АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар ҳошияи Саммити МҲТБО

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   14-15-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе саммити навбатии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши мазкур 27 давлатҳои аъзо-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Озарбойҷон, Чин, Корея, Муғулистон, Туркия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Ветнам, Бангладеш, Камбоджа, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Миср, Баҳрайн, Ироқ, Урдун, Исроил, Фаластин ва Тайланд, инчунин 8 давлат – ИМА, Япония, Украина, Беларус, Лаос, Малайзия, Индонезия, Филлипин ва 5 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Созмони Миллали Муттаҳид, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони байламилалии муҳоҷират ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон ба ҳайси нозир иштирок намуданд.    Дар ин ҳамоиш Ҷумҳурии Туркия, ки аз кишварҳои абарқудрати минтақа ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ба ҳисоб меравад, иштирок намуд. Президенти Туркия – Реҷеп Тейип Эрдоған ҷиҳати иштирок дар ин саммит ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Бояд илова намуд, ки Реҷеп Тейип Эрдоғанро ҳамсараш Хонум Эмине Эрдоған дар ин сафар ҳамроҳӣ намуд.
    Таърих гувоҳ аст, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Туркия аз моҳи январи соли 1992 барқарор гардидаанд. Туркия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Дар давоми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифҳои расмиву дипломатӣ, рушди робитаҳои минбаъдаи сиёсӣ, амниятӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории муштарак байни Тоҷикистону Туркия ба таври фаъол идома доранд. Фаъолияти Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) дар ин раванд нақши муҳимро мебозад. Боз як далел аз он шаҳодат медиҳад, ки 15-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ТИКА дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбон бо буридани лентаи фахрӣ аз ҷониби хонум Эмине Эрдоған мавриди истифода қарор дода шуд. Дар суханронии худ хонум Эмине Эрдоған бахшида ба ифтитоҳи Марказ чунин иброз намуд: “Мо итминон дорем, ки ин марказ барои шахсони имконияташон маҳдуд василаи хуби табобат гардида, дар ҳаёти онҳо дигаргуниҳои куллиро ба миён меорад”.

   15 июни соли ҷорӣ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити 5-уми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тейип Эрдоғанро ба ҳузур пазируфтанд.
   Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки вохӯрии сарони ду кишвар барои раванди рушди муносибатҳои мутақобилаи судманд ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари бо ҳам дӯст нақши калидӣ дорад. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориву муносибатҳои дарозмуддат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
   Ҳамчунин дар вохӯрии сарони кишварҳо дар мавзӯи амалӣ намудани созишномаҳои пештар имзошуда, вобаста ба фаъолияти якҷояи комиссия байнидавлатӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, оид ба фаъолияти идораи Саррраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА), оид ба гузаронидани форум-бизнесҳои муштарак дар Тоҷикистон ва Туркия, ки барои ривоҷ додани ҳамкории байни сармоягузорон ва соҳибкорони ду кишвар мусоидат менамоянд, диққати махсус дода шуд.
   Мавриди зикр аст, ки дар музокироти байни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркия Реҷеп Тейип Эрдоған ба масъалаи мубрами рӯз – таъмини сулҳу субот дар кишварҳои ҷангзадаи минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ва ҳалли қазияи Афғонистон диққати хоса дода шуд.
   Президенти Туркия Реҷеп Тейип Эрдоған барои пешвози самимона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар охири вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  меҳмони олиқадр Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоғанро барои расман ба Тоҷикистон ташриф овардан даъват намуданд.
    Панҷумин Саммити сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар шароити мушкили сиёсати умумиҷаҳонӣ, замони зиддияти манфиатҳо байни кишварҳои абарқудрат, вазъи ноороми кишварҳои минтақаи Ховари Миёна баргузор гардид. Дар шароити ҷаҳонишавӣ баргузории чунин ҳамоиш барои фаъолияти муштарак дар таъмини амният ва сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар минтақаи Осиё нақши муҳим мебозад. Баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ боиси сазовори эътимоду боварии кишварҳои иштирокчиёни он гардид, чунки дар ин ҳамоиш  чораҳои муштараки самарабахш баҳри пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо бо роҳи сулҳ мутобиқ ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи башар коркардгардида амалӣ шуда истодаанд.
   Президенти Туркия Реҷеп Тейип Эрдоған дар баромади худ дар Панҷумин Саммити сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори умедворӣ намуд, ки дар чунин шароити мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа бигзор кори саммит барои манфиати тамоми кишварҳои минтақа заминаи ҷиддӣ эҷод намояд. Инчунин илова намуд, ки Туркия кишварест барои таъмини амнияту субот дар минтақа, ҳалли қазияи кишварҳои ҳамсоя ба монанди Сурия, Фаластин, Афғонистон, Ҳиндустону Покистон тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳад.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки натиҷаи чорабиниҳои зикргардида, ба таҳкиму вусъати ҳамкориҳо, дурнамои муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон бори дигар худро ҳамчун кишвари сулоҳофар ва хоҳони сулҳ бо роҳҳои дипломатӣ ва бе истифода аз зурӣ дар минтақа муаррифӣ намудааст.
   Умед аст, ки ҳамоиши баргузоргардида дар густариши муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистон ва Туркия заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
А. САЛИМОВ,
корманди Институт

БОЗГАШТ