АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

САРНАВИШТИ ХЕШРО БО САРНАВИШТИ ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон беандоза буда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ – дар як лаҳзаи бисёр ҳассос ва вазнину имтиҳони сангин барои миллати тоҷик, ин миллати соҳибфарҳангу тамаддунсозро сарварӣ намуда, масъулияти таърихии тақдири имрӯзу ояндаи ӯро ба дӯш гирифтан худ қаҳрамонии беназире маҳсуб меёбад, ки онро фарзонафарзанди миллати тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда гирифтаву ин рисолати бузургро дар назди насли имрӯзу фардои мардуми тоҷик анҷом додаанд. Пеш аз ҳама барои миллати тоҷик сулҳро, зимоми давлатдориро, суботу амниятро бозпас гардониданд.

Подшоҳ - аз ду реша асос ёфта, маънои он “под” – даво, малҳам ва “шоҳ” – ҷон, яъне маънои он давои ҷон мебошад. Аз худи маънои калимаи “подшоҳ” бармеояд, ки Эмомалӣ Раҳмон давои захмҳои дар тӯли таърих кашидаи миллати тоҷик, давои дардҳои кашидаи мардуми заҳматкаш ва ҷангдида, давои азобҳои кӯдакони ятиму бепарастор ва давои ҷонҳои ғамдидаву азияткашида шудаанд. Беҳуда сарлавҳаи ин матлабро "САРНАВИШТИ ХЕШРО БО САРНАВИШТИ ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТ” нагузоштаем. Зеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик сулҳу субот, оромӣ ва тинҷиву амониро диданд. Ин абармарди таърихиро Худованд дар лаҳзаи бисёр муташаниҷ барои миллати тоҷик дод ва тақдиру омолашро бо тақдири Тоҷикистон ва ҷонашро бо ҷони миллат пайваст. Чунин шахсиятҳо дар таърих назир надоранд ва дар таърихи тоҷикон баъди Исмоили Сомонӣ - Эмомалӣ Раҳмон девори номус, якпорчагӣ, амният ва сулҳу суботи кишвар гардид. Ин корномаи бузург, ки сулҳу субот ва шодиву сурур ба хонадони тоҷик баргашт, Эмомалӣ Раҳмон ҷонро сипар ва дуои модаронро роҳкушо намуда, дар давраи фаъолияти хеш барои миллати тоҷик анҷом доданд, бояд ҳар шахси ватандору худшинос аз ин марди бузург сипосгузор ва дар партави ҳидоятҳои ин шахси таърихӣ манфиатҳо, арзишҳои миллии Тоҷикистон ва якпорчагиву ягонагии онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Ҳамзамон нақши Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беандоза бузург аст. Фоҷеаҳои хунин ва бархурдҳои низомиву гурӯҳӣ, фазои баъди шӯравии Тоҷикистонро фаро гирифт. Инчунин қувват гирифтани оппозитсияи сиёсӣ, пропаганда ва тавтеаи хориҷӣ, афзудани шумораи ҷангҷӯён, авҷ гирифтани муборизаҳои сиёсӣ барои ғасби ҳокимияти марказӣ, фаъол шудани исломгароёни тундгаро, фазои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро барои Тоҷикистон омода менамуд. Қувваҳои ноаён ҳар лаҳза вазъияти дохилии кишварро ноором ва суботу амнияти онро ба нобудӣ мебурд. Боварии мардумро ба оянда коста мекард. Бархурди манфиатҳо ба вуҷуд омад ва ба ҷойи муросо, қувваҳои манфиатталаб роҳи зӯрӣ, ҷангро пеш гирифтанд. Дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, мавҷудияти Тоҷикистон зери суол қарор гирифта буд. Миллат барои бақодориву ваҳдат ва сулҳу субот, зидди душманони дохиливу аҷнабияш мубориза мебурд. Дар ин роҳ ҳазорҳо фарзандони худро аз даст дод. Дастовардҳои давраи Шӯравӣ, иқтисодиёти мавҷудаи хешро низ аз даст дода буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шахсиятҳои дар тӯли солҳои дароз ба воя расондаи миллатро ба монанди Нурулло Ҳувайдуллоев, Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Ҳайдар Қосимов, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ ва садҳо дигаронро нобуд кард, ки марги онҳо барои миллати тоҷик хеле гарон афтид. Ҳамзамон давлат бесоҳиб монда, асосҳои сохтори конститутсионӣ хароб гардиданд ва мақомоти давлатӣ салоҳиятҳои касбии худро иҷро карда наметавонистанд. Аҳли зиёи кишвар дар ин вазъияти нохуш ба сарнавишти Тоҷикистон бетараф набуданд ва барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии кишвар чораҳои зиёде меандешиданд. Ин буд, ки барои боз гардонидани фазои сулҳу субот ва амнияту якпорчагии кишвар роҳ ба сӯи минтақаи нисбатан оромтар ба шаҳри Хуҷанд роҳ гирифтанд. Дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 196 вакили мардумӣ ширкат варзиданд ва ин иҷлосия аз 16 – уми ноябр то 2 – юми декабр идома ёфта, пеш аз ҳама роҳи давлатдории минбаъдаи Тоҷикистонро муайян кард, ки демократӣ эълон гардид, инчунин Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти халқи тоҷикро ба ӯҳда гирифтанд. Аз ин рӯзҳои сангин ва имтиҳони талхи таърихие, ки дару тирезаи тоҷиконро кӯфта буд, се даҳсола сипарӣ шуд. Ин се даҳсолаи сипаришударо бе иштироки Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузорӣ мактаби муосири тоҷик, поягузори роҳи сулҳ ва ризоияти миллӣ, Синои давраи истиқлоли миллати тоҷик, ки дарду захмҳои ҳазорсоларо даво бахшид, зиндакунандаи шеъри Рӯдакиву Ҳофиз, посдори дафтари Фирдавсиву Мавлоно ва нигорандаи таърихи навини кишвари офтобии мо мебошанд.

