АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Саҳми Бартолд дар тадқиқи мероси илмию фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Василий Владимирович Бартолд донишманд, ховаршинос, узви фарҳангистони улуми Россияи подшоҳӣ ва баъдан узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, яке аз муҳаққиқони ботаҷриба, ки дар соҳаи эроншиносӣ, исломшиносӣ ва туркшиносӣ басир буда, ҳамчун муаллифи даҳҳо китоб ва садҳо мақола дар соҳаи таъриху фарҳанги Ховари Миёна, хусусан Осиёи Марказӣ машҳур мебошад. Ӯро ба ҳайси “Шайхи шарқшиносон”-и рус мешиносанд. Бартолд моҳи ноябри соли 1869 дар шаҳри Петербург (Санкт Петербург), дар хонаводаи шахси доро ба дунё омадааст. Асли аҷдодаш аз Ҳамбург буда, ба Россия муҳоҷир шудаанд. Ниёгони падарияш аз мардуми минтақаи соҳили дарёи Балтик будаанд[5,1]. Бартолд 19 августи соли 1930 дар синни 61-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ӯро бо ахлоқи нек ва сифатҳои хуби инсонӣ васф кардаанд, ки мероси гаронбаҳое аз таҳқиқи илмии асил боқӣ гузоштааст. Омӯхтани таърих ва навиштаҷоти академик В.В. Бартолд дар таърихи мардуми Ховари Миёна, махсусан Тоҷикистон марҳилаи наверо мекушояд. Зеро эшон на танҳо ҳамчун шарқшинос, балки як шахсияти барҷаста бо азму самимият ва забондонӣ дар фарҳангу тамаддуни ин мардум хидматҳои арзандае кардааст.     Бартолд яке аз ховаршиносони маъруф ва машҳури рус буда, бештари таълифоташ ба забони русӣ мебошад. Муҳимтарин кор ва  асарҳои асосиаш, омӯзиши фарҳанги халқҳои Шарқ, аз ҷумла таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Академик Бартолд ба таври амиқу дақиқ омӯзиши фарҳанг ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихии он замонро барои худ муҳим ва зарур мешуморид. Ӯ якчанд асари бузурги илмӣ таълиф намудааст, ки яке аз онҳо “История культурной жизни Туркестана” (ба тоҷикӣ «Таърихи ҳаёти фарҳангии Туркистон”) ба шумор меравад, ки онро соли 1927 нашр намудааст. Бартолд қайд намудааст, ки дар асри IX Туркистон (Осиёи Миёна) бо ҷаҳони фарҳангӣ ва адабии Осиёи Миёна аз ҷумла бо форсҳо робитаи наздик дошт. Дар асри IX ҳокимиятро хонадони Сомонӣ бар уҳдаи худ гирифт, ки баромади аслии онҳо аз Балх буд, ки онҳо аввал аз Самарқанду Фарғона ва баъдан дар Бухоро, ки баъди пойтахти ин сулола буд, ҳукмрон буданд.
    Пеш аз донишҷӯ шуданаш ӯ дар гимназияи №8 Петербург (Санкт-Петербург) бо забонҳои лотинию юнонӣ ошно гардида, майл ба донистани забонҳо ва таъриху фарҳанг ӯро ба шуъбаи арабӣ – форсӣ - туркӣ ва тотории донишкадаи забонҳои шарқии Донишгоҳи Санкт - Петербург овард. Забони арабӣ, форсӣ ва туркиро ба таври шоиста фаро гирифт. Вале чизе, ки пеш аз ҳама диққати ӯро ба худ ҷалб мекард, таърихи кишварҳои Ховари Миёна ва Наздик буд. Вай дар навиштаҷоти худ ба мардуми тоҷик таваҷҷуҳи хосе дошта, фарҳангу тамаддуни тоҷикро ба риштаи таҳрир даровардааст[1,6]. Ин тавваҷҷуҳ нисбати таъсирпазирии ӯ ба устодаш, Веселовский маншаъ мегирифт. Устодаш таърихи ҷаҳонгардии Аврупоро дар Машриқзамин ҳамчун як риштаи тахассусӣ дарс медод. Бартолд назди устодони варзида сабақ омӯхта буд. Чуноне, ки худ дар васфи устодонаш мегӯяд: “Дар зимни машғулиятҳои донишгоҳӣ, монанди дигар шарқшиносони ҷавони ин замон, бештар таҳти раҳбарии Барон Розен устоди арабшинос қарор дошт. Вай марде буд ҳунарманду мустаид ва ҷиддӣ, ки шарқшиносони мубтадиро ба сӯи хеш ҷалб мекард”.
