АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шикасти қонунии Трамп дар Колорадо метавонад ба тиллои сиёсӣ табдил ёбад

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

ИНТИХОБОТИ  ШМА - 2024

Оё қарори додгоҳи Колорадо ба тақдири сиёсии Трамп таъсир мерасонад?

Талошҳои нерӯҳои мухталифи сиёсӣ барои пешгирӣ аз ширкати Доналд Трамп дар интихоботи соли 2024 оҳанги нав ба худ касб намудааст. Қарори Додгоҳи олии Колорадо дар бораи хориҷ кардани ӯ аз интихоботи ибтидоии ҷумҳурихоҳон дар иёлоти мазкур як гардиши бесобиқаи дигар дар сиёсати Амрико ба шумор меравад.

Қарори Додгоҳи олии Колорадо дар бораи маҳрум кардани раисиҷумҳури пешин аз раъйдиҳии ибтидоии ҳизби ҷумҳурихоҳон боз як падидаи бесобиқа дар сиёсати ШМА мебошад. Ин як қарорест, ки марзҳои байни низомҳои сиёсӣ ва додгоҳии Амрикоро боз ҳам норавшан мекунад ва бархӯрду тазоди тозаеро дар байни маъракаи интихоботӣ ва додгоҳҳо эҷод мекунад.

Агарчанде дар гумон аст, ки чунин нобарории ҳуқуқӣ ба кӯшишҳои ҷаноби Трамп барои бозгаштанаш ба Кохи Сафед осеби ҷиддӣ расонад, аммо номбурда аллакай онро ба манфиати сиёсии худ истифода мебарад. Фаъолоне, ки парвандаи мазкурро дар Колорадо рӯи кор овардаанд - як гурӯҳи нозирони либералӣ ва дастаи интихобкунандагони ҷумҳурихоҳ ва мустақили зидди Трамп - шояд пирӯзии худро ҷашн мегиранд. Аммо вокуниши сиёсатмадорони демократ - онҳое, ки соли 2024 бо интихобкунандагон рӯбарӯ хоҳанд шуд ва барои мағлуб кардани Трамп дар қуттии раъй талош мекунанд, як оҳанги дигаре дорад. Аслан ин ҷанге нест, ки онҳо мехоҳанд.

Котиби давлатии Колорадо Йена Грисволд, ки аз иқдоми якҷониба барои боз доштани ҷаноби Трамп аз интихоботи ибтидоии иёлот худдорӣ кардааст, рӯзи чаҳоршанбе роҷеъ ба қарори додгоҳ ибрози назар намуд, ки чандон хушбинона нест. "Аз ин қарор шикоят кардан мумкин аст", гуфт ӯ. "Ман қарори судеро риоя мекунам, ки ҳангоми тасдиқи бюллетенҳо эътибор дошта бошад".

Як сабаби чунин норавшан изҳори ақида намудани мавсуф чун хомӯшии нисбии дигар намояндагони демократҳо он аст, ки дурнамои ниҳоии қазияи Колорадо чандон равшан нест. Фаъолони маъракаи пешазинтихоботии ҷаноби Трамп аллакай ваъда додаанд, ки аз болои ин қарор шикоят хоҳанд кард ва он ҳам мустақиман ба Додгоҳи Олии ШМА. Аз назари Самуэл Иссачарофф, профессори ҳуқуқи конститутсионӣ дар Донишгоҳи Ню-Йорк, шикоят бешубҳа қабул хоҳад шуд, бахусус бо назардошти он, ки судҳои иёлоти дигар даъвоҳои шабеҳро баррасӣ ва рад кардаанд. "Шумо наметавонед қазияи номзади сатҳи миллиро ба мақоми президент дар сатҳи як иёлот муайян кунед", гуфт ӯ. "Ин вайрон кардани тартиботи демократӣ хоҳад буд."

