АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шеъри Мавлоно дар манзумаҳои мусиқии Варорудон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   (cадаҳои XV111 X1Х ва оғози садаи ХХ)

   Суннати нигоришу таҳияи рисола- баёзҳои шеърию мусиқӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон собиқаи дерин дошта, нахустин манзумаҳои шеърию мусиқӣ дар марказҳои бостонии фарҳангӣ Бухорою Самарқанд, Марву Балх рӯи кор омадаанд. Таҳияи нахустин рисола- баёзҳои нисбатан ҷомеи шеърию мусиқӣ (доир ба мусиқии устодона «Дувоздаҳмақом» таҳия шуда) бо ному фаъолияти шоир, назаридон ва донандаи мусиқии устодона Наҷмиддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (1468- 1532) дар иртибот аст(1). Анъанаи навишту таҳияи рисола- баёзҳои шеърию мусиқӣ давраи ба истилоҳ гузариш (тағйири ном) аз «Дувоздаҳмаком» ба « Шашмақом» (охири садаи XV11 ва оғози садаи XV111 дар Варорудон ба замони хонадони манғития (1756- 1920) рост меояд. Новобаста аз вазъи номуназзами сиёсию фарҳангӣ суннати нигоришу таҳияи рисола- баёзҳои шеърию мусиқӣ, дар анъанаи эҷоду иҷроии мусиқии устодона (санъати олишони мақом ва мақомсароӣ) дар идома буд. Меросбарии суннатҳои дерини устодонаи эҷодию иҷроӣ ва таҳқиқии шеърию мусиқиро (санъати мусиқии классикӣ- мақом ва мақомсароӣ ) ҳам дар садаҳои XV111-X1X ва оғози садаи XX ба фаъолияти мактабу ҳавзаҳои адабию ҳунарии Бухорою Самарқанд, Марву Балх дар иртибот аст(2).

    Суннати ҳирфаии таҳияи рисола–баёзҳои шеърию мусиқӣ асосан дар марказшаҳрҳои фарҳанговар сурат гирифт ва идомати ин анъана на фақат ба эҷод ва иҷро, таҳқиқи шеъру мусиқӣ муасссир буд ва ҳатто дар рангомезии жанру шаклҳои шеърию мусиқӣ, фарогирии ҷуғрофиёи густариши он, ному сабки эҷоду иҷро, пажӯҳиши масоили таърих ва назарияи шеъру мусиқӣ нақши марказшаҳрҳои фарҳанговар чун Бухоро, Марв, Самарқанд, Ҳирот, Балх муассир аст. Анъанаи навишту таҳияи рисола- баёзҳои шеърию мусиқии ҳирфаию тахассусӣ, асосан доир ба санъати мақом ва мақомсароӣ дар иртибот буда ва нахустинбор манзумаҳои шеърию мусиқии ҳирфаӣ дар охири садаи XV ва оғози садаи XV1 дар Варорудон (Бухорову Самарқанд) ба миён омадаанд.

