Муаллиф: Зиёев Субҳиддин
Муҳаққиқону донишмандони муосири ҷаҳони араб ба эҷодиёти Мавлоно таваҷҷуҳ доранд ва осори манзум ва мансури ин нобиғаи тоҷикро омӯхтаву дар заминаи он корҳои илмии зиёд таълиф намудаанд. Аксари маќолаҳое, ки дар бораи Мавлавї ва афкору осораш ба забони арабї мунташир шудааст, ӯро ба унвони шоире тавоно бо афкоре сўфиёна ва ишќе бузурги илоњї ва соњиби осори баландмазмун ва бадеъ тавсиф намудаанд. Ин падида нишон аз он дорад, ки мавлавипажўњони араб ва бисёре аз њамзабонони онон бо шахсияти фикрї ва адабии Мавлавї ошноии кофї доранд. Наргис Ганљї ва Фотима Ишроќї –мавлоношиносони эронӣ дар мақолае бо номи «Диранге дар осор ва манобеъи мавлавипажўњї дар љањони Араб» ќайд намудаанд, ки «собиќаи нахустин маќолоти мавлавишиносї дар љањони араб беш аз њафтод сол аст»[1,159-186]. Вале агар мо ба њамаи он пажўњишњову тарљумањои осори шоирон, ки аз љониби арабњо ба нашр расидаанд назар намоем, ба хулосае меоем, ки Мавлоноро дар ҷаҳони араб хуб мешиносанд. Аввалин маротиба муҳаққиқон ва адабдӯстони араб соли 1872 бо «Маснавии маънавї» ошної пайдо намудаанд. Бори аввал тавассути Юсуф ибни Аҳмад ал-Ќунавї ал-Мавлавї ар-Румї, олим ва адиби туркнажоди арабдон ва шайхи хонаќоњи Бектоши Истанбул машњур ба «Зуњдї», соли 1877 китобе бо номи «ал-Манњаљ ал-ќавӣ литуллоб аш-шариф ал-маснавї»-ро таълиф намуд, ки ин китоб баргардон ва шарњи шаш дафтари «Маснавии маънавї» аст ва ин китоб дар чопхонаи «Булоќ»-и Ќоњира ба табъ расидааст.
Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир, мавлавишиноси дигари араб, дар асараш «Љавоњир-ал-осор фи тарљумати Маснавии Мавлоно Худовандгор Муњаммад Љалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» ќайд намудааст, ки «ал-манҳаҷ ал-ќавӣ литуллоб аш-шариф ал-Маснавї» яке аз бењтарин шарҳњои “Маснавии маънавї” мањсуб мешавад»[5,148].
Аз мавлавипажўҳони дигари чаҳони араб Абдулваҳҳоб Аззом мебошад, ки ў дар соли 1946 китобе бо номи «Фусулун мин ал-Маснавӣ»-ро дар ҳаҷми 199 сањифа дар Ќоњира ба табъ расонидааст. Муаллиф дар ин асар бахшњое аз «Маснавии маънавї»-ро аз ќабили «Ќиссат ат-тољири ва-л-бабѓо» ва «Ќиссат ал -асад ва-л-вуњуш» ва якчанд ќиссаи дигари “Маснавии маънавӣ”-ро ба арабї тарљума намудааст.
Тарҷумаи комили «Маснавии маънавӣ» њосили кўшиши Абдулазиз Соҳиб ул-Љавоњирї, бародари Муҳаммад Маҳдӣ ал-Ҷавоҳирӣ, шоири шаҳири Ироќ мебошад. Ҷавоҳирї, ки аз овони љавонї шефтаи Мавлоно ва осораш буд, ба сарзамини Хуросон омада ва пеш аз иќомат дар Кирмоншоњ шаш дафтари «Маснавии маънавї»-ро ба назми арабї даровард ва шарњу тавзењоте бар он афзуд. Ин асар бо номи «Љавоњир ул-осор фи тарљумати маснавии Мавлоно Худовандгор Муњаммад Ҷалолуддин ал-Балхӣ ар-Румӣ» дар соли 1958 тавассути интишороти Донишгоҳи Теҳрон мунташир шуд.
