АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сӯхтан бо сохтан пайванд дод

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

 (ба поси хотири устоди саҳнаи тоҷик Шералӣ Абулқайс)

 

       Гиромидошти чеҳраҳои матраҳи фарҳангу ҳунари миллӣ ва интиқоли донишу таҷрибаи омӯзандаи онҳо ба наслҳои баъдӣ вазифа ва рисолати ҳар як инсони солимақлу вораста мебошад. Бахусус, дар замоне ки дунёи поки инсониро хатару вабоҳои вогиру ҳамагире таҳдид мекунанд ва буҳрону чолишҳо ҳамарӯза афзоиш меёбанд, гузаронидани маҳфилу нишастҳои маданӣ ва дар ин замина муаррифии шоистаю боистаи шахсиятҳои ҷавҳардори миллӣ ва мероси гаронмояи фарҳангию ҳунарӣ аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ маҳсуб меёбад.

       Илова бар ин, дар шароити феълӣ, ки буҳрону чолишҳои ҳувиятӣ насли наврасу ҷавонро тадриҷан ба чоҳи бетаги худбохтагию беҳувиятӣ кашида, ҷомеаро дар ҳоли хушкандешию манқуртӣ нигоҳ медоранд, бо ҷалби қишри ҷавон баргузор намудани силсилачорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тадбири зарурист. Маҳз аз ин тариқ насли наврасу ҷавони ҷомеа бо шахсиятҳои матраҳи фарҳангу ҳунари миллӣ ошно шуда, бо фазою муҳити солими фикрию маданӣ одат мекунад ва дар сифатан тағйир ёфтани зеҳниёти худ талош меварзад. Ба ин тартиб, бо ибтикору ташаббуси бевоситаи ҳунарманди ҷавону умедбахши театру синамои тоҷик Шуҷоат Асадуллозода ва бо мақсади гиромидошти хотираи неки Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шодравон Шералӣ Абулқайсов 25 декабри соли 2023 дар толори калони консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода маросими муаррифии филми мустанади “Шери саҳна” (муаллиф Ҳилол Умедпур) доир гардид. Қабл аз шуруи муаррифии филмномаи мустанад дар пештоқ-айвони толори калони консертӣ дар қолиби намоишгоҳ осори саҳнавӣ-ҳунарӣ, расму аксҳои хотиравӣ, маводи таълимӣ-методӣ ва мероси илмӣ-ихтисосии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайс манзури ҳозирин-иштирокчиёни маҳфил гардонида шуд. Дар маросими муаррифии филмномаи мустанади “Шери саҳна” як зумра ҳунармандони бузурги театру синамои миллӣ Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, Нурулло Абдуллоев, Асалбек Назриев, Давлат Убайдуллоев, Қурбони Собир ва дигарон ҳузур доштанд. Маросимро мудири кафедраи маҳорати актёрии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов ифтитоҳ намуда, аз зиндагиномаи эҷодию ҳирфаии шодравон Шералӣ Абулқайс ёддоштҳои ҷолиберо ироа дод. Ҳамчунин, чанде аз ҳамсабақону дӯстону ҳампешагон бо шумули Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саодат Азизова, Ҳунармандии мардумии Тоҷикистон Давлати Убайдулло, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, шогирдони Шералӣ Абулқайс Шуҷоат Асадуллозода, Аҳлиддин Нурзода ва дигарон дар атрофи шахсият, ҳунар, маҳорат, малака ва таҷрибаи эҷодию ҳирфаии Шери саҳнаи тоҷик суханронӣ карда, хотираи неки ин ҳунарманди зиндаёдро гиромӣ доштанд.

       Баъди анҷоми суханрониҳои муқаддимотӣ ҳамагон ба толори калони консертӣ ворид гардида, филми мустанади “Шери саҳна”-ро дар таҳияи журналисти ҷавон Ҳилол Умедпур тамошо карданд. Филмномаи мустанад бар мабнои маводи бойгониҳо омода гардида, зиндагиномаи шодравон Шералӣ Абулқайсро аз замони валодат то ҳангоми даргузашт фаро гирифтааст. Муаллиф бо такя ба асноди зарурӣ, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, изҳори назарҳои тахассусӣ ва маводи таҳқиқотӣ кӯшидааст, ки паҳлуҳои зиндагии инфиродӣ, эҷодӣ, ҳирфаӣ ва тахассусии Шералӣ Абулқайсро равшан намуда, мақом ва ҷойгоҳи ӯро дар театру синамо ва умуман, соҳату паҳнои фарҳангу ҳунари миллию ватанӣ мушаххас кунад ва мунтаҳо, ба ҳадаф расидааст.