   Таъкид ба ёдоварист, ки дар замони хонадони манғития дар иртибот ба масоили назарии мусиқӣ (Шашмақом), махсусан мақом ва мақомсароӣ навиштаҳои усулан назарии мусиқӣ рӯи кор наомадааст. Яъне хатти ягонаи таҳқиқу баррасии мақомҳо,ки асрҳо барҷо буд то ҷое гусаста шуд. Дар Варорудон (садаҳои XV111-X1X) ҳавзаҳои маҳдуди маҳаллии шеърӣ ва иҷроӣ рӯи саҳна омаданд (мисли ҳавзаҳои адабию Ҳисор, Хӯқанд, Хева). Ҳавзаҳои эҷодию ҳунарии бузургтарин хостгоҳҳои ҳунарӣ иртибот ба ҳавзаҳои дигар надошт ва агар буд бисёр ночиз буданд. Аз ин рӯ? оид ба «Шашмақом» усулан рисолаи назариявӣ (таркиботи ин шоҳкории шеърию мусиқӣ таҳқиқу тафсир шуда бошанд) асаре навишта нашуда, танҳо рисола- баёзҳои шеърӣ (матнӣ) таҳия шуданд. Анъанаи таҳияи рисола- баёзҳои шеъриии мақомҳо («Шашмақом») бо такя ба манзума-куллиёти «Дувоздаҳмаком», ки устоди номвари мактаби классикии Бухоро Наҷмиддини Кавкабӣ (1468- 1532) тартиб дода буд, таҳия шуданд ва ин суннат ҳам асосан дар ду маркази фарҳангӣ – Бухоро ва Самарқанд ҳирфаӣ ва муназзам идомаю густариш ёфт (дар дигар ҳавзаҳои Варорудон ҳам рисола- баёзҳо доир ба мақомҳо таҳия мешуданд, вале бештар моҳиятан фардӣ буданд ва дар фазои васеи эҷодию иҷроӣ, пажӯҳишии мусиқии устодона- мақомҳо камнур буданд, мисли ҳавзаҳои Водии Ҳисор,Хуқанд, Хева,Тошканд ва ғ.).(3).

   Агар дар муқоиса ба осори назарии шеърию мусиқии садаҳои пешин назар намоем, фазои таҳқиқӣ, диду бардошти садаҳои ХV111-X1X камнур аст (аз лиҳози диди таҳқиқӣ, баррасии масоили таърихию назарии суннати устодонаи мусиқии устодона). Зимнан доир ба «Шашмақом» охири садаи ХV11 ибтидои садаи ХV111 тағйири ном сурат гирифт, ягон рисолаи назарӣ, ки таркиботи онро баррасӣ намуда бошад, навишта нашуда, мисли «Дувоздаҳмақом», ба истиснои баёзҳои шеърӣ. Аз ин рӯ, дар садаҳои ХV111- X1X ва оғози XX диди назарию тафсирии шеърию мусиқии эҷод ва иҷрои мақом бисёр содда ва ҳатто дар либоси нақлу ривоят, фаҳмиши динӣ бисёр кӯтоҳ ба қалам омадаанд (хоси аксари рисола- баёзҳои ин садаҳо аст). Яъне диду бардоштҳои донандагон ва иҷрогарони ҳирфаии мақомҳо усулан дар ягон навиштаи хаттӣ собит нашудааст, ба истиснои чанд нуктаҳои тавсифии Аҳмад Махдуми Дониш ба масоили умумии мусиқӣ дар замони хонадони манғития. Аз ин рӯ, ин садаҳо дар таърихи мусиқии мо пур аз муаммоҳост. Назар, диду бардоштҳое, ки имрӯз доир ба ин садаҳои мусиқии устодона -мақомҳо баён мешаванд, заминаи санадии бурҳонӣ надоранд.

   Новобаста аз ин ҳавзаи адабӣ, эҷодию иҷроии шеърию мусиқии Бухоро, Самарқанд (дар ҳавзаҳои Марв, Тошканд ва ғайра ҳам дар ин самт кори эҷоду иҷро побарҷо буданд, вале нақши калидӣ дар ҷараёни умумии таҳаввулоти ҳунарӣ камрангу моҳиятан маҳаллӣ буданд) баробари собиқаи бостонӣ доштан инчунин пойгоҳи муназзаму суфтасозӣ, такмилу натиҷагирии таҷрибаҳои тӯлонии суханварону ромишгарони соҳибмактабу навовар буда ва ҳар кори ҳунарии мондагор дар ин ду ҳавзаи эҷодӣ рӯи саҳна (дар иртибот ба «Шашмақом») меомад. Аз ин рӯ, дар ин марказшаҳри фарҳангӣ аввалин куллиёти устодонаи шеърияти санъати мақом ва мақомсароӣ бо кӯшиши сарвари мактаби мусиқии Бухоро, мусиқидон ва шоири номвар Наҷмиддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ «Куллиёти Дувоздаҳмақом» рӯи саҳна омад ва ин маҳсули дастаҷамъии бадеию зебоишиносии шеърию мусиқии шоирон, мусиқидонон, ромишгарони Варорудону Хуросон аст. Ин кори ҳунарӣ таҳти сарварии Кавкабии Бухороӣ минбаъд қутбнамои интихобу баҳраварӣ, риояти интихоби шеърӣ,таҳияи рисола- баёзҳо дар санъати эҷодию иҷроии мақомҳо барои ҳамаи ҳавзаҳои адабию ҳунарӣ гардид. Воқеист, ки дар ин куллиёт шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) мавқеи хоса касб кардааст.

