САДА - ҶАШНИ ОРИЁИСТ!

Муаллиф: Холназаров Назар

Расм

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расму таомулҳои қадимии тоҷикон изҳори назар карда, оид ба яке аз онҳо: - Сада чунин фармудаанд: “Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд. Яъне, ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад”.

 

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврўз,

Мужда бипзиру бидеҳ ҳилъату кораш битизор.

       Фаррухӣ

                Гузаштагони мо дар замонҳои хеле қадим  ҷашнҳои зиёде аз ќабили: Наврўз, Урдибиҳишт, Нилуфар, Тиргон, Фарвардин, Хуррамрўз, Озарҷашн, Шаҳривар, Баҳманҷана, Исфандормўз, Меҳргон ва ғайраро таҷлил менамуданд, ки миёни онҳо иди Сада маќому мартабаи волоро соҳиб буд. Оиди таърихи пайдоишу таҷлили Сада аҳли фарҳангу адаби форс-тоҷик дар осори мансуру манзуми хеш маълумоти ҷолиб додаю онро васф намудаанд.

         Абулќосим Фирдавсӣ подшоҳи сулолаи Пешдодиён Ҳушанг ибни Сиёмакро бунёдгузори ҷашни Сада ҳисобида, дар “Шоҳнома” оварда, ки рўзе Ҳушанг бо чанд тан аз ёрони хеш ба саҳро паи шикор мерафт, ки ногоҳ аз пеши онҳо мори азимҷуссаву бадҳайбате мебарояд. (Мори сиёҳ, мазҳари маргу нобудӣ ва намоди Аҳриман аст). Ҳушанг бо мақсади аз сари роҳ дур кардани мор, ки намоди Аҳриман аст, санги калонеро бардошта ба сўи мор ҳаво медиҳад. Аммо санг ба сари мор нарасида ба санги дигаре мезанаду аз онҳо шарора меҷаҳад ва хасу хори хушкидаи атрофро  оташ фаро мегирад ва ҳамин воқеа, сабаби пайдоиш ё ба таври дигар, сабаби кашфи оташ мегардад. Ҳамон шаб Ҳушанг гулхан афрӯхта дар атрофи гулхан базме орост ва ин амали ӯ ба ҷашни ҳамасола табдил ёфт ва Сада ном гирифт.

 

Бигуфто: “Фуруғест ин эзадӣ,

Парастид, бояд, агар бихрадӣ.

Шаб омад, барафрўхт оташ чу кўҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ў бошукўҳ.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ў ёд кард.

       Ҳушанг ва ҳамроҳонаш тамоми шаб дар гирди оташ нишаста хушҳолӣ мекунанд ва намегузоранд, ки оташ хомӯш гардад, зеро онҳо оташро ҳамчун нури эзидӣ қабул карда буданд. Бинобар ривояти мавҷуд, ин достон даҳуми Баҳманмоҳ  иттифоқ афтодааст ва онро рӯзи кашфи оташ медонанд. Аз он замон ин ҷашнро Сада ном ниҳоданд ва ҳамасола онро ҷашн мегирифтанд. Дар ин бора Фирдавӣ дар “Шоҳнома”чунин мегӯяд:

                                        Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ

                                        Гузар кард ба чанд кас ҳамгурӯҳ,

                                        Падид омад аз дур чизе дароз,

                                        Сияҳрангу тиратану тезтоз,

                                        Ду чашм аз бари сар чу ду чашмахун

                                        Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу ҳанг,

Гирфташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зӯри Каёнӣ раҳонид даст.

Ҷаҳонсӯз  мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд,

Фуруғе падид омад  аз ҳарду  санг,

Дили санг гашт аз фуруғ озаранг....

