ШӮҲРАТИ ОСОРИ МАВЛАВӢ ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ДАР ПАЖӮҲИШҲОИ КИШВАРҲОИ АВРУПО

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

         Ҷалолуддини Румӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷику форс буда, дар эҷоди суханварӣ дар дунёи Аврупо ҳамчун “пайғамбари  беҳамтои кишвари ишќу зебоӣ” шинохта шудааст. Маснади ин суханофарини базми ишќ ба дараҷаи воло ва шўри каломи ҷонофаринаш он ќадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзў ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои ќалами сеҳрнигори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шуҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои руҳонии тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидааст. Омўзиши осори Мавлавии Балхиро дар Аврупо асосан дар охирҳои ќарни XVIII оғоз кардаанд. Пажуҳишгарони олмонизабони Аврупо Ҳаммер фон Пургштал, Фридрих Рюккерт, Ёҳан Волфганг фон Ҳёте, Теодор Нёлдеке, Карл Брокелманн ва махсусан Анна Мари Шиммел саҳми зиёде дар шинохти осори Мавлавӣ дар Аврупо ва дар мутолиаи ислом ва тарҷумаи китоби  муќаддаси “Ќуръон” ба забонҳои аврупоӣ гузош­таанд.

         Дар китоби хеш “Девони ғарбию - шарќӣ” Гёте сатрҳои Балхиро иќтибос меорад:  “Ту дар он дунё хостгори сулҳу оштӣ мебошӣ. Аммо ин ҷаҳон мисли хоб мегузарад. Ту хоҳони он ҳастӣ, ки сайри ҷаҳон кунӣ ва ҷойҳои ҷолибро бубинӣ. Лекин таќдир ба пиёда шудани ормонҳои ту иҷоза намедиҳад. Ту таҳаммули сардию гармиро надорӣ. Гулҳое, ки ту саъй мекунӣ аз накҳати онҳо лаззат бибарӣ, зуд хазон мешаванд”.

         Дар ҷойи дигар Гёте ибрози аќида мекунад, ки “инсонҳо ҳастии табиати хешро хуб медонанд ва дарк мекунанд, ки Шарќу Ғарб ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан номумкин аст”.

         Ваќте ки сухан роҷеъ ба шинохти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни мусташриќини Аврупо меравад, яке аз аввалинҳо шуда, ўро олим, дипломати маъруфи утришӣ (Австрия) собиќ нахустпрезиденти Академияи илмҳои Австрия Йозеф Ҳаммер фон Пургштал ба ҷаҳони Аврупо шиносондааст.

         Ногуфта намонад, Йозеф Ҳаммер фон Пургштал муаллифи “Таърихи адабиёти форс” (1818) мебошад. Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар асари номбурда Мавлонои Балхиро “ҳамчун шоири шаҳири аҳли тасаввуф дар Шарќу Ғарб” номида, “Маснавии маънавиро” дар ҳашт ҷилд пурра чоп кардааст. Мутаассифона тавассути сўхтор дар шаҳраки Бейоғлу аз ин тарҷумаҳо фаќат пораҳо мондаасту халос.

         Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар китоби хеш “Таърихи адабиёти форс” ќайд мекунад, ки китоби “Маснавии маънавӣ”-ро бояд ҳар як суфӣ аз халиҷи Ганг то халиҷи Босфор ҳатмӣ мутолиа карда бошад.

Фридрих Рюккерт, соли 1819 ќасидаҳои Балхиро ба олмонӣ тарҷума кардааст. Ф. Рюккерт бори нахуст ба адабиёти олмонизабони Аврупо жанри ғазалро ҷорӣ намуд. Ў баъд аз мутолиа “Маснавии маънавӣ” ва Девони Кабир Румиро бениҳоят дўст дошт. Ба муҳаббати том ў чиҳилу чор ќасидаи Румиро тарҷума карда, ўро ба хонандагон ҳамчун “Марсия” пешниҳод намуд.

