АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сеҳри сухан ва суханварӣ дар асари “ФИҲӢ МО ФИҲӢ”- и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз шахиятҳои бузурги адаби тоҷику форс мебошад, ки мислашро дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамчун суханвари бузургу шахсияти ғайриодӣ ёфтан маҳол аст. Шӯҳрати маҳбубияту беназири Мавлоно, мероси гаронбаҳои ҳикматангези ӯ ҳар як хонандаи соҳибандешаро ба баҳри бекарони шеъру шоирӣ мебарад.

То имрӯз дар доираҳои фарҳангӣ, ҳавзаҳои илмиву адабии на танҳо Тоҷикистон, балки Эрону Туркия, ҳамзамон Чину Урупо дар атрофи ин шахсияти бузург андешаву назар, суҳбатҳои ҷолиби адабию ихтисосӣ ва мубоҳисаҳои илмиву фарҳангӣ ороста мешаванд.

Дар замони муосир асари мансури ин шоири оламгир “ФИҲӢ МО ФИҲӢ” (тарҷумааш аз арабӣ: Дар ӯст, ҳар он чӣ дар ӯст) бори аввал дар Эрон ба табъ расида, сипас дар Тоҷикистон баргардон шудааст. Ин асар дар шакли дастхат дар Туркия низ интишор шуда, нусхаҳои он дар китобхона ва осорхонаҳои ин кишвар маҳфуз мебошанд. Худи Мавлоно ин асари худро бо номи “Мақолот” ёд карда бошад ҳам, он бо номи “ФИҲӢ МО ФИҲӢ машҳуру маъмул гардидааст. Дар ин асар шоир ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: дину фалсафа ахлоқу ирфон даст зада, андешаву нигоҳи худро дар шакли мисолу қиссахои кӯтоҳ инъикос менамояд. Ин ҷо мо тасмим гирифтем порае чанд аз асари мазкурро бобати сеҳри сухан ва суханварӣ аз забони худи шоир пешкаши хонандагон намоем. Умед дорем, ки ин пораҳо барои боз ҳам рушантар намудани шахсият ва шинохти чеҳраи адабии Мавлоно Балхӣ ба манфиат хоҳад буд.

***

Яке мегуфт, ки «Мавлоно сухан намефармояд». Гуфтам охир, ин шахсро назди ман хаёли ман овард. Ин хаёли ман бо вай сухан нагуфт, ки чунӣ ё чӣ гунаӣ. Бе сухан, хаёл ӯро ин ҷо ҷазб кард. Агар ҳақиқати ман ӯро бе сухан ҷазб кунад ва ҷойи дигар барад, чӣ аҷаб бошад?

Сухан сояи ҳақиқат аст ва фаръи ҳақиқат. Чун соя ҷазб кард, ҳақиқат ба тариқи авло. Сухан баҳона аст. Одамиро бо одамӣ он ҷузви муносиб ҷазб мекунад, на сухан. Балки агар сад ҳазор мӯъҷизаву баён ва каромот бинад, чун дар ӯ аз он набӣ ва аз он валӣ ҷузве набошад муносиб, он ҷузв аст, ки ӯро дар ҷушу беқарор медорад. Дар каҳ аз каҳрабо, агар ҷуз вай набошад, ҳаргиз сӯи каҳрабо наравад. Он ҷинсият миёни эшон хафист, дар назар намеояд.

***

Ин сухан барои он кас аст, ки ӯ ба сухан мӯҳтоҷ аст, ки идрок кунад. Аммо он, ки бе сухан идрок кунад, бо вай чӣ ҳоҷати сухан аст? Охир осмонҳову заминҳо ҳама сухан аст, пеши он кас, ки идрок мекунад ва зойида аз сухан аст, *ки «кун фаякун*. Пас пеши он, ки овози пастро мешунавад, машғалаву бонг чӣ ҳоҷат бошад?