   Роҷеъ ба давлати тоҷикон китобҳои таърихии зиёд таълиф шудаанд, ки ба таърихи пойтахти Сомониён, шаҳру навоҳии Бухоро, мансабҳову мансабдорон, ҳукмронӣ, давлатдорӣ, ҳаводиси рӯзгори давраи Сомониён, фазоили Исмоили Сомонӣ ва адолатпарварӣ бахшида шудаанд. Аммо Бартолд дар ин самт таъкид менамояд, ки асри X адабиёти форсӣ-тоҷикӣ то ҷое тараққӣ карда, ки олимони форс-тоҷик бо забони арабӣ асарҳо эҷод кардаанд. Ҳамчунин, дар бораи намояндаҳои халқҳои Осиёи Миёна баҳои баланд дода, ба Муҳаммад ал-Хоразмӣ риёзидони машҳури форсу тоҷик дар давраи ҳукмронии халифаи Маъмун (Абдуллоҳ писари Ҳорун ар-Рашид 170ҳ/786м -218ҳ/833м), ба фаъолияти илмии риёзии эшон дар шаҳри Бағдод, арҷгузорӣ намудааст. Инчунин, ба зикри дигар донишмандони Осиёи Миёна ба монанди Абурайҳони Берунӣ, Абунаср, Розӣ, Ибни Сино, Форобӣ ва дигарон сухан намуда, аз ҷумла таъкид менамояд, ки Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар соҳаи риёзиёт аз симоҳои намоёни Аврупои давраи эҳё, ба ҳисоб меравад.
    Ҳамзамон, дар даврони ҳукмронии Сомониён Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба марказҳои пешбар мубаддал гардида, дарстовардҳои бузургро дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла риёзиёт, ситорашиносӣ ва тиб ноил гардидаанд, зеро бештари олимони он давра зуфунун буда, аз ҳама соҳаҳои илмии он замон бархурдор буданд. Ҳамчунин Бартолд зикр менамояд, ки Осиёи Миёна дар қуруни вусто дар илми ҷуғрофия хеле васеъ рушду нуму карда буд.
    Академик Бартолд яке аз шарқшиносон ва муҳаққиқони барҷаста буда, мавсуф аз замони донишҷӯи ба навиштани мақолаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ машҳур буд. Ӯ дар соли 1889 ба хотири навиштани маколаи худ зери унвони “Перомуни масеҳият дар Осиёи Миёна” бо медали нуқра сарфароз гардида буд.
  Ӯ сафарҳои зиёде барои мутолеа ва таҳқиқи корҳои илмии худ ва дарёфти ганҷинаҳои нусхаи хаттӣ ё корҳои бостоншиносӣ ба Осиёи Миёна борҳо сафар кардааст. Масалан, дар солҳои 1893-1894 аз тарафи Донишгоҳи Санкт-Петербург ва фарҳангистони илмӣ ба Осиёи Миёна сафар кард. Мавсуф дар бораи сафарҳои худ чунин ёдоварӣ менамояд: “Аз ҳама сафарҳоям ба Осиёи Миёна сафаре, ки дар соли 1902 анҷом додам, дар пайи ошнои осор ва нусхаҳои хаттӣ вазифаи дигаре надоштам”.
   Аз ҷумлаи китобҳое, ки бо қалами академик Бартолд рӯи қоғаз овардааст асарҳои  “Таърихи ҳаёти фарҳангии Туркистон” (История культурной жизни Туркестана), “Туркистон дар замони ҳамлаи муғул” (Туркестан в эпоху монгольского нашествия), Тоҷикон (Очерки таърихӣ) ва ғайра мебошад, ки  дар он асарҳо таърих ва фарханги Осиёи Миёна, аз чумла таърихи тоҷиконро тавсиф намудааст.
    Дар солҳои 1902 барои сафари дигараш аз тарафи Донишгоҳ барои ошнои амиқтар пайдо кардан бо Осиёи Миёна, ҷиҳати шинохт ва пайдо намудани маълумоти ҷадид бар маҷмуоти хаттӣ ва китобҳои нодиру ноёб марбут ба таърихи Машриқзамин сафаре дошт. Барояш ин сафар, самараи хубе ба бор овард. Аз ин сафар чизҳои бисёреро омӯхту таҳқиқ кард. Натиҷаи таҳқиқи ҳамонсолаи ӯ буд, ки таърихи ҷаҳони исломро мавриди мутолеа қарор дод, ки натиҷааш “Тазкираи ҷуғрофияи таърихи Эрон” буд. Аз ҳамон замон Бартолд ба тадқиқу баррасии дастхатҳои қадимии арабию, форсию, туркӣ майли беандоза пайдо кард ва аз ин муддат бо дастур ва машварати устоди худ, арабшиносӣ маъруф Барон Розен, ӯ ба омӯзиши дастхатҳои арабии доир ба таъриху фарҳанги Хуросону Мавароуннаҳр оғоз намуд.
