АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сарусадоҳои беасос оиди ба паҳн шудари вируси тоҷдор дар Тоҷикистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Рӯзҳои охир дар саросари ҷаҳон хабари гирифторшавии инсонҳо ба бемории коронавирус ҷомеаҳоро ба ташвиш овардааст ва Тоҷикистон ба ҳама он кишварҳое, ки ба ин беморӣ мубтало гаштаанд, ҳамдардӣ баён мекунад.
Сару садоҳо ва хабарҳое, ки имрӯзҳо мардумро ба ваҳму таҳлука афкандааст, беасос мебошанд ва ин сару садоҳо ва овозаҳои бардурӯғ аз ҷониби бархе аз душманони нотавонбини миллат ба роҳ монда шудааст. Душманони миллат, нотавонбинони миллат, хоинони миллат дар хориҷи кишвар истода, барои ноором сохтани авзои дохили кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин бемориро баҳона сохтаву ба ҳамин восита амну суботро халалдор намоянд, чун онҳо чунин супориш гирифтаву вазифаашон ин аст.
Аз ҷомеа ва халқамон даъват ба амал меорем, ки ба ин овозаҳо бовар накунанд, фақат барои пешгирии ин вирус ва ин беморӣ мубориза бубаранд.
Мо таҷрибаҳои кишварҳое, ки бар зидди ин беморӣ мубориза бурданд ва пирӯз шуданд, метавонем аз қабили Ҳиндустон, Олмон ва Сингапурро мисол орем. Онҳо чи кор карданд? Чи гунае, ки “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ мегӯянд” онҳо пеш аз оне, ки вирус ба кишварашон ояд, ҳама сарҳадҳояшонро саривақт бастанд. Амали дигаре, ки анҷом доданд ва аз ин вабо наҷот ёфтанд, пеши роҳи ваҳму воҳимаҳоро ва сарусадоҳоро гирифтанд.
Мо низ, бояд рӯҳан ва ҷисман омода бошем ва бар зидди ин беморӣ мубориза барем, ба овозаҳову ваҳму воҳимаҳои бардурӯғ бовар накунем, то тавонем саломатии худрову саломатии дигаронро зери хатар нагузорем.
Онҳое, ҳам ки аз хориҷ истода, мардумро ба воситаи хабарҳои бардурӯғ ва сохтаву бофта ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Вайбер, Ватсап, Однокласники ва шабакаҳои махсусашон, (Паём.нет, Ислоҳ.нет. К.саодат.ком ва ғайра) ба ташвиш меоранд ва сабабгори нооромии ҷомеаи кишвар мешаванд, ба онҳо низ расониданием, ки нисбат ба миллати хеш, ба волидони хеш ва хешу ақрабои хеш ноҳурматӣ накунанд ва хабарҳои сохтаву бофтаро интишор нанамоянд.
Як мисоли бисёр ҷолиб ва таъсирбахшро ба мисле, ки Ибни Сино барои бемории короновирус ва ваҳму воҳимаи имрӯзае, ки ҷомеаро фаро гирифтааст, дар китоби “Шифо” нақл мекунад, барои осудаҳолии шаҳрвандон мехоҳем зикр намоем.
Ибни Сино зикр мекунад, ки:”Вабо рӯзе аз рӯзҳо ҷониби шаҳре равон буд ва дар роҳ марде бо ӯ рӯбарӯ шуд ва суол кард: Ту ба куҷо рафта истодаӣ, эй вабо? Вабо ҷавоб медиҳад: -Амр гирифтам, ки ба ин шаҳр биравам ва ҷони ҳазор нафарро бигирам.  Ва вақте вабо аз шаҳр мебаромад, боз бо ҳамон мард рӯбарӯ шуд. Мард ба вабо гуфт: -Чи қадар ноисоф будаӣ! Бист ҳазор аз аҳли ин шаҳрро ба қатл расонидӣ. Вабо гуфтаи мардро рад кард ва гуфт: Ман ҳазор нафарро қатл намудам ва боқӣ ҳамаро ваҳм кушт, ваҳм ин нисфи беморӣ аст ва итминон нисфи даво ва сабр аз роҳҳои шифо аст”.
Пас, бояд ҷомеаи мо ба ваҳму ҳарос дода нашаванд ва сабур бошанду итминони комил ҷиҳати саломатии худро дар мадди аввал қарор бидиҳанд.

Ахмедова Нилуфар,
магистранти соли якуми
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