Мавлонопажўҳи дигари араб, устоди Донишгоњи Ќоҳира Муњаммад Абдуссалом Каффофї мебошад, ки ў худро шогирди Абдулвањњоби Аззом мешуморад. Ў дар соли 1966-1967 китоби дуљилдае бо номи «Маснавии Љалолуддин ар-Румӣ шоир ас-суфӣ ал-акбар»-ро ба табъ расонидааст. Муаллиф дар дебочаи асараш, ки дар Бейрут чоп шуда буд, аз мавлавипажўњї дар љањони Ѓарб ва Араб ва аз тасвирҳои форсї, туркї ва арабии маснавї мабоњиси арзишмандеро ироа намудааст.
Мавлоношиноси дигари араб, Сайид Муњаммад Љамол ал-Њошимї ал -Ироќї, дар соли 1995 њикоёти ʼʼМаснавӣʼʼро ба назми арабї дароварда бо унвони «Њикоётун ва ибарун мин ал-маснавӣ» дар нашрияи “Дор ал-ҳақќ”-и Бейрут дар ҳаҷми 325 сањифа аз чоп баровард. Аз вижагињои ин китоб он аст, ки мутарљим ҳар ќофияро дар њар байт бино бар намунаи тоҷикии он њифз кунад, ки бешак ин кор барои ӯ тарљумаро сахт ва душвор кардааст[10,18].
Мавлоно, ки сафари дарозтарини худро дар Шом (Сурияи имрӯза) гузаронидааст ва дар он љо ба тањсил пардохтааст, дар назди донишмандони беҳтарини он диёр таълим гирифтаву ба лањљаи суриягӣ хуб ошноӣ доштааст. Имрўз бошад муњаќќиќони суриягї барои пажўњиши осори сӯфиёнаи Мавлонои мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Мақолаи мо перомуни яке аз мавлонопажӯҳони муосири кишвари Шом, ки чандин аср сарзамини илму маърифат ва дорои китобхонаҳои машҳури дунё будааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз адабиётшиносони номвари кишвари Сурия мебошад. Ӯ соли 1950 дар яке аз деҳаҳои устони Раққаи Сурия ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1972 ба бахши забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб дохил шуда, баъди хатми он ба Донишгоҳи Теҳрон пайваст. Пас аз ин ӯ дар Маркази мутолаоти илмӣ ба гуруҳи забони арабии Донишгоҳи Ҳалаб (Диросот ул-улйа фи луғати-л-арабиййати ва адабиҳо мин қисми-л- луғати-л-ъарабиййати ва адабиҳо) шомил гардида, риштаи магистратураро хатм кардааст. Дар давраи таҳсили бакалавриат бошад дар мавзӯи “Пайвандҳои адабӣ миёни эрониён ва арабҳо” корҳои илмӣ анҷом додааст. Тахассуси адабии Алӣ ал-Окуб бештар дар заминаҳои ирфон, нақди адабӣ ва балоғати арабӣ аст. Аз ҷумла ирфон яке аз дилмашғулиҳои доимии ӯ буда, бахши асосии таълифоти ин донишманд тарҷумаи осори ирфонии тоҷику форс ба забони арабӣ мебошад.