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он ҷашн фархунда кард,

Зи Ҳушанг  монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

                Абўрайҳони Берунӣ дар “Ат-таҳфим” ва “Осор-ул-боќия” ном асарҳояш оид ба  Сада маълумоти ҷолиб дода, навиштааст, ки он рўзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман ҷашн гирифта мешавад. Чун аз даҳуми Баҳман то Наврўз панҷоҳ шабу рўз аст, ин рўзро Сада ном ниҳоданд. “Обон-рўз аст баҳманмоҳ. Ва он даҳум рўз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рўзи даҳум аст ва миёни рўзи ёздаҳум оташҳо зананд аз гавзу (чаҳормағз) бодом ва гирд ба гирди он шароб хўрдан ва лаҳву шодӣ кунанд. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки ў то Наврўз панҷоҳ рўз аст ва панҷоҳ шаб”. Ва дар “Осор-ул-боќия” таърихи оташ афрўхтанро дар ҷашни Сада чунин ба ќалам додааст: “Сабаб ин, ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад ин аст, ки чун Заҳҳок ќарор гузошта буд, ҳар рўз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дўши ў буд, димоғи онҳоро ғизо ќарор диҳанд. Ва шахсе, ки муваккал ба ин кор буд, пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон Измоил ном дошт. Ва ин шахси муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тўшае мебахшиду ўро амр мекард, ки ба ќисми ғарбии кўҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар он ҷо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоғи кўчќоре мехўронид. Ва ин димоғро бо димоғи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт. Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ўро ҷазои сазовор бидиҳад. Измоил ашхосеро, ки аз ќатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кўҳи Дамованд биравад, то ки ҳаќиќати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Измоил ба ќуҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пўшти бомҳои худ ҳар як оташе биафрўзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воќеа дар шаби даҳуми баҳманмоҳ буд...”.

    Унсурӣ ҳам ба бисёр қадимӣ будани чашни Сада ишорае дорад ва ӯ ин  ҷашнро ба Фаредун нисбат медиҳад ва мегӯяд:

                            Сада ҷашни мулки номдор аст,

                            Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

                            Замин имшаб  гӯё кӯҳи Тур аст,

                        К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

                           
                            Гар ин рӯз аст, шаб хонданаш набояд,

В-агар шаб рӯз шуд, худ рӯзгор аст...

Гар аз асли зимистон аст, Баҳман,

Чаро ин шаб ҷаҳон чун лолазор аст?!

 

     Маҳмуди Гардезӣ низ дар “Зайн-ул-ахбор” ном китобаш сабаби Сада ном гирифтани ин ҷашнро чунин хабар додааст: “Ва Садаи бузург, ки миён андар ин рўз ва Наврўз сад шабонарўз бувад ва бад-ин сабаб ном кардандаш”.

    Абурайҳони Берунӣ менависад, ки мардуми иронинажод дар гузашта шабу рўзро алоҳида мешумурданд. Даҳуми баҳманмоҳи шамсӣ, ки ба якуми феврали солшумории милодӣ рост меояд ва аз Сада то Наврўз сад шабу рўз, яъне панҷоҳ шабонарўз аст, пас бояд ба хулосае омад, ки таҷлили Сада ба 31 январ-1 феврал рост меояд.   

Аҷдодони мо ҷашни Садаро басо пуршукўҳ таҷлил менамуданд. Бо шаҳодати Ибни Мискавейҳ ҳангоми ҷашни Сада дар баландтарин мавзеъҳои шаҳру рустоҳо ва талу теппаҳо мардум ҳезуми бисёре ҷамъ овардаю дар базмгоҳҳо сутунҳои аз шамъҳои рангӣ сохташударо мегузоштанд ва даруни чаҳормағзҳоро бо пахтаи нафтолуд пур кардаю ба пои паррандаҳо мебастанд. Чун соати ҷашн фаро расид, ҳам манораҳои ҳезум, ҳам шамъҳо ва ҳам чормағзҳои пур аз пахтаи нафтолуди дар пои парандаҳо басташударо ба якборагӣ фурўзон мекарданду парандаҳоро ба ҳаво сар медоданд, ки дар он лаҳза шаби тор чун рўз равшан мегашт.

Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст,

К-аз сарои хоҷа бар гардун ҳаме ҳамсар шавад.

    Ҷашни  Сада дар замонҳои қадим  дар сар то сари Эронзамин аз тарафи мардуми ориёнажод таҷлил мегардид. Мардуми ориёӣ тамоми шаб дар гирди гулханҳои фурўзон шеърхонию ќиссахонӣ карда, мераќсиданду месуруданд. Баъд аз заволи давлатдории Сомониён ва ба қудрат расидани муғул ин ҷашн  оҳиста-оҳиста ба ҳукми  фаромўшӣ супурда шуд.

