АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рушди сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар Паёми Пешвои миллат

Муаллиф: Саидова Моҳира

Расм

28 декабри соли 2023 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми сокинони кишвар ироа гардид. Тӯли чандин соли охир Паём аллакай ба як анъанаи рамзӣ барои мардуми мо табдил ёфтааст. Ин анъана рамзи ҷамъбасти соли сипаришуда ва омодагӣ ба соли оянда аст.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат дар қатори дигар дастовардҳо аз дурнамои сиёсати дохилию хориҷии кишвар суханронӣ намуданд. Доир ба самти сиёсати сармояи дохилӣ ва хориҷӣ қайд карданд, ки: ”Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “ Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст”. Дар ин раванд Ҷаноби олӣ барои шароити мусоид фароҳам овардани раванди рушди ин соҳаҳо чораҳои зарурӣ андешиданро таъкид намуд.

Ҳамин тавр саҳми соҳибкорони ватанӣ дар бунёди муассисаҳои тандурустӣ, иншоотҳои маориф ва коммуникатсия басо назаррас таъкид карда шуд, ки дар тӯли 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Аз ҷумла, беш аз 2 ҳазор корхонаҳои истеҳсолӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 км роҳ ва 461 пул бунёд ва азнавсозӣ карда шуданд.

Инчунин зикр карда шуд, ки танҳо дар соли 2023 соҳибкорони кишвар 715 корхонаи нави истеҳсолӣ ва 117 иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода, дар соҳаи тандурустӣ 139 иншоот бунёду азнавсозӣ карда шуд. Саҳми соҳибкорони ватанӣ дар бунёди 75 иншооти сарҳадӣ махсусан қайд карда шуд.

Пешвои миллат ин афкори соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонда, қайд намуданд, ки саҳми онҳо дар рушду ободии ватани азаизамон басо амали пурарзиш аст. Вазифадор будани ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, инчунин бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва сунъӣ таъкид карданд.

Дар рафти Паём саҳми сармояи хориҷӣ низ матраҳ карда шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 7 соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки зиёда аз 30 млрд сомонии он сармояи мустақим мебошад. Қайд карда шуд, ки дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 млрд сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 млрд сомонӣ амалӣ гардида истодаанд. Тибқи “ Стратегияи рушди кишвар барои давраи то соли 2030” ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба ММД то 10 % расонида шуда, аз давраи соли 2022 то соли 2026 бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 млрд сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.

Нуктаи дигарро низ Ҷаноби олӣ қайд намуданд, ки “Ҳукумати кишвар доир ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Маҳз дар ин раванд Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки барои баланд бардоштани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишвар, стандартҳои милливу иҷтимоӣ ва идоракуниро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намоянд.

Инчунин як қатор вазорату кумитаҳо барои ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар соҳаҳои геология, бунёди хатти интиқол ва кам кардани талафоти барқ дар ноҳияву деҳотҳои дурдаст, дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ ва дигар соҳаҳои басо муҳим вазифадор карда шуданд.

Дар анҷоми паёми солонаи худ Ҷаноби олӣ ба мардуми кишвар барои хизматҳои содиқона ибрози сипос намуда, онҳоро барои боз ҳам ободу гулгулшукуфон намудани ватани маҳбубамон даъват намуданд.

Саидова Моҳира,

Магистранти курси 2-юми

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