АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сарнавишти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 

Пешгуфтор

Масъалаи ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳувияти миллӣ ва хештаншиносӣ тайи се даҳаи охир мавриди баррасии соҳибназарони аксар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар раванди мардумони кишварҳои гуногун бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ба ҳамдигар аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Як гурӯҳ ин равандро ҳувиятзудо дарёфта, аз хатароти он сухан дар миён мегузоранд, гурӯҳи дигар бошад, баръакс, раванди ҷаҳонишавӣ ва наздикшавии миллатҳои гуногунро омили баланд шудани ҳувияти миллӣ меноманд. Онҳо муътақиданд, ки дар баробари шиносоии бештари миллатҳои дигар, намояндагони як миллат ба фарҳанг ва таърихи худ таваҷҷуҳи бештар намуда, худро бар баробари дигарон мегузоранд. Ин дар натиҷа боиси баландтар шудани худшиносии миллӣ гашта, дар зеҳни мардум масъалаи ҳифзу тақвияти фарҳанги худашонро ба вуҷуд меоварад.

Ҷаҳонӣ шудан дар шакли имрӯзаи он аз нимаи дуюми асри гузашта шурӯъ шуд. Дар рақобат бо Иттиҳоди Шӯравӣ ИМА ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсии худро бо кишварҳои шарики худаш густариши зиёд дод. То дараҷае, ки иқтисоди онҳо аз ҳам вобаста шуд ва қатъи ин ҳамкориҳо ба ҳама ҷонибҳо зарару зиёни иқтисодӣ ва дар зимн иҷтимоиву сиёсиро дар пай дошт. То имрӯз ин раванд хеле қавитар шуда, иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, ба истиснои чанд кишвари ба истилоҳ “рондашуда”, аз ҳамдигар вобастагиҳои зиёд дорад. ИМА тавонист ҳатто Ҷумҳурии Мардумии Чинро, дар давраи авҷи рақобатҳояш бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ба раванди ҷаҳонишавии сармоядорӣ ворид кунад ва ин кишвар ҳам наметавонад дар ҳоли ҳозир бе дарназардошти манфиатҳои ИМА иқдомҳои бузургеро дар сатҳи ҷаҳонӣ бигирад.

Маҳдуд будани захираҳо ва зиёд шудани аҳолии курраи Замин кишварҳои ҷаҳонро маҷбур месозад, ки барои ҳарчӣ самараноктар истифода бурдани ин захираҳо истеҳсолоти маҳсулоти алоҳидаро дар кишварҳои махсусе ба роҳ монанд, ки таносуби аз ҳама бештари нарху сифатро доро бошанд. Ширкатҳои байналмилалӣ дар ин раванд нақши барҷаста доранд. Онҳо технологияи истеҳлот ва бозорҳои асосии ҷаҳонро дар даст доранд ва метавонанд дар ҳама қитъаҳои олам фаъолияти худро ба роҳ монанд. Имрӯз кор ба ҷойе расидааст, ки қисмҳои алоҳидаи як маҳсулотро дар чанд кишвар истеҳсол карда, маҳсулоти тайёри онро дар як ё якчанд кишвари дигар ҷамъоварӣ мекунанд ва баъдан дар тамоми ҷаҳон ба фурӯш мебароранд.

Аҳамияти мавзӯъ. Ба хотири баъзе хатароти мавҷуда ба ҳувияти миллӣ дарҳои кишвари худро ба рӯйи раванди ҷаҳонишавӣ бастан ба манфиати ҳеҷ кишваре буда наметавонад. Масъала дигар ин нест, ки барои ҳимояи ҳувият ва ё дигар вижагиҳои худ як миллат худро аз раванди ҷаҳонишавӣ берун нигаҳ дорад. Масъала ин аст, ки роҳҳои дурусти ҳифзи бақо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба роҳ монда шуда, вижагиҳои миллӣ, аз ҷумла ҳувияти миллӣ нигаҳ дошта шавад. Ба ибораи дигар ворид шудан ва истифодаи самаранок кардан аз раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст ва сарнавишти ҳувияти миллӣ дар ин шароит дар дасти худи давлатҳои миллӣ мебошад. Муайян кардани бурду бохтҳои ин раванд ва коркарди стратегияи дурусти давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисод ва ҳимояву тақвияти ҳувияти миллӣ, дар асри муосир аз аҳамияти вижа бархурдор аст.

