АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рушди имкониятҳои занон дар Ҳиндустон

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Аз санаи 22-юми январ то 12-уми феврали соли 2024 дар доираи барномаи байналмии ITEC (Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон) ба кишвари афсонавии Ҳиндустон як гурӯҳи ҷавонони кишвари азизамон сафар намуданд. Банда низ муддати се ҳафта дар Донишгоҳи Рушди Соҳибкории Ҳиндустон (Entrepreneurship Development Institute of India) дар курси “Густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон тавассути рушди соҳибкорӣ”-(Empowering women through entrepreneurship development) иштирок намудам. Дар курси мазкур дар баробари тоҷикон намояндагони 11 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар рӯзҳои аввали баргузории курси бозомӯзӣ иштирокчиёнро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маданӣ пешвоз гирифтанд. Ҷаласаи ифтитоҳии курси мазкур баргузор шуд. Ба ин тартиб, масъулини барнома нақшаи курси бозомӯзиро матраҳ намуда, тибқи он, мушаххасоти ташкилӣ, тадрисӣ-ихтисосӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ-фароғатии давраи омӯзиширо ироа намуданд.

Донишгоҳе, ки ҷараёни тадрис дар он сурат мегирифт, барои шунавандагон тамоми шароити ташкилӣ, таълимӣ, илмӣ, ихтисосӣ омода шуда буд. Ин буд, ки дар курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос чеҳраҳои матраҳи илмӣ-ҳирфаии Донишгоҳ ҳузур пайдо карда, аз тариқи лексия-суҳбатҳои ихтисосӣ барои шунавандагон мушаххасоту вежагиҳои соҳибкорӣ, имкониятҳои занон махсусан занони хонашин дар рушди соҳибкориро бозгӯ карданд. Инчунин нозукиҳои соҳибкорӣ, рушд додани маҳорати занон, махсусан занҳои хонашин, имкониятҳои занони хонашин дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва чӣ тавр ноил гардидан ба тиҷорати шахсӣ ба иштирокчиён омӯзониданд. Мавриди зикр аст, ки устодони ботаҷрибаи соҳавӣ ва занҳои муваффақи соҳибкорон аз таҷрибаҳо ва усулу равишҳои муваффақиятҳои худ ба мо шунавандагон ироа намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра масъулини барнома шунавандагон аз коргоҳҳо ва маконҳое, ки бештар занҳо ба ҳунарҳои мардумӣ машғул буданд, дидан намуданд. Мо шунавандагон аз ҳунару малака ва таърихи фарҳангу маҳорати ин занҳои хонашин маълумоти муфассал доданд. Ин коргоҳҳоро занони муваффақи соҳибкор идора мекарданд. Дар ин коргоҳҳо бештар занҳои хонашин кору фаъолият мекарданд ва ҳатто ба ин занҳо имконият фароҳам дода буданд, ки дар хона маҳсулоти худро омода сохта, ба фурӯш бароранд. Инчунин дар ин коргоҳ занҳо ҳамаи маҳсулот аз қабили либоси занона, мардона, маҳсулотҳои рӯзгорро дастӣ омода менамуданд. Мо шоҳиди он шудем, ки як зани хонашин дар ҷодаи соҳибкорӣ муваффақ шуда, боз кӯшиши онро дорад, ки дигар занҳои хонашини маҳалларо ба ин касб ҳавасманд намоянд.   

Ҳамзамон метавон гуфт, ки фарҳанги ҳунарҳои мардумӣ аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондааст. Мо аз ҳунарҳои дастӣ ва анъанаҳои қадимаи Ҳиндустон аз наздик шинос шудем. Бештаре аз оилаҳо ба ҳунарҳои дастӣ машғул ҳастанд, ки аз гузаштагони худ мерос гирифтаанд. Як ҳунари онҳо ба мо бисёр ҳайратовар буд, ки дар матои сафед нақш мекашанд ва бо ранг рангубор мекарданд. Ба мо шунавандагон тарзи омода намудани ин санъати зеборо нишон доданд ва оид ба ин санъати зебои қадима тавассути саволу ҷавоб маълумоти муфассал доданд. Ҳайратовар дар он буд, ки рангҳои ин санъат ба дараҷаи аъло буд, ки пок намешуданд. Инчунин санъати ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақаҳои Ҳиндустон машҳур гардидааст, ки ҳатто саёҳони хориҷӣ низ аз ин гуна коргоҳҳо дидан мекунанд.

Мувофиқи нақшаи корӣ шунавандагон ба макону ҷойҳои таърихии Ҳиндустон низ сафарбар намуда, аз дастовардҳои таърихию сайёҳии минтақа дидан намудем. Дар воқеъ, шаҳрҳои таърихии Ҳиндустон макони тамошобоб буда, диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб нанмудааст. Иштирокдорон сайёҳати худро аз осорхонаи маҳатма Гандӣ оғоз намуда, Қасри қадимаи шоҳ дар шаҳри Удайпур,  Тоҷмаҳал ва дигар ҷойҳои таърихии шаҳри Деҳлӣ дидан намуданд. Сайёҳҳон барои дидани ҷойҳои таърихӣ ба минтақа аз гӯшаву канори сайёра зиёд ташриф меоваранд ва аз маконҳои таърихии сайёҳӣ бозавқ боздид менамуданд. Сайру сайёҳат ба минтақаҳои сайёҳӣ ҷараёни курси бозомӯзиро рангинтар намуда, фазои мусоидро барои ҳамкориҳо ва мубодилаи афкор бо намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон фароҳам овард. Ин аст, ки дар ҷараёни омӯзиш мо на танҳо таҷрибаи рушди имкониятҳои соҳибкории занон ва ҳифзи ҳунрҳои мардумиро омӯхтем, балки бо намояндагони кишварҳои гуногун бевосита шиносоӣ пайдо намуда табодули таҷрибаю андеша карданд.

Хулоса, метавон гуфт, ки дар ҳақиқат кишвари Ҳиндустон кишвари афсонавӣ буда, таърихи қадима ва фарҳанги нотакрор дорад, ки мо бо чашми хеш шоҳиди зебогиҳои нотакрори ин кишвар шудем. Сафари сеҳафтаина дар ин кишвар дар доираи барномаи байналмилалии рушди соҳибкории занон бо муваффақият анҷом ёфт. Метавон гуфт, ки занон на танҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои бузург устуворона талош менамоянд, балки иштирокчиёни бевоситаи дастовардҳои мазкур мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҳиндустон барои рушди ҳуқуқ ва имкониятҳои занон, махсусан занҳои хонашин, баланд бардоштани мавқеъи занон дар ҷомеа, инчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон барномаҳои гунонгуни  давлатиро  дар тамоми соҳаҳо ба роҳ мондааст, ки имкониятҳои занонро боз ҳам фарохтар менамояд. Бояд қайд кард, ки ин барномаҳо натанҳо барои рушди устувори  занони Ҳиндустон балки барои рушди имкониятҳои занони тамоми дунё шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз барномаҳои мазкур ба занҳо имконият дод, ки тули се ҳафта дар кишвари Ҳиндустон оид ба рушди ҳуқуқи занон дар риштаи соҳибкорӣ бомуваффақият таҳсил намуда, аз таҷрибаҳои рушди  соҳибкории занони Ҳиндустон баҳраманд шаванд.

 

Файзуллаева Нигора,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

БОЗГАШТ