АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

РУШДИ РАВОБИТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ХОРИҶӢ

Муаллиф: Одинаев Абдуҳалим

Расм

Дар чанд соли охир ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта рушд намуда, корҳои илмӣ ва пажӯҳишии якҷоя ба маротиб зиёд шудааст.

Санаи 02.06.2023 дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон Аррашидон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ташрифи сафирро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷонибаи илмӣ, арзёбӣ намуда, меҳмонро хайрамақдам хонд. Инчунин, дар аснои вохӯрӣ сафир бо директорони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрии мазкур, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф. Ниёзӣ Ё.Б. ширкат намуда, оид ба омӯзиши кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна аз ҷумла Арабистони Саудӣ ёдоварӣ кард. Инчунин, таъкид намуд, ки аз ҷониби кормандони илмии Институт самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин ду кишвар мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифта, баҳри муносибатҳои ҳасанаи судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои мушаххасро пешниҳод менамояд. Ҳамзамон Ниёзӣ Ё.Б. таъкид карданд, ки Институт омода аст, ки бо муассисаҳои илмии Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои муҳим дар Шарқи Наздик ва Миёна ба ҳисоб меравад, ки дар муносибати дуҷониба ва бисёрсамтааш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои манфиатбахшро ба роҳ монда, лоиҳаҳои бузургро дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, рушди сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо амалӣ месозад. Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз соли 1993 оғоз гардида, дар ин муддат муносибатҳои тарафайн ба сатҳи олӣ расидааст. Инчунин, дар аснои сафарҳои расмии намояндагони олии тарафҳо Протокол дар бораи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар ба имзо расидааст. Бояд қайд кард, ки ҳар ду ҷониб дар чорабиниҳои якдигар ширкат меварзанд.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо дарназардошти мавқеи хоссаи худ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои бародарона ва дӯстӣ дорад. Ин кишвар мехоҳад ҳамин муносибатҳоро тибқи шароити муосир сайқал диҳад ва таҳким бахшад. Аз ин лиҳоз вохӯрии расмии илмии тарафҳо дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мувофиқи мақсад буд.

Инчунин, дар мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳузури Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудиро ба Академия хайра мақдам гуфта, бо дастовардҳои илмии Тоҷикистон шинос намуд. Ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои илмии мавриди таваҷҷуҳи Академия, аз ҷумла илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ, илмҳои биологӣ, илмҳои тиб ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш, инчунин илмҳои ҷомеашиносӣ ва фаъолиятҳои илмие, ки анҷом дода мешаванд, маълумот дод. Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки Институт ва марказҳои таҳқиқотии илмии Академия ба соҳаҳои дигари илмии махсус низ нигаронида шудааст. Ӯ инчунин аз пешрафти илмие, ки дар маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, ки дар 47 минтақа ҷойгир шудааст, ишора намуд. Озмоишгоҳҳои илмии мукаммали назорати заминҷунбӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо басе муҳим мебошад. Нақши Маркази омӯзиши пиряхҳо дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон ба омӯзиши тағйироте, ки метавонад дар тағйири иқлим нақши манфӣ расонад, нишон дода шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор гиёҳи шифобахш мавҷуд аст, ки бояд мавриди омӯзиш ва истифодаи умуми мардум ва ҷиҳати ҳифзи сиҳҳату саломатӣ омӯхта шаванд.

Дар навбати худ ҷаноби сафир Валид ибни Абдурраҳмон Аррашидон барои шарҳи ин дастовардҳои илмӣ ва нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар густариши илму дониш дар миёни ҷомеа изҳори сипос кард. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки тағйироти иқлимӣ метавонад ба минтақаҳо таъсири манфӣ расонад. Омӯзиши ҳамчунин масъалаҳо барои пешгирии дигаргуниҳои ғайричашмдошт мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мебошад ва ба ҳаёти инсонҳо дар ин сайёра таъсири калон хоҳад расонд. Ӯ зикр кард, ки миёни ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва як ёддошти ҳамкорӣ аз соли 2016 амал мекунад, мо дар оянда равобити худро тавассути ҳамоҳангсозии байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шаҳраки шоҳ Абдулазиз барои илм ва технология таҳким хоҳем бахшид. Ва аввалин вохӯриҳоро аз тариқи маҷозӣ оғоз хоҳем кард.

Бояд қайд намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар миёни марказҳои илмии кишварҳои ҷаҳон мавқеъи назаррасро ишғол мекунад, ки ҳоло бо беш аз 150 маркази илмии ҷаҳон равобитӣ зичи илмиро ба роҳ мондааст ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз онҳо мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иброз гардид, ки дипломатияи фарҳангӣ имкон медиҳад, ки мо ҷашни миллиамонро ҳам ба таври барҷаста муаррифӣ намоем. Зеро, ба ин васила ба таърих, фарҳанг ва санъати ҳар ду кишвар ошноӣ пайдо хоҳем кард.

Кишвари мо бо мамлакатҳои араб муносибати неку судманд дорад. Ба Роҳбари давлати мо ҳамчун як шахсияти бузурги сиёсӣ ва ташаббускор таваҷҷуҳу эҳтиром доранд. Тоҷикистонро дар олами араб чун як сарзамини зебову соҳиби табиати мафтункунанда ва ҳамзамон соҳибтамаддун эътироф кардаанду мешиносанд. Махсусан, сарзамини моро сарчашмаи асосии оби тоза ва захираҳои бузурги обу пиряхҳо медонанд. Маълум аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми Ҷаҳонии Об, ки 12 апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея сурат гирифта буд, пешниҳоди эълони “Даҳсолаи байналмиллалии амал-об барои рушди устувор 2018-2028” ироа гардида буд. Дар заминаи ин пешниҳод аксари расонаҳои арабӣ бори дигар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд.

Дар саҳифаҳои нашрияи “ал-Явм-ус-собиъ”, рӯзномаи ҳаррӯзаи мисрӣ, ки ҳар субҳ дар шаҳри Ҷизаи Миср ба табъ мерасад, навиштае таҳти унвони “Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ”(соли 2017) ба табъ расида буд, ки он мавқеи Тоҷикистонро дар самти таъмини оби ошомиданӣ бозгӯ менамояд. Дар он қайд карда мешавад, ки “Тоҷикистон дар самти таъмин намудани сокинони минтақа ба оби ширин мақоми махсус ва ҷойгоҳи созандаро соҳиб аст. Инчунин талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баён ва қадр гардида буданд.

Дар сомонаи расмии “Маркази Фурот” бо унвони “Дар нишасти байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти об” гузорише ба нашр расидааст, ки нақши байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бозгӯ менамояд. Яъне кишварҳои араб, бинобар иқлими гарм ва ҳудудҳои васеи худ, ки бештар аз биёбонҳои беоб иборатанд, ҳамеша аз чунин пешниҳодҳои Тоҷикистон манфиатдор мебошанд.

 

Одинаев Абдуҳалим

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