    Чи тавре, ки маълум гардид, Сада дар баробари дигар ҷашнҳои миллиямон аз қадимулайём бо як шукуҳу шаҳомати хосе ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Сада аз ба охиррасии фасли зимистон, наздик омадани баҳор ва аз оғозёбии кори деҳқон мужда меовард.

Фарорасии ин ҷашн тибқи солшумории ҳиҷрӣ ба рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ ва тибқи солшумории мелодӣ ба  рӯзи сиюми моҳи январ рост меояд. Сада пас аз 40 рӯзи сипарӣ шудани шаби ялдо ҷашн гирифта мешуд ва ин маънои пирӯзии гармо бар сардиро дорад.

Ҷашни Сада ҳамчунин ба хотири гиромидошти неъмати бузурги табиат-Оташ таҷлил карда мешуд.Ин  ҷашн, ки муддатҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида шуда буд, бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ду ҷашни дигари миллиямон Наврӯз ва Меҳргон эҳё гардида, чанд соле аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Дар қонун “Дар бораи ҷашнҳои миллӣ...” таҷлили иди Сада рӯзи 30 январ таъйин гардидааст.

Ҷашни Сада дорои чанд рамзе ҳаст, ки аз ҳама муҳимаш ин оташ аст. Тибқи маъхазҳои таърихӣ ва гуфтаҳои донишмандон ҷашни Садаро мардуми ориётабор бо афрӯхтани оташи бузург, ки ифодакунандаи гармӣ  ва рушноӣ мебошад, бар по мекарданд ва онҳо бовар доштанд, ки дар ин вақт замони сардӣ ба охир расидаасту гармиву нармӣ ҷойи онҳоро гирифтааст.

            Ба эътиқоди мардум, ҳар қадар, ки шуълаҳои  оташи ҷашнӣ баландтар аланга зананд, ҳамон сол соли фаровонии ҳосил, соли пурфайзу бобаракат хоҳад шуд.

            Ба муносибати ин ҷашн, ки муждарасони фасли баҳор аст,  занони тоҷик суфраи идона мекушоданд ва дар он таомҳои миллиро ба намоиш мегузоштанд. Таоми анъаавии Сада далда мебошад. Ин таом дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба тарзҳои мухталиф омода карда мешавад вале асоси онро дар ҳама ҷо гандуми куфташуда, оби ҷуш, лубиёиҳои гуногун, сабзавот ва гӯшт  ташкил медиҳад. Дар баробари таомҳои аз донагиҳо (гандум, нахуд, наск, мош, лубиё ва ғайра) омода гардида, боз хӯрокҳои миллӣ ба монанди: палов, далда, ширбиринҷ, кашку умоч, қурутобу фатирмаска, самбӯсаву чанголӣ ва ғайра низ омода карда, онҳоро ҳам ба намоиш мегузоштанд.

            Ин ҷашнро бештар аз дигарон дида кишоварзон интизор мешуданд. Онҳо оташ афрӯхта, ба умеди пурфайзу бобаракат ва серҳосил  шудани сол гирди он давр мезаданд. Дар охир, баъд аз анҷоми ҷашн онҳо (деҳқонон) хокистари ин оташсӯзиҳоро ҷамъ карда бурда ба заминҳояшон мепошиданд, то заминҳояшон серҳосил гарданд.

Мояи ифтихор ва фараҳмандии миллати тоҷик аст, ки дар арсаи олам бо чунин ҷашну маросим ба мисли Сада, ки дар бар гирандаи ҳаёти шоистаи мардуми сайёра аст ва ба инсон фараҳу шодӣ ва нуру зиё меорад ва қалбҳоро гарм намудаву зиндагиро ширин месозад арзи ҳастӣ дорад ва барои ҷовидона ҳифзу ҳимояи он адармардони ин миллат ба мисли Пешвои муаззами миллат пуштибон ва ҳомиву нигаҳбон дорад.

 

Ҷашни Сада ба кулли ҳамдиёрон фарруху фархунда бод.                                                          

БОЗГАШТ