АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Ҷумҳурии Қазоқистон

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дошт, ба анҷом расид.

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд ва дар ҳамин замина дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.

Баррасии масоили муносибати дӯстӣ ва шарикии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, бо иштироки васеи ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.

Бояд қайд кард, ки чорабиниҳо, ки дар 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат мегиранд, боз як далели рушди бемайлони муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин гардиши мол миёни ду кишвар, ки танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллар расидааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад ва нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки асоси ҳамкориҳои иқтисодии ду давлатро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.

Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд. Инкишоф додани робитаҳои зиёиён, ходимони фарҳанг, адабиёт, санъат ва муассисаҳои маданию гуманитарӣ зарур шумурда шуд. Дар идомаи суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзуи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Зимни шиносоӣ аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марказ барори кор орзу намуданд ва изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти талаботи ҷомеа ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.

Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.

Зимни муаррифии самтҳои фаъолият ва имкониятҳои Марказ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад. Маҳз барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 24 то 29 августи соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд.

Дар ин доира 24 август дар шаҳри Остона, дар толори Холдинги миллии «QazBioPharm» мулоқоти аҳли илму адаби Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Ва бағайр аз ин маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик бо намоиши филми бадеии “Рустам ва Суҳроб” (муаллифи сенария Г. Колтунов, коргардон Б. Кимягаров) оғоз гардида буд.

Тибқи барнома 25 август дар шаҳри Остона бо иштироки вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи олими тоҷику форс, файласуф ва табиб Абӯали ибни Сино баргузор гардид.

Шоми 25 август бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера» Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон расман оғоз гардида, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо ба намоиш гузошта шуд.

Дар барномаи консертӣ Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон ширкат варзида буданд.

27 август дар шаҳри Чимкент дар конфронсзали «Ramada by Wyndham Shymkent» Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вохӯрии Вазири фарҳанг ва аҳли илму адаби Тоҷикистон бо намояндагони тоҷикони муқими вилояти Туркистон идома меёбанд. Сипас, филми “Шинохти Саразм”, ки ба 5500-солагии Саразми бостон бахшида шудааст (муаллифон Шавкати Муҳаммадӣ ва Тоҳири Асрориён, коргардон Рустам Сатторзода), намоиш дода мешавад ва дигар чорабиниҳо низ дар назар аст.

Бо назардошти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва натиҷаҳои назарраси он дар давоми 30 сол метавон хулоса кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон рабитаҳои хуби дуҷониба ва бисёрҷониба дорад, ки дар оянда умед аст боз ҳам бештар тақвият ёбанд ва барои қонеъ намудани талаботи ҳамдигар дар асоси оинҳои неки таърихӣ ва дӯстӣ саҳмгузор бошанд.

 

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

н.и.сиёсӣ- мудири шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА

БОЗГАШТ