   Бартолд аз тарафи анҷумани русӣ, пажӯҳишҳои Осиёи Миёнаро дар самтҳои бостоншиносии Самарқанд, анҷом дод. Пас осори нодиру қадимаи Самарқанд ӯро дар таҳқиқҳои илмияш боз ҳам қавитар гардонид.
   Академик Бартолд дар тули ҳаёташ ба таҳқиқи илмӣ пардохта, беш аз 400 асар офарид, ки аз онҳо 247 унвони гуфтор дар Доират-ул-маорифи исломӣ (First Encyclopedi  of islam. Leiden, Brill, 1913-1936) нашр гардид. Инчунин баъзе аз осори навиштааш дар зиндагиаш ва баъди вафоташ низ ба табъ расидаанд. Баъзе аз осораш ба забонҳои олмонӣ, англисӣ, форсӣ, арабӣ, туркӣ, узбекӣ, қирғизӣ ва тоторӣ тарҷума шудаанд.
    Ӯ дар осори хеш роҷеъ ба фарҳанги халқи тоҷик таъкид мекунад, ки назми форсӣ-тоҷикӣ аз ҳимояти ҳамагон бархурдор буда, дар замони ҳокимияти сулолаҳои Ғазнавиён, Қарахониён ва Салҷуқиён, фарҳанги минтақа рӯ ба таназзул овард. Аммо худи истилогарон низ зери таъсири қавии фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ мондаанд.
   Академик Бартолдро дар олами илм на фақат ҳамчун муҳаққиқи таъриху фарҳанги Осиёи Миёна мешиносанд, балки ҳамчун исломшиноси барҷастаи рус эътироф менамоянд. Аммо дар хусуси дастовардҳои исломшиносии ӯ, рисолаҳову мақолаҳои зиёде аз ҷониби пажуҳандагони шарқӣ-ғарбӣ, таълиф ёфтаанд.
   Аз ин лиҳоз бо ташаббуси пажӯҳишгоҳи Осиё ва Аврупои Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷумани илмӣ бахшида ба 150-солагии шарқшиноси машҳури рус Василий Владимирович Бартолд 28–уми июни соли 2019 баргузор гардид. Ин ҳамоиши илмӣ мақоми байналмилалӣ дошта, зери унвони «Саҳми академик В.В. Бартолд дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» ташкил ёфт. Намояндагони раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми баланди академик В.В. Бартолдро дар илми шарқшиносӣ,  хусусан дар омӯзиши ислом ва таъриху фарҳанги Осиёи Миёна, аз ҷумла таъриху фарҳанги халқи тоҷик, таъкид карданд.
   Дар ин ҳамоиши илмӣ намояндагони аҳли илм аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Олмон, Беларус ва дигар давлатҳо ширкат доштанд. Раиси тадорукоти конфронсро олими тоҷик, доктори илми таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова сарварӣ карда, дар ҷараёни кори ҷаласа, шарқшиносони тоҷик низ ширкати фаъолона доштанд. Мавзӯҳои маърузаҳо хеле ҷолиб ва аз нуқтаи назари илмӣ нав ва пурарзиш буданд. Аҳли илми Тоҷикистон низ ба ин ҳамоиш таваҷҷуҳи хосса аз худ нишон доданд.
Абдуҳалим ОДИНАЕВ,
Муҳаммадамин НАИМОВ,
кормандони Институт
      Адабиёт:
  1. Андар шинохти тоҷикон, китоби 1-ум. Тоҷикон очерки таърихӣ, В.В. Бартолд, ҷ- 224 саҳ.
  2. Бартолд, Василий Владимирович, донишномаи Ориёно, 3-юми моҳи меҳри (http://database-aryana-encyclopaedia.blogspot.com)
  3. Владимирович Бартолд, Маҷдуддин Кивонӣ, Душанбе, 16-уми урдибиҳишт (https://rasekhoon.net)
  4. Инъикоси масоили фарҳангии халқи тоҷик дар асрҳои IX-XII дар осори илмии академик В.В. Бартолд. Шарофуддинов Суҳроб Саломович. (Маърузаи Конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Саҳми академик Бартолд В.В. дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ”). Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИҶТ. 28-уми июни соли Душанбе.
  5. Туркистоннома, Василий Владимирович Бартолд, тарҷумаи Карим Кишоварз, ҷилди 1-ум 672 саҳ.
  6. Устод Бартолд ва Эрон, Парвиз Изкоӣ, маҷаллаи Эрон шинохт. Ҳамадон, моҳи фарурдин 1377, саҳифаи 249-305.

БОЗГАШТ