АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

САВДОИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Кишварҳои ОҶШ базаи тавонои содиротӣ доранд, қариб ҳамаи онҳо бо захираҳои табиӣ хуб таъмин мебошанд, ки асоси рушди иқтисодии онҳо мебошад. Бинобар ин онҳо содиркунандаи бузурги молҳои алоҳида ба ҳисоб мераванд. Масалан, минтақа қариб 80 %-и истеҳсоли ҷаҳонии каучуки табиӣ, 60-70 %-и сурб, зиёда аз 50 % кокос ва копра, сеяки равғани хурмо ва биринҷро медиҳад. Инчунин захираҳои бузурги нафт, мис, волфрам, хром, боксит мавҷуданд.
  Савдои хориҷии кишварҳои ОҶШ соҳаи хеле муҳим ва рушдёфта мебошад. Барои мисол, ҳаҷми ҳам воридот ва ҳам содироти Сингапур аз ҳаҷми маҷмуаи маҳсулоти дохилиаш зиёд мебошад, ки ин нақши муҳими ин давлатро дар савдои байналмилалии молу хизматрасонӣ нишон медиҳад ва онро ҳамчун давлати транзитии савдои хориҷӣ ҳисобидан мумкин аст. Дар соли 2020 ҳаҷми умумии содироти молу хизматрасонии минтақа ба 1672,8 млрд доллари ИМА расид (ҷадвали 1), ки ин 55 % ММД-ро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки ин нишондиҳанда бо таъсири омилҳои зикргардида нисбат ба соли 2019 кам шудааст. Тавозуни савдои хориҷӣ барои аксари кишварҳои минтақа (ба ғайр аз Камбоҷа, Мянма ва Филиппин) мусбӣ буда, дар умум 117,5 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод.
  Ҷадвали 1. Ҳачми содироту воридоти кишварҳои ОҶШ дар соли 2020
    

 

Кишвар

Содироти мол, млн доллари ИМА

Воридоти мол, млн доллари ИМА

Содироти хизматрасонӣ, млн доллари ИМА

Воридоти хизматрасонӣ, млн доллари ИМА

1.       

Бруней

6607,7

5343,2

352,2

1206,4

2.       

Вйетнам

281441,5

261309,5

21600,0

18387,0

3.                  

Индонезия

163191,8

141568,8

14906,5

24502,1

4.                  

Камбоҷа

17412,0

18968,0

1767,4

2023,9

5.                  

Лаос

5086,9

5013,6

346,2

445,5

6.                  

Малайзия

233931,2

189730,6

22031,5

33319,5

7.                  

Мянма

16806,2

17947,4

4219,1

3254,7

8.                  

Сингапур

374824,8

329596,0

187638,1

172757,0

9.                  

Таиланд

192372,8

169702,6

31703,3

46790,2

10.              

Филиппин

65214,5

95161,3

31410,4

18330,8

 

Ҳамагӣ

1356889,4

1234340,9

315974,7

321017,1

  Манбаъ: ASEAN Statistical Yearbook 2021. 17th edition. Jakarta, December 2021. 286 р.
 
  Таҳлили ҷадвал нишон медиҳад, ки 5 давлати минтақа (Сингапур, Вйетнам, Малайзия, Таиланд ва Индонезия) 91,8 % содироти мол ва 88,5 % воридоти молро таъмин менамояд, дар ҳоле ки худи Сингапур 59 %-и содироти хизматрасонӣ ва 53,8 %-и воридоти хизматрасонии минтақаро ба уҳда дорад, ки дар ин саҳми бандари Сингапур назаррас мебошад. Дигар давлатҳои минтақа сол аз соли потенсиали содиротию воридотии худро тақвият дода истодаанд.
  
                                                                                                     
  Расми 1. Содироти мол аз кишварҳои ОҶШ дар соли 2020
 
                                                                                                           
  Расми 2. Воридоти мол ба кишварҳои ОҶШ дар соли 2020
 
  Дар воридот ва содироти ОҶШ шарикони асосӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои минтақа, ИМА, Ҷопон, Корея, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон мебошанд, ки зиёда аз 80 %-и ҳаҷми онро таъмин менамоянд. Маҳсулоти асосии содиротӣ (расми 1) ин маснуоти саноати мошинсозӣ (таҷҳизоти барқӣ, механикӣ, тиббӣ, оптикӣ, реакторҳо ва ғ.), сӯзишворӣ, металлургияи ранга, пластмасса, каучук, равғани растанӣ ва либосворӣ мебошанд. Дар воридот (расми 2) низ маҳсулоти мошинсозӣ (маҳсулоти тайёр бо қисмҳояш), сӯзишворӣ, оҳану пӯлод, пластмасса, сангҳои қиматбаҳо, моддаҳои органикӣ афзалият доранд. Бояд қайд кард, ки қисми ин маҳсулот дар байни кишварҳои минтақа воридоту содирот мешавад, қисми дигар бо мақсади коркард то дараҷаи ниҳоии истеъмолӣ ва содироти минбаъда истифода мешавад.
 
                                                                                                                 
  Расми 3. Содирот ва воридоти хизматрасонии кишварҳои ОҶШ дар соли 2020
 
  Агар дар содироти хизматрасонии кишварҳои минтақа (расми 3) соҳаҳои нақлиёт, молия, сайёҳӣ, телекоммуникатсия ва истеҳсолӣ пешсаф бошанд, пас дар воридот соҳаҳои нақлиёт, сайёҳӣ, телекоммуникатсия ва ҳуқуқи муаллиф қисми асосии онро ташкил медиҳанд. Кишварҳои минтақа ба нуқтаи охирин диққати махсус медиҳанд. Аз ҷумла, сол аз сол воридоти хизматрасонӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф кам шуда, содироти он зиёд шуда истодааст, ки вобаста ба тадбирҳои андешидаи ҳукумати ин кишварҳо алоқаманд аст.

Ҳабибов Абдураҳмон,
сарходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