***

Одамӣ мураккаб аст аз ҳайвонӣ ва нутқ. Ҳамчунонки ҳайвонӣ дар ӯ доим аст ва мунфак нест аз ӯ, нутқ низ ҳамчунин аст ва дар ӯ доим аст. Агар ба зоҳир сухан нагӯяд, дар ботин сухан мегӯяд, доиман нотиқ аст. Бар мисоли селоб аст, ки дар ӯ гил омехта бошад. Он оби софӣ нутқи ӯст ва он гил ҳайвонияти ӯст. Аммо гил дар ӯ оризӣ аст. Намебинӣ, ки он гилҳову қолабҳо рафтанду пӯсиданд ва нутқу ҳикояти эшон ва улуми эшон мондаааст, аз баду нек?

Шайхулисалом Тирмизӣ мегуфт: «Саид Бурҳониддин суханҳои таҳқиқии хуб мегӯяд. Аз он аст, ки кутуби машоих ва асрору мақолоти эшонро мутолиа мекунад». Яке гуфт: «Охир, ту низ мутолиа мекунӣ, чун аст, ки чунон сухан намегӯӣ?». Гуфт: «Ӯро дарде ва муҷоҳидаву амале ҳаст». Гуфт: «Онро чаро намегӯиву ёд намеоварӣ? Аз мутолиа ҳикоят мекунӣ. Асл он аст ва мо онро мегӯему ту низ аз он бигӯ!».

***

Ҳосил он аст, ки олам бар мисоли кӯҳ аст. Ҳар чӣ гӯӣ аз хайру шар, аз кӯҳ ҳамон шунавӣ. Агар гумон барӣ, ки «ман хуб гуфтам, кӯҳ зишт ҷавоб дод», муҳол бошад, ки булбул дар кӯҳ бонг кунад, аз кӯҳ бонги зоғ ояд ё бонги одамӣ ё бонги хар. Пас яқин дон, ки бонги хар карда бошӣ!

Бонги хуш дор, чун ба кӯҳ оӣ,

Кӯҳро бонги хар чӣ фармоӣ?

Ман мурғам, булбулам, тӯтиам. Агар маро гӯянд, ки бонг дигаргун кун, натавонам. Чун забони ман ҳамин аст, ғайри он натавонам гуфтан. Ба хилофи он, ки ӯ овози мурғ омӯхтааст, ӯ мурғ нест. Душман ва сайёди мурғон аст. Бонгу сафир мекунад, то ӯро мурғ донанд. Агар ӯро ҳукм кунанд, ки ҷуз ин овоз овози дигаргун кун, тавонад кардан. Чун он овоз бар ӯ ориятисту аз они ӯ нест, тавонад, ки овоз дигар кунад. Чун омӯхтааст, ки колои мардумон дуздад, аз ҳар хона қумоше намояд.

***

Ии сухан сурёнӣ аст. Зинҳор магӯед, ки фаҳм кардам! Ҳарчанд беш фаҳму забт карда бошӣ, аз фаҳм азим дур бошӣ. Фаҳм ин бефаҳмист. Худ балову мусибат ва ҳирмони ту аз он фаҳм аст. Туро он фаҳм банд аст, аз он фаҳм мебояд раҳидан, то чизе шавӣ!

Ту мегӯӣ, ки «Ман машкро аз дарё пур кардам ва дарё дар машки ман гунҷид». Ин муҳол бошад. Оре, агар гӯӣ, ки «Машки ман дар дарё гум шуд», ин хуб бошад. Ва асл ин аст.

***

Ин ҳой-ҳуи баланд, ки мезананд, сирраш он аст, ки аз сухане суханҳо фаҳм мекунанд ва аз ҳарфе ишоратҳо маълум мегардонанд. Ҳамчунон ки касе «Васият» ва кутуби мутаввал хонда бошад, аз «Танбеҳ» чун калимае бишнавад, чун шарҳи онро хондааст, аз он як масъала аслҳову масъалаҳо фаҳм кунад, бар он як ҳарфи «Танбеҳ» ҳойе мекунад, яъне ки «Ман зери ин чизҳо фаҳм мекунам ва мебинам ва ин он аст, ки ман дар он ҷо ранҷҳо бурдаам ва шабҳо ба рӯз овардааму ганҷҳо ёфтаам».

***

Сухан ба қадри мустамеъ меояд. Чун ӯ накашад, ҳикмат низ берун наёяд. Чандон, ки мекашаду мутағаззӣ мешавад, ҳикмат фурӯ меояд. Вагарна гӯяд «Эй, аҷаб! Чаро сухан намеояд?». Ҷавобаш гӯяд: «Эй аҷаб! Чаро намекашӣ?». Он кас, ки туро қуввати истимоъ намедиҳад, гӯяндаро низ доияи гуфт намедиҳад.