     Баъди тамошои филмномаи мустанади “Шери саҳна” мудири кафедраи маҳорати актёрӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Тағоймурод Розиқов, ҳамсар, духтарон, писар ва шогирди содиқу вафодори  устод Шералӣ Абулқайс Шуҷоат Асадуллозода рӯйи саҳна баромада, аз масъулину дастандаркорони чорабинӣ изҳори сипос намуданд. Хулоса, маҳфили ёдбуди Шери саҳнаи тоҷик устод Шералӣ Абулқайс дар сатҳи баланди эҷодӣ баргузор гардид.

     Маҳфили хуби ҳамчунинӣ, ҳанӯз замони дар ҳаёт будани устод Шералӣ -- 27 апрели соли 2021, соати 10:00  бо ташаббус ва ибтикори шогирдону ҳамкорон, ҳампешагону ҳамдиёрон ба ифтихори 70-солагии мавсуф дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир гардида буд. Дар маҳфили мазкур ҳам ҳусни ифтитоҳии маҳфили ҷашнию шодбоширо филми мустанади “Шери саҳна”, ки шогирдон ба ифтихори зодрӯзи устод Шералӣ Абулқайс таҳия карда буданд, ташкил дода буд. Дар маросими ҷашнӣ табрикоти раҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ва паёмҳои шодбошии шарикдарсону ҳамсабақон, дӯстону наздикон, ҳамкорону ҳампешагон  сурат гирифт ва ҳар нафари масъул, зимни ироаи паёми шодбошӣ  аз вежагиҳои ахлоқӣ, ҷанбаҳои шахсиятӣ, мушаххасоти ҳирфаӣ, паҳлуҳои эҷодӣ ва сатҳи баланди ҳунарии устод Шералӣ Абулқайс ёдовар шуда, мақому ҷойгоҳи махсуси мавсуфро миёни элитаи ҳунарию мадании ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда буд. Ҳамчунин, маҳфили идона бо ҳузури киношиноси маъруф Тиллои Некқадам, коргардони варзида Соро Музофиршоева, ҳунарманди театру синамо  Шоҳназари Некқадам ва  ҳунармандони маҳбуби ҷумҳурӣ Шуҳрат Сайнаков, Нобовар Чиноров, Мадина Ақназарова, Чоршанбе Аловатов ва Далер Назаров ҷаззобтар ва хотирмонтар гардид. Дар маҳфили 70-солагӣ, бо он ки устод Шералӣ ишколи овозӣ ва садопардагӣ дошт, бо таманниёти ҳунарӣ, ҷуръату ҷасорати баланди эҷодӣ суханронӣ кард. Дар суханронии устод заррае хастагӣ, ноҷурӣ, яъсу навмедӣ эҳсос намегардид ва ин ҳолат аз ғурур ва ҷасорати фавқулодаи Шералӣ Абулқайс шаҳодат медод. Мутаассифона, бар асари бемории шадид риштаи умри Шери саҳнаи тоҷик устод Шералӣ Абулқайс 12 июли соли 2021 дар синни ҳафтодсолагӣ барканда шуд ва дар оромгоҳи маҳаллии ноҳияи Рӯшон ба хоби абад рафт.

         Мо, ки худро боифтихор аз шумори дӯстони шодравон Шералӣ Абулқайс меҳисобем, муваззафем, дар робита бо ин шахсияти матраҳи фарҳангию ҳунарӣ, ки бемуҳобо, аз ӯ метавон ба унвони ҳунарманди бузурги миллӣ ном бурд, чанд ҷумлаеро ба истилоҳ, сиёҳ кунем:

       Якум. Воқеан, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Шералӣ Абулқайс (1951-2021) дар садри феҳрасти пешоҳангони ҳаракати ҳунарии муосири тоҷик қарор дошт. Устод Шералӣ Абулқайсов дар баробари ҳунарманди овозадори ҳирфаӣ ва собиқадори мактаби театрии миллию фаромиллӣ будан, инсони хоксору заминӣ ва шахсияти муқаввои эҷодӣ, адабӣ ва фарҳангӣ буд.

