АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Муаллиф: Турсунмурод Турсунов

Расм

Тағйироти низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар солҳои 90-уми қарни XX бо барҳам хӯрдани низоми биполярӣ ва рушди раванди ҷаҳонишавӣ боиси инкишофи падидаи номатлуби терроризм ва ифротгароӣ гардид.

Терроризм дар баъзе кишварҳо омили муқаррарӣ гардид. Масъалаи таъсир ва хавфи терроризму ифротгароӣ дар ибтидои қарни XXI ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфт. Терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба кишварҳои Осиё хавф дорад. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти мубориза бо терроризм дорои аҳаммияти хос буда, дар роҳи маҳви ин падидаи номатлуб нақши калон дорад.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ ҳамкории қавӣ доранд. Дар эъломия дар бораи усулҳо ва самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои муҳим 14 феврали соли 1993 ба имзо расид, қайд гардидааст, ки ҳарду тараф бо ҳамдигар дар мубориза ба муқобили маҷмӯи ҷиноятҳо, махсусан бо терроризм, гаравгонгирӣ, ҷиноят бар зидди амнияти ҳавонавардии мулкӣ, тиҷорати байналмилалии пинҳонии маводи нашъадор, инчунин иншоотҳои маданию таърихӣ ҳамкорӣ хоҳанд намуд. Инчунин қайд шудааст, ки тарафҳо бар зидди ҳамаи шаклҳои фанатизми динӣ, бунёдгароӣ, душманию зӯроварӣ аксуламал хоҳанд кард. Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳимми баимзорасида ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба роҳ монда шуд.

Пас аз саммит-ҷаласа оид ба ҳамкорӣ ва эътимод дар миқёси Осиё ва вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Атал Ваҷпейӣ, ки 4 июни соли 2002 дар шаҳри Алмаато доир гардид, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Ёгендра Кумар қайд намуд: «ҳар ду кишвар дар мавриди мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии динӣ, наъшамандӣ ва ҷиноятҳои трансмиллӣ ақидаҳои якхела доранд. Маҳз Э. Раҳмон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи генералии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, масъалаи ҳалли низоъ дар Афғонистонро баррасӣ карда, аз ҳукуматҳои кишварҳои дигар даъват кард, ки барои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ талош намоянд.

Дар доираи ҳамкории сиёсӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон аз 28 то 30 январи соли 2003 Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Я. Сингҳ ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Пас аз анҷоми вохӯриҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба созмон додани гурӯҳи корӣ дар мубориза алайҳи терорризми байналмилалӣ ба имзо расид. Ба имзо расидани ин созишнома аз муборизаи мушатараки ду кишвар бар зидди хатарҳои ҷаҳонии замони муосир дар марҳилаи шаклгирии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд.

Дар ҷараёни мулоқоти васеи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпейӣ, рӯзи 14 ноябри соли 2003 як қатор масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ баррасӣ гардида, қарор дода шуд, ки гурӯҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон доир ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ созмон дода шавад.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тарафҳо ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба чунин мушкилоти байналмилалӣ, ба монанди танзими буҳрони Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилоти камбизоатӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Вобаста ба вазъияти Афғонистон, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талошҳои Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар ҳалли буҳрони Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он баҳогузорӣ ва масъалаҳои дигари байналмилалиро низ муҳокима кард. Ҳарду роҳбар қайд карданд, ки онҳо ҳамаи проблемаҳоро танҳо дар роҳи ҳалли мусолиматомез ва ҳамдигарфаҳмӣ медонанд. Дар эъломия зикр гардид, ки ҳар ду ҷониб бо ташкили комиссияи якҷоя дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккил, шустани пул, қочоқи ғайриқонунии яроқу аслиҳа, маводи тарканда ва дигар намудҳои хавф дар ду кишвар қаноатманд мебошанд. Таъкид гардид, ки терроризм дар тамоми ҷаҳон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол мекунад. Терроризм бояд нобуд ва маҳкум карда шавад.

