АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Рушди сайёҳӣ омили пешрафти кишвар

Муаллиф: Назармамадова Хоҷабегим

Расм

 (дар партави Паёми Пешвои миллат)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамасола, пас аз ироа гардидани Паёми Пешвои миллат дар ҳама вазорату идораҳо, сохтору зерсохторҳо барои боз ҳам рушд бахшидани самтҳои гуногуни корӣ вазифаҳои нав гузошта мешаванд.

Дар баробари дигар соҳаҳои мухталиф, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба соҳаи сайёҳӣ низ диққати махсус медиҳанд. Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз самтҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, танзими шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст.

Аз нуктаҳои Паём бармеояд, ки дар солҳои 2018-2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, ки самтҳои асосӣ барои фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар аз соли 2018 ин ҷониб ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.

Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур аст, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат ҳама баҳри ободию оромии кишвар аст. Амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад.

Ҳамчунин, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамалакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурӯҳи корӣ қарор дода шавад.

Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд.

Барои рушди навъҳои қайдгардидаи сайёҳӣ, захираҳои бузурги он дар ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр аз сатҳи баҳр ва манзараҳои кӯҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Яъне, аз нуқтаи назари иқтисодӣ, бо пешниҳод кардани чунин маҷмӯи хизматрасонӣ бозори сайёҳии Тоҷикистон метавонад ба сайёҳон маҳсулоти сайёҳиро пешниҳод намояд, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Танҳо зарур аст, ки ин хизматрасонӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас ба сайёҳон пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон дар Паём дастур дода шуд, ки Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакат додани қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди ҳунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Бо амалисозии хирадмандона ва пайгиронаи “дарҳои кушод”-и роҳбарияти давлат ва Ҳукумат, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ бо як қатор кишварҳои олам созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонидааст.

Дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 кишвари ҷаҳон ва низоми электронии раводид ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Асоси тиҷорати соҳаи сайёҳӣ ба афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад ва бинобар ин бахши мазкур яке аз беҳтарин соҳаҳо барои таъмини мувозинати аслии устувории экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, рушди сайёҳӣ дар маҷмӯъ метавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонида, ба баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намояд.

Умед дорем, ки аз ин Паёми навбатӣ мардуми касбу кори гуногун илҳом гирифта, муроҷиати Пешвои миллатро сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор дода, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми босазо мегузоранд.

 

Назармамадова Хоҷабегим

лаборанти калони шуъбаи ИДМ

 

БОЗГАШТ