       Дувум. Устод Шералӣ Абулқайс аз ҷумлаи ангуштшумор ҳунармандоне буд, ки ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар заминаи касби донишҳои адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фалсафӣ ва илмӣ саъю талоши фаровон варзида, меросу осори бузургтарин андешамандон, шоирон, нависандагон, адибон, ҳунармандон, файласуфон, рӯшангарон ва муҳаққиқонро мурур ва мутолеа карда, бар мабнои мутолеоти густурдаи фаннию ихтисосӣ ва илмию фалсафӣ гузоришоту мутолиботи гуногунмавзуъ дар матбуоти даврии ватанӣ интишор медод. Гузашта аз ин, устод Шералӣ Абулқайс ҳанӯз дар муҳити деҳоти кӯҳистон (устод 15 апрели соли 1951 дар  деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст ва дар ҳамоғӯшӣ бо сангу шӯху дашту дараву чашмаву рӯди кӯҳистон тарбият ёфтааст) тавассути ташаббусу ибтикори падари зиёӣ ва ҳамдеҳагони фарҳангӣ аз осори адибону мутафаккирони классики форсу тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сайидо, Соиб, Шоҳин ва амсоли онҳо огоҳ мегардад ва натиҷатан, ҳифзи ашъори бузургони адабиёти классикию муосири тоҷик дар ташаккули шахсияти ҳунарӣ ва эҷодии ӯ муассир будааст. Аз тарафи дигар, муҳити шаҳрӣ, таҳсилоти олии касбӣ, мутолеоти адабиёти илмию ихтисосӣ, ширкат дар нишасту чорабиниҳои илмию адабӣ, ошноӣ бо намояндагони маъруфи илму адабу фарҳанги ватанӣ, кору фаъолият дар қадимитарин ва бузургтарин театри миллӣ – Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, табодули фикрию таҷрибаи ҳунарӣ, бозомӯзию такмили ихтисос дар муассисоти бонуфузи театрии шӯравӣ, тамрину заҳматҳои шабонарӯзии касбӣ, офаридани нақшҳои мондагор дар Театри академӣ, ҳамкорӣ бо ҳунармандони варзидаи минтақавию ҷаҳонӣ дар доираи филмҳои синамоӣ ва билохира ковишу ҷусторҳои мудавоми эҷодӣ устод Шералӣ Абулқайсовро то ба сатҳи як шахсияти матраҳи ҳирфаӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва миллӣ расонидаанд.  

      Севум. Омӯзиши бардавоми таҷрибаи ҳунарию эҷодии устодони бузурги театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмуд Тоҳирӣ, София Тӯйбоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Гурминҷ Завқибеков, Хушназар Майбалиев, Ато Муҳаммадҷонов, Носир Ҳасанов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Аскар Абдураҳмонов, Маҳрам Файзов ва дигарон дар тарбияи ҳунарӣ ва ҳирфаии устод Шералӣ Абулқайс корсоз будааст. Ҳанӯз дар ибтидои роҳи эҷодӣ маҳорати суханварӣ, диди баланди бадеӣ-эстетикӣ, мавқеъгирии ҳунарӣ ва ҳунари хуби бозигарии устод Шералӣ Абулқайсовро ба назар гирифта, коргардонон ва таҳиягарони намоишномаҳои театрӣ ва филмномаҳои ҳунарӣ ӯро ба иҷрои нақшҳои гуногун даъват мекарданд. Дар имтидоди фаъолияти ҳирфаӣ дар Театри давлатии академивии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нақшҳои хотирмони зиёдеро офаридааст (аз ҷумла, нақшҳои мондагори профессор Пашков аз намоишномаи “Алломаи Адҳам”-и С.Улуғзода; Лука Лукич  аз намоишномаи “Ревизор”-и Гогол; Азимов аз намоишномаи “Интихоби домод”-и Ҳ.Содиқ; Аҷузкампир аз намоишномаи “Найи сеҳрнок”-и Ф.Тошмуҳаммедов; Эзоп аз намоишномаи “Шер, рӯбоҳ ва ангур”-и Шералӣ Абулқайс; Тирессий аз намоишномаи “Эдип”-и Софокл; Капулетта аз намоишномаи “Ромео ва Ҷулйетта”-и В.Шекспир; Асад аз намоишномаи “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Нурулло Абдулло; Отелло аз намоишномаи “Отелло”-и В.Шекспир; Дон Жуан аз намоишномаи “Дон Жуан”-и Молийер; Ҷомосп аз намоишномаи “Зардушт”-и Нур Табаров; Амир Темур аз намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров; Ковусшоҳ аз намоишномаи “Зуҳури Суҳроб”-и Ф. Умаров; Чиғатойи Чингизхон аз намоишномаи “Темурмалик”-и Меҳмон Бахтӣ; Абдунабӣ аз намоишномаи “Тахти Султон Маҳмуд”-и Ш. Солеҳ; Гефистион аз намоишномаи “Искандар ва Спитамен”-и А. Абдураҳмонов ва амсоли инҳо), ки то имрӯз дар дилу дидаи тамошобин маъво гирифтаанд.