Доктор Исо Алӣ ал-Окуб аз байни шоирони тољику форс ба осори Мавлоно бештар таваљљуњ намуда, чандин китоб дар бораи Мавлоно ва осори ў тарљума карда ва фикру андешаи Мавлоноро ба хонандагони арабизабон муаррифї намудааст. Чуноне, ки худи ӯ мегӯяд, “вақте забони англисиро фаро гирифтам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки ғарбиҳо сахт маҷзуби Мавлоно ҳастанд ва ӯро меситоянд. Пас осори аллома Муҳаммад Иқболро ба забони арабӣ хондам. Бо хондани осори Иқбол сахт шод шудам, ва дарёфтам, ки ӯ бо шефтагии хосе аз Ҷалолуддини Румӣ ёд мекунад. Аз ин замон буд, ки ба Мавлоно гароиш пайдо кардам. Ва талош кардам, осореро, ки ба забони арабӣ дар бораи ӯ навишта шудааст, бихонам. Дар ҳақиқат бояд гӯям ки ман дар ҷустуҷӯи чизе будам ва оқибат онро ёфтам. Гӯё ки ман қалбамро дар “Маснавӣ ёфтам”. Устод ал-Окуб байти зерини Саъдиро иқтибос намуда
Ба дарё дар манофеъ бешумор аст,
Агар хоҳӣ саломат, бар канор аст.
Сипас мегӯяд: “....ман натавонистам канори ин соҳил биистам, бо ин ки васоили шино карданро низ надоштам. Аз он замон зиндагии ман аз ҷанбаҳои маънавӣ ҳақиқатан тағйир кард.....” [1,20-27].
Исо Алӣ аз ҷумлаи олимест, ки дар асри њозир ба фарњанги тоҷикӣ ва форсї хидмати бисёре карда, барои шиносонидани ин фарњанг ва таъсири он ба аҳли илму адабу фарњанги арабї тањќиќоти арзишманде анљом додааст. «Та’сир ал-њикам ал-форсия фил-адаб ал-’араби ал-му’асир фил-аср ил-’аббаси-л-аввал» аз љумлаи ин гуна тањќиќоти ўст, ки бо номи «Таъсири панди порсї бар адаби араб» ба ќалами Абдуллоњ Шарифи Хуљаста ба форсї тарљума ва бо сармояи ширкати Интишороти илмї ва фарњангї дар соли 1996 мунташир шуда ва дар дастраси хонандагон ќарор ёфтааст[6,20-27].
Пажӯҳишгари суриягӣ перомуни муқоисаи адабиёти тоҷику форс ва адабиёти араб андешаронӣ намуда, адабиёти тоҷику форсро аз адабиёти араб бартар медонад ва дилбастагиву шефтаи адабиёти тоҷику форс гардидани худро аз маънии шеъри бикри Мавлоно медонад.
Бояд зикр намоем, ки аксари тарҷумаҳои асарҳои Мавлоно анҷомдодаи Алӣ ал-Окуб аз забони англисӣ мебошад. Нахустин тарҷумаи ӯ “Яду-ш-шеър” ном дорад. Ин китоб дар асл шаш суханронӣ аст, ки суфии машҳури ҳиндӣ Иноятхон дар соли 1923 дар Амрико эҷод кардааст. Ин суфии ҳиндӣ ба таври шигифтангез дӯстдори ирфон буда ва сулуку зиндагии илмии ӯ баёнкунандаи ин амр будааст. Суханрониҳо дар китоби ин суфӣ дар бораи Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз, Хайём ва Саъдӣ мебошанд ва ба қавли Исо ал-Окуб баъдҳо бахши Хайёми ин китоб бо сабабҳои номуайян аз байн рафтааст. Шоир ва мутарҷими амрикоӣ, ки Колиман Брайян Баркс (1937)сахт шефтаи ирфону тасаввуф ва ашъори Мавлоно гаштааст, панҷ суханронии боқимондаро (Саноӣ, Аттор, Мавлоно, Ҳофиз ва Саъдӣ)-ро гирдоварӣ карда ва бар он муқаддима навишта, бо шарҳи ҳоли ин шоирон чоп кардааст. “Ӯ агарчи забони форсӣ намедонад, вале ба хотири бознависии ашъори Мавлоно бар асоси дигар тарҷумаҳои англисӣ шинохта шудааст”[9].