Ҳангоми баррасии масъалаи Афғонистон, ҳар ду ҷониб барои дастгирии созишномаи дар моҳи декабри соли 2001 дар Бонн ба имзо расидаи байни қувваҳои зиддитолибонии Афғонистон дар хусуси таъсиси ҳукумати муваққатии Афғонистон, таъсис додани як кишвари мустақили Афғонистон омодагӣ иброз намуданд. Ҳарду роҳбар бар зидди дахолати беруна ба корҳои дохилии Афғонистон ҳамфикрӣ зоҳир карданд. Онҳо хатареро, ки ба вазъияти Афғонистон, ОМ ва ҷаҳон таҳдид мекунад, қайд карда, қувваҳои байналмилалии террористии таҳти роҳбарии Усома бинни Лодан ва ташкилоти «Ал-Қоида»-ро маҳкум намуданд. Зикр шуд, ки ҳарду кишвар кӯшиш мекунанд, ки барои барқарор кардани иқтисодиёти баъдҷангии Афғонистон кӯмак намоянд.

12 июли соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби акти террористӣ дар шаҳрҳои Сринагар ва Мумбайи Ҳиндустон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷ.А. Калам номаи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: «Бо эҳсоси бузурги ғазаб дар бораи таркишҳо дар Сринагара ва Мумбай, ки ҷони садҳо нафар одамонро рабуд хабар ёфтам. Ин амалҳои нафратангези террористӣ бори дигар ба мо зарурати муттаҳид кардани қувваҳои кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муборизаи қатъӣ нисбат ба ин зуҳуротро талаб мекунад. Тоҷикистон омодагии худро барои рушди устувори чунин ҳамкорӣ изҳор медорад ва ният дорад ҳамкориҳои худро бо Ҳиндустон, аз ҷумла тавассути механизмҳои гурӯҳи якҷояи корӣ густариш диҳад.

8 августи соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мавзӯи «Нақши Тоҷикистон дар ҳамкории минтақавӣ» дар Деҳлӣ ширкат ва суханронӣ намуд. Дар бахши сеюми конфронс ба муҳокимаи мушкилоти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир диққати ҷиддӣ дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар се мавзӯъ бо андешаҳои таҳлилӣ суханронӣ намуда, дар бораи нақш ва саҳми муҳимми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ОМ ва Афғонистон иттилоъ дод. Роҳбари давлати Тоҷикистон ба нақши Тоҷикистон дар танзими вазъияти иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва барқарорсозии баъдиҷангӣ, инчунин дар мубориза бар зидди истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар ибрози назар намуд.

Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил рӯзи 7 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе табодули иттилоот дар мубориза бар зидди терроризм аз нигоҳи ду роҳбари давлат қонеъкунанда арзёбӣ гардид. Пратибҳа Патил аз мақому тадбирҳои зиддитеррористии Эмомалӣ Раҳмон васф карда, нақши ӯро чун сиёсатмадор дар амну суботи минтақа боарзиш хонд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар масъалаи амнияти минтақавӣ мавқеи якранг ва ё наздик доранд. Дар ин росто мубориза ба муқобили терроризми ҷаҳонӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар унвон шуд. Дар нишасти матбуотӣ ҳар ду роҳбари давлат аз натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳо қаноатмандӣ изҳор карданд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар охири конфронси матбуотӣ Ҷумҳурии Ҳиндустонро яке аз шарикони муҳимми стратегии Осиёи Марказӣ унвон карда, мувофиқати мавқеи ду кишвар дар ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, бахусус, мубориза бар зидди терроризм, бунёдгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баён дошт.

Дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср рӯзи 15 июли соли 2009, дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ доир ба ҳамкориҳои сохторҳои қудратии ду кишвар дар мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, атрофи вазъи Афғонистон ва Покистон ва таъсири он ба минтақа гуфтугӯи судманд доир шуд. Муборизаи дастаҷамъона ҳадафи ду кишвар дониста шуд.

29 майи соли 2010 бо сабаби амали террористӣ ва садами қатора, ки боиси талафоти бузурги одамон ва хисороти калони молӣ гашт, Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Притабҳ Патил барқияи тасаллият ирсол намуда, амали ноҷавонмардона ва зиддиинсонии террористонро маҳкум карда, қайд намуд, ки зидди ҳар гуна чунин зуҳуроти манфур бояд дастаҷамъона ва муштаракан мубориза барем. Иброз шуд, ки дар татбиқи чунин стратегияи фарогир Тоҷикистон ҳамеша бо Ҳиндустон хоҳад буд.