Ҳувияти миллӣ.  Ҳувийяти миллӣ падидаи равониву иҷтимоиест, ки дар тӯли таърих шакл мегирад ва унсурҳои таркибии он бо мурури замон ба қолабҳои фарогири фикрӣ ва меъёрҳои устувори рафторе табдил меёбанд, ки омма ба таври ғайрииродӣ онҳоро риоят мекунанд.”[9] Дарки фарқият ва ҳис кардану эътирофи “мо” ва ”дигарон” қадамҳои аввалин дар шаклгирии ҳувияти миллии шахс мебошанд. Ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳувияти миллӣ дар шакли забони муштарак, рамзҳо, фарҳанг ва таърихи муштарак шинохта мешавад. Ҳувияти миллии як шахс, дар шакли мусбати он, дар меҳанпарастии шахс дида мешавад, ки ифтихор аз миллати худ дорад ва нисбати он меҳру муҳаббат варзида, дар назди он масъулиятпазир аст. Дар шакли манфӣ он ҳамчун “шовинизм” буруз мекунад, ки дар он шахс миллати худро аз ҳама бартар медонад.

“Ҳувийяти миллӣ маҷмӯи хусусиятҳои равониву иҷтимоии ба ҳам монанди намояндагони миллат ва ё гурӯҳи этникиест, ки дар робита ба шакли ҷаҳонбинӣ, муҳити иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсиву ҷуғрофӣ ба таври устувор ҳамчун қолаб ва меъёрҳои рафтор дар шуур ва зершуури ҳомили худ шакл гирифта, андеша ва амали ӯро танзим мекунад.”[9] Ҳувияти миллӣ вижагии модарзодӣ нест, балки сохтаи иҷтимоист. Ҳувияти миллӣ зери таъсири забон, таърих, фарҳанг, муҳити иҷтимоӣ ва тарбиятиву таълимӣ, анъанаву одатҳо, сиёсат, мусиқӣ, васоити  ахбори омма ва дигар падидаҳои мавҷуда дар ҷомеае, ки  шахс  ба воя мерасад, шакл мегирад. Бо муайян кардани ҳувияти миллии худ афроди ҷомеа арзишҳои он ҷомеаро пайгирӣ карда, дар зиндагии рӯзмараи худ онҳоро татбиқ мекунанд.  “Дар воқеъ ҳувийяти миллӣ падидаи равониву иҷтимоиест, ки аз дидгоҳ ва фаъолияти амалии намояндаи миллат ошкор мешавад. Ин мафҳум бо мафҳуми “худшиносии миллӣ” иртиботи мустақим дорад. Қавӣ будани ҳувийяти миллии намояндагони миллат маҳаки асосии ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳост.”[9]

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки  “ҳувият ба маънии “чӣ касе будан” аз ниёзи табиии инсон ба шинохта шудан ва муаррифӣ шудан ба чизе ё ҷойе нишот мегирад. Ин эҳсоси ниёз ба тааллуқ доштан ниёзе зотӣ ва асосие аст, ки дар ҳар фард вуҷуд дорад. Ба иборати дигар, ҳувият навъе намодсозӣ ва падидаи фарҳангие аст, ки афрод, гурӯҳҳо, ақвом ё маконҳо барои мушаххссозии мавҷудияти худ ва фарқ доштан аз дигарон ба худ мегиранд.”[5]

Ҷаҳонишавӣ.  Ҷаҳонишавӣ ин раванди додугирифт ва ҳамгироии иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ миёни мардум, ширкатҳо ва давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин раванди ҳамкориву ҳамгироӣ асрҳо вуҷуд  дошт, аммо рушди босуръати технологияи комуникатсионӣ ва ҳамлу нақл дар нимаи дуюми асри 20-ум ба ин раванд суръати бештар бахшид. Дар баробари ин рақобатҳои шадид дар бозорӣ ҷаҳонӣ, ки ширкатҳои бузургро маҷбур месохт барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва дастрасӣ ба бозорҳо, фаъолияти худро дар ҳама гӯшаҳои дунё ба роҳ монанд, раванди ҷаҳонишавиро тезонид. Бо ин роҳ онҳо метавонистанд тақсимоти меҳнатро дурусттар ба роҳ монда, ҳарҷҳои камтарин дар истеҳсоли маҳсулоти босифат дошта бошанд.

