21 сентябри 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд.
Сафари корӣ ва расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои хориҷа на танҳо рамзи эҳтиром ва дӯстӣ миёни миллатҳо, балки нишондиҳандаи сиёсати устувору муваффақи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раҳнамоии Пешвои миллат ба роҳ монда шудааст, ҳамеша бар пояи музокироти созанда, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд қарор дорад. Ҳар як сафари расмии Ҷаноби Олӣ, хоса ба кишварҳои калидӣ ва ҳамсоя, заминаҳои навро барои робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ фароҳам меорад.
Тавре таҷриба нишон медиҳад, натиҷаҳои чунин сафарҳо дар шакли имзои созишномаҳо, тавсеаи робитаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ хеле муассир мебошанд. Ҷаноби Олӣ дар ҳар мулоқот бо сарони давлатҳо бо сухани муътамад, ормонҳои стратегии кишвар ва манфиатҳои мардум ҳимоя мекунад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сафари Пешвои миллат — на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки як василаи тақвияти истиқлолият, суботи миллӣ ва шинохти байналмилалии Тоҷикистон аст.
Мо, чун шаҳрвандони кишвари азизамон аз чунин мавқеи фаъолу дипломатияи мутавозини Пешвои миллат ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки ин сафарҳо устуворе мебошанд миёни Тоҷикистон ва ҷаҳон — барои сулҳ, рушд ва пешрафти Ватани азизамон!