Исо ал-Окуб китоби дигаре низ дар бораи Мавлоно зери унвони “Ҷалолуддин ар-Румӣ ва-т-тасаввуф” навиштааст, ки онро бонуи шарқшиноси фаронсавӣ Ева де Витрай Мееровитч (1909 –1999) [7] тарҷума намудааст. Ин шарқшиноси рустабори фаронсавӣ, ки дар натиҷаи мутолааи кутуби тасаввуфи исломӣ дини исломро қабул кардааст, сахт шефтаи Мавлоно буд. Ин китобро, ки дар Амрико ба англисӣ тарҷума шуда буд, устод Алӣ ал-Окуб ба арабӣ тарҷума мекунад. Устод ал-Акуб оид ба ин китоб чунин мегӯяд: “Нависандаи ин китоб сахт таҳти таъсири Мавлоно буда, ҳар касе, ки ин китобро мехонад, аз шиддати таъсири он мегиряд” [2,20-27].
Муҳаққиқи араб китоби дигаре, ки ба шарқшиноси олмонӣ Анне Мери Шиммел (тав. 7 апрели 1922 – ваф. 26 январи 2003) тааллуқ дорад ва он тарҷумаи “Гузидаи Девони Шамс” аст, асли англисии онро бо тарҷумаи форсии он муқобала карда аз англисӣ ба арабӣ тарҷума намудааст. Ӯ мегӯяд, ки “... ин кор дар тарҷумаи он ба забони арабӣ кӯмак кард ва ба Мавлоно бештар наздик шудам” [2,20-27]. Инчунин китоби “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоноро, ки муҳаққиқ ва мутарҷими англис Артур Ҷон Арберри (тав. 12 майи 1905- ваф. 2 октябри 1969), ки асли форсии он низ ба кӯшиши Бадеъуззамони Фурӯзонфар таҳия гардидааст, доктор Исо Алӣ ал-Окуб ба забони арабӣ тарҷума намудааст ва тарҷумаи ин китобро интишороти “Дору-л-фикр”-и Димишқ нашр кардааст. Мавлоношиноси суриягӣ баъди тарҷумаи асари фалсафии “Фиҳи мо фиҳи”, “Куллиёти Шамс”-ро, ки низ бо таҳияи Бадеъуззамони Фурӯзонфар рӯи чоп омадааст ва тарҷумаи англисии онро дастрас намуда, дар асоси он “Мухтороти Девони Шамс” (“Гузидаи Девони Шамс”) - ро тарҷума намудааст, ки бо номи “Йаду-л-ишқ” (“Дасти ишқ”) нашр шуд.
Тарҷумаи китоби “Маҷолиси сабъа”-и Мавлоно яке аз хидматҳои шоистаи дигари ин донишманди суриягӣ мебошад. Ин асарро ӯ аз форсӣ ба арабӣ тарҷума намудааст ва дигаре аз корҳои ӯ тарҷумаи рубоиёти Мавлоно аст.
