РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ

Расм

Таҳлили тағйирёбӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии хусусиятҳои ниҳодҳои сиёсӣ, меъёрӣ-ҳуқуқии ташаккули ҷумҳуриро тақозо менамояд. Таҳкурсии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9 сентябри соли 1991 гузошта шуда буд, вақте ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумонҳои ҷумҳуриҳои шуравӣ ва давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро даъват ба он кард, ки Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намоянд. Ин рӯйдод ба самти муносибатҳои байналмилалии давлат таҳкурсии мустаҳкам ниҳод, чунки Эъломия аввалин санади ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ гардид, ки аз пайравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ шаҳодат медод.

Муҳимтарин рӯйдод барои мустаҳкам гардонидани усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 ба шумор меравад. Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 11 – и Конститусия чунин ифода ёфтааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад» [1].

Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тољикистон бо кишварњои њамсоя ва минтаќа чун пештара хусусияти дўстї, накуњамсоягї ва бидуни мудохила ба корњои дохилии якдигарро касб менамояд, ки амнияту эътимодро дар тамоми марзњои кишвар таъмин менамояд. Ҷумҳурии Тољикистон дар сиёсати хориљии худ дар њалли масъалањои бањснок, аз љумла дар масъалањои сарњадї, энергетика ва масъалањои об, ба музокироту гуфтушунидњо такя менамояд ва амнияту бехатарии минтаќавиро таъмин менамояд. Дар њалли масъалањои амният ва бехатарї Ҷумҳурии Тољикистон ба фаъолияти созмонњои мухталифи байналмилалї ва минтаќавї такя менамояд, зеро дар шароити имрўза дар низоми муносибатњои байналмилалї ҳамгироии сиёсиву иќтисодии гуногунсамта афзалият пайдо намудааст.

Тањкими муносибатњои неки њамсоягї, дӯстї ва њамкории мутаќобилан судманд бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз муњимтарин вазифањои сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон дар самти Осиё ба шумор меравад. Ин муносибатњо бо ирода ва талошњои ду љониб то ба сатњи шарокати стратегї расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни њамкорињои гуногунљанбаи сиёсию амниятї, њарбию техникї, иќтисодию тиљоратї ва фарњангї фароњам овардаанд.

Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд ки Истиқлоли давлатии Љумњурии Тољикистонро ба расмият шинохт ва омодагии хешро ҷиҳати барқарор кардани муносибатҳои гуногунҷабҳа эълон намуд.

Бо туфайли кушиши дипломатӣ, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин ҳеҷ ихтилоф ё масъалаҳои ҳалношуда, ки ба рушди ҳамкорӣ монеа эҷод созад, вуҷуд надорад. Ин ду давлати ҳамҷавор дорои марзи муштарак буда, санадҳои танзимкунандаи масъалаҳои сарҳади давлатиро бо ба имзо расониданд. Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин соли 1996 ба имзо расида буд.

Инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан манфиатбахш бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда тамосҳои наздики вазорату идораҳои мухталифи ду кишвар аз алоқамандии ҷонибҳо ба густариши робитаҳои фарогир шаҳодат медиҳад. Яке аз мураккабтарин масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ - муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ҳаллу фасли мусбати худро худро ёфт. Дар моҳи январи соли 2011 Протокол байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин аз ҷониби Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷат ба тамоми мушкилоти марбут ба сарҳад миёни ду кишвар нуқта гузошта, фазои эътимоду бовариро миёни ҷонибҳо тақвият бахшид.

Ҷумҳурии  Мардумии Чин яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, тавассути кумаки ин кишвар лоиҳаҳое амалӣ мегарданд, ки дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ аз аҳамияти махсус бархӯрдоранд. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд аз сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, хатти интиқоли барқ ёдовар шуд. Бо кушода шудани роҳи автомобилгард аз тариқи ағбаи Кулма шароити мусоиде барои тавсеаи тиҷорати наздисарҳадӣ, афзоиши равуои шаҳрвандони ду кишвар ба вуҷуд омадааст.

Љумњурии Тољикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин мунтазам дар масъалањои муњимми њамкорињои дуљониба ва мушкилињои мубрами байналмилалї мубодилаи афкор менамоянд. Ҷумҳурии  Мардумии Чин ҳамчунин сиёсати роњбарияти Ҷумҳурии Тољикистонро љињати таъмини сулњ ва вањдати миллї бетағйир ва ќотеъона доиман дастгирї намудааст. Муносибатњои дўстонаи Ҷумҳурии Тољикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар сатњи зарурї ба роњ монда шуда, дар њоли рушд ќарор доранд.

Нуктаи аввалини пайдоиши дӯстии байни ин ду халқи таърихан бузургро давраи пайдоиши Шоњроњи бузурги абрешим ба ҳам мепайвандад ва то имрӯз дар як фазои якдигарфаҳмӣ қарор дорад. Њамкорињои Љумњурии Тољикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин ба таъмини амният дар минтақа, эњтиром ба якдигар, муќобилият ба хатарњои ҷаҳонї, таҳким ва фарохшавии њамкорињо дар соњаҳои иќтисодї, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ равона гардидаанд. Дар ин самт корњои зиёде ба сомон расонида шуда, додугирифти иќтисодї ва молиявӣ миёни ду кишвар рў ба афзоиш нињодааст.

Њамкорињои Тољикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар асоси боварии якдигар то рафт мустаҳкам мегардад ва албатта ҳамин боварӣ ва эътимоди якдигар сабаб гардид, ки ба Ҷумҳурии Тољикистон имконият дод, ки шуруъ аз соли 2006 инљониб ќарзњои имтиёзнокро соҳиб бигардад ва ба татбиќи лоињањои асосии инфрасохтор хусни оғоз бахшида, барои расидан ба ҳадаҳои стратегии хеш қадамҳои устувор бигузорад.

Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро дар миёни шарикони иқтисодӣ соҳиб мебошад. Вижагии робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин сатҳи устувору пойдори ҳамкориҳои ду давлат мебошад. То имрӯз бо маблағгузории ин ҳамсояи бузург силсилаи лоиҳаҳои стратегӣ, аз қабили шоҳроҳи Чанак-Хуҷанд-Душанбе, нақбҳои Шаршар, Чормағзак, Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва дигар созандагиҳо анҷом ёфтаанд.

Дар ин росто сафари расмии давлатии Раиси Ҷумҳурии  Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2014, ки сиёсатшиносон ин сафарро, бо таваҷҷуҳ ба тавофуқҳои бадастомада «оғози марҳилаи нав дар ҳамкориҳои ду давлат» унвон кардаанд, саҳифаи тозаеро дар робитаҳои гуногунарсаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии  Мардумии Чин боз намуд.

Дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаҳо бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин аҳамияти басо муҳим дорад. Ба дипломатияи муосири тоҷик муяссар гардид, ки дар даврони истиқлолият бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин сатҳи баланди эътимодро миёни ду кишвари ҳамсарҳад ба вуҷуд оваранд ва заминаи густурдаеро барои ривоҷи ҳамкориҳои судманди тарафайн фароҳам созад. Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин яке аз омилҳои рушди иқтисодии кишвар ва тақвияти суботу амният дар минтақа ба ҳисоб меравад. Робитаҳо миёни ду кишвари ҳамсоя хамчунин дар чаҳорчубаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ба асоси беш аз 200 созишномаҳо босуръат ҷараён мегирад.

Рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин алҳол суръат ва вусъати беназир касб карда, ба пояи муътамади қарордодиву ҳуқуқӣ такя мекунад. Яке аз санадҳои ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар он зоҳир мешавад, ки онҳо ба таври фаъол ва муваффақона татбиқ мешаванд ва робитаҳои мухталифро аз энергетикаву коммуникатсия ва сохтмон то саноати сабуку кишоварзӣ дар бар мегиранд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии  Мардумии Чин имрӯз ба яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, иштирокаш дар татбиқи лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаётан муҳим тавсиаи беш аз пеш меёбад.

Ҷумҳурии  Мардумии Чин имрӯз яке аз шарикони стратегии Љумњурии Тољикистон  ба шумор меравад, ки ин кишвар воқеан бо он сиёсати нарми хеш як мавқеи устувор дар сиёсати байналмилалӣ касб намуда, то рафт мавқеи бузургтареро соҳиб мегардад. Ҷумҳурии  Мардумии Чин кишваре мебошад, ки барои рушди иқтисодаш барномаҳои мушаххаси давлати қабул менамояд ва дар асоси ин барномаҳои давлатӣ амал намуда ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барномаҳои қабулшударо пеш аз муҳлати ба итмом расиданашон ба поён расонад. Ин хислати чиниҳо имрӯз сабаби он гардидааст, ки ин мамлакати осиёӣ дар як муҳлати кутоҳ ба як абарқудрат на танҳо дар Осиё балки дар ҷаҳон мубаддал гардад.

Ҷумҳурии  Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимод барои Љумњурии Тољикистон дар муносибатњои байналмилалї ба њисоб меравад ва ҳамчун яке аз кишварони узви шурои амнияти Созмони Милали Мутаҳҳид ба шумор мебошад, ки аз тасмимҳои вобасти ҷиҳати Љумњурии Тољикистон дар оянда пуштибонӣ намояд ва албатта ин ҳама танҳо дар асоси эътимоди дутарафа сурат мегирад. Инчунин, дар оянда метавонад баёнгари дустию бародарии ду кишвари таърихан бузургро ба намоиш гузорад.

Љумњурии Тољикистон, ки љанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст воқеан дар як давраи мушкил дар солҳои 90 – ум ва аввалҳои солҳои 2000-ум қарор дошт. Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар ин давра яке аз кишварҳое буд ки ба иқтисоди Љумњурии Тољикистон сармоягузорӣ намуда, худро ҳамчун яке аз шарикони боэътимод муаррифӣ намуд, ки барои рушди ояндаи муносибатҳо як заминаи боэътимод гузошт.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии  Мардумии Чин бузургтарин хамсоя аз байни чор кишвари ҳамсояи мо шинохта мешавад ва воқеан саҳми бузург дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тољикистон дорад. Ҳамзамон, барои рушди Ҷумҳурии Тољикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳарчӣ бештар шарикони боэътимод ба мисли ин Ҷумҳурии  Мардумии Чин пайдо намуда, хамеша дар баробари рушди иқтисод дар дигар самтҳо низ корҳоро ҷоннок намоем. Ҷалби сармоя ва вусъат додани корҳову ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Ҷумҳурии Тољикистон ва минтақа ба њамгироии кишварњои минтақа, ривољи робитањои иќтисодї ва дар маљмуъ ба тањкими сулњу субот дар минтаќа мусоидат хоњад намуд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ тағйирёбӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз як сӯ бо маром идома дорад. Аз сӯи дигар, сафари навбатии давлатии Раиси Ҷумҳурии  Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4- 6 июли 2024 ба амал омад, уфуқҳои нави ҳамкориро дар муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар арсаҳои гуногун хоҳад кушод.        

Адабиёти истифодашуда:

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 - ноябри соли 1994 (бо охирин тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016).- Душанбе: Ирфон, 2016. - 64 с. 

БОЗГАШТ