7 июли соли 2010 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳ таъкид гардид, ки сафорати Ҳиндустон дар амалисозии лоиҳаҳои дорои аҳаммияти муштараки ҳамкориҳо, аз қабили мубодилаи таҷрибаву иттилоот дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани кадрҳои низомӣ ва ғ. саҳми бориз гузошт.

Мубориза бар зидди терроризм дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сардори Ситоди Артиши Ҳиндустон Виҷай Кумар Сингҳ рӯзи 11 ноябри соли 2010 мавриди муҳокима қарор гирифт. Доир ба вазъи мавҷудаи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҳалли муштараки он аз ҷониби Тоҷикистон ва Ҳиндустон гуфтугӯи судманд доир шуд.

Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон М.Ҳ. Ансорӣ рӯзи 15 апрели соли 2013 равобити сиёсиву амниятӣ баррасӣ гардид. Самти пешгирии хатару таҳдидҳои ҷаҳонии терроризму ифротгароӣ бахши муҳимми ҳамкориҳо дониста шуда, доираи вазъи Афғонистон ва барқарор кардани амну субот ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии он табодули афкор сурат гирифт.

Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва 13 июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе вусъат бахшидани ҳамкорҳо дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризм ва ифротгароӣ зарур шуморида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Мо ба мувофиқа расидем, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои асосии эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва шиддат ёфтани гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва экстремистӣ дар вилоятҳои шимолии он, ҷустуҷӯ ва истифодаи усулҳои таъсирбахши ҳалли мушкилоти Афғонистон ва ба роҳ мондани зиндагии орому осоишта дар қаламрави он ҳамоҳангсозии бештари амалҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро талаб мекунад». Дар робита ба ин, зарурати густариши гурӯҳҳои кории дуҷонибаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ ва инчунин Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бори дигар таъкид гардид.

Сарвазири Ҳиндустон қайд кард, ки ҳарду кишвар дар наздикии манбаи асосии терроризм ҷойгиранд. Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро ҳамеша як самти муҳим ва самарабахши ҳамкорӣ дониста, иброз дошт, ки роҳбарияти ду кишвар тасмим гирифтаанд, то дар пасманзари таҳдиди терроризм ҳамкориҳои худро дар ин самт густариш диҳанд, инчунин Ҳиндустону Тоҷикистон дастгирии кӯшишҳои мардуми афғонро ба ҳаёти осоишта ва пойдор идома хоҳанд дод.

Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба амният, субот, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ нуқтаи назари ба ҳам монанд дорем. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои асосии эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва экстремистӣ дар вилоятҳои шимолии он, «ҷустуҷӯ ва истифодаи усулҳои самараноки ҳалли мушкилоти Афғонистон ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи пойдор дар қаламрави он ҳамоҳангсозии бештари амалиётҳои муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустонро талаб мекунад». Бори дигар зарурати густариши гурӯҳҳои кории дуҷонибаи мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ ва инчунин комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои гуногунҷанба таъкид карда шуд.

17 декабри соли 2016 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ вазъ ва ояндаи муносибатҳои байни ду кишвар матраҳ шуд. Масъалаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СММ, СҲШ, ҳалли мушкилоти терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамзамон таъмин кардани амният ва суботи Афғонистон баррасӣ карда шуд. Дар поёни гуфтушунид Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии «расмикунонии» даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба имзо расонида шуд.

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон М.Ҷ. Акбар вохӯрданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни мусбати ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳама самтҳо ва ҷонибдориву ҳавасмандии ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон ибрози назар намуданд. Дар мулоқот мавқеи ду кишвар дар мубориза бо терроризим ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дар таъмини амну суботи минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон яксон унвон шуд. Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон М.Ҷ. Акбар қайд намуд, ки Ҳиндустон дар мубориза бо терроризм шарики боэътимоди Тоҷикистон аст ва саҳми боризи Э. Раҳмонро дар роҳи мубориза бо ин вабои аср арзишманд дониста, Тоҷикистонро дар ин самт наҷотбахши минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он то кишварҳои Каспиву Баҳри Сиёҳ унвон кард.