Ин ҷаҳонишавии иқтисодӣ ҳамкориҳо миёни миллатҳои гуногунро бештар кард. Паҳн шудани маҳсули ҳунармандону эҷодкорони кишварҳои гуногун ба тамоми ҷаҳон низ раванди ҷаҳонишавиро суръат бахшид. Дар чанд даҳсолаи охир раванди муҳоҷират, чӣ мавсимӣ бошад чӣ доимӣ, фарҳангҳои гуногунро низ бо ҳам рӯ ба рӯ карда, ба раванди ҷаҳонишавӣ таъсиргузор буд. Илова бар ин беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум дар кишварҳои муайян рушди сайёҳиро дар пай дошт. Ҳамаи ин омилҳо раванди ҷаҳонишавиро ба таври бесобиқа густариш доданд.

Бо сабаби ин, ки нақши давлатҳо дар танзими ин ҳама равандҳои  ҳамкориву ҳамгироӣ ҳалкунанда мебошад, муносибатҳои сиёсӣ ва равобити байниҳамдигарии давлатҳо низ дар раванди ҷаҳонишавӣ беш аз пеш густариш ёфтанд. Дар чунин ҳолат ҷанбаҳои сиёсии ҷаҳонишавӣ низ суръати баланд пайдо кард. Давлатҳо бо бастани шартномаҳои гуногун ва ворид шудан ба сазмону ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид шуда, аз он барои кишварҳои худ манфиат меҷустанд. Дар воқеъ “кишварҳое, ки раванди ҷаҳонӣ шуданро дарк карда бошанд ва созукорҳои онро бишносанд, метавонанд ҷойгоҳи муносибе барои худ дар низоми ҷаҳонӣ пайдо кунанд”[6].

Ҳамин тариқ, “ҷаҳонишавӣ ба як гароиши густардаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ширкатҳои байналмилалӣ дар чандин кишвар маҳсулот истеҳсол карда, онро дар тамоми ҷаҳон ба фурӯш мебароранд. Сармоя, технологияҳо ва ашёи хом боз ҳам сареътар ва осонтар марзҳои давтарҳои миллиро убур мекунанд. Дар баробари молу коло ва сармоя идеяҳо ва фарҳангҳо боз ҳам гардиши озодтар пайдо кардаанд. Дар натиҷа ҳаракатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи байналмилалӣ ташаккул меёбанд”[3].

 

Ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. Масъалаи ҳифзу бақои ҳувияти миллӣ дар шароити нави ҷаҳонишавӣ мавриди омӯзиши марказҳои илмии гуногун қарор гирифтааст. Дар ин масъала муҳаққиқон ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Як гурӯҳ бар он аст, ки раванди ҷаҳонӣ шудан  ба ҳувияти миллии миллатҳои гуногунро таъсири манфӣ гузошта, онҳоро ба ҳам шабеҳ месозад ва вижагиҳои хосашонро аз миён мебардорад. Гурӯҳи дигар назари мутафовит доранд ва бар инанд, ки баръакс раванди ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллиро тақвият мебахшад. Чунки миллатҳои алоҳида бо рӯ ба рӯ шудан бо дигарон вижагиҳои хешро равшантар дида, ҳувияти худро тақвият медиҳад ва дар баробари дигарон ҳифз мекунанд.

Бе шак таъсирпазирии миллатҳо аз якдигар дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле бештар аст ва ин наметавонад ба ҳувияти миллии мардум бетаъсир бошад. Аммо ин таъсирот на ҳамеша манфӣ ҳастанд. Бо дарназардошти манофеи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ қишри созандаи ҳар ҷомеа ислоҳоти фарҳангиро ба роҳ мемонанд. Дар ин раванд таъсири ҷаҳонишавӣ назаррас аст. Аммо бе он ҳам фарҳанг ҳамеша дар ҳоли тағйир аст. Инсонҳо фарҳангро месозанд ва фарҳанг дар навбати худ инсонҳоро месозад. Яъне инсонҳои эҷодкору созанда фарҳангро тағйир дода, бо назардошти талаботи замон ва манфиати ҷомеаи худ ба он ислоҳот ворид мекунанд. “Фарҳанг дар гуфтугӯ бо тағйири шароити иқтисодӣ ва сиёсӣ-иҷтимоӣ тағйир меёбад. Як фарҳанг бо фарҳангҳои дигаре, ки бо онҳо дар тамос аст ва ҳамкориҳои тиҷоративу сиёсӣ дорад такомул меёбад. Ба ҳар ҳол фарҳангро инсонҳо месозанд. Дар саргаҳи фарҳанг гурӯҳи иҷтимоӣ қарор дорад: гурӯҳи инсонҳои дорои хусусиятҳои эҷодкорӣ ва озодманишӣ” [3]. Ба эҳтимоли зиёд ин гурӯҳ тағйиротро ба манфиати худи ҳамон ҷомеаҳо вориди фарҳангашон мекунанд. Мисоли равшани ин тағйироти охир дар фарҳанги мардуми Арабистони Саудӣ метавонад бошад. Дақиқтараш тағйирот дар фарҳанг ва баъдан дар қонуни ин кишвар, ҷиҳати ин ки ба бонувон ҳуқуқи ронандагӣ дода шавад. Бе шак ин натиҷаи таъсири ҷаҳонишавӣ буд, вале тағйироте, ки ворид шуд, ҳеҷ таъсири манфие ба ҳувияти миллии онҳо расонида наметавонад.

