АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ШАРҚШИНОС ВА ОМӮЗГОРИ ВАРЗИДА

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ба ифтихори 70 солагии шарқшиноси тоҷик, донишманди пуркор,

 доктори илмҳои филологӣ, профессор, устод Олимҷон Хоҷамуродов

   Илми шарқшиносии тоҷик, ки дар ташаккулу рушди он устод Садриддин Айнӣ ва ҳамсафону шогирдони ӯ саҳми калон гузошта буданд, имрӯз аз соҳаҳои пешрафтаи илми тоҷик ба шумор меравад. Осори шарқшиносони тоҷик на танҳо дар нашрияҳои ҷумҳурӣ, балки дар нашриётҳои муътабари  кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.

   Имрӯз як зумра донишмандон анъанаҳои  устод С. Айнӣ, Б. Ғафуров, А. Мирзоев, Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Ғаффоров, Ф. Наҷмонов ва дигаронро идома дода, дар таҳқиқи адабиёт, таърих, забон, иқтисод, фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ хидматои шоиста анҷом медиҳанд. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов аз ҳамин зумра аст, ки дар пешрафти эроншиносии тоҷик  саҳми назаррас мегузорад.

    О. Хоҷамуродов дастпарварди шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатиии Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ ба корҳои илмӣ таваҷҷуҳ дошт ва дар маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолона ширкат меварзид. Аз ин ҷост, ки пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантураи Институти шарқшиносии Тоҷикистон дохил шуд. Дар ҳамин давра қобилияти забондониашро ба назар гирифта, ӯро ба ҳайси тарҷимон ба Эрон фиристоданд. ӯ ҳангоми кор дар Корхонаи металлургии шаҳри Исфаҳон ҳамчунин бо фарҳангу адабиёти мардуми Эрон бештару амиқтар ошно шуд. Пас аз адои хидмат Сарвари Институти шарқшиносӣ академик А. Мирзоев ӯро ба аспирантураи  Институти шарқшиносии АИ Шӯравӣ фиристод, то ки  дар мактаби шарқшиносии Маскав, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, сабақ гирад. Таҳти роҳбарии донишманди маъруф Д.С. Комиссаров ӯ ба таҳқиқи  осори нависандаи бузурги Эрон Содиқи Ҳидоят шуруъ намуд ва соли 1977 дар Шӯрои  дифои рисолаҳои илмии Институти мазкур дар мавзуи «Сабки насри бадеии Содиқи Ҳидоят» бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Ба рисолаи олими ҷавон шарқшиносони маъруф баҳои баланд доданд.

   О. Хоҷамуродов таҳқиқи насри муосири форсиро идома дода, ба хусус ба масъалаи  тасвири равоншинохтии осори адибони муосири Эрон таваҷҷуҳ зохир намуд. Ҷустуҷӯву талошҳои илмии ӯ дар ин росто самараи хуб доданд ва соли 1998 дар  шӯрои дифои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ дар мавзуи «Поэтикаи насри псохологии форсӣ дар солҳои  30 – 70 қарни  ХХ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

   Чашмандози илмии профессор О. Хоҷамуродов васеъ  буда, дар баробари насри муосири Эрон, масъалаҳои гуногуни шеъри муосири форсу тоҷик, ҷараёну равияҳои адабӣ, фарҳангшиносӣ ва амсоли инҳоро фаро мегирад. О. Хоҷамуродов на танхо адабиёти муосири Эронро хеле хуб медонад, балки бо адабиёти классикии тоҷик ва адабиёти кунунии Афғонистон низ ошноӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар бораи робитаи осори Содиқ Ҳидоят бо насри муосири Афғонистон,  Лоиқ Шералӣ ва «шеъри нав»-и Эрон мақолаҳои илмӣ таълиф карда, мулоҳизаҳои ҷолиб баён намуд. Роҷеъ ба навъи шеърии «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-и устод Рӯдакӣ андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Баъзе муҳаққиқон онро қасида, гурӯҳи дигар ғазал мешуморанд. О. Хоҷамуродов дар натиҷаи таҳқиқи муқоисавии шеъри мазкур бо ашъори шоирони ибтидои қарни ХХ Эрон ба хулосае омад, ки «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» дар навъи тасниф эҷод шудааст. Дар воқеъ шеъри мазкур комилан ба талаботи тасниф, ки бо оҳанг суруда мешавад, ҷавобгӯ мебошад.

   Адабиёти давраи машрутахоҳӣ аз давраҳои хеле кам таҳқиқшудаи адабиёти Эрон ба шумор меравад. Профессор О. Хоҷамуродов ба баррасии адабиёти давраи мазкур машғул шуда, рисолаи «Адабиёти аҳди Машрута»-ро таълиф ва чоп намуд, ки писанди хонандагони тоҷику эронӣ гардид.

