АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁ ВА МУАРРИФИИ НАВРӮЗ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр

Расм

САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁ ВА МУАРРИФИИ НАВРӮЗ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Наврӯз воқеан ҷашни ҷаҳонӣ буда, ҳамқадаму ҳамоҳанг ва тавъам бо рӯзгору пайкори инсоният аст.

Таърихи ташаккул ва омилҳои неку мубораки инсонсози ин ҷашни фархундапайю некном гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии мардуми олам буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву самимият, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят менамояд.

Наврӯз ҳамчун маъмултарин, машҳуртарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон ҷилваву тобишу нигоришу нақш ва мақоми вижаро дорост.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикор ва саъю таваҷҷуҳу талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ҷашни муқаддаси ниёгон мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард ва ба ҷаҳон шиносонида шуд. Аз ин рӯ, махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву пажӯҳишҳои илмӣ ба таври фаровон рӯи кор омаданд.

Мавриди зикр аст, ки аслан аз рӯзҳои аввали дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ масъалаи ҳифзу гиромидошт ва пешниҳоду муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафтанд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозии ташаббусҳои Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллати тоҷик зарур ва саривақтӣ мепиндоштанд. Чуноне ки Пешвои миллат бо ибораи пурмуҳтаво таъкид доштаанд «дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардидаданд». Аз ин бармеояд, ки саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва шиносонидани Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Зеро Пешвои миллат аввалин шуда дар байни давлатҳои Шарқ ҳавзаи нави фарҳангии Наврӯзро созмон додаанд, ки мардумони ин ҳавза то ба имрӯз бо номи Наврӯз бо ҳам муттаҳид мешаванд ва амалҳои созандаву мондагореро анҷом медиҳанд, фарҳанги ягонаеро густариш мебахшанд, ки дар рушди маънавиёт ва маърифатнокии мардум нақши муҳим дорад. Пас, Наврӯз дар ҳавзаи фарҳангии худ метавонад муҳити нави таҳаммулпазириро ба вуҷуд оварад, ки ин на танҳо омилии муттаҳидии давлату миллатҳои минтақа, балки омили баҳаморанда ваҳдатовар дар саросари ҷаҳон аст.

Имрӯз, Наврӯз мақоми байналмилалӣ дорад. Зеро ин ҷашни оламгиру оламафрӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Ҳамин буд, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Аз ин рӯ, Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохта шуда, таҷлили саросарии он дар манотиқи гуногуни сайёра пазируфта шудааст.

Ҳамин тариқ, бо ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ маврид ба зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ваҳдату ягонагиву мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, Атласу адрас, Чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд, ки дар ин масир саҳми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва мондагор аст. Зеро Пешвои миллат Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ ва дорои таъриху забони пурғановат муаррифӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид садо додани ташаббусҳои Пешвои миллат ифодагари нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Наврӯз ҷузъи муҳим дар таркиби дипломатияи фарҳангӣ

Дар масъалаи нақши омилҳои фарҳангӣ дар сиёсати хориҷӣ ибрози ақида намоем, пас зикри нуктае ба маврид аст, ки мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарҳангро ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат ба кор бурда, аксари муноқиша ва низоъҳоро дар се даҳсолаи охир тавассути дипломатияи фарҳангӣ баррасӣ месозанд. Пас, Наврӯз дар меҳвари дипломатияи фарҳангӣ қарор дорад. Ба ибораи дигар, Наврӯз яке аз ҷузъи асосии фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки ин омили муҳимми ҳувиятсоз ҷиҳати барпо кардани ваҳдату ягонагӣ дар дохили кишвар ва устувор кардани мақому ҷойгоҳи давлат унсури калидӣ маънидод мегардад.

Акнун ба он назар меандозем, ки Наврӯз дар ташаккули дипломати фарҳангӣ чӣ нақшу мақом дорад? Албатта, Наврӯз дар шароити кунунии муносибатҳои байналмилалӣ механизму муҳаррики асосии дипломатияи фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дипломатияи фарҳангӣ барои Тоҷикистон имкон медиҳад, мо ҷашнҳои миллиамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври барҷаста муаррифӣ намоем. Масалан, имрӯзҳо дар аксари сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа ба ин муносибат мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони аҳли фарҳангу санъат ва чеҳраҳои саршиноси кишварҳои хориҷӣ доир шуда, дар он аксҳо ва асарҳое, ки доир ба таърихи маросиму ҷашнвораҳо ва ёдгории бостонии тоҷикон маълумот медиҳанд, ба маърази тамошо гузошта мешванд. Меҳмонон ба ин васила ба таърих, фарҳанг ва санъати тоҷикон ошноӣ пайдо менамоянд. Ин навъ муаррифӣ имкон медиҳад, ки намояндагони дигар халқу миллатҳо ба мероси маънавии тоҷикон шинос шаванд ва ин меросро қадр ва тарғиб намоянд.

Ба тариқи хулоса метавон қайд кард, ки ҷаҳон дар пешорӯи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо қарор гирифтааст. Дар ҷараён ва густариши ин тамоюл фарҳанг ба қисми таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “дипломатияи фарҳангӣ”-и давлатҳо ворид гардида, барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни давлатҳо мусоидат менамояд. Яъне, ҷаҳон имрӯз мувоҷеҳи хатару паёмадҳои номатлубу харобиовар аст. Аз тарафи дигар, низоъҳо дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ба назар мерасанд, ки боиси хароб гардидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шуда истодаанд. Пас, яке аз роҳҳои хомӯш кардану ба эътидол овардани ин низоъҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ пешбурди дипломатияи фарҳангӣ ва истифодаи фаъол аз нерӯи нарм мебошад, ки дар ин замина ҷаҳонӣ будани Наврӯз манфиатовару мантиқист. Бо ин назардошт, таҷлили ҷаҳонии Наврӯз дар таркиби дипломатияи фарҳангӣ амали неку шоиста буда, дар доираи ба инобат гирифтани умумияти давлату миллатҳо бидуни хушунату зӯроварӣ роҳи расидан ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати комилро наздик менамояд.

 

Ардамеҳр Ашурзода,

н.и.т., ходими пешбари илмии

шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

БОЗГАШТ