорад, имкониятҳои конститутсионии худро самаранок ва оқилона истифода баранд ва тамоми кӯшишҳои худро ба омӯзиш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, шукуфоӣ ва пешрафти сарзамини ниёгон, ҳифзи Ватан, рушди илму техника, инноватсия равона созанд.

Давлатова Фарида,

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