Мухолифони ҷаҳонӣ шудан ба он назаранд, ки дар ин раванд фарҳангҳои бузург густариши бештар пайдо карда, ҷойгоҳи фарҳангҳои дигарро танг месозанд. Яъне дар шароити ҷаҳонишавӣ як фарҳанги умумиҷаҳонӣ дорад шакл мегирад. Аммо чунин шакл гирифтани ҷаҳон ғайримумкин ба назар мерасад.  Чунки, “ҷаҳонӣ шудан бештар ба маънои ҳузури ҳамзамони фарҳангҳои мутафовит аст, то султаи фарҳанги хос бар фарҳангҳои дигар. Фарҳангҳо зимни ин ки аз якдигар мутамоиз ҳастанд ва ба таври мустақил дорои ҳаёт мебошанд, дар шабакае аз иртибототи байнифарҳангӣ қарор гирифта, аз якдигар мутаассир шуда ва ҳар як аз онҳо созандаи ҷомеа ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошанд.”[5]

Ба ҳамин тариқ метавон гуфт, ки сарнавишти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар дасти қишри огоҳ, эҷодкор ва созандаи ҳар миллат аст. Онҳо ҳастанд, ки дар рушду такомули фарҳангҳои миллӣ саҳм доранд ва метавонанд дар баробари густариши ҳамкориҳову ҳамгироиҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳувияти миллии худро ҳифз кунанд.  “Дар ҳоле, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллиро ба чолиш мекашад, зуҳури фарҳанги ҷаҳонӣ фаъолияти эҷодкоронаи гурӯҳҳои миллиро дар дохили кишварҳои муайян тақвият мебахшад. Дар ҳоли ҳозир ҳувиятҳои миллӣ таҳти фишорҳои ҷаҳонишавӣ таърифи тозаеро ба худ мегиранд.” [2]

