АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рушди сармояи инсонӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат

Муаллиф: Салимов Акбар

Расм

28-уми декабри соли 2023 дар “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худДар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва васоити ахбори омма, инчунин шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуданд. 

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стратегияи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Чунки дар Паёми Пешвои миллат сараввал натиҷаҳои назарраси фаъолияти солонаи бахшҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди ироа қарор дода шуда, дар заминаи он стратегия ва самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи кишвар барои солҳои минбаъд муайян карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ дар баробари зикр намудани нуктаҳои асосии ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, ҳамчунин оид ба рушди сармояи инсонӣ ва ба сатҳи баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои илм ва маориф ишораи махсус намуданд. Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки рушд ва истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ пеш аз ҳама яке аз масъалаҳои дорои аҳамияти аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар ҷаҳони муосир рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоии ҷомеаи кишвар, хусусан илму маориф, инноватсия ва тандурустӣ, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Илова бар ин, аз ҷониби Пешвои миллат дастгирии ҳамаҷонибаи таҳқиқоти илмӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи маблағгузории он таъкид гардида, дар ин замина таъсис додани марказҳои муосири илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳо, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот барои давраҳои минбаъда муҳим арзёбӣ гардиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки омили асосии рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир дар ба роҳ мондани низоми сифатан сатҳи баландоштаи муассисаҳои маориф ва илми ин кишварҳо мебошад. Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоқикистон низ аз самтҳои авлавиятдоштаи сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад, зеро пешрафти босуръати ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шароити иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ бешубҳа аз ҳамин соҳа вобастагӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, соҳаи илму маориф пайваста дар зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат қарор дорад. Чи тавре ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ёдрас намуданд, бинобар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки соҳаи маорифро ба низоми дуруст, устувор ва ҳамзамон ҷавобгӯ ба талаботи рушди босуръати ҷомеа ба шакл дарорем.

Дар ин замина, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои марбутаи кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсил ва расидан ба сатҳи баланди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ барномаву лоиҳаҳои мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосирро таҳия намоянд.

Аз ин ҷост, ки пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон аз боғчаву мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Бидуни кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат, боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таъмини сулҳу субот ғайриимкон аст.

Бинобар ин, тақвият бахшидани сифати рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷомеа, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар ҳар кадоми аз мо-кормандони соҳаи илм иҷрои саривақтии барномаҳои пешбинишудаи Ҳукумати кишварро дар соҳаҳои зикргардида тақозо менамояд.

 

Салимов А.

ходими калони илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

 

БОЗГАШТ