Яке аз омилҳои ба адабиёти тоҷику-форс таваҷҷуҳ намудани доктор Исо Алӣ ал-Окуб ин таъсири адабиёти бостонии мо ба адабиёти араб мебошад, ки дар асрҳои VIII-X ба арабҳо гузаштааст. Дар ин замина ин донишманди суриягӣ асари арзишманде зери унвони “Таъсир ал-ҳикам ал-форсият фи-л-адаби-л-араби фи-л-асри-л-Аббоси ал-аввал” (“Таъсири андарзҳои форсӣ ба адабиёти арабӣ дар замони Аббосиёни аввал”) таълиф намудааст. Ғайр аз ин асар, чандин асарҳои дигаре дар ҳавзаи адабии арабӣ навишта шудаанд, ки ба ҳамин масъала рабт доранд. Ин муҳаққиқ бо як ибораи аҷибе аз Ҷоҳиз таъсири адабиёти моро ба адабиёти арабӣ баён медорад: “Давлати Бани Умайя – давлати арабӣ аст ва давлати Бани Аббос хуросонӣ”. Ӯ сохтори ҷомеаи он замонро арабӣ-хуросонӣ медонад[2,24]. Аз нигоҳи ин донишманд фарҳанги исломиро на фақат арабҳо ба вуҷуд оварданд, балки нақши донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳангу адаби арабӣ-исломӣ беназир аст. Ӯ мегӯяд, ки “... касоне, ки фарҳанги исломиро ба вуҷуд оварданд, фақат араб ва фақат ҳам эронӣ набуданд. Балки онҳо гурӯҳе аз мардум буданд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба оини ислом даромаданд ва ҳар як аз онҳо ба андозаи хеш ба ин фарҳанг хидмат карданд. Аммо хуросониён ба сабаби наздикии бештар ба дини ислом дар ин амр нақши босазое доштанд ва нишонаҳои ошкоре аз эшон дар ин заминаҳо вуҷуд дорад” [2,24]. Барои њамин њам яке аз шарќшиносони машњури рус И.Ю. Крачковский бењуда нагуфтааст, ки “....дар рушду такомули фарњанг ва адабиёти араб натанњо арабњо, балки як ќатор халќу миллатњои дигар низ сањм гузоштаанд”.
Дар китоби «Таъсир ал-ҳикам ал-форсия фил-адаб ал-а’раби ал-му’асир фил-аср ал-’ Аббаси ал-аввал» омадааст, ки Ҷоҳиз мегӯяд,: Абдуллоҳ ибни Тоҳир номаеро чунин имзо карда аст: “Ман саъо раъа ва ман лазума ал-манома раъа-л-аҳлом”. Ӯ мегӯяд, ки Абдуллоҳ ибни Тоҳир ин матлабро аз Анушервон гуфтааст. Анушервон мегӯяд: “Ҳар ки равад, чарад ва ҳар ки хусбад, хоб бинад”. Омӯзаи Абунувос ҳамчунин будааст, ки бо тамсил ба сухани Кисро мегӯяд: “Мин фураси-л-лисси заҷҷати с-суқи” яъне: “Дӯзд бозори ошуфта мехоҳад” [2,25]. Саросари ин асар аз ҳикмату масалҳои тоҷикӣ-форсӣ иборат буда, тарзи асарпазирии аъроб аз ин панду андарзҳои гузаштагони моро бозгӯ месозад. Аз таҳқиқоти Исо Алӣ ал-Окуб бармеояд, ки дар асрҳои пешина нависандаҳои араб дар осори худ аз панду андарзҳои тоҷикӣ-форсӣ зиёд истифода кардаанд, вале сарчашмаи истифодакардаи худро дар асарҳояшон намеоварданд, вале дар ҷои дигар муҳаққиқ бархе аз ин мазоминро ҳамчун муштаракоти инсонӣ миёни халқҳои тоҷику форс ва аъроб эътироф менамояд.
