АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

САДА - ОЙИНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТАМАДДУНПАРВАР

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.
***
Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст,
К-аз сари хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.
***
Омад, ай сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмат бисёр бувад.
  Ҷашни Сада яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёду тамаддунпарвари тоҷик маҳсуб меёбад. Дар воқеъ, тоҷикон ин ойини бостонии хешро дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё намудаву ҷон бахшиданд. Эҳёи ҷашни Сада шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик расму анъанаҳо, ойинҳо, малакаву маҳорат ва таҷрибаҳои бою ғании аҷдодони хешро, ки аз гузашти чандин қарнҳо дарак медиҳад, гиромӣ дошта, арзишҳои волои ин анъанаву ойинҳои миллиро ба наслҳои имрӯзаву оянда, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ ба мерос мегузорад.
  Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре  нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин монанд, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадад, ки неруи аҳриманӣ аст, одамон хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.
  Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти истилоҳи хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомашон ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зиндагӣ ва ҳаракат мекунад. Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Офтобро ниёиш карда, сипас, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
  Эҳёву ба насли ҷавону оянда муаррифӣ намудани арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба он дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод ва бархурдҳои манфиатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, шиддат гирифтани  рақобат, талоши кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои нуфузи хеш дар ҷаҳон беҳтарин василаи худогоҳиву худшиносии миллӣ  мегардад. Бешубҳа, эҳё ва дар амал татбиқ намудани расму ойинҳои гузаштагони соҳибхирадамон сатҳи ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, инсондӯстӣ, фазилат ва ҳуввияти миллиамонро устувору пойбарҷо мегардонад.
  Зикр намудан ба маврид аст, ки бидуни худогоҳӣ ва худшиносӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хурӯҷи неруҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳуввият ва сирати миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи ватандӯстии худ ҳамеша омода бошад.
  Бояд гуфт, ки ҳадаф аз эҳёву дар ҳаёт татбиқ намудани расму анъана, оийнҳои ба мардуми тоҷик хос ва баргузории ин ҷашнҳо дар сатҳҳои гуногун омили асосии пешгирикунандаи ҳама гуна таҷовуз, ихтилоф, фитна ва хурофоту тақлид метавон гардад.   
  Чуноне ки аз омӯзишу таҳлилу тадқиқи ойини Сада бармеояд, Сада - анҷоми чиллаи калон, ба охир расидани давраи сармо, оғози корҳои кишоварзӣ, рамзи гармиву рӯшноӣ, ғалабаи инсон бар қувваҳои бадӣ, пирӯзии равшанӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ, гиромидошти оташ, омили таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ, кишоварзӣ, дӯст доштани табиат буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад.
  Бе ягон шакку шубҳа Сада муждарасони омад-омади фасли Баҳор, фарорасии Наврӯз ва умедбахши зиндагии хушу хуррам ба шумор меравад. Аз ин сабаб пос доштани расму ойини поку беолоиши ниёгон ба хотири пояндагиву устувории миллати тоҷик муқаддас аст.
  Таҷлили ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон омили иттиҳоди миллат, рамзи сулҳу Ваҳдат, бедории миллат, эҳёи арзишҳои миллӣ, пойдории суннатҳои волои аҷдодӣ ва яке аз самтҳои тафаккури миллӣ ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо - мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашнҳои бостонии ниёгони хешро бо тамоми нозукиҳои бостониаш аз диду нигоҳи муосир бо ифтихор дар сатҳи шоиста таҷлил намуда, ҳамзамон ба ҷаҳониён расму ойинҳои қадимаи мардуми тамаддунпарвари тоҷику тоҷикистониёнро муаррифӣ менамоем. Дар умум метавон хулоса намуд, ки ҷашни Сада дар воқеъ бозгӯйи ёдгории қадимӣ ва таърихӣ мебошад.  

Сафаргул ДАВЛИЁРОВА
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказӣ
Бознашр аз рӯзномаи Баҳори Аҷам. №3-4 (624)
24 январи соли 2023, сешанбе
 

БОЗГАШТ