      Чаҳорум. Дар баробари кор дар театри академӣ, устод Шералӣ Абулқайс дар филмҳои синамоии миллӣ ва фаромиллӣ ҳам нақшҳои ҷолиб бозидааст. Тамошобинони наслҳои миёнсолу солманд ва ҷавони тоҷик нақшҳои Қарашир (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Субҳи ҷавонии ман”(1979); Нуралӣ (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Марди роҳ”(1982); Норбой (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Мусофир” (1989); Алиназар (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Замони  алафҳои бегона”(1991); Муфаттиш (аз филми ҳунарии истеҳсоли Мосфилм “Пой”(1991); Соҳиб (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Туҳмат”(1992); Амир (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм ва Ӯзбекфилм “ал-Бухорӣ”,  Акбар (аз филми ҳунарии истеҳсоли Россия, Олмон, Шветсария “Падари маҳтобӣ” дар таҳияи коргардони фақид Бахтиёр Худойназаров (1999); падар (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Дафни гургона”); Соҳиб (аз филми ҳунарии истеҳсоли Эрон “Шукрона”)-ро, ки аз ҷониби Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов дар сатҳи баланди ҳирфаӣ офарида шудаанд, хуб дар ёд доранд. Хидматҳои устод Шералӣ Абулқайсовро ба инобат гирифта, Ҳукумати вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 1991 ӯро ба унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор донистааст ва сентябри соли 2007 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф ба унвони олии “Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон” мушарраф гардидааст.

        Панҷум. Дар давоми фаъолияти ҳунарӣ ва ҳирфаӣ устод Шералӣ Абулқайс дар фестивалу озмунҳои зиёде ширкат варзида, миёни тамошобинон ва аҳли ҳирфаи кишварҳои дуру наздик маҳбубият касб кардааст. Барои намуна, устод Абулқайсов аз 21 то 1 майи соли 2006 дар Фестивали театрҳои Закавказия дар шаҳри Алан бо намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст. Ҳамчунин, соли 2007 дар Фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур  (аз намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров) соҳиби Ҷоизаи ҷашнии “Нақши беҳтарини мардона” шудааст.

      Шашум. Устод Шералӣ Абулқайс ба кори омӯзгорӣ-педагогӣ низ иштиғол варзида, солҳои тулонӣ дар кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатиии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба тарбия ва парвариши насли нави ҳунармандони театру синамо иқдом намуда, дар ин самт низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Мусалламан, устод аз соли 1996  то соли 2018 ба ҳайси омӯзгори кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият карда, аз соли 2009 то соли 2018 вазифаи мудирии кафедраи маҳорати актёриро ба уҳда дошт. Дар муддати фаъолияти омӯзгорӣ  дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода устод Абулқайс чандин намоишномаи ҷиддиро дар қолаби кори дипломӣ таҳия карда, рӯйи саҳна овард, ки сазовори баҳои баланди тамошобинон, ҳакамон ва мутахассисони соҳа гардидаанд (таваҷҷуҳ шавад ба намоишномаҳои “Ғирев” аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Харобот” аз рӯйи асари Сафармуҳаммад Айюбӣ, “Имтиҳон-2007” аз рӯйи асари Файзулло Ансорӣ ва “Новеллаҳои Чехов”, ки дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода зери раҳбарӣ ва  коргардонии устод Шералӣ Абулқайсов рӯйи саҳна оварда шудаанд).

