АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шабеҳияти оинҳои наврӯзӣ дар кишварҳои Аврупо

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

Шабеҳияти оинҳои наврӯзӣ дар кишварҳои Аврупо

Барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки баъзе нишонаҳо ва оинҳои хосе дар фарҳангу боварҳои мардуми мухталифи дунё пеш аз байналмилалӣ гаштани Наврӯз низ вуҷуд дошт, ки қаробатҳои хеле наздике ба анъанаҳои баргузории ин ҷашнро доранд, хосатан ба урфу одатҳои наврӯзии тоҷиконаи мо. Дар ин замина, намунаи ҷашни идҳои баҳорӣ дар кишварҳои Арупоро метавон қайд кард. Гарчанде ки ин анъанаҳо бо номҳои мухталиф ва хоси забону боварҳои мардуми минтақаи фавқузикр бошанд ҳам, аммо раванди баргузории онҳо ба ҷараёни гузарондани оинҳои Нарӯзӣ дар кишвари мо қариб ҳамнавохт ҳастанд. Мардуми Аврупо дар тӯли қарнҳо ҷашнҳои баҳориро такмил дода, дар пайвастагӣ бо расму оин ва анъанаҳои худашон таҷлил менамоянд. Яке аз фаслҳое, ки фарорасиаш ҷашнҳои зиёдеро бо худ меорад, фасли баҳор мебошад. Аз таҳлилҳо маълум мегардад, ки таҷлили анъанаҳои фасли баҳор дар кишварҳои аврупоӣ ва ҷаҳон нисбат ба дигар фаслҳо зиёдтар ба назар мерасанд. Анъанаҳои шабеҳ ба оинҳои наврӯзии аҷдодону гузаштагони халқи тоҷик, ки таърихи ҳазорсола ва фарҳанги бой доранд, таъсиргузории амиқе дар таъриху фарҳанги мардумони дунёро дорад ва баъзе аломатҳову назири онҳо дар кишварҳои Аврупо низ ба чашм мерасад. Аз мушоҳида маълум мегардад, ки иддае аз оинҳои идҳои баҳорӣ дар кишварҳои Аврупо, ҳато хусусияти сирф наврӯзиеро, ки мардуми мо онро ҳангоми фарорасии ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом медиҳанд, дар худ инъикос мекунанд. Маъмултарин анъанаҳое, ки дар кишварҳои Аврупоие амсоли Итолиё, Фаронса, Олмон, Австрия, Швейтсария, Ҳолланд, Австралия, Зеландияи Нав амалӣ мешаванд, ин оташ афрӯхтан ва аз болои он ҷаҳидан аст. Бетардид метавон гуфт, ки ин ҷараён, реша дар умқи таърихи куҳан ва эътиқоди пешдодиёни мо, хусусан яке аз нахустин динҳои мардуми ориёнажод- зардуштия дорад. 

Дар аксари ин кишварҳо оинҳои пешвози фасли баҳор аз рӯзҳои нахустини он оғоз меёбанд. Масалан, рӯзҳои аввали моҳи март, дар Италия, одатан бо ҷашни фароғатии Сан Джузеппе (Сент Ҷозеф) мепардозанд. Дар бисёр ҷойҳо дар ин рӯз оташдонҳои зиёд, ки ба моҳи март хос ҳастанд, барафрӯхта мешаванд. Махсусан, дар кишвари Итолиё анъанаҳои фасли баҳор бисёр боҳашамат гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим мардуми сарватманди итолиёвӣ дар ин рӯз барои мардуми камбизоат кӯмак мерасонанд. Одатан онҳо ба назди пиронсолон, барҷомондагон, бенавоён ва кӯдакон барои аёдат ва ҳолпурсӣ мераванд. Дар рӯзи дар Италия ҳамагон либоси хосаи идона ба бар мекунанд, ки ин нишонаи воқеии ҷашнгирии анъанаҳои Наврӯзии тоҷикон мебошад.

Сан Джузеппе дар Италия хеле маъруф аст. Ғайр аз камбизоатон ва ятимон, ӯ инчунин шарикон ва духтарони оиладорро, ки гӯё вай дар ёфтани шавҳар кӯмак мекунад, сарпарастӣ мекунад. То имрӯз шуъбаҳои Ҷузеппе низ вуҷуд доранд ва дар санаи 19 март онҳо дар хиёбонҳои бисёре дар Италия баромада, фавран кулчақандҳои (zepple) анъанавӣ монанди донаҳои шаклдор пухта омода месозанд. Бояд зикр кард, ки ин кулчақандҳоро дар хиёбонҳо ба ҳамагон бе пул тақсим менамоянд, ки ин худ яке аз нишонаҳои наврӯзӣ ба шумор меравад.