   Дар рисола- баёзҳои доир ба «Шашмақом », ки садаҳои XV111-X1X ва оғози садаи XX дар Бухоро, Самарқанд ( чанд адад намунаҳои фардӣ дар Тошканду Хоразм чун «Армуғони Хислат» ҳам таҳия шуданд ) бо кӯшиши Аҳмади Дониш (1827-1896), Қорӣ Кароматуллоҳи Дилкаши Танбурӣ (1851-1906), Ҳомидхоҷаи Савтӣ (1849-1918), Ҳоҷӣ Абдулкарими Хонанда (1848-1910), Бобо Ҷалол (Носирзода 1845-1928), Махдуми Хонанда (1842-1905), Раҳими Танбӯрии Самарқандӣ (1820-1897), Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Савтӣ (1834-1902), Ҳофизи Бобомулло (ваф. 1875), устод Абдулхайри Махдум (1868-1919) ва дигарон таҳия шуда ва ба замони ҳукумати амирони манғитӣ амир Ҳайдар (1800-1826), Насруллоҳ (1826-1860), Музаффар (1860-1865), Абдулаҳад (1885-1910), Олимхон (1910-1920) мансубанд. Таҳияи нахустин рисола- баёзи мақом ( «Шашмақом» соли 1855) дар замони амир Насруллоҳ (1826-1860) сурат гирифта ва сабки хатнигории Аҳмад Махдуми Дониш (1827- 1897) мансуб аст (аллома чанд сол ба сифати котиб, дафтардор, хаттот хидмат намудаанд).

   Дар манзумаҳои шеърию мусиқӣ, анъанаи эҷодию иҷроии мақом ва мақомсароии садаҳои XV111- X1X ва оғози садаи XX эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207- 1273) хеле муассир аст. Ин мавзӯъ то имрӯз таҳқиқи фаннӣ нашуда ва ин навишта нахустин гузориш аст. Ин чеҳраи номвари шеър дар анвою жанрҳои шеърӣ ғазал, рубоӣ, мухаммас, соқинома, тарона, мустазод, муламмаъ, мусаддас, дубайтӣ, таркибанд, маснавӣ ва ғ. асарҳо эҷод намудааст. Дар аксари рисола- баёз шеърию мусиқии дар садаҳои XVIII-XIX ва ибтидои садаи XX таҳиякунандагон аз шеъри мусиқивори Мавлоно мавриди истифода намудаанд. Дар рисола- баёзҳои Раҳими Танбӯрии Самарқандӣ (1820-1897), устоди Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850- 1936) «Рисолаи Шашмақом», Мусохоҷаи Туркистонӣ «Рисолаи Шашмақом» ва зиёда аз 30 рисола- баёзҳои мақомҳо (дар шохаҳои наср, таронавии мақомҳои Рост, Бузург,Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ ) аз ғазалу рубоиёти Мавлоно фаровон истифода шудаанд. Зимни ин дар баёзҳои дузабониии ҳавзаҳои иҷроии Хеваю Тошканд («Армуғони Хислат»,Тошканд, 1912), баёзҳои ҷайбии сарояндагони ҳавзаҳои иҷроии ин садаҳои Варорудон низ намунаҳо аз ашъори Мавлоно ҷой доранд. Дар асари Мирзо Насир Фурсатулдавлаи Шерозӣ «Бухур-ул-алҳон …» (аввалин манзума доир ба «Ҳафт дастгоҳ», Теҳрон, 1320. шамсӣ) низ аз шеъри Мавлоно низ истифода шудааст (4).

