АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шахсияти миллӣ ва шеъри отифӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

 (Муруре иҷмолӣ ба маҷмуаи “Садои хандаи гулҳо”-и шоир ва донишманди фарзонаи миллӣ Назрӣ Асадзода)

         Назрӣ Асадзода солҳост, ки бо талошу ибтикороти бардавоми фардӣ дар ростои шинохти ҳассосиёти замонӣ, боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, талқини ифтихороти қавмӣ, дарки воқеиёти имрӯзӣ ва манофеи миллӣ миёни доираҳои адабӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва мадании кишвар ба унвони шахсияти матраҳ ошност. Аз сӯйи дигар, Назрӣ Асадзода аз ҷумлаи фарҳехтагони миллату ватан аст, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат сари решашиносии мушкилоту муаммоҳои миллию қавмӣ, ки тоҷикро тайи таърих аз рушду пешравӣ ва  таҳаввулу тараққӣ боздоштаанд, тамаркуз карда, бар мабнои ақлу хирад ва донишу мантиқ роҳҳал меҷӯяд ва дар ин замина ҳадафмандона умр мефарсояд. Муҳимтар аз ҳама, мавсуф нақши шеъру адабиёт, илму фалсафа ва фарҳангу маънавиётро дар решашиносоии мушкилоти иҷтимоӣ, бозшиносии уқдаву муаммоҳои равонию ҳувиятӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ҳифзи мероси гаронмояи аҷдодӣ, арзишҳои марзбумӣ ва муаррифии шоиставу боистаи симоҳои бузурги миллӣ калидӣ медонад. Ин аст, ки шеъри отифӣ-лирикии Асадзода низ бо мазмуну муҳтавиёти миллӣ ҳамхонӣ дорад.

         Дар зимн, Назрӣ Асадзода ҳанӯз аз овони талабагӣ ва дертар, замони  донишҷӯйӣ ба шеър ва қаламкашӣ ихлосу алоқа варзида, эҳсосоту авотифи хешро аз тариқи каломи мавзун буруз додааст. Агарчи Асадзода ба чопу нашри ашъораш, ки тайи солҳои гуногун иншо шудаанд, ҳеҷ гоҳ пофишорӣ накардааст, билохира бо маслиҳату машварати устодону дӯстон нигоштаҳои парешонаш таҳти унвонҳои “Фарёди андеша” (2000), “Бозтоб” (2014) ва “Нома аз сангари Ватан” (2020) ба нашр расиданд. Ба дунболи ин, ахиран, маҷмуаи “Садои хандаи гулҳо” (ниг.: Асадзода, Назрӣ. Садои хандаи гулҳо. -Душанбе: “Ганҷи хирад”, 2023. -204 саҳ.) ба нашр расид, ки дар баробари абёту чакомаҳои тоза, ғолибан ашъори дар солҳои гуногун иншошудаи Асадзодаро фаро мегирад. Ба сухани дигар, муаллиф аз бойгонии шахсӣ шеърҳои дар замони ҷавонӣ навиштаи худро пайдо карда, бидуни  таҳрири ҳирфаӣ мунташир кардааст. Ин гуна ибтикор, пеш аз ҳама, ба хотири он сурат гирифтааст, ки хонандаи соҳибзавқ ба содагӣ аз марҳилаҳои ташаккули донишу биниши муаллиф огоҳ гардад ва дар мушаххас кардани раванди бедории ҳувиятӣ, адабӣ ва фикрии шоир мушкил накашад. Яъне, муаллиф бо овардани намунаҳои шеърӣ завқу салиқаи бадеӣ-эстетикӣ ва ҳиссӣ-отифии хешро дар бастагӣ бо мароҳили гуногуни синнусолӣ, хосса айёми ҷавонӣ манзури хонандагон месозад.

        Афзун бар ин, бар маҷмуаи “Садои хандаи гулҳо” Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким таҳти унвони “Гулҳои чамани ишқ” пешсухани ҷолибе навиштааст (ниг.: Асадзода, Назрӣ. Садои хандаи гулҳо. -Душанбе: “Ганҷи хирад”, 2023. С.3-4).

      Ба ин тартиб, Асадзода маҷмуаро ба бахшҳои “Ғазалҳо” (126 ғазал), “Таронаҳо” (10 тарона), “Шеърҳои озод” (2 шеъри озод), “Дигар анвои шеър” (6 намунаи шеърӣ, 74 рубоӣ ва 66 дубайтӣ) қисмат карда, дар ҳар бахш намунаҳои ашъорашро бо таваҷҷуҳ ба марҳилаи синнусолӣ, салиқаи эҷодӣ ва муқтазиёти жанрӣ тартиббандӣ кардааст. Масалан, дар бахши “Ғазалҳо” (ниг.: Асадзода, Назрӣ. Садои хандаи гулҳо. -Душанбе: “Ганҷи хирад”, 2023. С.6-139) муаллиф навад дар сад ғазалҳои солҳои 1989-1997-и худро гирдоварӣ карда, манзури хонандагон гардонидааст. Аз ин ҷост, ки завқу салиқаи бадеӣ-эстетикӣ ва мунтаҳо, сатҳи шеъри отифии муаллифи он вақт хеле ҷавонро аз ғазалиёти  “Руҷӯъ ба Саъдӣ” (1988), “Маҳви тамошо” (1989), “Сеҳри чашм” (1989), “Ба ҷон дон ёри ҷониро баробар” (1990), “Ҳусни баҳор” (1990), “Гулхани ишқ” (1990), “Гармии симои тоҷикона” (1990), “Афкандаӣ” (1990), “Мапурс” (1991), “Дастнорас” (1991), “Мубади суғдӣ” (1991), “Пурнуртар аз Хуршед” (1991), “Бесаранҷом” (1991), “Савдои ишқ” (1991), “Ошиқи ошиқтарин”(1992), “Таҷассуми зебоӣ” (1992), “Чашмаи ҳусн” (1992), “Занҷири пойи чашм” (1992), “Шиква” (1992), “Дар пушти дари маҳбуба” (1992), “Ризвони чашм” (1992), “Майдони ҷавлони ҳусн” (1992), “Дарди ишқ” (1993), “Ситез бо зуҳди риёӣ” (1993), “Айши мудом” (1993), “Дилфигор” (1993), “Гулоби бӯса” (1993), “Ту дар дили манӣ” (1993), “Оини мардӣ” (1993), “Ҳоли ман беҳтар нашуд”, “Як бому ду ҳаво” (1993), “Дард ва дармон” (1994), “Дилдода” (1994), “Таваккул” (1994), ”Ганҷи хазинаи дил” (1994), “Шӯридадил”(1994), “Таҷаммули борон”(1994), “Ваъдаи хушк”(1994), “Дашти пур аз лола” (1995), “Садои дил” (1995), “Шарҳи чигил дар мисраъи мавзун” (1995), “Навҳа бар марги писарам Кайхусрав” (1995), “Дар маҳфили орифон” (1995), “Фирор аз сароб” (1995), “Суҳбати модар ғанимат дон” (1996), “Парвоз” (1996), “Шукӯҳи зебоӣ” (1996), “Ҳуҷҷати меъроҷ” (1996), “Ҳасбулҳоли муштоқӣ” (1996), “Шикасти қолаби тақво” (1996), “Шеъри гирён” (1996), “Толиби дидор” (1996), “Ҷустуҷӯи ишқ” (1997), “Буду ҳасту хоҳад буд” (1997), “Оқибатандеш бош!” (1997), “Тағйири қисмат” (1997), “Шеваи риндӣ” (1997) ва амсоли инҳо метавон шинохт. Ба сухани дигар, ҳанӯз дар ғазалиёти солҳои 1988-1997 муаллиф бо такя ба донишу таҷриба сари мавзуъҳои меҳварии шеъри классикию муосир бо шумули муҳаббат, шафқат, садоқат, мурувват, саодат, ҷасорат, шарофат, иззат, ҳиммат, ҳамият, иродат, ғайрат, азамат, шаҳомат ва инсоният таваққуф намуда, шеъри хуби отифӣ гуфтааст. Ҳамчунин, дар бахши “Ғазалҳо”муаллиф як даста ғазалиёти дар имтидоди солҳои 2015-2022 иншонамудаашро низ ҷо додааст. Аз ҷумла, ғазали “Садои хандаи гулҳо”, ки Асадзода ба сифати номи маҷмуа интихоб намудааст, аз зумраи ғазалиётест, ки дар солҳои баъдӣ, дақиқтараш соли 2019 навишта шудааст. Ғазали “Садои хандаи гулҳо”, ки ба мазмуну муҳтавои маҷмуа ҳамхонӣ дорад, аз 5 байт таркиб ёфта, на танҳо баёни эҳсоси зебои шоирона аст, балки ифодаи ҷуръату ҷасорати ошиқ ва сахткӯшию пофишорӣ дар роҳи муҳаббати пок мебошад:

            Садои хандаи гулҳост дар чакомаи ман,

            Навои най бишунав аз гулӯи хомаи ман.

            Ту ҳарфи аввалу анҷоми сарнавишти манӣ,

            Ба номи ту шавад оғозу хатм номаи ман.

            Бисӯзам аз табу тоби дилу аз он тарсам,

            Ки дар бигирад дар тан мабод ҷомаи ман.

            Зи сӯзи ишқ шудам обу шак макун бар ин,

            Ки ҳаст ашки равонам гувоҳномаи ман.

            Маро, ки нахли қавирешаам, агар шикананд,

            Зи реша рӯяд сад шох дар идомаи ман.

       (ниг.: Асадзода, Назрӣ. Садои хандаи гулҳо. -Душанбе: “Ганҷи хирад”, 2023. С.13)

     Аслу бунёди ин ғазал (ва дар зимн, соири ғазалиёти Асадзода), мисли аксари ғазалиёти классикию муосир бар сӯзу фироқи ошиқ, бевафоии маъшуқ, бечоранолӣ, фарёду ҳасрат ва дарди ҳиҷрон асос наёфтааст, балки бар мабнои ҷуръату ҷасорат ва сахткӯшию талошварзӣ дар роҳи васл устувор гардидааст. Ин аст, ки шоир дар мақтаи ғазал ҳадафмандона иддао мекунад, ки:

                        Маро, ки нахли қавирешаам, агар шикананд,

                        Зи реша рӯяд сад шох дар идомаи ман (С.13).

Бар илова, Асадзода дар тамомии ашъораш бар он мекӯшад, ки сабку шеваи бечоранолӣ, заъфсифатӣ, зиллатписандӣ, худкамбинӣ, бекифоятӣ ва амсоли инҳо барин хасоиси номатлуби ахлоқиро аз шеъри муосири тоҷик ҳазф сохта, дар баробари ин, тарзу усули мунҳасир ба фардашро дар мисоли мушаххасоти ахлоқию ҳувиятие назири устуворӣ, сахткӯшӣ, доноӣ, огаҳӣ, ҷуръатмандӣ, талошварзӣ, худкифоятӣ, даъвогарӣ, иддаоталабӣ, ҳамиятхоҳӣ, худсозӣ, ҳувиятмадорӣ, худбоварӣ, хештаншиносӣ, миллатпарастӣ, меҳандӯстиро ба намоиш мегузорад. Ҳатто дар ашъори отифӣ-лирикии хеш ҳам Асадзода аз силсиламавзуоти ба миллияту ҳувият ва ҷуръату ҷасорат иртиботдошта кор мегирад ва ҳадафҳои миллиро дунбол мекунад. Ин аст, ки қаҳрамони лирикии Асадзода бо вежагиҳои мунҳасир ба фардаш мавриди тасвир қарор мегирад. Ҳанӯз дар ғазали “Дашти пур аз лола”, ки соли 1995 иншо кардааст, Асадзодаи ошиқ ҳаллоҷвор даъвӣ пеш меоварад ва бонги аналҳақ мезанад:

            Фориғ дилам аз зуҳд занад бонги аналҳақ,

            Мансури ман андеша аз ин дор надорад...

            Тобу таби дарди дили афгор чӣ донад,

            Он кас, ки чу Назрӣ дили афгор надорад (С.82).

     Ё ин ки дар ғазали “Мубади суғдӣ” (1991) дар либоси руҳонии миллӣ ибодати ишқ мекунад:

            Мубади суғдияму маъбади ишқ аст дилам,

            Ки дар он оташи ишқи ту барафрӯхтаам (С.126).

    Ва дар ғазали отифии “Гармии симои тоҷикона” (1990) дилбари тоҷикро дар гармирӯйиву гармисимоӣ аз парирӯёни румию сияҳчашмони ҳинду бартар мешуморад:

            Набошад гармии симои тоҷиконаат, эй ёр,

            Парирӯёни румию сияҳчашмони ҳиндуро.

            Касе чашмони ҷодуи туро бинад, шавад масҳур,

            Дигар мафҳуми мавҳум ӯ нахонад сеҳру ҷодуро (С.128).

    Дар силсиларубоиёт ва дубайтиҳо Асадзода баъзан хайёмона иддао мекунад, масоили муҳимми рӯзгорро матраҳ месозад, аҳли зуҳду вараъу хурофаро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳад, аз ақлу мантиқи зинда кор гирифта, афсонаҳои пешинро мазаммат менамояд ва ба ин тартиб, ба пурсишу суолоти зиндагӣ посух меҷӯяду мегӯяд. Масалан, ба ин рубоӣ таваҷҷуҳ мекунем:

         Гуфтем: “Замин таҳаввули аҷсом аст”,

         Гуфтем: “Замон табаддули айём аст”.

        Гуфтем басеву дар анҷоми сухан

       Дидем, ки ин фасона беанҷом аст (С.182).

    Дар иддаоҳои хайёмонаи ӯ ҳамчунон маънию мазомини вежаи инфиродӣ мушоҳида мешавад. Ба ин манзур, Асадзода дар қолиби рубоию дубайтӣ ҳам дар баробари мавзуоти маъмулии ишқӣ-отифӣ, аз шукӯҳу шаҳомати миллӣ сухан ба миён меоварад. Ба ин намуна таваҷҷуҳ мекунем:

            Даъво кунад имрӯз, ки Сино аз ӯст,

           Он қавм, ки бо тамаддуни Форс адӯст.

         Хоҳад бикашонад аз ҳарисӣ ин мӯр,

         Боре, ки калонтар аз дари хонаи ӯст (С.179).

      Гузашта аз ин, истифодаи таъбироту ибороти зебои шоиронае аз қабили “садои хандаи гулҳо”, “нахли қавиреша”, “шевани ноқус”, “гулоби бӯса”, таҷаммули борон”, “ризвони чашм”  ва амсоли инҳо маҷмуаи “Садои хандаи гулҳо”-и Асадзодаро ба лиҳози ҷилваю резакориҳои бадеӣ-ҳунарӣ хонданбоб месозад.

      Мунтаҳо, аз баҳси шеъру шоирӣ, ки бигзарем, хамираи вуҷудии Асадзода аз ҳувияту ҳамияти миллӣ барсиришта ва тору пудаш аз меҳанпарастию давлатмадорӣ танида шудааст. Аз замоне ки худро дуруст шинохтааст, Асадзода бидуни вақфаю фосила дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, мушкилоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедорад. Ин аст, ки шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Асадзода дар заминаи фарҳангу хиради аҷдодӣ ва илму дониши аврупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Аз тарафи дигар, фаъолият ва шуғли ҳамешагии Асадзода мутолеа, ковиш ва ҷустор дар заминаи равон ва ҳувияти миллист ва бар мабнои донишу ҷаҳоншиносии илмӣ ба посух ҷустан ба мушкилу масоилу муаммоҳои рӯзгори миллат мепардозад.       Ташаббусот ва ибтикороти рӯзмарраи Ӯ дар самти таҳкиму тақвият бахшидани раванди ҳувиятсозии миллӣ ҳадафмандона давом доранд. Ин аст, ки Асадзода дар феҳристи шахсиятҳои нодири миллӣ қарор дорад ва вуҷуду ҳузури эшон дар фазою муҳитҳои иҷтимоию илмӣ ва фарҳангии тоҷик боиси ифтихори мост.

       Чун ин матлаби мухтасар дар арафаи ҷашни мавлуди Асадзода (24 январ мавлуди Асадзода аст) рӯйи тоблуи роёна чида шудааст, мелоди дӯсти гиромиро шодбош гуфта, таманниёти хешро дар пораи манзуми зайл, ки дар қолиби мувашшаҳ даромадааст, ироа медорем:

 

Номусро чу мартабаи Ориё кунӣ,

 

Аз тоҷики асил дили Осиё кунӣ.

 

Зар гарчи рамзи қудрати арзу самои мост,

 

Розе аҷаб, зи хокзамин кимиё кунӣ.

 

Ин нуктаест асл, ки пеши тамоми халқ

 

Имрӯз қарзи тоҷикиятро адо кунӣ.

 

 

Аз шуҳрату шаҳомати Миллат садо кунӣ,

Сар  бар раҳи саодати Меҳан фидо кунӣ.

Асрори заъфу зиллати ин миллати куҳан

Дониста, растахезу қиёмат ба по кунӣ.

Зоидаи фазилату табъи садоқатӣ,

Ойинаи хирад бикушоӣ, сафо кунӣ.

Дар гирудори худшавӣ, ай Назрии азиз 

Аз қайдубанди бехудӣ тоҷик раҳо кунӣ!

 

Ҷашни мелод муборак, дӯсти гиромӣ!

        Бо эҳтиром,

        Нозим Нурзода

пажуҳишгар

        22 январи соли 2024

 

 

 

 

 

БОЗГАШТ