Дар Фаронсаи католикӣ ҷашни якуми фарорасии баҳор санаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун “Рӯзи шамъ” таҷлил мешавад. Мисли дигар кишварҳои Аврупо, дар Фаронса низ ба ин муносибат маросими поксозӣ ташкил карда шуда, ин маросимҳо махсусан дар қарнҳои миёна бо тантана ҷашн гирифта мешуданд. Сарзамини зебоманзар ва кишвари тамаддунофари Фаронса барои аҳли башар ошносту тӯли садсолаҳо ба доштани фарҳанги бою ғанӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ин кишвар низ ҳамасола анъанаҳои пешвози фасли баҳор бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.

Агар дар муқоиса бо кишварамон Тоҷикистон таҷлили анъанаҳои наврӯзиро дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор диҳем, метавон чанд ҷашнҳоро номбар кард, ки ба айёми анъанаҳои наврӯзӣ рост меоянду ҳамзамон бо таҷлили ҷашнҳои бузурги Наврӯз наздикӣ доранд. Қобили қайд аст, ки дар Фаронса 8 - уми март ҳамчун “Рӯзи модарон” ё “Рӯзи бибиҳо” ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни дигаре Франкофония ба ҳисоб меравад, ки ин ҷашн асосан барои донандагони забони фаронсавӣ баргузор мешавад ва ин анъана дар рӯзҳои ҷашнҳои наврӯзӣ дуруст меояд. Албатта, дар Фаронса низ иди 8- мартро ҳамчун иди занон таҷлил менамоянду дар ин рӯз ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд. Дар тӯли таърих фаронсавиҳо расму русум ва урфу одат ва анъанаҳои миллиашонро нигоҳ доштанд. Масалан, шамъҳое, ки дар рӯзи “Чандилак” баракат меоварданд, тамоми сол қариб дар ҳамаи хонадонҳо нигоҳ дошта мешавад. Чунин шамъҳо баъзан дар назди дару тирезаҳо ҳамчун тӯмор (талисман) бо аломати салиб гузошта мешавад ва онҳо гӯё арӯсу домодро баракат медиҳанд. Деҳқонони фаронсавӣ рӯзи шамъро ҳамчун яке аз муҳимтарин анъанаҳои баҳорӣ таҷлил мекарданд, зеро он мувофиқи эътиқодҳо хело муҳим буд. Дар бисёр минтақаҳои Фаронса корҳои кишоварзӣ маҳз дар ин санна оғоз мешаванд.

Баргузории ҷашнҳои баҳорӣ  дар қисмати ҷануби Фаронса хело ҷолиб аст. Дар ин муддат гулҳо мешукуфанд ва онҳо ба як ҷузъи муҳими ҷашн табдил меёбанд. Ҷашнҳои баҳорӣ дар Фаронса махсусан дурахшон ва маъмулӣ аст, ки мувофиқи анъана "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") ном дорад. Дар чунин идҳо тамошобинон дар хиёбонҳо қадам мезананд ё дар вагонҳо савор мешаванду гулдастаҳои зеборо ба ҳамдигар тақдим менамоянд ё гирду атрофро пур аз гул мекунанд. Ин ҷашне аст, ки ҳама ҷо ороста бо гул аст. Маврид ба таъкид аст, ки ҷашни "муборизаи гулҳо" ("комба де флуғ") бо ҷашни Наврӯзи тоҷикон “Сайри гули лола” хеле шабеҳият дорад.

Бузургтарин ҷашни наврӯзӣ барои кишварҳои Олмон, Австрия, Шветсария, Нидерландия ва Белгия ин Карнавал як навъ ҷашнворае ҳаст, ки дар Аврупо мардум бо либосҳои идона ва гулҳои зиёд аспсавор дар хиёбонҳо гашту гузор мекунанд, мебошад. Дар Тоҷикистон шабеҳияти ҷашни Карнавали аврупоӣ бо бузкашӣ ё аспдавонӣ хос буда, ҳатто дар ин рӯзҳо озмунҳо ташкил шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида мешаванд. Аз ҷумла автомобил, яхчол, телевизор ва ғайраҳо.