Чуноне ки пештар қайд кардем, доктор Исо Алӣ ал-Окуб бештар ба ирфон дилбастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ирфон бо сиришти ман созгор аст ва гӯё ӯ барои ҳамин офарида шуда бошад. Ӯ ҳикоятҳои манзуме, ки аз ҷониби шоирону мутафаккирони тоҷику форс, аз қабили Мавлоно, Ҷомӣ, Аттор, Саноӣ ва дигарон суруда шудаанд, ин гуна шеърро унсури асосӣ ва сифати мушаххаси шеъри тоҷикӣ-форсӣ медонад, ки маънавиётро бо ҳикоёт баён ва мунтақил мекунанд ва аз таъсиргузортарин шеваҳои тарбияти инсон мешуморад. Ба назари ӯ, Мавлоно ҳар фикрро бо достон баён мекунад, зеро мехоҳад ба мо биомӯзад. Дар забони арабӣ “сӯфӣ” аз “соф” гирифта шуда ва “сафо” ба маънии ихлос ва поксозии нафс аст. Мавлоно дар “Маснавӣ” достони “Чиниҳо ва румиҳо”-ро меоварад. Онҳо ба ҳунари наққошии хеш ифтихор мекарданд, то ин ки эшон назди яке аз мулук омаданд ва хостанд, ки ӯ маҳорати эшонро дар нигоргарӣ биёзмояд. Он подшоҳ ба ҳар як аз чиниҳо ва румиҳо хонае рӯ ба рӯи ҳам дод, то нигораҳои хешро ба ӯ нишон диҳанд. Бо рангомезии деворҳо зеботарин тасвирҳои хешро офариданд. Румиён бо худ гуфтанд, ки эшон аз мо маҳорати бештаре доранд ва мо ҳамсанги эшон нестем, бояд ки деворҳои хонаи худро ба некӣ сайқал диҳем. Ҳангоме, ки подшоҳ омад сахт маҷзуби нигораҳои чиниҳо шуд. Румиҳо парда аз хонаи хеш ва хонаи чиниҳо бар гирифтанд. Ҳуҷраи чиниҳо бар деворҳои сайқалии румиҳо бо зебоии ҳарчи тамомтар медурахшид....... [3,171-173] .......Ин маънии ирфонӣ як маънии муҷаррад аст, мегӯяд муҳаққиқи суриягӣ. Ҳангоме, ки Мавлоно онро дар ин қисса нақл мекунад, ин достон дар хотираи ҳамаи мо мемонад, чаро ки ҷанбаҳое аз зебоӣ ва ҷамолро дар бар дорад. Акнун агар арзи мо аз зебоӣ, зебоии адабӣ ё зебоӣ ба мафҳуми куллӣ он бошад метавонем бигӯем, ҳар он чи бо сиришти одамӣ созгор ва мувофиқ бошад, зебо аст. Ҳар адабиёте, ки имконоти таъсиргузориҳоро дошта бошад, он адабиёт зеботар аст, мегӯяд доктор Исо Алӣ ал-Окуб[6].
Нуктаи бисёр аҷибро дар ин мақола баён намудан айни муддаост, ки муҳаққиқи суриягӣ перомуни масоили инсонӣ ва афзалияти адабиёти Шарқ аз адабиёти Ғарб андешаронӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Ман мехоҳам масъалаеро баррасӣ намоям, ки ин мавзӯъ ба фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ марбут мешавад, ки ман сахт шефтаи он ҳастам. Ман аз адабиёти ғарбӣ бо тарҷумаи ҳашт китоб аз забони англисӣ ба арабӣ таҷрибаи зиёде дорам. Аз ҷумла “Ал-Хаёл ар-рамзӣ” (“Достонҳои рамзӣ”), “ар-Румонсият-ул-аврубия биақломи аъломиҳо” (“Таълифоти ошиқонаҳои донишмандони аврупоӣ”), “ан-Назарийят-ул-адабия фи-л-қарн-ил-ишрин” (“Назарияҳои адабӣ дар қарни бистум”), “Луғату-ш-шуъаро” (“Забони шоирон”) ва “Қазойо ан-нақд” (“Нақди адабӣ”). Ман дар ин таҷрибаи хеш ба ин натиҷа расидам, ки ғарбиҳо суди чандоне барои мо надоштаанд. Он чи мо дорем, басе зеботар аст аз он ҳастанд, ки онҳо доранд. Ман дар оғоз тасаввур мекардам, ки вақте бо афкори ғарбиҳо ба чизҳои арзишманде даст меёбем, мағлуби Ғарб ва ғарбиҳо мешавем. Аммо ман масоили инсониро назди шарқиён ёфтам. Он чи дар ин заминаҳо дорем, хеле бештар аз он чизҳоест, ки ғарбиҳо доранд” [2,27].
