31 - уми августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд ва ин сафари корӣ аз 31 август то 3 сентябр идома ёфт. Зимни ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии СҲШ ва СҲШ-плюс иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи он бо роҳбарони як қатор давлатҳо мулоқоту суҳбатҳои пурсамар анҷом доданд. Ҳамзамон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
31 - уми август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, ПешвоимиллатмуҳтарамЭмомалӣРаҳмондаршаҳриТянҷиниЧиндармаросимиистиқболироҳбарониҳайатҳоииштироккунандадарчорабиниҳоиҳамоишиСозмониҳамкорииШанхайиштирокнамуданд.
Дар оғоз Сарвари давлати мо роҳбарият ва мардуми Чинро бо солгарди 80-уми пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ва баргузорсозии бомуваффақияти чорабиниҳои пуршукуҳ ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд.
Роҳбари Парлумони Чин зимни баҳогузорӣ ба сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба бо кишвари мо, аз ҷумла изҳор дошт: “Чин ҳамеша дӯсти аз ҳама боэътимод ва шарики боварибахши Тоҷикистон хоҳад буд”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мундариҷаи робитаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Чин барои Тоҷикистон дӯсти боэътимод, ҳамсояи нек ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад. Ҷонибҳо муколамаи пайвастаи сиёсӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитариро муҳокима намуданд.