АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябри соли 2023 ба шаҳри Москва Федератсияи Россия

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 21-22 ноябр дар шаҳри Москва Федератсияи Россия идома дошт, ба анҷом расид.

Бояд қайд кард, ки 21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Федератсияи Россия сафар карданд ва дар шаҳри Москва мулоқоту музокироти роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардиданд.

Баррасии масоили муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар доираи васеъ, бо иштироки ҳайатҳои ду давлат идома ёфт.

Бояд қайд намуд, ки Сарони ду давлат таъкид карданд - соли равон барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. 30 сол қабл Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ба сатҳи расидаи ҳамкорӣ мутақобилан судманд баҳои баланд дода шуд.

Имрӯз заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии Тоҷикистону Россияро зиёда аз 260 санад танзим менамоянд, ки дар раванди рушду тавсеаи ҳамгироию шарикии стратегии ду давлат мақоми шоиста доранд.

Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи ду давлат заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд, дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ дорои аҳамияти бузург ва ҳаётан муҳим мебошанд.

Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ки хоси муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошад, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дутарафаро муҳокима намуданд. Қобили зикр аст, ки Сарони давлатҳо ҷанбаҳои кунунии шарикии стратегии ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амниятро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд. Аз ҷумла:

- масъалаҳои ҳамкории энергетикӣ, инчунин ҳамкории саноатӣ бо таваҷҷуҳ ба саноати металлургӣ, кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ;

-омӯзиши забони русӣ;

-рушд ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ;

-густариши минбаъдаи ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳо;

-доир ба ҷараёни мусбати ҳамкории байнипарлумонӣ;

-ба аҳамияти ҳамёрии ду давлат дар соҳаи амният ва ғайра таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд:

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, ҳамкории байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҷонибдорӣ шуд.

Оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин, савдои хориҷии давлати миёни ду кишвар, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки Федератсияи Русия дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, мудофиавӣ, коркарди нафту кимиё, саноати хӯрокворию сабук, нассоҷӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмаи агросаноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд. Ҷонибҳо дар ин зимн, аз ҷумла атрофи мавзӯи масъалаи пиряхҳо, захираҳои об, гидроэнергетикӣ, саёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;

— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Боиси хушнудӣ аст, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонида шуданд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хоси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос намуда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.

 

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна,

н.и.сиёсӣ- мудири шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ

 

БОЗГАШТ