   Ашъори мақомҳо пироставу пайваста бо назми бисёр суфта, ифода, маъниҳои баланд, тасвирҳои мутанаввуъ, баҳру авзонҳои нотакрори саноеи бадеӣ ва дар навбати худ саҳли мумтанеъ таркиб ҳамсону ҳамоҳанг аст. Донандаю риояткунандагони чунин сохтори авзони шеъри форсии тоҷикӣ, ки дар ҳавзаҳои иҷроии Хева (мақомҳои хоразмӣ), Тошканду Хуқанд ҳам шеъри Мавлоно эътибор доштанд. Аз ин рӯ дар аксари рисола- баёзҳои «Шашмақом» ворид шудани ашъори рангомези Мавлоно гувоҳи маъруфияти шеърияти баландпояи ӯст (ниг. ба манзумаҳои мақомии «Армуғони Хислат, Тошканд, 1912, № 13860 , манзумаҳои Хева: Р: № 6977, 3842, 7406 ва ғайра, нусхаҳои хаттии Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Абурайҳон Берунӣ ва ғ.)(5).

   Дар ҷараёни омӯзиши нусхаҳои қаламии манзумаҳои мусиқӣ доир ба «Шашмақом», ки дар захираҳои хаттии Санкт- Петербург (С693-842; В 2408 ЛОИВАН СССР), Тошканд (РР: 7074, 3842, 4632-1, 1109-11, 1197, 302-VI, 8827-11, 1428-11, 5734-1, 3059, 1466, 3920-1, 8000, 8854, 8855, 8856, 13860 ва ғайра. ИШАФ Узбекистон), Душанбе (РР:1294, 1049, 1312, 1310, ИШАИ Тоҷикистон), Эрон (Машҳад, Остони Қудс Ш: 12928), Ҳиндустон (Солор Ҷанг,1372) равшан шуд, ғазалу рубоиҳои Мавлоно дар ин манзумаҳои мусиқӣ ҷойгоҳи хос касб намудаанд. Аз ҷумла, ин ғазали Мавлоно дар мақоми «Рост», шохаи Фурӯдошти Ушшоқ» дар анъанаи иҷроӣ муассирияти хос дошта:

    Эй турки моҳчеҳра,чӣ гардад, ки субҳ ту,

   Оӣ ба ҳуҷраи ману гӯӣ,ки «галл барӯ».

   Ту моҳи туркиву манн агар турк нестам,

   Донам ман ин қадар,ки ба туркӣ об –сув.

   Оби ҳаёти ту гар аз ин банда тира шуд,

   Туркӣ макун ба куштанам, эй турки туркхӯ!

   Ризқи маро фарохӣ аз он чашми танги туст ,

   Эй ту ҳазор давлату иқболи ту ба ту,

   Эй Арслон, қилич макаш аз баҳри хуни ман,

   Ишқат гирифт ҷумлаи аҷзом мӯ ба мӯ.

   Захми қилич мабод, ки бар ишқи ту расад,

   Аз бухли ҷон намекунам, эй турк , гуфтугӯ,

   Номи турк гуфтам аз баҳри мағлата,

   Зеро ишқ дорад сад қосиду адӯ.

   Дак тур шунидам аз туву хомуш мондам,

   Ғаммози ман бас аст дар ин ишқ рангу бӯ (6).

   Чуноне ки хотирнишон шуд дар рисола-баёзҳои «Шашмақом» зиёда аз 40 ғазалу рубоиҳои Мавлоно дар таркиботи мақомҳои «Рост», «Бузург», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ» шохаҳои овозиашон (наср, намуд, талқин,тарона, уфар ва ғ.) мавриди истифода шудаанд. Аз ҷумла, ғазали ширу шакари ӯ ,ки дар аксари рисола- баёзҳои мусиқии садаҳои XV111- X1X ҷойгоҳи хос касб намуда, дар барномаҳои фардии устодони мусиқии ин садаҳо авлавият дошт:

   Донӣ,ки ман зи олам ялғуз сени севарман,

   Гар дар барам наёӣ,андар ғамат ӯларман.

