САҲМИ ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ВАРЗИШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ  бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷиҳати  иштирок да таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Дар рушди ҷомеаи солим нақш ва ҷойгоҳи варзиш муҳим арзёбӣ шуда, дар забони дипломатия он қосиди сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳои ҷаҳон буда, дар таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибатҳо мусоидат менамояд. Зеро кишварҳо барои расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз, мусобиқаҳои варзишӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо ҳамкориҳоро дар доираи рушди ҷомеаи солим тавсеа бахшанд.

Варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқаррар ва танзим менамояд. Дар давоми 33 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кард. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташкил шуд, ки узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад ва роҳбариашро аз соли 2009 Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд. Истиқлол ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то онҳо фаъолона дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иштирок намоянд. 
Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар тули таърих, он ҳамчун воситаи баланд бардоштани обрӯи давлату миллат ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо хизмат мекунад. Дар ин зимн, Бозиҳои олимпии Юнони Қадим яке аз намунаҳои аввалини дипломатияи варзишӣ буд, ки варзишгаронро аз минтақаҳои гуногун муттаҳид мекард ва ягонагиро таҳким мебахшид.

Дар замони муосир дипломатияи варзишӣ барои бартараф кардани ихтилофҳо ёрӣ мерасонад. Намунаи беҳтарини онро байни Штатҳои Муттаҳидам Амрико ва Чин дар солҳои 1970 метавон мушоҳида кард. Зеро сафари тими тенниси рӯи мизи ШМА ба Чин ба коҳиши танишҳо мусоидат кард.

Ё варзишгарони ҷумҳуриҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ, ки ихтилофи сиёсӣ доранд, дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчанг дар соли 2018 зери як парчам вориди варзишгоҳ шуданд. 

Ин мисолҳо тавоноии варзишро дар рафъи монеаҳо ва оғози муколамаи дипломатӣ ба таври дуруст нишон медиҳад. Дипломатияи варзишӣ заминаро дар таҳкими муносибатҳо ва коҳиш додани муноқишаҳо ба вуҷуд оварда, дарҳоро барои ҳамкорӣ боз менамояд. Дар Тоҷикистон ташкилоту федератсияиҳои гуногуни варзишӣ барои рушди ҷомеаи солиму созанда фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки футболро дар кишвар идора ва назорат мекунад, дар рушди дипломатияи варзишӣ нақши муҳим бозида, тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби олимпӣ ва футзалу футболи занонаро ташкил намуда, сарпарастӣ карда, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд.Ёдовар мешавем, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аввалин маротиба тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Доҳаи Қатар фаъолона иштирок карда, то даври чорякфинал баромад. Дар бозии даври чорякфинал футболбозони мо дар нахустин иштироки худ ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора ворид шуд.

Ҳамчунин дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии  худро дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дар моҳи апрели 2025  хеле хуб анҷом дод. Ҳамин тариқ, дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябри 2025 дар Қатар баргузор мешавад, дастрас гашт.

Дар анҷом ҷоиз ба қайд аст,ки чорабинии варзишӣ қобилияти варзишро барои муаррифии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нишон дод. Бо чунин арзишҳои воло ва барои рушди ҷомеаи солиму созанда ҳамаи намуди варзиш, аз ҷумла футболро бояд истифода кард. Чунин табодулҳо таъсири амиқи дипломатӣ дошта, робитаҳоро осон мекунад, ки аксар вақт тавассути воситаҳои анъанавии дипломатӣ расидан ба онҳо мушкил мебошад.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими калони илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шақии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