   Профессор О. Хоҷамуродов аз донишманди пуркор буда, ба қалами ӯ се монографияи илмӣ чаҳор дастури таълимӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмиву илмӣ-оммавӣ тааллуқ дорад. Асарҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар нашрияҳои Россия, Эрон, Афғонистон  низ интишор ёфтаанд. Аз ҷумла, рисолаҳои «Насри зеҳнгарои форсӣ» ва «Адабиёти аҳди Машрута»-и ӯ дар интишороти «Нашри рӯзгор», ки сарвари он адиби маъруф Муҳаммад  Азизӣ мебошад, ба табъ расидаанд.

   Дар баробари пажуҳишҳои илмӣ профессор О. Хоҷамуродов солҳои зиёд аст, ки ба омӯзгорӣ низ машғул буда, дар тарбияву таълими донишҷӯён саҳми калон мегузорад. Ӯ аз соли 1984 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ба донишҷӯён аз  забону адабиёти Эрон, таърихи адабиёти даризабони Афғонистон, сабкшиносӣ ва усули номанигории форсӣ дарс мегӯяд. Дарсҳои ӯ хеле шавқовар ва диққатҷалбкунанда сурат мегиранд. Зеро профессор ҳар мавзуъро дар робита бо ҳаёту фарҳанги мардуми Эрон, ки ӯ чандин сол дар он ҷо ба сифати мутарҷим кор карда омӯхта буд, баён  мекунад.

   Профессор О. Хоҷамуродов ҳамчунин дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири кафедра, ноиби ректор кор карда, дар тарбияи мутахассисиони соҳаҳои гуногун ва баланд бардоштани савияи донишу маърифат ва эҳсоси ватандӯстиву зебошинохтии онҳо  саҳм мегузорад. Таълими фарҳангшиносӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурии мо солҳои охир ҷорӣ кардид. Яке аз аввалин устодони ин фан профессор О. Хоҷамуродов мебошад, ки чанд сол аст ба тадриси он машғул аст. Ӯ ҳамчунин дастури таълимии «Фарҳангшиносӣ»-ро таълиф камудааст, ки донишҷӯён аз он асосҳои ин илмро меомӯзанд.

   Дар шиносоии хонандагони тоҷик бо намунаҳои адабиёти муосири Эрон ва таҳияву чопи онҳо низ профессор О. Хоҷамуродов хидмати шоиста анҷом медиҳад. Бо қиссаи машҳури Содиқ Ҳидоят «Буфи кӯр» ва ҳикояҳои зиёди ин адиби барҷаста, асарҳои Ҷалол Оли Аҳмад, Бузурги Алавӣ, Нимо Юшич, Хонларӣ ва дигарон хонандагони тоҷик тавассути заҳматҳои ӯ шиносоӣ пайдо намуданд. Баргардон аз хатти форсӣ дар назари аввал кори саҳл менамояд. Вале аксари матнҳои баргардоншуда, ки дар матбуот чоп мешаванд, пурғалат мебошанд. Матнҳои таҳиякардаи профессор О. Хоҷамуродов бо саҳеҳу дурустии худ аз онҳо  фарқ мекунанд.

   Профессор О. Хоҷамуродов дар тарбияи олимони ҷавон низ хидмати шоиста анҷом медиҳад. Бо роҳнамоии илмии ӯ ду нафар рисолаи докторӣ ва ҳашт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд ки дар байни онҳо пажуҳишгарони эронӣ ҳам ҳастанд.

   Дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ фаъолияти профессор О. Хоҷамуродов назаррас мебошад. Ӯ  дар конференсияву семинарҳо ва ҳамоишҳои гунонгуни илмиву адабӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Теҳрон, Кобул, Махачқалъа баргузор гардиданд, суханронӣ намуда, дастовардҳои шарқшиносии тоҷикро муаррифӣ намудааст.

   Профессор О. Хоҷамуродов донишманди пуркор ва инсони ғамхор буда, некиву накӯкориро шеваи зиндагии худ қарор додааст. Ӯро бо санаи 70-солагии зодрӯзаш табрик намуда, саломативу  хушрӯзӣ ва комёбиҳои тозаи илмӣ орзумандем.

 

Мирзо Муллоаҳмад,

мудири шуъбаи омӯзиши

давлатҳои Шарқи Миёна

ва Наздики Институт,

доктори илмҳои филология,

узви вобастаи  АИ ҶТ 

 

БОЗГАШТ