   Ман ёри бовафоям, бар ман ҷафо қилурсан,

   Гар ту маро нахоҳӣ,ман худ сани деларман.

   Рӯи чу моҳ дорӣ, ман соддадил аз онам,

   З-он шаккар (ин) лабонат бир иккина диларман.

   Ту ҳамчу шери мастӣ , мани қонум ичарсан,

   Ман чу сагони кӯят дунболи ту кезарман.

   Фармой ғамзаатро ,то хуни ман бирезад,

   В-арна санигнг ускунда мир язғурӣ ёзарман.

   Ҳар дам ба хашм гӯӣ: нари манам қуюнда (қӯйинда),

   Ман сахт карда, наздики ту д(т)урарман.

   Рӯзе нишаста хоҳам ялғуз санинг қуюнда,

   Ҳам сан чағӣ ичарман, ҳам ман Қайс буларман,

   Моҳе чу Шамси Табрез ғайбат намуду гуфто:

   Аз ман дигар мапурсед, ман сӯйладим, борарман.

   Матни «Намуди Рост» мазкур дар мақоми «Рост» дар аксари рисола- баёзҳои мақом ворид шуда, аммо дар нашри «Шашмақом», ки устодони мусиқӣ Б. Файзулло, Ш. Соҳиб, Ф. Шаҳоб ва сабти Академияи мақом, ин ғазал мавриди истифода нашудааст. Таъкид ба ёдоварист, ки дар сабтҳои «Шашмақом» аз манзумаҳои нисбатан комили мусиқӣ ба таври бояду шояд кам истифода (махсусан аз нусхаи дар замони амир Насрулло, ки онро Аҳмад Махдуми Дониш китобороӣ истифода) намудааст) шудааст. Инак «Намуди Рост»,ки бо ғазали Мавлоно пиросташуда:

   Эй зада мутриби ғамат дар дили мо таронае,

   Дар сару дар димоғи мо ҷон ҷуста зи ту фасонае.

   Чун-к хаёли хушдамат аз сӯи ғайб дардамад,

   З-оташи ишқ барҷаҳад то ба фалак забонае.

   Зӯҳраи ишқ чун бизад панҷаи худ дар обу гил,

   Қомати мо чу чанг шуд, синаи мо чу чағонгае.

   Оҳуи ланг чун ҷаҳад аз кафи шери шарзае,

   Чун бираҳад зи бози ҷон қолаби чун самонае?

   Эй гулу эй баҳори ҷон в-эй маю в-эй хумори ҷон,

   Шоҳу ягона ӯ бувад, к-аз ту хурад ягонае.

   Боғу баҳори бахт бин, олами пурдарахт бин,

   В-ин ҳамагӣ дарахтҳо руста шуда зи донае.

   Аз деҳишу атои ту фақри фақир фахр шуд,

   То ки намонд дардро бар фуқаро даҳонае.

   Лутфу атову раҳматат табли висол мезанад,

   Гар накунад висоли ту бори дигар баҳонае.

   Рӯзаи Марями маро хони Масеҳият наво,

   Тар кунам аз фуроти ту имшаб хушкнонае.

   Хомуш кун,агар сарат хориши нутқ медиҳад,

   Ҳаст барои ҷаъди ту сабр гузида шонае(8).

   Ё худ ғазалҳои сохторан зарбӣ- ритмикии Мавлоно,ки дар «Насри Сегоҳ» ҷойгоҳи хос дорад ва устоди бузурги мусиқӣ Наҷмиддини Кавкабӣ (1468- 1532) дар матни «Куллиёти Дувоздаҳмақом» ворид намуда, дар як вақт вазифаи жанри шеърию мусиқии «куллиёт» -ро иҷро мекунад. Ин ғазали зарбӣ дар анъанаи эҷодию иҷроии санъати мақом ва мақомсароӣ(садаҳои XV1-X1X) хеле муассир будааст. Ин ғазали Мавлоно дар матни (поэтикаи) «Шашмақом»-и имрӯз ба сабтрасида ҳам мавриди истифода нашуда ва ин ғазал чунин аст:

   Мезан сето,ки якто гаштам, макун дутоӣ,

   Ё пардаи «Раҳовӣ» ё пардаи «Раҳоӣ».