***

Одамеро хоҳӣ, ки бишиносӣ, ӯро дар сухан ор! Аз сухани ӯ ӯро бидонӣ ва агар таррор бошад ва касе ба ӯ гуфта бошад, ки «Аз сухан мардро бишиносанд», ӯ суханро нигоҳ дорад қосид, то ӯро дарнаёбанд.

Ҳамчунонки он ҳикоят, ки бача дар саҳро ба модар гуфт, ки «Маро дар шаби торик сиёҳии ҳавл, монанди дев руй менамояд ва аз ин метарсам». Модар гуфт, ки «Матарс! Чун он суратро бубинӣ, далер ба вай ҳамла кун, пайдо шавад, ки хаёл аст». Гуфт: «Эй модар ва агар он сиёҳро модараш чунин васият карда бошад, ман чӣ кунам?». Акнун, агар ӯро васият карда бошад, ки «Сухан магӯ, то пайдо нагардӣ», манаш чун шиносам? Гуфт, дар ҳазрати ӯ хомӯш кун ва худро ба вай деҳу сабр кун! Бошад, ки калимае аз даҳони ӯ биҷаҳад ва агар наҷаҳад, бошад, ки аз забони ту калимае биҷаҳад ба нохости ту, ё дар хотири ту сухану андешае сар барзанад аз он андеша ва аз он сухан ҳоли ӯро бидонӣ, зеро ки аз ӯ мутаассир шудӣ, он акси ӯст ва аҳволи ӯст, ки дар андаруни ту сар барзадааст.

***

Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯи дуд ояд ва баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯи мушк ояд. Ин касе дарёбад, ки ӯро машоме мебошад.

Шуморо агар ин сухан мукаррар менамояд, аз он бошад, ки шумо дарси нахустинро фаҳм накардаед. Пас лозим шуд моро ҳар рӯз ин гуфтан. Ҳамчунон ки муаллиме буд, кӯдаке се моҳ пеши ӯ буд, аз «Алиф чизе надорад», нагузашта буд. Падари кӯдак омад, ки «Мо дар хидмат тақсир намекунем ва агар тақсир рафт, фармо, ки зиёдат хидмат кунем!». Гуфт: «На аз шумо тақсире нест, аммо кӯдак аз ин намегузарад». Ва ӯро пеш хонду гуфт: «Бигӯ, алиф чизе надорад!». Гуфт: «Чизе надорад». Алиф наметавонист гуфтан. Муаллим гуфт: «Ҳол ин аст, ки мебинӣ, чун аз ин нагузашту инро наёмӯхт, ман вайро сабақи нав чун диҳам?».

***

Гуфтанд, ки Сайид Бурҳонуддин сухани хуб мефармояд, аммо шеъри Саноӣ дар сухан бисёр меоварад. Фармуд, ҳамчунон бошад, ки мегӯянд “Офтоб хуб аст, аммо нур медиҳад”. Ин айб дорад? Зеро сухани Саноӣ овардан намудани он сухан аст ва чизҳоро офтоб намояд ва дар нури офтоб тавон дидан. Мақсуд аз нури офтоб он аст, ки чизҳо намояд. Охир, ин офтоб чизҳо менамояд, ки ба кор наёяд. Офтобе, ки чизҳо намояд, ки ба кор ояд, ҳақиқати офтоб ӯ бошад. Ва ин офтоб фаръ ва маҷози он офтоби ҳақиқӣ бошад. Охир, шумо низ ба қадри ақли ҷузвии худ аз ин офтоб дил мегиред ва нури илм металабед, ки шуморо чизе ғайри маҳсусот дида шавад ва дониши шумо дар физоиш бошад ва аз ҳар устоде ва ҳар ёре мутаваққеъ мебошед, ки аз ӯ чизе фаҳм кунеду дарёбед.

***

Сухан ба қадри одамӣ мебояд. Сухани мо ҳамчун обе аст, ки мироб онро равон мекунад. Об чӣ донад, ки мироб ӯро ба кадом дашт равон кардааст, дар хиёрзоре ё карамзоре ё пиёззоре ё гулистоне?