         Ҳафтум. Устод Шералӣ шеваю сабки тарбиятии аҷибе дошт: ба ҳама шогирдон, қатъи назар аз маҳорату малака ва дидгоҳу сатҳи ҳунарӣ яксон муомила мекард; касбиятро дар мадди аввал мегузошт; ҷиҳати ба дараҷаи касбият расидани шогирдон аз тамоми имконот истифода мебурд ва ҳатто дар ин роҳ аз саломатию тандурустии фардӣ сарфи назар мекард; касеро бар касе тарҷеҳу бартарӣ намедод; истиқлоли фикрии шогирдро мушаххасаи калидии тарбиятӣ ва эҷодӣ медонист; мутолеаи асарҳои ҷиддии бадеӣ ва фалсафиро ба сифати асли дӯкондории театрию ҳунарӣ ба шогирдон тавсия менамуд; бидуни воҳимаю ҳангома ва таоруфу такаллуф дарс мегузашт; хоксорию тавозуъро бар фазлфурӯшию риёкорӣ ва худписандию такаббур тарҷеҳ дода, дар ин миён ғурури миллиро месутуд; барои дур будани шогирдон аз пастию сифлагӣ, ки дар ҳама ҳолат разолати ахлоқӣ мебошад, сахт пофишорӣ менамуд; аз шогирдон дар ҳолати ҷанинӣ нест кардани кинаву адоват ва нафрату бадбиниро тақозо мекард; якрӯягиро таблиғ ва дурӯягиро мазаммат мекард; маҳалгаройӣ ва хушкандеширо касолати вуҷудӣ ва ахлоқӣ медонист ва миллатпарастию ватандӯстиро намунаи баланди ахлоқи миллӣ ва башарӣ унвон мекард; фидокорӣ ва азхудгузаштагиро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ талқин менамуд; ҳунар ва ҳирфаи актёриро ба унвони имтиёзи ҳаётӣ ва сарнавишти инсонӣ миёни шогирдон таблиғ месохт; касбиятро бо миллияту инсоният дар як сатҳ тасаввур мекард; риёкорию дурӯғгӯйиро шикасту таназзули ахлоқӣ, равонӣ ва ҳунарӣ медонист. Фидокорӣ ва худкифоягиро устод Шералӣ минҳайси меъёри кори ҳунарӣ ва рисолати касбӣ талаққӣ карда, шогирдонро дар руҳияи худсозию худафрӯзӣ тарбият менамуд.

       Ҳаштум. Устод Шералӣ бо заҳмату талошҳои фаровону бардавом худро сӯхту сохт ва ин тарзи умрфарсоӣ, ки аслу моҳияти мактаби эҷодӣ-ҳирфаии Шери саҳнаи тоҷикро ташкил медод, барои ҷумлаи шогирдону ҳампешагон ба мерос гузошт. Кор то ба ҳадде буд, ки ҳангоми тамрин устод  ҳатто гузашти вақтро фаромӯш мекард ва дар тамрингоҳ то дили шаб ба кор машғул мешуд. Ҳангоми кор болои намоишномаҳои “Ғирев” (аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ), “Харобот” (аз рӯйи асари Сафармуҳаммад Айюбӣ) ва “Имтиҳон-2007” (аз рӯйи асари Файзулло Ансорӣ) мо фидокорӣ ва азхудгузариҳои устод Шералӣ Абулқайсро ба чашми сар дидаем. Дар зимн, барои иҷрои нақши Амир Темур  (намоишномаи “Кабки қафас” аз рӯйи асари Темур Зулфиқоров), устод Шералӣ Абулқайс сарчашмаҳои дастраси таърихию адабӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқиро мавриди мутолеа қарор дода, бар мабнои манобеъ ва маводи ҷиддии мавҷуда Темури худро бозофарид, ки ин навъ бозофаринӣ мунҳасир ба шахси Абулқайс будааст. Ин аст, ки шогирдони устод, ки дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театрҳои касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии тамошобини ҷавон Аҳорун кор мекунанд, дар ҷараёни фаъолияти минбаъда ҳамеша аз панду насиҳат ва маслиҳату машваратҳои беғаразонаи устод Абулқайс васеъ истифода бурдаанд.  

       Нуҳум. Устод Шералӣ Абулқайс аз ҷумлаи ҳунармандони театри миллӣ буд, ки сатҳи баланди гуфтору навиштор дошт ва ин вежагии ихтисосию ҳунарӣ на ба ҳама бозигарону актёрон хос аст. Донистани назокати забони классикӣ ва муосири тоҷикӣ, ҳофизаи қавӣ, фонди ғании луғавӣ, тафаккури интиқодӣ, бархурди мантиқӣ бо масоили баҳсӣ, мавқеъгирии илмию ихтисосӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва дидгоҳи миллӣ ба сифати мушаххасоти шахсию инфиродӣ устод  Шералӣ Абулқайсро миёни доираҳои фарҳангию мадании ҷумҳурӣ соҳибмартаба ва обрӯманд карда буд.  Аз ин ҷост, ки ӯ сабки вежаи гуфтору навиштор дошт, ки онро ба истилоҳ, метавон “сабки Абулқайсӣ” номид. Муруре ба васоиту барномаҳои таълимӣ (аз ҷумла дастури таълимию методии “Камолоти касби актёрӣ”), осори ихтисосӣ-пажӯҳишӣ ва илмӣ-оммавӣ (бо шумули “Ситеғи ҳунар” дар ду ҷилд) ва муҳтавои мақолаҳои публитсистие, ки ба масоили театрӣ ва шеваи бозофаринии ҳунарӣ ихтисос ёфтаанд (минҷумла матолиби “Ба оянда тӯр меандозем”, “Чеҳраи боофарин”, “Зинаҳои камолот”, “Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард”, “Талоши ҳастӣ”, “Ҷавҳари ранги обӣ” ва амсоли инҳо), моро ба натиҷае мерасонанд, ки  устод Шералӣ Абулқайс соҳиби салиқа ва сабки хоси гуфторию нигоришӣ будааст.

