АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Санади нави Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо Институи омӯзиши дин ва этнокиии Макс Планк

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Директори ИОМДОА бо намояндаи Институти омӯзиши дин ва этникии Макс Планки Омон Доктор PhD Свитлана Торно Меморандуми байни тарафайн ба имзо расид. Ин санад дар тӯли ду сол фаъол карда шудааст.

Дар зимни вохӯрӣ хонум Свитлана Торно роҷеъ ба омӯзиши масъалаҳое, ки дар институташон вуҷуд дорад, шинос кунонд. Дар баробари он аз ҷаниби мудирони шуъбаҳои институт д.и.т, профессор Воҳидова С. н.и. с Дороншоева Н. н.и. т Қудратов К., н.и.ф. Зиёев С. дар бораи самтҳои фаъолияти ҳар як шуъба ба меҳмон аз чопи китобҳо, мақолаҳо ва дигар самтҳо муаррифӣ карданд. Ногуфта намонад, ки аз ташкили конфронсҳо ва семинарҳои байналмилалӣ, ки хориҷиён иштирок доштанд, маълумот дода шуд. Тарафҳо барои тадқиқотҳои илмии минбаъда суханронӣ намуда, барои таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд. Институти омӯзиши дин ва этнокиии Макс Планк дар самтҳои этнокӣ, динӣ, масоили муҳиҷирад ва ҳуқуқҳои муҳиҷирадро меомӯзад. Ба ҳамин тариқ тарафайн ба хулоса омаданд, ки ба маҷҷалаи институтҳои ҳамдигар мақолоҳоро рӯйи чоп биёранд.

Институти мазкур хело шӯҳратёр буда, шаш нафари олимон дорандаи ҷоизаи Нобел мебошанд. Ин институт хеле қадимӣ буда, таърихи ғании илмӣ дорад. Аз баски институт дар соҳаҳои риёзӣ ва гуманатарӣ фаъолият менамояд дорои китобхонаи муосир мебошад.

 

Воҳидова Санавбарбону

доктори илмҳои таърих, профессор

Мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

 

 

 

 

БОЗГАШТ