Дар айни замон, ки ҷаҳонро терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳдид мекунад ва кишварҳои мо бо ин зуҳурот мубориза мебаранд, дар мубориза бо зуҳуроти нангину навин ба таври қатъӣ муттаҳид шудан зарурият дорад. Мақсади умумии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мубориза зидди терроризм ва маводи мухаддир аст ва вақте ки кишварҳо якдигарро шарики стратегӣ медонанд, ҳамкорӣ дар ин самт муҳим мебошад.

Пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар парлумони Ҳиндустон (декабри соли 2001) ва дар Мумбай (ноябри 2008), мансабдорони Ҳиндустон роҳбарони Покистонро дар ташкили ин амалҳо айбдор карданд, сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ (2004-2014) Покистонро маркази терроризм номид.

8 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Н. Ковинд афзоиши таҳдиду хатари терроризм ва ифротгароӣ ба бехатарии минақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастгирии молиявии террористон маҳкум гардид. Қабули саривақтии «Конвенсияи ҷомеъ оид ба терроризми байналмилалӣ » -и СММ-ро зарур дониста, ду роҳбар мустаҳкам кардани ҳамкориҳои Шӯроҳои амният ва ниҳодҳои бехатарии ду кишварро таъкид карданд. Эмомалӣ Раҳмон ба кӯшишҳои Ҳиндустон дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ баҳои баланд дод. Н. Ковинд дастовардҳои таърихии Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ дар қаламрави худ ва минтақа, инчунин таъмини сулҳу субот таъкид намуда, давлатдории дунявӣ ва ҳаёти мутамаддинро ҷузъи фарҳанги ғании мардуми тоҷик донист.

15 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Р.Н. Ковинд вобаста ба амали террористӣ дар иёлоти Ҷамму ва Кашмир, ки боиси ҳалокати 45 нафар кормандони мақомоти қудратӣ ва захм бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид, барқияи тасаллият ирсол намуда, зарурияти идомаи муборизаи аҳли башарро зидди терроризм муҳим донистанд.

Дар маҷмуъ,

 -Бо ташаббусу иқдомоти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризм ва ифротгароӣ босамар ба роҳ монда шуда, барои таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон, осоиштагии рӯзгори мардуми сайёра нигаронида шудааст.

-Фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва ифротӣ дар минтақаҳои ҳамсоя барои Ҳиндустон аз ҷумла, ҷунбиши Толибон хавфи калон дорад. Зикри ин нуқта ба маврид аст, ки ҷанги тӯлонии Афғонистон ба суботи минтақавӣ хатарзо аст. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Афғонистон ба бузургтарин минтақаи истеҳсолу интиқоли маводи нашъадор, қочоқи силоҳ, терроризм ва ифротгароии динӣ табдил ёфтааст. Ба ҳама аҳли башар маълум аст, ки вазъи дохилии Афғонистон ба рушди гурӯҳҳо ва шабакаҳои террористиву ифротӣ, густариши парвариши маводи мухаддир сабаб гардидааст ва Афғонистон ба маркази терроризми ҷаҳонӣ ва макони истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир мубаддал гардидааст. Дар минтақаи АвруОсиё Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи буферӣ маҳсуб мешавад ва ба амнияти он вазъи дохилии Афғонистон бетаъсир буда наметавонад ва роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ва таъмини сулҳи ҷаҳониро ба вуҷуд меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон марзҳои ҷанубии ИДМ мебошад ва амнияти Тоҷикистон амнияти минтақа аст.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти волоияти қонун, пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамеша талош меварзанд.

-Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳо буд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Эмомлаӣ Раҳмон амалиёти зиддитеррористиро пуштибонӣ ва дастгирӣ намуд ва дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ мавқеи худро ба ҳеҷ ваҷҳ дигар накардааст ва сиёсати худро тағйир намедиҳад.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муборизаи самарабахш бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ шарики табиии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.

 

 

Турсунов Т.Х.,

сарходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.т., профессор.

 

 

БОЗГАШТ