Муаллиф: Ширин Қурбонова
Яке аз мухаққикони гули лола дар замони муосир Сафарбек Рахимов аст, ки дар мавриди «Сайри гули лола» низ пажуҳише анҷом додааст. Мавсуф дар тадқиқоташ ҷиҳати гули лола чунин андешаро воҷиб дидааст: «Лола яке аз гулҳои боғии аввали баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш мекунанд. Номи илмии лола - Tulipa [ба забони русӣ тюльпан) аз калимаи форсии «Turba» (турба - яке аз шаклҳои кулоҳи сари мардуми Шарқ) гирифта шудааст, ки шакли гули растанӣ шабоҳати онро дорад».