Сада - ҷашни омодагӣ ба кишту кор ва истиқболи Баҳору Наврӯз

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

Расм

    Имрӯз бо ифтихор метавон иброз намуд, ки дар воқеъ Истиқлоли давлатӣ ба мо тоҷикону тоҷикистониён шароити муфид фароҳам овард, ки мо дар фазои амну субот ба сар бурда, аз файзу эҳсони Истиқлоли давлатӣ ормонҳои асрҳо дар қалбамон нуҳуфтаро амалӣ намоем. Ин аст, ки ҷашнҳои миллии бостониамон Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон дар шаклҳои муосир эҳё гардида, мардуми шарифи кишвар аз мероси ғании аҷдодиамон бархӯрдор мешаванд.

         Қобили тазаккур аст, ки оташ рамзи покӣ маҳсуб ёфта, ғалабаи қувваҳои некӣ ба бадӣ мебошад. Меҳвари ҷашни Сада низ оташ аст. Аҷдоди мо ба сӯи оташ нигариста ё дар партави рӯшноии он дастони худро ба сӯи Хуршед, ки аз ҳама ситораи наздиктарин ба сайёраи замин аст ва ниёгони мо ҳастии заминро ба мавҷудияти неруи Хуршед вобаста медонистанд, яъне ба сӯйи осмон мебурданд ва барои рушди сатҳи зиндагии худ аз Яздони якто ёрӣ мехостанд.

         Мақсади асосии ниёиш раҳоӣ аз сардиҳои шадиди зимистон, расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб ҷиҳати кишту кор буд. Ҳамчунин  дар рӯзи таҷлили ҷашни Сада ҳунармандону ширинкорон, дорбозон, аспакбозҳо, паҳлавонон ва онҳое, ки аз ҳунаре бархӯрдор буданд, ҳунарнамоӣ менамуданд. Сада ба сифати ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки он манбаи кумаки кишоварзон гардида, ҷиҳати инкишофи боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ, мусоидат менамояд. Бешубҳа, ҷашни Сада бо неруи бузургаш дар фарҳанги миллат ба тадриҷ шукуҳмандтар гардида, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ қавитар мешавад [4].

         Ҳадафи Сада ва маросимоти марбути он, ки вобаста ба шароити зистӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва табиӣ тағйир ёфтаанд, дар бунёди боғу корезҳо, шинонидани дарахтон, ободу зебо кардани маҳаллу кишвар ва билохира ба ободкорию созандагӣ даъват намудани мардум зоҳир гардида, ба ин тартиб ҳамоҳангию ҳамбастагии иҷтимоӣ таъмин карда мешавад [3]. 

         Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама, деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кӯчаҳо, кишт кардани замин ва пошидани порӯ ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус меандешиданд. Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои суннатӣ  инсон метавонад бар муқобили ҳирсу ҳасаду кинаву адовати Аҳриманӣ пирӯз гардад [2]. Бояд тазаккур дод, ки ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ойинҳои неки ҷашни Садаро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома дода, дар густариши оинҳои миллӣ саҳм гузоранд[1]. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки санаи 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байни ҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ метавон иброз намуд, ки мардуми шарифи мамлакат суннатҳои Садаро пос медоранд, дар баробари корҳои ободонӣ ва тамизгардонии хонаву ҳавлӣ, ҳар сол барои ҷаншнгирии иди Сада дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил менамоянд, базм ороста, ба хотири бобаракату серҳосил омадани баҳор хурсандӣ мекунанд. Ҳамзамон намоиш - фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбутаҳоро ташкил намуда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват менамоянд. Бо шодию фараҳ якдигарро табрик намуда, таманно менамоянд, ки дастархонашон мудом пур аз нозу неъмат бошад, хонаашон пур аз гандум бошад, ранҷашон ба ганҷ мубаддал гардад.

                                         Сарчашмаҳои иттилоотӣ:

1. Давлатов З. «Номи ҷашни Сада аз рақами 100 гирифта шуда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад». Манбаи электронӣ: https://mts.tj/sardori-rayosati-markazi-tadқiқoti-strategӣ-zubajdullo-davlatov-nomi-ҷashni-sada-az-raқami-100-girifta-shuda-panҷoҳ-shabonarӯzro-. Санаи муроҷиат: 14.01.2025.

2.   Муродова Т. Ҷашни Сада- рамзи ҳамбастагӣ. Манбаи электронӣ: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ashni-sada-ramzi-ambastag.html. Санаи муроҷиат: 15.01.2025с.

 

3.  Нурзода Н. Сада - ойини ҳамбастагӣ (ба муносибати ҷашни Сада). Манбаи электронӣ:         https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/sada-ojini-ambastag-ba-munosibati-ashni-sada.html. Санаи муроҷиат: 10.01.2025.

4. Хушвахтзода Қ. Сада - нишоне аз тамадуни бостонии тоҷикон. Манбаи электронӣ:  https://khovar.tj/2024/01/sada-nishone-az-tamadduni-bostonii-to-ikon-andesha-oi-prezidenti-akademiyai-millii-ilm-oi-to-ikiston-obil-on-hushvahtzo. Санаи муроҷиат: 10.01.2025.

 

БОЗГАШТ