АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Самтҳои асосии трансформатсияи муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар шароити муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Дар таъини самтҳои асосии трансформатсияи муносибатҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои он таҳлил ва ба назар гирифтани вижагиҳои мавқеи геополитикии Тоҷикистон дар замони муосир ва таъсири он ба равандҳои трансформатсионӣ бисёр муҳим аст. Дар дунё имрӯз кишваре нест, ки танхо ва бидуни муносибат бо кишварҳои дигар арзи ҳастӣ намояд. Точикистон низ истисно нест. Аз рӯи ин гуфтаҳо, агар Тоҷикистонро дар маркази доирае қарор диҳем, гирди онро се ҳалқаи давлатҳо печонидаанд.    Ҳалқаи аввал - ҳалқаи давлатҳои ҳамсояи наздик ва ҳаммарзи он, хосса Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон буда, ҳалқаи дувум аз давлатҳои ба истилоҳ «ҳамсояи девордармиён», аз қабили Ҷумҳурии исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иборат мебошад. Ва ниҳоят ҳалқаи охиринро кишварҳои манфиатдоре, мисли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳадаи Амрико, Арабистони Саудӣ ташкил медиҳанд.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими АвруОсиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дорад. Вале ин ширкати фаъолона ва ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои 28-уми декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда буданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.
   Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.
   Ҳавзаи дуввум Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ овардааст.
   Ҳавзаи сеюм фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷазб мекунанд.
   Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.
   Ниҳоят, ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҷамъбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд».
   Дар маркази доираи диққати кишварҳо ва минтақаҳои номбаршуда қарор гирифтани Точикистон се омили асосӣ дорад: иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ. Диққати он кишварҳоро, пеш аз ҳама, сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон – тилло, нуқра, пахта, арзиз, мис, оҳан, уран, ҳамчунин мавқеи стратегии он ва равандҳои сиёсию иҷтимоие, ки солҳои охир дар сарзамини мо ба вуҷуд омадаанд, ба худ ҷалб намудааст. Махсусан масъалаи об имрӯз дар сиёсати муносибатҳои байналхалқии ҷумҳурӣ як трансформатсияи сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Илова бар ин Тоҷикистон барои бисёрии ин кишварҳо бозори муносибу мувофиқи фурӯши молҳояшон мебошад. Махсусан, барои он кишварҳое, ки молҳояшон дар бозори ҷаҳонӣ ба рақобати сахти кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои пешрафтаи шарқӣ рӯбарӯст, мебошад. Аз ин сабаб ҳамаи онҳо кӯшиш доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуз дошта бошанд, то хостаҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомиашонро бароварда созанд.
   Яке аз ҷанбаҳои трансформатсияи муносибатҳои байналмилалӣ ин иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ комёбиҳои кишвар чашмрасанд. Аз ҷумла, чандин ташаббусҳои кишварамон, бахусус дар ҳаллу фасли масъалаҳои об ва энергетика, ҷилавгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби соири кишварҳои ҷаҳон дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд (7).
   Муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир хусусияти трансформатсиро дорост, ки он имконият медиҳад бо давлатҳои ҷаҳон бештар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монад. Дар муносибат бо давлатҳои ҳамсарҳад ва давлатҳои сохти демократидошта, Тоҷикистон сиёсати дӯстӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатҳо, ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоиштаро пурра ҷонибдорӣ менамояд.
   Азбаски кишварҳои гуногун нисбати Тоҷикистон хостаҳои гуногун, манфиатҳои гуногун доранд ва аксар хостаҳои онҳо бо хостаҳо ва манфиатҳои давлатҳои дигар дар таззод мебошад, байни ин кишварҳо рақобате вуҷуд дорад. Ва ин рақобати онҳо ба вазъи Тоҷикистон бе таъсир нахоҳад буд. Чунончӣ, Покистон ва Эрон хоҳони онанд, ки дар Афғонистон ҳукумате дар сари қудрат бошад, ки бо истифода аз он манфиатҳояшонро на танҳо дар худи он кишвар, балки дар Тоҷикистон низ ҳарчӣ тамомтар бароварда созанд.