         Ф. Рюккерт он ќадар мафтуни эҷоди Мавлавӣ шуда буд, ки баъдан тарҷумаи “Девони Кабир”-ро ба унвонии “Гулҳои Шарќ” рўйи чоп овард. Асари Ф. Рюккерт хело олӣ буд, чунки худи ў шоир буда, бо нозукиҳои назми шарќӣ ошноӣдошт, ғазалҳоро бо фаҳмишу дарки том ба анҷом расонид ва тарҷумааш хело шоирона ва орифона буд. Ў ваќте “Девони Кабир”-ро тарҷума кард, ибрози аќида намуд, ки аз ин китоб “Наќҳати гул” меояд ва китоби хешро “Гулҳои шарќ” номид.

         Райнҳолд Николсон “Маснавии маънавӣ”-ро солҳои 1925 -1937 ба забони инглисӣ тарҷума карда онро дар 8 ҷилд тафсир намудааст. Инчунин, донишманди фаронсавӣ Ева ду Витрей Мейерович (1909-2001) китоби ба унвонии “Румӣ ва суфизм” рўйи чоп овардааст. Баъдан ховаршиноси шинохтаи олмонӣ Розенсвейг-Шванау тарҷумаи ғазалҳои Мавлоноро ба анҷом мерасонад, азбаски муаллиф руҳи шоирӣ надошт, мазмунаш камтар коҳиш ёфта буд. Ќобили зикр аст, устоди забонҳои шарќии Донишгоҳи Кембриҷи Инглистон Ҷорҷ Арберри китоби Мавлоно “Фиҳи мо Фиҳи” ва чанд масале аз “Маснавии маънавӣ” тарҷума кардааст. Эшон пеш аз фавташ ба яке аз дўстонаш мегўяд, ки “Ман умри боќимондаи хешро барои омўхтани асарҳои Балхӣ мебахшам”, чунки аз осори Мавлавӣ кас шифо ва оромиш пайдо мекунад, аз бадбахтиҳои замона раҳоӣ меёбад.

         Ногуфта намонад, ки яке аз шоирони олмонизабони Аврупо Ханс Майнеке (ваф. 1974) баъд аз мутолиаи асарҳои Мавлонои Балхӣ ошиќи ишќи илоҳии ў шуда, тамоми назми хешро ба ў бахшидааст. Ў махсус сафари Куния карда, мазори эшонро зиёрат намудааст. Дар дунёи инглисзабон, Ипполит Тэн (1828-1893) муаллифи китоби чорҷилдаи “Таърихи адабиёти инглис”, дар китобаш аз Мавлавии Рум иќтибоси зиёде овардааст.

         Суфишиноси дигари инглис Э.Х. Палмер, маҷмуи мунтахаби Румиро ба унвонии “Суруди най” рўйи чоп овард. Ин китоб на фаќат барои Британия, балки ба тамоми хонандагони инглисзабони Аврупо муҳим ва дастрас буд.Дар охири китоб тавзеҳот дода шуда буд. Хидмати бузурги ховаршиноси фаронсавӣ Кло Юарро бояд махсус ќайд кард. Ў ба забони фаронсавӣ соли 1897 асареро бо номи “Дарвешони чархгардон” рўйи чоп овард. Ин китоб барои фаронсавиҳо аз хонотарин китоб ба ҳисоб мерафт. 

         Тахайюлоти баланди руҳии Мавлавӣ, шеъри ў, ҷаҳони маънавиаш  А.М. Шиммеллро ба самти пажуҳиши ҳаёт ва фаъолият ин шахси бузург равона намуд. Китоб аз се боб иборат аст: «Хаёлбандии Мавлавӣ», «Илоҳиёти Мавла­вӣ», «Нуфузи Ҷалолуддини Мавлавӣ ба Шарќ ва Ғарб».