        Ба ин маънӣ, вақте ки ба навиштаҳо ва суҳбатҳои устод Шералӣ Абулқайс аз зовияи ихтисосӣ ва фаннӣ таваҷҷуҳ мекунем, маълумамон мегардад, ки ӯ дар вожагузинӣ, таркиббандӣ, ибораороӣ ва ҷумласозӣ маҳорати тамом дорад ва ҳар як калимаю таркиб ва ибораю ҷумлаашро дар мизони ақлу тафаккур баркашида, пасон буруз медод. Тарзи вожагузинӣ ва тариқаи масъалагузории устод Шералӣ, маъмулан сабки сухани Ҳаким Носири Хусравро ба ёд меоварад. Гуфтору суханронии устод, чи дар сатҳи хонавода ва чи дар сатҳи маҳфилу нишастҳои адабию ихтисосӣ одию сатҳӣ ва обшустаю такрорӣ нест. Барои баёни ҳадаф ва иддао ҳатман аз меъёри балоғати классикӣ ва силсилаи вожагони ноби форсии тоҷикӣ истифода мебурд ва гуфторашро тавассути саноеъи маънавие назири ташбеҳоту истиорот, тавсифоту талмеҳот ва соири воситаҳои баён рангорангу муассир месохт. Маҳз ҳамин вежагии балоғии мунҳасир ба фард, ки дар суханварию суханоройии устод Шералӣ зуҳур мекард, ӯро миёни табақаҳои фарҳангӣ ва нухбагони театру синамои миллӣ мақому ҷойгоҳи хосса ато фармуда буд.

        Даҳум. Дар маросими муаррифии филмномаи мустанади “Шери саҳна” (дар таҳияи Ҳилол Умедпур) 25 декабри соли 2023 коргардони маъруф-Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлати Убайдулло дуруст таъкид кард, ки театри тоҷик дар симои Шералӣ Абулқайс файласуфашро аз даст дод. Дар воқеъ, устод Шералӣ Абулқайс файласуф ва мутафаккири театри тоҷик буд, ба ин маъно,  ки ҳангоми тамринҳои мудавоми эҷодӣ, пеш аз ҳама, худро месӯхту месохт ва ин сӯхту созҳо охирулам устод Шералиро то ба сатҳи як файласуф ва мутафаккири саҳнаи тоҷик расониданд. Ба ин маънӣ:

         Пароканда кард абру меғи ҳунар,

         Расид ӯ авҷу ситеғи ҳунар.

       Аз сӯйи дигар, устод Шералӣ аз тариқи технологияи “сӯхтусоз” ҳар як нақшу симоро бо сахткӯшӣ ва заҳмати шабонарӯзӣ меофарид ва дар деги тавлиду бозтавлид меҷӯшиду меҷӯшид, то ҷое ки:

      Тан ба заҳмат, дил ба чуну чанд дод,

      Сӯхтан бо сохтан пайванд дод.

     Дар ҳақиқат, театри тоҷик, махсусан дар шароити афзоиши хурофоту таассуби мазҳабӣ, боло рафтани сатҳи худбохтагию беҳувиятӣ миёни насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик ва ташаннуҷи бархурдҳои тамаддунӣ ба фарзонагоне мисли Шералӣ Абулқайс ниёз дорад. Имрӯз набуди ӯ дар фазою муҳити ҳунарию мадании мо зиёд эҳсос мешавад, вале шогирдони мактаби ҳунарию тарбиятии ӯ ибтикороти устодро ҳадафмандона идома хоҳанд дод.

          Равонаш шод ва хотираи некаш гиромӣ бод!

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

2 январи соли 2023

 

 

БОЗГАШТ