АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сарбозони хатти аввал дар мубориза бар зидди COVID-19

Муаллиф: Салимов Акбар

Расм

Мубориза бар зидди пандемияи COVID-19, ки тамоми кишварҳои оламро фарогир намудааст, ба ҷанги ҷаҳонии дорои сарҳади беназир шабоҳат дорад. Майдони аввали муҳориба албатта муассисаҳои тиббӣ, беморхонаҳову клиникаҳо буда, кормандони тиб бошанд ба афсарону сарбозони ҷангӣ мубаддал гаштаанд.  Ҷаҳду талошҳои кормандони тиб дар он ифода ёфтааст, ки мехоҳанд дар чунин муҳориба бар зидди вабои муосир пирӯзӣ ба даст оварда, беморхонаро майдони аввалину охирини муҳориба пазироӣ намоянд.

Имрӯзҳо, ки кишвари маҳбуби мо низ бо пандемияи  COVID-19 дучор омадааст, моро зарурияти мубодилаи афкору андеша, таҷриба ва ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки аллакай душвориҳои мубориза бар зидди короновирусро  паси сар намудаанд, пеш омадааст.

Чи тавре ки ҷомеаи ҷаҳони аллакай бархӯрдор гаштааст, дар хатти аввали мубориза бар зидди COVID-19 кормандони соҳаи тиб истодаанд. Чанд шабу рӯз аст, ки кормандони соҳаи тибби кишвари мо низ бидуни истироҳати муқарраргардидаи фаъолияти меҳнатӣ барои ҳифзи саломатии сокинони кишвар ҳаёту мамоти худро дареғ надошта талошҳо намуда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки лаҳза ба лаҳза дар ҷаҳон даҳҳо мутахассисони собиқадору варзида, ҳамшираҳои шафқат, умуман кормандони тиб, ки дар раванди ташхису табобати гирифторони вируси COVID-19 дар беморхонаҳо ва ҳолати карантин қарордошта нақши хоса доранд, мубталои вируси мазкур гардида, шумораи қурбониёнашон аз ҳисоби кормандони беморхонаҳо афзуда истодааст.

Қадр намудани меҳнати софдилонаи кормандони тиб дар вазъияти ба миён омада ба маврид аст.  Чунин қадрдонӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустии кишварро пеш аз ҳама дар иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан мумкин аст, ки барои дар муддати се моҳ таъмин намудани  кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сироятшудагони COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қародода шуда саҳмгузор мебошанд, бо пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ба музди меҳнати амалкунандаашон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуданд.

Баробари ин, ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон корхонаву муассисаҳои алоҳидаи саноатии кишвар барои таъмин намудани кормандони соҳаи тандурустии кишвар бо либосҳои махсуси тиббӣ, ниқобҳо, моеъҳои антисептикиву безараргардонӣ, доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, ки аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар шаҳодат медиҳад.

Бо назардошти гуфтаҳо боло, зарурияти дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони тиббӣ кишвар, ки дар мадди аввали мубориза бар зидди COVID-19 бо ҳисси баланд вазифаи худ донистаанд, ба маврид аст. Тавися дода мешавад, ки барои истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кормандони соҳаи тандурустии кишвар, ки бевосита дар ташхису муолиҷаи мубталоёни COVID-19 иштирок меварзанд, ташрифу дидорашон бо аҳли оила ва наздикон маҳдуд карда шудаанд, таъмин намудани онҳо бо ҳуҷраҳои алоҳида ва маводи озуқаворӣ дар меҳмонхонаҳои кишвар айни муддаост.

                                              Салимов Акбар,

ходими калони илмии

ИОМДОА АМИТ

БОЗГАШТ