Муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин дар даврони истиқлол яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, сафарҳои сатҳи олӣ ҳамеша ҳамчун омили таҳкимбахш ва пешбарандаи робитаҳои стратегӣ нақши муҳим бозидаанд.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрҳои Тянҷин ва Пекинро фаро гирифт, на танҳо аз ҷиҳати протоколӣ муҳим буд, балки дорои паёмҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ мебошад. Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва СҲШ-плюс, суханрониҳои ӯ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони як қатор давлатҳо ва инчунин имзои ҳашт санади нави ҳамкорӣ бо Чин ин сафарро ба як рӯйдоди калидӣ табдил дод.
Дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир, масъалаҳои амниятӣ ва сиёсӣ барои Тоҷикистон ва Чин аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Чунонки маълум аст, минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи бузургтарин ҷойгир буда, бо чолишҳои гуногуни геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошад.
Тоҷикистон ва Чин Созмони Ҳамкории Шанхайро яке аз платформаҳои муҳим барои ҳалли мушкилоти амниятӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ меҳисобанд. Дар мулоқоти роҳбарони ду кишвар, зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид гардид. Ҳамзамон, ҷонибҳо аҳамияти ташаббуси «Идоракунии глобалӣ»-и Раиси Чин Си Ҷинпинро баррасӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти низоми адолатпарвар ва устувори байналмилалӣ изҳор намуданд.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон худро на танҳо ҳамчун шарики минтақаӣ, балки ҳамчун иштирокчии фаъоли равандҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Мавзӯи иқтисодӣ дар гуфтугӯҳои сатҳи олӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Имзои як қатор санадҳо дар бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, логистика ва ҳамкориҳои рақамӣ заминаи устувор барои тавсеаи равобити иқтисодӣ фароҳам овард.
Чин аллакай яке аз сармоягузорони асосии Тоҷикистон мебошад. Бо иштироки беш аз 700 ширкатҳои чинӣ дар кишвар, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ аз истихроҷ ва коркарди маъдан то сохтмони роҳу пул ва татбиқи технологияҳои муосир фаро гирифта мешаванд.
Мавқеи Тоҷикистон дар маркази Осиё ва дар чорроҳаи роҳҳои байналмилалӣ он кишварро ба бозигари муҳими геополитикӣ табдил медиҳад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Чин на танҳо аҳамияти дуҷониба, балки минтақавӣ ва глобалӣ низ дорад.