АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Самтҳо ва афзалиятҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳои гуногун яке аз шартҳои рушди пайвастаи ҳар як кишвар ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари осиёӣ аз ин қоида берун нест ва пайваста мекушад бо дигар кишварҳо ҳамкориҳои хуберо ба роҳ монад. Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз зумраи ҳамин кишварҳост, ки 27-уми апрели соли 1992 расман истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд ва байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.

Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Сафири собиқи Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон – Йом Ги Ёнг, дар мавриди Тоҷикистон чунин ибрози андеша намудааст: “Тоҷикистон барои мо ҳоло ҳам кишвари пурра шинохтанашудаи Осиёи Марказӣ аст, ки бо табиати дилрабою нотакрор, куҳсори зебо ва Боми ҷаҳон, яъне Помир машҳури ҷаҳон гардидааст”.

15 – 17–уми соли 2019 сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд, ки ин ташрифи онҳо сабаби боз ҳам тақвият ва рушд ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ин ду кишвар гардид. Сарвазири Корея Ли Нак Ёнро дар қасри миллат сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифтанд. Дар ин мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея баррасӣ карда шуд.

Дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон аз ҳар ду ҷониб табодули назар анҷом гирифт. Инчунин оиди амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунии Афғонистон, мубориза бар зидди тероризму экстремизми байналмилалӣ, қачоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ баррасӣ карда шуд.

Дар доираи ин сафари расмии сарвазири Корея дар китобхонаи Миллии Тоҷикистон нишасти мизи гирд ташкил карда шуд. Дар ин нишаст зиёда аз 300 ҳайату вакилони Ҷумҳурии Тоҷикистону Корея иштирок намуданд ва масъалаҳои муҳимми иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду кишварро муҳокима карданд. Сарвазири Корея Ли Нак Ён дар ин мулоқот ду ҳуҷҷати муҳим оиди ҳамкориҳо ба имзо расонданд. Инчунин Форуми инноватсионӣ, технологӣ ва сармоягузории соҳибкорони Тоҷикистону Корея баргузор гардид, ки дар доираи ин форум 10 созишнома дар бораи ҳамкориҳо ва меморандуми ҳамдигарфаҳмиро ба имзо расониданд. Дар фарҷоми ин ҳамоиш сарвазири Корея бо Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ оиди ҷудо намудани грантҳо, инчунин меморандуми байни сафоратхонаи Корея дар Тоҷикистонро ба имзо расониданд. Ҳамзамон ҷонибҳо оиди кушодашавии намояндагии Агентӣ оиди ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Дар ҳошияи сафари расмии сарвазири Корея дар бинои Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми инноватсионӣ, технологӣ ва сармоягузории соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Форуми инноватсионӣ, технологӣ ва сармоягузории соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода ва муовини вазири Вазорати тиҷорати Корея Канг Мёнг Су ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони ҳар ду ҷониб инчунин сармоягузорон, соҳибкорон, намояндагони ширкатҳо дар соҳаи аграрӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, тандурустӣ, молиявӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ иштирок намуданд. Ҷониби Тоҷикистон эътимод бар он доранд, ки ин ҳамкории миёни ширкатҳои ҳар ду ҷониб як шароити хуб барои ҷалби сармояи Корея ба кишвар хоҳад буд.

Директори генералии ширкати мобилии Tcell Озодхон Давладшоев чунин қайд намудааст, ки аллакай соли оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳамкорони кореягӣ шабакаи 5G – ро ҷорӣ хоҳад намуд, ки дорои имкониятҳои бузург барои рушд ва тараққиёти технологияи интернетӣ мебошад. Ҳамзамон ӯ оиди стандарти “5G” чунин ибрози назар намуда, зикр намуд, ки “Ҷумҳурии Корея – яке аз кишварҳои тараққиёфтаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки аввалин шуда дар ҷаҳон шабакаи 5G –ро ҷорӣ намудааст ва барои пешрафти ҷомеа ба таври “интелектуалӣ” бо ҳам алоқаманд, ки иборат аз шаҳрҳои “интеллектуалӣ”, хонаҳои “интеллектуалӣ”, системаи таҳсилоти фосилавӣ ва соҳаи тиб ва инчунин дигар навовариҳои зиёде, ки ҳаёти моро осонтар ва ҷолибтар мегардонад заминаи худро мегузорад”.

Ба ақидаи мутахассисон техналогияи 5G дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва интернет инқилобӣ хоҳад шуд. Мутахассисон тасдиқ намудаанд, ки шабакаи 5G на танҳо суръатро боло мекунад, инчунин ба аператори мобилӣ имкон медиҳад, ки дар як баёнияи физикӣ якчанд шабакаи виртуалиро эҷод кунад.

 Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Корея соҳаи маориф, иқтисодиёт техникаю технология, тиҷорат, тиб, соҳаи бонкдорӣ, хело пешрафта аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба воситаи ҳамкориҳои дипломатӣ ва дӯстона аз таҷрибаи пешрафти онҳо омӯхта дар амал тадбиқ намоянд. Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Кореяро дуруст омӯхта, ба роҳ монад, метавонад суръати рушди иқтисодии Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Яке аз масъалаи муҳимми ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи муҳоҷират ба шумор меравад. Сарвазири Корея Ли Нак Ён дар ин сафари расмии худ инчунин созишнома оиди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Кореяро ба имзо расонд. Дар ин мулоқот оиди масоили вобаста ба имзо расонидани созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи муҳоҷират аз ҷониби Форуми якуми сармоягузории Душанбе - Сеул муҳокима ва баррасӣ карда шуд. Ин созишномаи баимзорасида дар ояндаи наздик метавонад муносибатҳои Душанбе–Сеулро боз ҳам наздиктар ва қавитар намояд. Созишномаи мазкур ҳар қадар зудтар дар амал тадбиқ шавад, ҳамон қадар барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид ва фоидаовар хоҳад шуд. Ҳар қадар рафту омад зиёд шавад, ҳамон қадар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи миёни ин ду кишвар қавитар хоҳад шуд. Дар ояндаи наздик мо шоҳиди натиҷаҳои пурсамари талошҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар ростои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба хоҳем шуд.

 
          Сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. president.tj
  2. tj.
  3. mofa.go.kr
  4. https://m.tj.sputniknews.ru

 

Файзуллаева Нигора,

ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти Осиё ва Аврупо

 

 

 

БОЗГАШТ