Дар айни замон аксарияти аъзои Додгоҳи Олиро муҳофизакорон (консервативҳо) аз шаш то се нафар ташкил медиҳанд. Дар ҳоле ки додрасҳо, ҳатто се нафари аз ҷониби ҷаноби Трамп таъйиншуда, дар парвандаҳои қаблӣ омодагӣ ба ҳукми зидди раисиҷумҳури пешинро нишон дода буданд, ҷаноби Исачарофф бовар дорад, ки онҳо аз маҳдуд кардани имконоти интихобкунандагон дар қуттии овоздиҳӣ худдорӣ хоҳанд кард. Демократҳо инчунин метавонанд аз он нигарон бошанд, ки чолишҳои ҳуқуқӣ ва ҳукми Колорадо ба яке аз паёмҳои марказии маъракаи ҷаноби Трамп мубаддал гардад, чун элитаи ҳоким ба ҳаракатҳои сиёсии рӯз таҳдид мекунад ва омода аст иродаи мардумро барои ба сари қудрат овардани Раисиҷумҳури собиқ боз дорад.

Сухангӯи маъракаи таблиғотии Трамп Стивен Чеунг ҳукми додгоҳи Колорадоро "комилан хато" номид. Вай гуфт, ки ин нишонаи он аст, ки демократҳо ба президент Ҷо Байден эътимодро аз даст додаанд ва "ҳоло ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то интихобкунандагони амрикоиро дар моҳи ноябри соли 2024 аз мақомаш дур кунанд". Дар ҳамин ҳол, рақибони ҷумҳурихоҳи ҷаноби Трамп асосан дар атрофи ӯ муттаҳид мешаванд, чуноне ки онҳо дар тамоми набардҳои қонунии раисиҷумҳури собиқ дар соли ҷорӣ доштанд. Губернатори Флорида Рон ДеСантис тасмими Колорадоро сӯиистифода аз қудрат номид. Вивек Рамасвами гуфт, ки номи худро аз бюллетенҳои ибтидоии иёлот хориҷ хоҳад кард. Ҳизби ҷумҳурихоҳи Колорадо таҳдид кардааст, ки интихоботи ибтидоиро комилан лағв мекунад ва интихоби худро барои номзад тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунад.

Губернатори собиқи Каролинаи Ҷанубӣ Никки Ҳейли, ки шояд наздиктарин рақиби ҷаноби Трамп бошад, гуфт: "Мо дар ин роҳ бо роҳи дуруст пирӯз хоҳем шуд". "Охирин чизе, ки мо мехоҳем, судяҳо ба мо мегӯянд, ки кӣ метавонад дар бюллетенҳо бошад ва кӣ наметавонад бошад". Демократҳо метавонанд аз он ноумед шаванд, ки то ҳол ҳадди аққал ҷаноби Трамп зоҳиран аз пардохти ҳар гуна ҷарима - сиёсӣ ё ҳуқуқӣ - барои нақше, ки дар ҳамлаи 6 январи соли 2021 ба Конгресси ИМА анҷом додааст, озод мондааст.

Раисиҷумҳури собиқ бо иттиҳомоти марбут ба кӯшиши ӯ барои лағви интихоботи соли 2020 ду маротиба - аз ҷониби додситонҳои федеролӣ ва як додситонии ноҳиявӣ дар Ҷорҷа айбдор карда шудааст. Аммо он мурофиаҳое, ки аз ҷониби ҳакамони гражданӣ, на судяҳо ҳал хоҳанд шуд, ҳанӯз моҳҳо боқӣ мондаанд, агар на бештар. Ва шояд гуфта шавад, ки прокурори махсус Ҷек Смит, ки парвандаи федеролиро сарварӣ мекунад, иттиҳомоти ноустувореро пеш овард, ки ба исботи мустақими сарварии шӯриш аз тарави ҷаноби Трамп асос наёфтаанд.

Қарори Суди Олии Колорадо метавонад як лаҳзаи шадиди масъулиятро ба бор оварад, ки баъзе мунаққидони Трамп интизор доранд, аммо он ҳам муваққатӣ хоҳад буд. Ва дар ниҳоят, ин қарор метавонад ба қудрат баргаштани раисиҷумҳури пешинро эҳтимоли бештар бахшад, на камтар.

Тарҷума аз забони англисӣ

Шуъбаи ШМА ва Канада

 

Сарчашма: Trump's legal defeat in Colorado may turn into political gold //  https://www.bbc.com/news/world-us-canada-67632728

 

 

 

 

БОЗГАШТ