***

Пас донистем, ки нутқ офтобест латиф, тобон, доиман ғайри мунқатеъ, илло ту муҳтоҷӣ ба воситаи касиф, то шуои офтобро мебинӣ ва ҳаз меситонӣ. Чун ба ҷое бирасад, ки он шуову латофатро бе воситаи касофат бубинӣ ва ба он хӯ кунӣ, дар тамошои он густох шавӣ ва қувват гирӣ, дар айни он дарёи латофат рангҳои ачаб ва тамошоҳои аҷаб бинӣ ва чӣ аҷаб меояд, ки он нутқ доиман дар ту ҳаст, агар мегӯӣ ва агар намегӯӣ. Ва агарчи дар андешаат низ нутқе нест, он лаҳза мегӯем, нутқ ҳаст доиман.

***

Ҳамаи суханҳову ҳамаи илмҳо ва ҳамаи ҳунарҳову ҳамаи ҳирфатҳо маззаву чошнӣ аз ин сухан доранд, ки агар он набошад, дар ҳеҷ кореву ҳирфате мазза намонад. Ҳамчунонки марде зане хоста бошад молдор, ки ӯро гӯсфандон ва галлаи асбон ва ғайра бошад ва ин мард тимордошти он гӯсфандону асбон мекунад ва боғҳоро об медиҳад. Агарчи ба он хидматҳо машғул аст, маззаи он корҳо аз вуҷуди он зан дорад, ки агар он зан аз миён бархезад, дар он корҳо ҳеч мазза намонаду сар шавад ва бе ҷон намояд. Ҳамчунин ҳамаи ҳирфатҳои олам ва улум ва ғубраи зиндагонӣ ва хушиву гармӣ аз партави завқи ориф доранд, ки агар завқи ӯ набошад ва вуҷуди ӯ дар он ҳама корҳо завқу лаззат наёбад ва ҳама мурда намояд.

***

Олами хаёл нисбат ба олами мусаввароту маҳсусот фарохтар аст, зеро ҷумлаи мусавварот аз хаёл мезояд ва олами хаёл нисбат ба он оламе, ки хаёл аз ӯ ҳаст мешавад, ҳам танг аст.

Аз рӯи сухан ин қадар фаҳм шавад ва илло ҳақиқати маънӣ муҳол аст, ки аз лафзу иборот маълум шавад. Суол кард, ки пас ибороту алфозро фоида чист? Фармуд, ки суханро фоида он аст, ки туро дар талаб орад ва таҳайюҷ кунад, на он ки матлуб ба сухан ҳосил шавад. Ва агар чунин будӣ, ба чандин муҷоҳидаву фанои худ ҳоҷат набудӣ, сухан ҳамчунон аст, ки аз дур чизе мебинӣ ҷунбанда, дар пайи он медавӣ, то ӯро бубинӣ, на он, ки ба воситаи таҳарруки ӯ ӯро бубинӣ. Нотиқаи одамӣ низ дар ботин ҳамчунин аст, муҳайяҷ аст туро бар талаби он маънӣ ва агарчи ӯро намебинӣ ба ҳақиқат.

***

Чун Амир меояд, Мавлоно суханҳои азим мефармояд, ки сухан мунқатеъ нест аз он, аҳли сухан аст, доиман сухан ба вай мерасад ва сухан ба вай муттасил аст. Дар зимистон агар дарахтон баргу бар надиҳад, то пиндорӣ, ки даркор нестанд, эшон доиман бар коранд. Зимистон ҳангоми дахл аст, тобистон ҳангоми харҷ аст. Харҷро ҳама бинад, дахлро набинад. Чунонки шахсе меҳмонӣ кунаду харҷҳо кунад, инро ҳама бинанд, аммо он дахлро, ки андак-андак ҷамъ карда буд барои меҳмонӣ, онро набинанду надонанд. Ва асл дахл аст, ки харҷ аз дахл меояд.