Имрӯз аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Тоҷикистони азиз ба яке аз давлатҳои пешрафта ва мутараққӣ табдил гардидааст. Дар фосилаи кӯтоҳи вақт Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал гардид. Новобаста ба оне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз худ хисороти бузурги ҷониву молиро гузошта бошад ҳам роҳи минбаъдаи рушду инкишофи Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра густариш ёфт.

Аммо қаҳрамониву ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмонро наметавон ба қалам кашиду рӯи коғаз овард, зеро ибтидову интиҳои некиву ғамхории эшон барои мардуми тоҷик ва Тоҷикистон беандоза аст. Агарчи Доро давраи салтанати худро дар кӯҳи Бесутун нигошта бошад, пас Эмомалӣ Раҳмон бо меҳри худ дар дили ҳар пиру барно нигоштаанд. Агар Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд, пас Эмомалӣ Раҳмон эъмори Тоҷикистони навинанд. Сино бо “Канзи шифо”, шифои дарди оламиён буд, аммо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири миллати тоҷик давои дарди ниёгон шуд. Дили бемори миллат шифо ёфт. Миллат қоматашро рост кард. Тоҷикистон бори дигар чун давлат нафаси озод кашид. Сохти давлатдорӣ муайян карда шуд. Ҷангҳои хонамонсӯз хомӯш гардид. Гурезаҳо ба Ватан баргашт. Сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Пояҳои давлатдорӣ аз нав эҳё шуд. Сохтори конститутсионӣ барқарор гардид. Сарқонуни миллат қабул шуд. Самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян карда шуд. Яъне рӯҳи ҷонбахше ба рӯҳи миллат зам гардид.  

Тоҷикистони навин, ки бо заҳматҳои Пешвои миллат қомат рост кард, ормони шаҳидони ҷанги шаҳрвандист, кишвари амни тоҷикони ҷаҳон, сарзамини сулҳу оромӣ, давлати миллии миллати заҳматкашидаи тоҷик, макони одамони сулҳдӯст, меҳмоннавоз, ватанпарвар ва ваҳдатсаро, зодгоҳи Рустами Достон, Суҳробу Сиёвуш, Дорову Куруш, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, гӯшае аз ҷаннатул Ризвон, меҳани фарзандони зиндаёди миллат, пораи аз ҷону номуси сарбози сарсупурда, кишвари афсонавиест, ки дар олам назир надорад.

Омадани сулҳ дар Тоҷикистон афсона буд, аммо бо талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқат шуд. Рушд кардани он афсона буд, аммо бо заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқат шуд. Роғун афсона буд, аммо имрӯз ҳақиқат аст. Тараққиёт афсона буд, аммо имрӯз ҳақиқат аст. Сохтани давлати миллӣ афсона буд, аммо имрӯз ҳақиқат аст....

Фазои сулҳу суботу дӯстӣ, бахту хушбахтӣ, тӯйу сурур, шодиву хурсандӣ, хандаву бозӣ дар фазоят – Тоҷикистон ҷовидона бошад. Амният пойдор, давлат устувор ва мардумат бахтиёр бошад Тоҷикистони азиз.

Шарифов Искандар Иброҳимович,

ходими хурди илмии шуъбаи

Осиёи Марказӣ

БОЗГАШТ