Дар Олмон бошад, анъанаҳои наврӯзӣ бо тантана қайд карда мешавад. Мардум дар хиёбонҳо сайру гашт мекунанд. Нақлиётро ончунон бо гулҳои зиёди рангоранг оро медиҳанд, ки кас гумон мекунад, ки он аз гул сохта шуда бошад. Дар Олмон ҳангоми ҷашнҳои баҳорӣ мардум ба ҳамдигар тухмҳои рангоранг, кулчақандҳо ва харгӯшчаи зиндаро ҳадя мекунанд, чунки харгӯшча ба назари онҳо ҳайвони ҳалиму меҳрубон буда, тачассумгари хушбахтӣ аст.

Маросими “Ҷаҳидан аз оташ” низ дар кишварҳои Аврупо махсусан дар Олмон анъанаҳои ба худ хос ва маънии гуногунро дорад. Ҷавонон, паси ҳам як ё ду ҷуфт – духтар ва писар, дасти ҳамдигарро гирифта ё баъзе бачаҳо танҳо аз болои оташи сурх меҷаҳанд. Ҷаҳидан аз болои оташ дар он ҷо далолат ба он мекунад, ки ҷавонони ҷуфт ба умеди ҳамон сол издивоҷ кардан ва дигарон бо мақсади халос шудан аз ягон беморӣ ва ғайра онро анҷом медиҳанд. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон низ маросими “Оташпарӣ” то ҳол вуҷӯд дорад, ки дар рӯзҳои наздикшавии ҷашни бузурги ниёгон – Наврӯз анҷом дода мешавад. Мардум дар ҳоле ки аз болои оташ мепаранд, мисраъҳои шеърии “Сурхии рӯятро бидеҳ, Зардии рӯямро бигир”-ро замзама мекунанд.

Дар Олмон ҷавонон ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд, ки ин рамзи асосии ҷашни наврӯзӣ ва зебогиву солимӣ ба ҳисоб меравад. Ба рӯйи хонумонашон об мепошанд, чунки об сарчашмаи зинда мебошад ва онҳо наслҳои солимро ба дунё оранд. Ба дигар маъно, азбаски об неъмати зинда аст, намӣ ва таровати зебогии пӯсти занонро нигоҳ медорад.

Ҳатто дар замонҳои пеш аз масеҳият мардуми Олмон ҷашни бузурги эҳёи офтобро бо қурбонӣ ва зиёфат ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн монанд ба ҷашни румиён буд. Дар натиҷаи робита байни ду фарҳанг як маҷмӯи муайяни маросимҳои ҳафта дар “Панҷак” таъсис дода шуд. Гузашта аз ин, румиён ҷашнгирие бо номи “Ҷаззоб” - (narrenfeest) доранд, ки бо либоспӯшии хоси худ маълум аст ва олмониҳо низ ин ҷашнро аз онҳо гирифтаанд.

Хулоса, аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои Аврупо таҷлили анъанаҳои баҳорӣ ва Наврӯз ба таври гуногун баргузор мегардад, ки бештари онҳо ба анъанаҳои наврӯзии кишвари мо шабеҳият доранд. Анъанаҳои пеш аз наврӯзӣ низ қариб якхел ҷашн гирифта мешаванд. Аз кабудизоркунӣ шурӯъ гардида, то обпошӣ ва аз болои оташ ҷаҳидан анъанаҳои фарҳангӣ ҳастанд, ки дар кишвари мо низ ба таври густурда дар фасли баҳор анҷом дода мешаванд. Чи хеле ки дарк кардед, дар ҳамаи кишварҳои аврупоӣ шабеҳияти Наврӯзи тоҷикона доранд. Инсонҳо дар ҳамаи кишварҳои дунё мисли як дарахти мевадори зебо ҳастанд, ки ҳар сол дар баҳор шукуфон шуда, падидаҳои наврӯзиро ба ҳамаи қитъаҳои олам медиҳад.

БА ҲАМАГОН НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУБОРАК БОШАД!

Санавбарбону Воҳидова

д.и.т., профессор мудири шуъбаи

Аврупо

Мадимарова Гулҳаё н.и.ф

ходими пешбари шуъбаи Аврупо

 

 

БОЗГАШТ