АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сайре дар тангтарин кучаи дунё

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бародаршаҳрии Душанбеву Ройтлинген

   Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ равобити худро бо кишварҳои олам оғоз намуда, дари худро барои тамоми мамлакатҳо боз кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон васлгари инсонҳо буда, талош менамояд, то робитаашро ҳамеша дар сатҳи хуб ба роҳ монад. Боиси ифтихор аст, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дорои маконҳои тиҷоратӣ, таърихӣ ва сайёҳатӣ буда, он бо шаҳри  Ройтлингени Олмон бародаршаҳр аст.

       Шаҳри Ройтлинген дар асри 4-5 мелодӣ бунёд гардидааст. Он дар ҷануби Олмон дар вилояти Баден-Вуртембек ҷойгир аст. Ҷамъияти ин шаҳр тақрибан 115 ҳазор нафар аст. Ин шаҳри калон набуда, дар канори он ду шаҳри бузург Штудгағт дар шимол ва Тюбинген дар шарқ мавқиият доранд. Шаҳр таърихи қадим дошта, то ҳол ҷойҳои таърихии он ҳифз шудаанд. Инҳо Калисои асри 13-14, Маъбади Ҳазрати Марям, манзара ва макони бозори қадимае, ки дорои чоҳ ё фаввораи обӣ аст. Он дорои кўчаи тангтарини ҷаҳон бо номи Шпройерхофштарассе  аст. Мардум ва сайёҳоне, ки ба инҷо меоянд ҳатман аз ин куча дидан мекунанд. Дороиҳо ва сарватҳои ин шаҳр аз саноат, чарм ва корхонаи оҳансозӣ иборатанд. Аз моҳи октябри соли 1990 ин шаҳри аврупоӣ бо шаҳри Душанбе қарордод дар бораи бародаршаҳриро ба имзо расонидаанд. Сомонаи шаҳрдории Ройтлинген менигорад, ки тӯли солҳои охир ин шаҳр бо баргузории маъракаҳои хайриявӣ, маводҳои тиббӣ ва эмгузарониро ба Тоҷикистон фиристодааст.

   Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Найтҳарт Хёфер-Виссинг мебошад.

   Тибқи торнамои вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамкориҳои сиёсӣ бо Олмон чун яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1993 оғоз шудааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Олмон 6 сентябри соли 1994 кушода шуда, соли 1999 ба шаҳри Берлин кӯчонида шуд.

   Ташрифҳои сатҳи баланди дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Моҳи марти соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташриф оварданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд.

   7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария, ширкат варзиданд.

   Ҷониби Олмон омодагии худро ҷиҳати минбаъд дастгирӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи стратегияи миллии миёнамӯҳлати рушд дар давраи солҳои 2016-2022 иброз намуд.

   Хулоса дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст ва то имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 30 санадро созишномаи байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд. Созишномаҳо соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.

 

Виктория Дмитренко,

донишҷуи донишгоҳи Гётингени Олмон

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Институт 

БОЗГАШТ