Ӯ ҷои дигар мегӯяд: «Сухан дар ҷони мардумони Машриқзамин таъсири вижа дорад. Гоҳ сухане пардаҳои замон ва маконро дарменавардад, барои ҳамеша дар тору пуди ҷони онон танин андохта ва асари худро ҳамчунон бар рафторашон мегузорад. Он гоҳ ки битавон чунин вазъеро шомили дигар милали Шарқ донист, камтарин тардиде барои пажӯҳишгар намемонад, ки эрониёни бостонро дар ин бора, беҳтарин намунаи рӯҳи Шарқ бишуморад. Рӯҳе, ки ба суханони ҳикматомез ва пандҳову масалҳо бовар дорад»[9]. Вақте мушикофона ба гуфтаҳои ин пажӯҳишгар андеша намоед, дар ҳақиқат гуфтаҳои ӯ айни муддаост. Чун таълифоти мутафаккирон ва шоирону орифони моро дар кишварҳои Ғарб ба хубӣ пазироӣ мекунанд, ки ин аз бузургии маънии бикру таъсирбахшу инсондӯстонаи осори мутафаккирони мо шаҳодат медиҳад. Масалан, дар ҷаҳони Ғарб, китоби “Маснавии маънавӣ” аз серхаридортарин ва серхонандатарин асар шумурда шудааст, ки ин далели гуфтаҳои доктор Исо Алӣ ал-Окуб шуда метавонад.
Дар китоби “Таъсири панди порсӣ бар адаби арабӣ: Пажӯҳише дар адабиёти татбиқӣ” омадааст, ки “метавонем бигӯем, нахустин ҳакиме, ки Шарқ ӯро мешинохт, Зардушт аст, ки ба ҷону тан ва ба дасту забон эронӣ аст. Китобаш “Авесто” мояи ифтихори натанҳо эрониён, балки ҳамаи милали Шарқ аст. Ӯ тавонист тайи муддати начандон кӯтоҳ миллати пароканда ва нерӯи аз каф додаро перомуни худ гирд оварад ва ба сӯи зиндагии пурқудрат ва ҳукумат роҳ ниҳад”. Ва инчунин омадааст, ки “Ардашери Бобакон ба тезбинии худ дарёфт, ки баъд аз таъсири вайронгари ҷангҳо ва душманиҳо барои сомон ёфтан аз ҳамгусехтагии миллат ва тармими парокандагиҳои мардум бозгашт ба “Оини Зардушт” зарурӣ аст” ва мисоли ҷолиби дигар низ чунин омадааст, ки: “Бисёр шигифтовар аст, ки халифа Умар ибни Хаттоб дар бораи зардуштиён гуфтааст: “Бо онон ҳамчунон рафтор кунед, ки бо аҳли китоб” ва аз он шигифтангезтар ин ки пайравони Зардушт корвони тамаддуни исломиро дар даврони Аббосиён ҳамроҳӣ карданд. Коре, ки танҳо аз уҳдаи афроштақоматони сарафроз сохта буд”[4,32].
Хулоса... Омӯзиши адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва тамаддуни куҳани халқи тоҷик аз ҷумла Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби як пажӯҳишгари араб идома хоҳад кард. Бояд ёдовар шуд, ки шоирону мутафаккирони мо аз адабиёти араб бисёр таъсир пазируфтаанд ва ин асарпазирӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ба андозае таҳқиқу баррасӣ гардидаанд. Вале як масъалаи муҳимме, ки имрӯз бояд мавриди омӯзиш қарор бигирад, ин таҳқиқу омӯзиши осори шоирону мутафаккирони тоҷик аз ҷониби пажӯҳишгарони араб мебошад. Умедворем, ки арабшиносон ва шарқшиносон ба ин масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва шинохти нобиғагону мутафаккирони халқамонро, ки муҳақиқони араб пажӯҳиш намудаанд ва таъсири каломи бадеъи тоҷикиро дар забону адабиёташон дарёфтаанд мавриди омӯзишу таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд.
Зиёев Субҳиддин Насриевич
номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт: