АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ШАМСИ ТАБРЕЗӢ КИСТ?

Муаллиф: Беков Комилҷон

Расм

Шамсулҳақи Табрез аз ин май ҳамагонро,

Бичашонад, бичашонад, бичашонад!!!

(Румӣ).

Ҷавоби ин савол ба чандин маъно саҳл нест. Чаро ки доманаи баҳс аз вусъате таърихӣ, фарҳангӣ ва ирфонӣ бархурдор мебошад... Ҳанӯз ҳам бисёре аз мардум шахсияти Шамси Табрезиро аз шахсияти шогирди ӯ Ҷалолиддини Румӣ фарқ карда наметавонанд. Баъзеҳоро гумон бар ин буда ва ҳаст, ки Шамс тахаллуси интихобкардаи Ҷалолиддини Румӣ аст ва номи шахси алоҳидае намебошад... Агар гурӯҳи дигаре шахсияти таърихӣ доштани Шамси Табрезиро эътироф кунанд ҳам, боз ин шубҳаро дар дил мепарваранд, ки гӯё вай як сӯфии одие ва қаландаре бенаво будаст, ки аз боби илму ирфон бо Ҷалолиддини Румӣ қобили муқоиса нест. Баъзеи дигар саҳван ва ё қасдан вуҷуди таърихии Шамси Табрезиро сарфи назар карданӣ мешаванд ва ғайра.

Баъди ин мулоҳизот мебояд ба шеваи муҳаққиқон ин чанд нуқтаро афзуд: Дар ҳақиқат то вақтҳои охир бо сабаби дар даст надоштани асаре аз осори Шамси Табрезӣ мақому мартабаи ӯ назди аҳли таҳқиқ мавриди баррасӣ қарор нагирифта буд. Хушбахтона, вақтҳои охир дастнависи гузоришот ва мақолоти Шамси Табрезӣ ба нашр расид ва ин ҳодисаи фарҳангӣ таваҷҷуҳ намудани аҳли илмро ба ин мавзуъ сабаб гардид.

Гузоришот ё худ суханрониҳои Шамси Табрезӣ бо номи «Мақолоти Шамси Табрезӣ» соли 1349-и хуршедӣ (мутобиқ ба соли 1970 мелодӣ) бо муқаддимаи донишманди маъруфи муосири Эрон Аҳмад Хушнависи Имод дар Теҳрон нашр шуд. Аз муқаддимаи муфассали ношир ва мавзуъҳои китоб, ки зиёда аз 400 саҳифаро ташкил медиҳад, метавон ба ин нуктаҳо ишора намуд: Номи пурраи ӯ Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ aст... Аҳли илм ӯро орифи бузург... яке аз шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ... саршори бодаи ишқ ва ҳақиқат... ва ғайра номидаанд. Бар хилофи он чи мегуфтанд, ки Шамси Табрезӣ аз илмҳои зоҳирӣ (ғайри тасаввуфӣ), баҳрае надорад, баъди пайдо шудани намунаи осораш (китоби «Мақолот») маълум гардид, ки дар илми тафсир, ҳадис, фиқҳ, калом ва фалсафа иттилое васеъ доштааст. Бо эътирофи худаш дар китоби «Мақолот» (саҳифаи 243) китоби «Ат-Танбеҳ»-ро, ки дар фиқҳи шофеъист, омӯхта... дар адабиёт ва забони араб» мутолеоте, амиқ анҷом додааст. Бо шаҳодати сарчашмаҳо устоди Шамси Табрезӣ марде будааст бо номи Шайх Абӯбакр ибни Исмоили Табрезӣ маъруф ба саллабоф...ва дар китоби «Мақолот» (саҳ. 98) ӯро ба некӣ ёд кардааст. Муаллифи дигаре аз қарни даҳуми ҳиҷрӣ бо номи Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ дар китоби «Равзат-ул-ҷинон»-и худ ёдовар шудааст, ки Шамси Табрезӣ ба хидмати Шайх Рукнуддини Саҷосӣ ва Бобо Камоли Хуҷандӣ низ расидааст... Аз боби синну сол ва таваллуду вафот ҳамин андоза маълум аст, ки ҳангоми ҷавонии Ҷалолиддини Румӣ устоди ӯ Шамси Табрезӣ марде баркамол будааст...

Доир ба симои маънавии ӯ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Вале аз рӯи мавзуъҳои китоби «Мақолот» чунин бармеояд, ки Шамси Табрезӣ ориф, ҳаким ва дар маънои аслии калима инсони комил будааст... Ӯ ихтилофоти байни мазҳабҳои мусулмониро кори кӯдакона меҳисобид... Қуръонро китоби мардуми бесавод медонист... Муҳаммадро пайғамбари омма ва худро пайғамбари хосса (аҳли илм) мешумурд... Мегӯянд, ки Муҳаммад ба мардум хушомад мегӯяд ва мардум хушомадро дӯст медоранд ва аз ин ҷиҳат тарафдори бисёр дорад... Maн бошам мардонавор сухани ҳақро мегӯям... (саҳ. 60-61, китоби «Мақолот»).

Аз файласуфони гузашта Суқрот, Афлотун ва Шаҳобиддини Суҳравардиро эътироф мекард... Meгуфт, ки Ибни Сино нимафайласуф буда, файласуфи комил Афлотун аст...(саҳ. 292).

Баъди мутолиаи китоби «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ кас ба чунин хулосае меояд, ки сарчашмаи тамоми ақидаҳои Ҷалолиддини Румиро метавон аз ин китоби чаҳорсадсаҳифагӣ берун овард! Аз ин ҳам гузашта: Шамси Табрезӣ дар фаъолияҳои иҷтиҳодӣ (иҷтимоӣ) ва илмиаш аз Ҷалолиддини Румӣ ҷасуртар ва фидокортар будааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин бузургӣ Шамси Табрезӣ дар китоби худ Ҷалолиддини Румиро ситоиш мекунад ва ӯро «дар рубъи маскун бемонанд» (саҳ. 124) «дар илму фазл дарё» (саҳ. 206) ва ғайра меномад...

Ҷалолиддини Румӣ ҷаҳонро бо чашми устоди худ Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ менигарист... Пас он ҷаҳоне, ки ҳарду бо як чашм менигаристанд, кадом аст?

Агарчи фалсафаи Шамс ва Мавлоно барои асри мо то андозае печида ва ғариб менамояд, вале бояд эътироф кунем, ки қиммати асосии ӯ дар партави таърихи фикри инсонӣ ошкор мешавад. Зеро даври Шамс ва Мавлоно маҳз ҳамон тариқаро тақозо мекард, на тариқаи дигареро. Чизи асосӣ дар таърихи фикри башарӣ фурӯзон нигоҳ доштани чароғи ақлу хирад буд, то ки аз боди сарди таассуби сатҳиназарӣ хомӯш нагардад. Ҳамин ҳикматро Шамс ва Мавлоно барои инсоният анҷом доданд. Дар эҷодиёти Шамс ва Мавлоно ҳамаи мазҳабҳои динӣ ва дунявии аҳли ҷаҳон фароҳам омадааст. Ин хизматро мо бо тариқаи тамсилӣ чунин эзоҳ медиҳем: Ҷаҳони мо киштиест, ки дар уқёнуси Коинот шино мекунад. Уқёнуси нопайдоканор ва беҳудуд. Киштии башарӣ хеле сустбунёд ва заъиф аст. Олами зулмот ва мавҷҳои ноҳамвор киштӣ ва киштинишастагонро фаро гирифтааст... ва онҳоро ҳамвора таҳдид мекунанд...Дар ин шабистони пурдаҳшат ягона- манбаи нуре, ки пеши роҳи киштиро равшан мекунад, ин ақлу хиради мардоне чун Шамс ва Мавлоност, ки дар байни қавмҳои киштӣ гоҳе-гоҳе дар арсаи вуҷуд зуҳур мекунанд. Аксари аҳли киштӣ фикри онро надоранд, ки киштиашон ночиз асту мавҷҳои уқёнус даҳшатафкан... Фикри онро надоранд, ки тӯфоне метавонад ҳамаи онҳоро ба қаъри уқёнус фурӯ барад...Фикри онро надоранд, ки шуълаи чароғи мавҷударо афзунтар гардонанд, то ки бо нури он роҳи худро бештару беҳтар бишносанд...

Ба ҷои ҳамаи ин корҳои зарурӣ онҳо машғули кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ ҳастанд.

Ҳар қавме ба хуни қавми дигар ташна...ҳама рӯз ҷангу харобкорӣ ва бедодгарӣ... Баъзан кор ба дараҷае мерасад, ки хатари аз байн рафтани он шамъҳои ночиз ҳам ба миён меояд...ва феълан дар ҳангомаҳои аҳли киштӣ чанде аз ин шамъҳо хомӯш мешаванд...

Киштӣ то ҳанӯз ба ҳамин сарнавишт роҳи худро давом дода истодааст...Хатарҳои роҳ ҳанӯз аз байн нарафтаанд... Ба ҷои тӯфони уқёнус ва зулмати шаб аслиҳаҳои ядроӣ ва қатли ом изофа гардидааст... Хатаре аст, ки киштӣ на аз тӯфони уқёнус, балки аз ҳангомаҳои киштинишинон саропо битаркад...

Ин буд мухтасари тамсил.

Акнун мулоҳиза намоем, ки мақоми Шамс ва Мавлоно дар ин киштӣ аз чӣ иборат аст. Киштӣ ҳамвора дар ҳаракат... гирду атроф дар иҳотаи зулмат... тӯфон бархоста... мавҷҳои пурдаҳшати уқёнус ба сӯи киштӣ ҳамла мекунанд... Хатаре ҳаст, ки қатраобҳои мавҷҳои ба киштӣ бархӯрда ва боди тӯфонӣ фонусҳои роҳнамоёни киштиро хомӯш кунанд. Баъзе фонусҳо хомӯш мешаванд... Ва баъзе дигарҳо такон меёбанд...

Дар ин ҳангом ҳанӯз тӯфони уқёнус ором нагирифта, ки тӯфони инсонӣ бармехезад... Киштинишастагон дарҳам меафтанд... Дар ҳақиқат тӯфони инсонӣ аз тӯфони кайҳонӣ даҳшатноктар аст...

Мавҷи ҳангомаи одамӣ ҳатто ба фонусдорон ҳам мерасад. Абри тираи кинаву адовати нажодӣ ва мазҳабӣ аз зулмати шаб ҳам ториктар аст... Акнун ҳама ҷо душманони нур ва равшанӣ ба майдон мебароянд. Дар ин тӯфон ҳам, чандин фонусҳо хомӯш мешаванд... ва нури дигарҳо хира...

Баъзе барои солим нигоҳ доштани нур ва равшанӣ фонуси худро зери бағал чун дил пинҳон карда, фалокати тӯфони кайҳонӣ ва инсониро мардонавор таҳаммул намуданд. Агар онҳо фонуси худро пинҳон намекарданд хоҳ аз боди сарди уқёнус ва ё хоҳ аз даму нафаси мутаассибони нажодӣ ва мазҳабӣ хомӯш мегардид. Мавлоно бо ҳасрат ибораи дӯстдоштаи устоди худ Шамси Табрезиро такрор мекард:

«Охир чаро ҷудоанд одамиён!» (Шамси Табрезӣ, Мақолоти Шамси Табрезӣ, Теҳрон, 1349, саҳ.329).

Яке аз раҳнамоёни фонусдор Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ буд, ки ба шарофати ин тадбирҳои оқилона нури фонуси ақлу хиради инсониро аз дами боди сарди кинаву адоват раҳоӣ бахшид... Ин аст хидмати таърихии Мавлоно барои башарият. Дар муҳите, ки ҳама душманони рушноӣ ва нуранд, ягона тадбири раҳобахш, пинҳон кардани чароғ аст:

 

Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон,

Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.

(Сино)

Сухан ба дарозо кашид... аз хонандагони фозил узр мепурсем ва бояд бигӯем, ки Мавлоно чи ақидаеро, ки дар тамсили мо фонус аст, аз ҳамзамононаш пинҳон доштааст.

Мавлоноро, ки асрҳои аср нависандаи «Қуръон» бо забони форсӣ мешуморанд, дар Қуръони худ (яъне «Маснавӣ») ақидаеро талқин мекунад, ки дар як мисраи шеър чунин омадааст:

«Дар ҳақиқат дигаре нест худоем Ҳама».

Мавлоно маҳз ҳамин ақидаро хотирнишон мекунад. Вале то охир онро суботкорона давом намедиҳад. Чаро ки асру замон ҳавсалаи таҳаммули онро надошт. Ва худи Мавлоно ҳам инро хуб медонист. Ҳамин маънӣ дар тамсили мо ҳолати чароғеро ба худ гирифта буд, ки дар таҳи домон пинҳон карда шудааст.

Шамси Табрезӣ устоди Мавлоност... чунон ки Суқрот устоди Афлотун. Гумон меравад, ки дар сарнавишти маънавии ҳакими юнонӣ Суқрот ва ҳакими эронӣ Шамс баъзе шабоҳат ва монандиҳо вуҷуд дорад. Ҳар ду дар сафар... Ҳар ду дар байни мардум, ҳар ду чизе наменависанд, вале гуфтори онҳоро дигарон навишта мегиранд. Ҳар ду ақидаи дар нисбати замони худ наверо пеш гузоштаанд ва машғули тарғибу ташвиқи онанд... Ҳар ду нисбат ба ақидаи расмии замони худ бо назари тамасхур ва истеҳзо нигоҳ мекунанд...

Аҳли замон ҳар ду ҳакимро таҳаммул карда натавониста ва оқибат онҳоро ба марг маҳкум мекунад... Бо ҳамин таърихи заминии он ду ҳаким ба охир мерасад ва симои осмонии онҳо шурӯъ мегардад...

Мантиқист, ки бипурсем: Онҳо чӣ мехостанд? Чаро аҳли замон ба онҳо муқобилият намуданд? Барои чӣ? Оё гуноҳе содир карда буданд? Хуллас, сабабҳои асосии ин ҳангомаҳо чӣ буд? Ин саволҳо нав нестанд. Дар замони он ду ҳаким ҳам мардум чунин саволҳо медоданд... Вале ҷавобҳояшон аз якдигар фарқ мекард...