         Дар ин рисола А. М. Шиммел пешрафтҳои наверо барои инкишофи минбаъдаи исломшиносони олмонизабон ва шарќшиносони Аврупо ба миён овард, ки аз воќеияти муосир дарак медиҳанд. Омўзиш тўли солҳои зиёд дар кишварҳои Шарќ идома ёфта, ба самти маънавиёти мукаммали Мавлавӣ равона шуда буд.  Ҳамсуҳбатони вай баъзан дарвешон ва диндороне буданд, ки дар руҳияи фалсафаи устодони бузургашон тарбият ёфта буданд. А.М. Шиммел ҳамчунин маќбараи Мавлои Балхиро зиёрат намудааст. Вай бо эҷодиёти Балхӣ аз ќабили «Маснавӣ», «Девони Кабир», «Фиҳи мо фиҳӣ» хело хуб ошно буд. Дар асоси дигар маъхазҳои боэътимод, таҳќиќоти ҳамаҷонибаи олимони Шарќ ва Ғарб, дигар олимони пешин ва муосир  тавонистааст, ки китоби хешро иншо намояд ва аз ҷониби олимони шарќшинос ва пажуҳишгарони ҷараёни суфия баҳои баланд гирад. А.М. Шиммел ғазалиёти Мавлоноро он чунон бо самимият аз забони форсӣ ба забони олмонӣ тарҷума намудааст, ки тавассути ин тарҷумаҳо метавон тавассути ҷаҳонбинии Балхӣ ба осонӣ аќида пайдо кард. Китоби «Фиҳи мо фиҳи»-ро бо забони англисӣ баргардон кардааст. Яке аз бобҳои ин китоб – «Тахайюлоти Мавлавӣ» намунаи шеърҳои хаёломезро бо тасвири аҷоиб дар бар гирифтааст. Боби мазкур аз 15 фасл иборат аст, ки ҳар кадоме аз номҳо ба як мавзўъ ва ҳолати руҳии шоир бахшида шудаанд: «Орзуи Офтоб», «Хаёлоти обҳо», «Оинаи орзуи боғ», «Орзумандӣ аз номи ҳайвонот», «Кўдакон дар тахайюлоти Мавлоно», «Орзуҳо дар ҳаёти ҳаррўза», «Орзуҳо доир ба хўрокҳо дар ашъори Мавлоно», «Хаёлпарастӣ оид ба бемориҳо»,   «Афзоиши инсонҳои бузург», «Хаёл­парастӣ доир ба Ќуръон», «Хаёлпарастӣ аз таърих ва ҷуғрофия», «Хаёлпарастӣ аз таърихи суфия», «Ишќ, мусиќӣ ва само».

         Бояд тазаккур дод, ки осори Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ дунёи нави Аврупоро ба такон овардаву, назарияи таҳаммулпазириро, ки мислаш на дар Ғарб на дар Шарќ будаву, тараннумгари ишќи зебоӣ ва сулҳу оштӣ будаву, барои ў яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон яксон будаву инсонро бузургтарин мўъҷизаи офариниш шуморида, маҳбуби ҷаҳониён шудааст.

         Аҳсан, ба хидмати ховаршиносон, донишмандон, файласуфон, аз ҷумла Ёҳан Волфганг фон Гёте, Эммануел Кант, Ҳаммер Пургштал, Фридрих Рюккерт, Анна Мари Шиммел, Ива ду Витрей, Райнҳолд Николсон, Ҷорҷ Арберрӣ, Эдвард Палмер ва дигарон дар мусташриќини Аврупо дар шинохти Мавлавии Ҷалолуддини Румӣ наќши беназир гузоштаанд. Мавлавии Рум аз хонотарин муаллифон дар Аврупо ва Амрико ба шумор меравад. Чунки аз ғазали ў накҳати гул меояд ва ҷаҳони Аврупоро бо осори дилфиребаш ҳамчун тараннумгари ишќи илоҳӣ, инсондўстиаш, адолатпарвариаш муаттар ва мутаҳаййир сохтааст.

 

Воҳидова Санавбарбону

доктори илмҳои таърих, профессор

мудири шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

БОЗГАШТ