Ба роҳ мондани сиёсати дуруст дар замони муосир таъсири барҷастае ба ҳувияти миллӣ дорад. Аз сабаби он ки давлатҳои миллӣ сарватҳои миллиро идора мекунанд ва дорои қудрат ҳастанду назорати ҷомеаро дар даст доранд, нақши онҳо низ дар ҳифзу ҳимояи ҳувияти миллӣ барҷаста аст.  “Чун давлатҳо назорат аз болои мардум ва ҳудудро дар даст доранд, онҳо бояд ҳувияти он чиро, ки мудирият мекунанд, муайян созанд. Бо вуҷуди аз даст додани баъзе имконот, давлатҳо ҳанӯз ҳам пружаҳои миллиро дар даст дошта, ҷомеаи миллиро шакл медиҳанд ва мушкилоти иҷтимоиро тавассути ниҳодҳои худ бартараф месозанд. Дастбакорони давлат-миллатҳо сиёсати иҷтимоиро ба роҳ мемонанд, кӣ будани худ ва хоҳиши худро оид ба чӣ гуна будани миллат ба намоиш мегузоранд. Аз он ҷо, ки онҳо парадигмаҳои фарқкунандаро дар доираи қонунҳои ҷаҳонӣ эҷод мекунанд, онҳо як ҳувиятеро тарғиб мекунанд. Ин раванди кори ниҳодҳо ба навъе кори ҳувиятсозӣ аст.”[2] Ин ҳувиятсозии давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти вижа пайдо мекунад. Маҳз фаъолияти ҳукумат аст, ки натиҷаҳои он таъсири зиёд ба қисме аз нишонаҳои ҳувияти миллӣ мерасонад. Аз ҷумла, эҳсоси ифтихори миллӣ, нангу номуси миллӣ, меҳанпарастӣ ва худбаҳодиҳии аъзои ҷомеа ба натиҷаҳои фаъолияти як ҳукумат пайванди мустақим доранд. Агар ҳукумате муваффақ бошад ин нишонаҳои ҳувияти миллӣ тақвият меёбанд ва агар номуваффақ бошаду давлат дар шохисҳои гуногуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи паст касб кунад ва мушкилоти иҷтимоии мардум зиёд бошанд, ин ба ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ мегузорад. Чунки инсон худро дар баробари дигарон мешиносад ва дар шароити ҷаҳонишавӣ маълумот дар бораи худу дигарон ба осонӣ дастрас мегардад. Ҳар як шаҳрванд метавонад кишвари худро дар маҷмӯъ ва вазъи иҷтимоии худро дар алоҳидагӣ дар муқоиса бо дигарон бинад ва арзёбӣ кунад. Арзёбии худ дар баробари дигарон дар ҳоли ҳозир барои аксар шаҳрвандон аҳамияти бештар дорад. На муқоисаи имрӯз бо дирӯз. Ҳувияти миллиро бо ёдовариии ин, ки дирӯз 1 сомонӣ даромад доштему имрӯз 2 сомонӣ ва ё дирӯз ҷомеа ноором буду имрӯз ором, наметавон ҳифз карду тақвият бахшид. Ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва баробар шудан бо кишварҳои пешрафта аст, ки ҳувияти миллии воқеиро ҳифз мекунаду тақвият мебахшад.

 

Хулоса. Ҳарчанд раванди ҷаҳонишавӣ миллатҳоро ба ҳам наздик мекунад ва рафту омаду додугирифти ҷонибҳоро ба маротиб бештар месозад, аммо ин раванд наметавонад ҷаҳони якфарҳангиро ба вуҷуд оварда, як ҳувияти ҷаҳониро барои ҳама миллатҳо бисозад. Миллатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ “аз зеҳният ва озодиҳои зиёде дар тағйир ва фарҳансозӣ бархурдоранд. Бо рушди илму технология инсонҳо аз гузашта дида ба ҳам наздиктар мешаванд. Дар мавриди ҳувияти миллӣ онҳо ба маротиб нигарониҳои бештар пайдо мекунанд. Онҳо пайваста решаҳои фарҳангии худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро ҳимоя мекунанд”[3]. Ба ибораи дигар, ҷаҳон бо вуҷуди ба як деҳкадаи бузург табдил ёфтан, якрангу якмиллат нахоҳад шуд. Фарҳангҳои гуногун боқӣ монда, ҳувиятҳои миллии гуногун ҳифз карда мешаванд. Дар ҳоле, ки миллат-давлатҳо дар ҷаҳон нақши асосиро иҷро мекунанд ва ташкили як давлати ҷаҳонӣ имконпазир нест, як фарҳанги ҷаҳонӣ низ ташаккул ёфта наметавонад. “Фарҳанги ҷаҳонӣ танҳо дар сурати вуҷуди як давлати ҷаҳонӣ муяссар аст”[7].

 Дар ин гирудори ҷаҳонишавӣ баъзе миллатҳо метавонанд бозанда бошанд. “Ҳарчанд ҷаҳонишавӣ самаранокии иқтисодро боло мебарад ва даромадҳо зиёд мегарданду мизони фақр дар сатҳи ҷаҳонӣ коҳиш меёбад, вале ин даромадҳо миёни давлатҳои ҷаҳон ва миёни аҳолӣ дар кишварҳои алоҳида баробар тақсим намешаванд. На дар ҳама кишварҳо фақр решакан карда мешавад, аммо ин ҷо айби ҷаҳонишавӣ набуда, камбудӣ дар мудирияти нодурусти ҷомеа дар қисме аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки ақиб мондаанд. Напайвастан ба раванди ҷаҳонӣ дар чунин кишварҳо фақрро боз ҳам зиёдтар мекунад.”[8] Агар қишри фаъолу созанда ва давлатмардони як миллат ислоҳоти саривақтиро дар фарҳангу сиёсати худ ворид накунанд, ниёзҳои рӯзафзуни аъзои он қонеъ намешаванд. Ин метавонад таваҷҷуҳи мардумро ба фарҳангҳои дигар зиёд кунад ва муҳоҷират ба дигар ҳавзаҳои фарҳангӣ ҳувияти миллии онҳоро коҳиш диҳад. Ё дар мисоли миллати мо ҳувияти диниро дар онҳо тақвият бахшад, ки мутаассифона, саранҷоми нек нахоҳад дошт.