Суқрот 2500 сол ва Шамс зиёда аз 700 сол пеш аз давраи мо умр ба cap бурдаанд...Суқрот дар Юнон ва Шамс дар Эрон. Юнониҳо Суқротро бидъаткор эълон карданд. Барои он ки гӯё Суқрот бо насиҳатҳои фалсафии худ ахлоқи насли ҷавони Юнонро вайрон мекардааст... ва мардумро ба муқобили бутҳо ва худоҳои онвақтаи кишвари Юнон мешӯронидааст... Хулоса ба мазҳаби мардум гардан намефаровардааст... ва ғайра... Шамс чӣ? Агар шаклҳои зоҳирии бидъаткории Суқротро ба назар нагирем, аз ҷиҳати маъно ва моҳият рафтори Шамс ҳам ба ин бидъатҳои Суқротӣ бурда расонидааст...

Шамс бо ҳамин маъно шаҳиди зинда буд... (дар сурате ки шаҳидӣ баъди мурдан муяссар мегардад). Вай тамоми зиндагии худро ба мардум бахшид. Барои онҳо кори хайре анҷом доданӣ буд... Мақсади Суқрот ҳам ба ҳамин нуқта нигаронда шуда, мехост, ки аҳли замонро аз хурофотҳои бесамари маънавӣ наҷот диҳад... Шамс шабу рӯз ором надошт...Ӯ шахсияти симобӣ буд... Беқарорӣ аз табиати худи симоб аст... Табиати маънавии Шамс ҳам ҳаракатро тақозо мекард... Фалсафаи Шамс бо дили ӯ алангае афрӯхта буд, ки вай маҷоли соате ором нишастан надошт... Мехост ин фалсафаро ба ҳамаи ҷаҳониён эълон кунад...Зеро гӯшҳои аҳли замон барои шунидани чунин овозе хеле гapoн буданд...Ӯ ба аксари шаҳру вилоятҳои олами исломӣ мусофират кард... Ба ҳамаи бузургони маъруфу машҳури он давра суҳбатҳо намуд... Вале ҳеҷ яке аз ин бузургонро ба худ ҳамфикр наёфт... Якеро тарк мекард ва ба сӯи дигаре равона мешуд. Вале чун ҳарвақта... «Ҳар ҷо ки равӣ боз пушаймон ба дар оӣ», насиби ӯ мегардид. Рӯҳи ӯ рӯҳи саргардоне буд... Дар ҳеҷ як минтақаи ақлӣ, динӣ, мантиқӣ, фалсафӣ... қарор намегирифт.

Зеро ӯ худ минтақаи наверо барои худ кашф карда буд... Ҳама фидокориҳо ва бурдбориҳои Шамс маҳз аз он иборат буданд, ки ӯ ба хотири кашфиёти шахсии худ, ҳамаи ин бори гаронро ба бардоштан тан медод. Маҳз ба хотири фалсафаи шахсии худ... дар ҳама ҷо: дар олам, дар одам, дар илм, дар дин, дар зиндагӣ, дар марг... нишонаҳо ва далелҳои собиткунандаи фалсафаи худро ҷустуҷӯ мекард. Баъзан ин нишонаҳоро меёфт ва баъзан шубҳа мекард... Вай аз кашфиёти худ масту махмур буд... Ҷаҳони оламу одам ба назараш рангу ҷилои дигар гирифта буд. Ӯ худ гӯё олами ҳастиро идора мекард... Барои олам ва оламиён пайёме нав дар дил дошт. Мехост онро бигӯяд... Суннатҳои хайру шарри одамиро аз нав эзоҳ диҳад... Ҳамаи ин орзуҳо дили ӯро аз шуҷоату матонат ва ҳиммату заковат лабрез карда буданд... Шамс чун сайёраи роҳгумкардае дар кайҳони бепоёни одамӣ давр мезад... роҳ мерафт... бар мехӯрд... Рӯҳи симобии ӯ дар як макон истоданро ба худ раво надида, бо ин ҳаракати тундсайри худ дар олами ситораҳо ва сайёраҳои одамӣ нопадид гардид...

Симои осмонии ин ду ҳакими афсонавӣ барои ҳамагон намунаи ибрат аст. Вале заъифии мо мавҷудоти заминӣ дар таҳлил ва муаррифии он симоҳо ва маъниҳои осмонӣ мебошад, ки қолабҳои танги фикрии мо он уқёнусҳои бекаронаи тӯфону нурро дар худ ғунҷонида наметавонанд...

 

Комил Бекзода

доктори илмҳои фалсафа

 

 

БОЗГАШТ