   Бе зеру бе бами ту моем дар ғами ту,

   Дар нои ин «Наво» зан, к-афғон зи бенавоӣ,

   «Қавл»е, ки дар «Ироқ» аст, дармони ин фироқ аст,

   Бе қавли дилбарӣ ту, охир, бигӯ куҷоӣ.

   Эй ошнои шоҳон, дар пардаи «Сифоҳон»,

   Бинвоз ҷони моро аз роҳи ошноӣ.

   Дар ҷамъи сустроён рав «Зангула»сароён,

   Коре бубар ба поён,то чанд сустроӣ?

   Аз ҳар ду «Зерафканд» банд бар ин дилам банд,

   Он ҳарду худ як асту моро ду менамоӣ.

   Гар ёри росткорӣ,в-ар қавли «Рост» дорӣ,

   Дар «Рост» қавл баргӯ, то дар «Ҳиҷоз» оӣ,

   Дар пардаи «Ҳусайнӣ» «Ушшоқ»-ро даровар,

   В-аз «Бусалик»-у «Моя» бинмой дилкушоӣ.

   Аз ту «Дугоҳ» хоҳанд, ту «Чоргоҳ» баргӯ,

   Ту шамъи ин сароӣ, эй хуш, ки месароӣ (9).

   Дар ҷараёни омӯзиши нусхаҳои қаламии манзумаҳои мусиқӣ (рисола- баёзҳо) нигорандаи ин сатрҳо равшан намуд, ки таҳиягарону китобороёни садаҳои XV1-X1X аз осори Мавлоно зиёда 40 ғазал ва рубоиҳоро ворид намуда, дар рангомезии санъати эҷод, иҷрои мусиқии устодона аз ҷумла, муассирияти шеърияти сухансарои бузург гувоҳӣ медиҳанд.

   Дар маҷмӯъ метавон чунин натиҷа гирифт, ки дар манзумаҳои шеърию мусиқии доир ба «Шашмақом» дар садаҳои XV111- X1X ва оғози садаи XX таҳияшуда баробари дигар суханварон ба шеърияти Мавлоно дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии мусиқӣ таваҷҷӯҳ ва арҷгузории хоса мешудааст. Шеърияти Мавлоно дар рангомезии эҷодию иҷроии мусиқӣ на фақат дар фазои эҷоду иҷроии устодонаи шаҳрҳо, инчунин бурун аз он ҳам муассир будааст.

   Меросбарони эҷодиёти мусиқии устодонаи тоҷик Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851-1906), Ҳомидхоҷаи Савтӣ (1849-1918), Ҳоҷӣ Абдукарими Хонанда (1848-1910), Қорӣ Наҷмиддини Хонанда (1854-1910), Бобо Ғиёс Абдуғанизода (1859-1927, Абдусамадбеки Ҳофиз (1857-1914), Шаробхони Дуторӣ (1867-1922), Махдум Ҳофизи Самарқандӣ (1868-1919), Бобомуллои Хонанда (ваф. 1875), Бобо Ҷалол Носирзода (1845-1928), Раҳими Танбӯрии Самарқандӣ (1820-1897), Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936), Зебопарӣ (1886- 1935), Содирхон (1847-1931) ва дигарон дар фаъолияти эҷодию иҷроии хеш аз мероси Мавлоно мавриди истифода намуда ва таснифоти рангине низ сохтаанд(10).

  Омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ, аз ҷумла манзума-рисола- баёзҳои мусиқӣ, хосатан усули таҳқиқи муқоисавию татбиқии онҳо бисёр саҳифаҳои норавшани эҷодиёти Мавлоноро дар мероси гаронманди мусиқии тоҷикон равшан хоҳад намуд.