Дар чунин шароит, яъне шароити ҷаҳонишавӣ, сарнавишти ҳувияти миллӣ  ва дар зимн сарнавишти миллат дар дасти давлатмардон ва аъзои донишманду фаъоли он аст. Ба хотири рақобатпазир будан ва ҳадди аксари манфиатро аз низоми нави ҷаҳонӣ гирифтан, ҳар кишваре ногузир ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид мегардад. Ҳоло дар ростои ҳифзу тақвияти ҳувияти миллӣ ин раванд то куҷо истифодаи дуруст мешавад, аз худи миллатҳои алоҳида вобаста аст. Мушкилоте, ки ҳатман бояд барои ҳифзу тақвияти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бартараф карда шаванд, дар ҳолати гурез аз ин раванд низ ҳалли саривақтии онҳо шарт ва зарур аст. Ба ибораи дигар, наметавон марзҳоро ба рӯйи ҷаҳонишавӣ баста, ҳувияти миллиро аз хатар дур кард. Ҳадафи аслӣ ҳифзу тақвияти ҳувияти миллӣ дар баробари ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ва гирифтани манфиати бештарин  аз он мебошад. Ин ҳадафро, барои ҳар як миллат, давлатмардон ва аъзои донишманду фаъоли он амалӣ карда метавонанд.

Бинобар ин, барои ҳифзу тақвияти ҳувияти миллӣ давлатмардонро зурур аст, ки сиёсати дурустро ба роҳ монда мушкилоти иҷтимоиро саривақт ҳал намоянд ва ҷойгоҳи кишвари худро дар шохисҳои гуногуни ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Олимону фарҳангиён дар навбати худ дар такомули фарҳанги миллӣ саҳми намоён гузошта, ҳар гуна тағйиротро ба манфиати он истифода намоянд. Дар чунин ҳолат ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта шуда, заминаи рушду тақвияти он фароҳам мегардад.

Меҳр Собириён

 

Сарчашмаҳо

  1. Zawawi Ibrahim, “Globalization and national identity: Managing Ethnicity and Cultural Pluralism in Malaysia”, University Brunei Darussalam, 18 December 2015 (https://www.researchgate.net/publication/287216862);

  2. Frank J. Lechner, “Globalization and National Identity in the Netherlands, 1980-2000”, Emory University, 2002 (https://pdfs.semanticscholar.org/8ad2/67191bfd63670f79dcbb2d4c7f2015d8ee67.pdf);

  3. Yi Wang, “Globalization Enhances Cultural Identity”, Harbin Engineering University, China, 2007 (https://www.semanticscholar.org/paper/Globalization-Enhances-Cultural-Identity-Wang/7e0cde0bdfbc54a2b7b917ba1c491c57b6119cfa);

  4. Gal Ariely, “The nexus between globalization and ethnic identity: A view from below”, Ben-Gurion University of the Negev, Beer-Sheva, Israel, 2019 (https://journals.sagepub.com/doi/full/10.1177/1468796819834951);

  5. Исмоил Бойбурдӣ, “Ҷаҳонӣ шудани фарҳанг ва таъсири он бар ҳувияти миллии Ирон”, 2014 (http://prb.iauctb.ac.ir/article_511100_397e5957474c30928b74bd8a4fc80085.pdf);

  6. Заҳро Аҳмадипур, “Ҷаҳонӣ шудан ва ҳувияти Иронӣ”, 2010 (https://jgs.khu.ac.ir/article-1-621-fa.pdf);

  7. Чингиз Паҳлавон, “Ҷомеашиносӣ”, саҳ. 400, Теҳрон, 2003;

  8. Dominick Salvatore, “International Economics: Trade and Finance”, Fordham University, 2017, p. 343;

  9. Назрӣ Асадзода, “Мушкилоти тоҷикон дар масири ба даст овардани истиқлолияти зеҳнӣ”, Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”, №1(14), 2019б саҳ. 230.

БОЗГАШТ