   Барои ҳамин ҳам ба ин ва ё он нерӯи сиёсию низомӣ ва қавмию миллии дар Афғонистонбуда таваҷчӯҳ доранд. Дар навбати худ ба Покистон, Эрон ва Афғонистон кишварҳои дигари дунё, ба таври мушаххас ИМА ва баъзе аз давлатҳои араб умед мебанданд, то манфиатҳои хешро аз тариқи онҳо дар Тоҷикистон ҳифз намоянд.
   Дар чунин вазъият роҳи дуруст барои Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки дар ин ҳалқаҳои пурпечутоби муносибат бо кишварҳои дигар истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомии хешро ҳифз намояд ва бо ҳамаи он кишварҳо муносибати ҳасана дошта бошад. Дар акси ҳол, худро ба сифати давлати мустақил гум хоҳад кард ва ҳайсияти хешро аз даст хоҳад дод. Ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъи, Бунёди байналмиллалии наҷоти Арал, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиё, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ниҳодҳои ҳамгироӣ дар минтақа – аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон мебошанд.
   Ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои он Тоҷикистон ба ҳадафҳо ва манфиатҳои миллии худ такя мекунад. Манфиатҳои миллии он дар муносибатҳои байналмилалӣ дар марҳалаи ҳозира ва дар дурнамои наздик ба қарори зайл аст:
   Афзалиятҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ доимӣ ва бетағйир буда наметавонанд, онҳо ба сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин ва ё он кишвар, фазои умумии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии минтақа ва ҷаҳон айният доранд.
   Давраи муҳим дар трансформатсияи муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон ин эълон намудани 2003 Соли байналмиллалии оби тоза мебошад, ки дар натиҷаи он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Шурои машваратӣ оид ба захираҳои об ва беҳдоштро таъсис додааст. Ҷуимҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, мутмаин аст, ки зимни ҷаласаҳои сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои афзалиятноки оби тоза, таъмини вазъи устувори экологӣ бо мудирияти захираҳои об мумкин аст.
   Мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таркиби қавмию миллии он сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он пеш бурдани сиёсати хориҷии фаъол, амалигаро ва мутавозину мутаносибро тақозо мекунад. Барори сиёсати хориҷии ин ё он кишвар вобаста ба риояи таносуби ҳадафҳои миллӣ ва имкониятҳои воқеии он мебошад.
   Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносибот дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад.
   Чунин бардошт дар доираи равандҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро сарфи назар аз вусъат, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо таъмин менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби мавқеи ҷуғрофии худ дар меҳвари манфиатҳои геополитикии нерӯҳои муқтадири олам қарор гирифтааст, дар шароити мавҷуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дунбол намояд.
   Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат, тавре зикр шуд, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори гуногуни кишвар, инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳалли вазифаҳое иборат бошанд, ки онҳоро афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишварамон муайян мекунанд.
   Мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографии он, инчунин сатҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ пеш бурдани сиёсати хориҷии фаъол, воқеъбинона ва сиёсати дарҳои кушодро мунтазам амалӣ мегардонад. Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки муваффақияти сиёсати хориҷӣ аз бисёр ҷиҳат ба тавозуни байни ҳадафҳо ва имкониятҳои татбиқи онҳо вобаста мебошад.
   Вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ эҷоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тӯли сарҳади кишвар аз тариқи рушд ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи киварҳои ҳамҷавор мебошад.
   Бо ин мақсад Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеш мебарад ва дар ҳалли масоили баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, ба воситаи ҳалли осоиштаи онҳо, яъне музокироту гуфтушунид, афзалияти комил медиҳад.
   Мо, минбаъд низ ҷиҳати танзими авзои пуртазод ва низоъбарангез ибтикороти сулҳхоҳона нишон дода, дар ҳаллу фасли осоиштаи онҳо иштирок хоҳем кард. Роҳбарияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тӯли бист соли охир борҳо намоиш додааст.
Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ,
муовини директори Институт

БОЗГАШТ