   Манобеи истинод ва истифодашуда:

   1. Кавкабӣ Наҷмиддин. Рисолаи мусиқӣ. Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом. Таҳқиқу таҳия ва тавзеҳоти Аскаралӣ Раҷабов. Душанбе, 1985.

   2. Абёти Дувоздаҳмақом (1271 ҳ Бухоро), Р: 4544-1,ИВАН Узб.ССР;Абёти Шашмақом (1287 ҳ) , Р:4632-1, ИВАН Узб.ССР; Абёти Шашмақом (1896, Бухоро), Р:3059-4, ИВАН Узб. ССР; Ашъори Шашмақом (1296 ҳ Бухоро), Р:302-VI, ИВАН Узб. ССР.

  3. Баёзи Шашмақом, таҳияи Исо Раҳматулло, Мубашшир Акбарзода ва Баҳриддин Мирзоев, муқаддимаи Аскаралӣ Раҷабов, Абдувалӣ Абдурашидов, Душанбе, Душанбе, 2008; Хоразм мусиқӣ нотасӣ. Р:1149, ИВАН, Узб. ССР.

  4. Саид Ҳайбатулло Хислат. Армуғони хислат (1912), Р:13860, ИВАН, Узб. ССР; Фурсатулдавлаи Шерозӣ. Буҳур ал-алҳон…., Теҳрон, 1367.

  5. Дар баёни 12-мақому 6-овоза, Р: 209-XIX, ИВАН Узб. ССР;Мақомоти мусиқӣ, Р:3842-XI, ИВАН Узб.ССР; Мақомоти илми мусиқӣ , Р: 9688: 11 , ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ, Р: 7406,ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ, Р: 7435, ИВАН Узб. ССР;Мусохоҷаи Туркистонӣ, Рисолаи Шашмақом Р: 7074, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р:3842, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р: 8739, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р:9044-11,ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ Р: 8739-11, ИВАН Узб.ССР; Рисола дар баёни Шашмақоми мусиқӣ , Р:1428-11,ИВАН Узб.ССР.Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ , Р:5734-1, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ, Р: 3920-1 ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом , Р:1109-11,ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақом,Р: 4632-1, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 8827-11, ИВАН Узб.ССР.

   6. Рисолаи Шашмақом, Р:5734-11, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:3920-1, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақом, М3, Б-94 № 434, НИИ им. Хамзы Узб.ССР; Рисолаи Шашмақом, Ш: 12928, Китобхонаи Остони Қудси Разавӣ; Рисолаи Шашмақом,Р:132/1 ИВАН, Тадж.ССР.

   7. Рисолаи Шашмақом, Р:1310 ИВАН, Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:4982/1, ИВАН, Тадж.ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:8000, ИВАН, Узб. ССР: Саид Ҳайбатулло Хислат. Армуғони хислат (1912), Р:13860, ИВАН,Узб. ССР.

   8. Се рисолаи мусиқии қадимии Эрон, бо кӯшиши доктор Мансура Собитзода, Теҳрон, 1382(2003);Тарона ва мақом. С-693, ЛОИВАН СССР.

   9. Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ , Р:5734-1, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ, Р: 3920-1 ИВАН Узб. ССР;Рисолаи Шашмақом , Р:1109-11, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақом,Р: 4632-1, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 8827-11, ИВАН Узб.ССР.

  10. Мақомоти мусиқӣ, Р: 7406, ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ , Р: 7435, ИВАН Узб. ССР; Мусохоҷаи Туркистонӣ, Рисолаи Шашмақом Р: 7074, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ , Р:3842, ИВАН Узб. ССР;Рисолаи мусиқӣ ,Р: 8739, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р:9044-11,ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ Р: 8739-11, ИВАН Узб.ССР; Рисола дар баёни Шашмақоми мусиқӣ , Р:1428-11,ИВАН Узб.ССР.

 Аскаралӣ Раҷабов,

профессор

БОЗГАШТ