***

***

Сухани мо ҳама нақд аст ва суханҳои дигарон нақл аст ва ин нақл фаръи нақд аст. Нақд ҳамчун пои одамист ва нақл ҳамчунон аст, ки қолаби чӯбин ба шакли қадами одамӣ. Акнун он қадами чӯбинро аз ин қадами аслӣ дуздидаанд ва андозаи он аз ин гирифтаанд. Агар дар олам пой набудӣ, эшон ин қолабро аз куҷо шинохтандӣ? Пас, баъзе суханҳо нақд аст ва баъзе нақл аст ва ба ҳамдигар мемонанд, мумаййизе мебояд, ки нақдро аз нақл бишносад. Ва тамйиз имон асту куфр бетамййизист. Намебинӣ, ки дар замони Фиръавн чун асои Мӯсо мор шуд ва чӯбҳову расанҳои соҳирон мор шуданд, он кӣ тамййиз надошт, ҳамаро як лавн диду фарқ накард ва он кӣ тамййиз дошт, сеҳрро аз ҳақ фаҳм карду муъмин шуд ба воситаи тамййиз? Пас донистем, ки имон тамййиз аст.

***

Беҳтарин суханҳо он аст, ки муфид бошад, на ки бисёр...Пас эътиборе бисёрирову андакиро нест. Ғараз ифодат аст. Баъзеро шояд ки сухани андак муфидтар бошад. Аз бисёрӣ чунонки тануреро чун оташ ва ғояти тез бошад, аз ӯ манфиат натавонӣ гирифтан ва наздики ӯ натавонӣ рафтан. Ва аз чароғе заиф ҳазор фоида гирӣ. Пас маълум шуд, ки мақсуд фоида аст. Баъзеро худ муфид он аст, ки сухан нашнаванд, ҳамин бинанд, бас бошад ва нофеъ он бошад. Ва агар сухан бишнавад, зиёнаш дорад.

***

Агар касе дар вақти сухан гуфтани мо мехӯсбад, он хоб аз ғафлат набошад, балки аз амн бошад. Ҳамчунонки корвоне дар роҳе саъб махуф, дар шаби торик меравад ва меронанд аз бим, то набодо, ки аз душманон офате бирасад. Ҳамин ки овози саг ё хурӯс ба гӯши эшон расиду ба деҳ омаданд, фориғ гаштанд ва по кашиданду хуш хуфтанд. Дар роҳ, ки ҳеч овозу ғулғула набуд, аз хавф хобашон намеомад ва дар деҳ ба вуҷуди амн бо он ҳама ғулғулаи сагон ва хурӯши хурӯс, фориғу хуш дар хоб мешаванд. Сухани мо низ аз ободониву амн меояд ва ҳадиси анбиёву авлиёст: арвоҳ чун сухани ошноён мешунаванд, эмин мешаванд ва аз хавф халос меёбанд, зеро аз ин сухан бӯи умеду давлат меояд.

Ҳамчунонки касе дар шаби торик бо корвоне ҳамроҳ аст, аз ғояти хавф ҳар лаҳза мепиндорад, ки ҳаромиён бо корвон омехта шудаанд. Мехоҳад, то сухани ҳамроҳон бишнавад ва эшонро ба сухан бишносад, чун сухани эшон мешунавад, эмин мешавад...

Сухани куллӣ ин аст: он нур дорӣ, одамиятӣ надорӣ. Одамиятӣ талаб кун! Мақсуд ин аст, боқӣ дароз кашидан аст. Суханро чун бисёр ороиш мекунанд, мақсуд фаромӯш мешавад.

Баққоле занеро дӯст медошт. Бо канизаки хотун пайғомҳо кард, ки ман чунинаму чунонам ва ошиқаму месӯзам ва ором надорам ва бар ман ситамҳо меравад ва дӣ чунин будаму дӯш бар ман чунин гузашт. Қиссаҳои дароз фурӯ хонд.

Канизак ба хидмати хотун омад. Гуфт: «Баққол салом мерасонад ва мегӯяд, ки биё, то бо ту чунину чунон кунам!». Гуфт: «Ба ин сардӣ?». Гуфт: «Ӯ дароз гуфт, аммо мақсуд ин буд».

Асл мақсуд аст. Боқӣ дарди сар аст.

 

Таҳия ва баргардони Холиқова Шоира

дар асоси матни “Мақолоти Мавлоно”

(бозхонии Ҷаъфар Мударриси Содиқӣ –Теҳрон, 1374).

БОЗГАШТ