АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шинохти муҳаққиқони Фаронса оиди тоҷикшиносӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар васфи Тоҷикистон ва муҳити дилписанду мардуми меҳмоннавози он бисёр адибони сарзамини Аврупо асарҳои ҷолиб офаридаанд. Ҳар оне, ки аз аҳлу адаб ва фарҳанг ба Тоҷикистон сафар кард, муваффақиятҳои онро бо дили гарму чашми ҳақиқатбин дидааст, дар бозгашт як ҷаҳон хотироти нек бурдааст. Тасвири Тоҷи- кистон одамони сарбаланду, шаҳру деҳоту тамаддуни дирӯзу имрӯзи он дар сафар- номаҳо вобаста ба ақидаву мулоҳизаи муаллифон аз ҳамдигар бо куллӣ фарқ мекунанд. Дар аввал дар бораи се нафар адибони франсавие, ки аз солҳои 1931 то 1960 - 70 ба Тоҷикистон омадаанд, нақлу ҳикоятҳо мекунем. Инҳо Пол Вайян-Кутюрйэ, Пол Низан ва Владимир Познер мебошанд.
Пол Вайян-Кутюрйэ 8-уми январи соли 1892 дар Париж таваллуд шудааст ва овони кудакӣ ва ҷавониаш дар он ҷо ва назди куҳҳои Пиреней гузаштааст. Вай баъди хатми литсей дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сорбон таҳсил кардааст. Пол бештар ба асарҳои Стендал, Балзак, Анатол Франс ва ашъори Гюгою Толстой таваҷҷуҳи зиёд дошт. Соли 1913 аввалин асари ӯ бо номи « Омадани чупон» аз чоп мебарояд, ки дар он ба қавли муҳаққиқонаш, меҳнати эҷодӣ, ҳаёти осоишта, инсони оддӣ тараннум ёфтааст. Мақолаҳои сершумораш дар саҳифаҳои «Журнал дю пупл» («Маҷаллаи халқ»), « Веѓите» («Ҳақиқат»), «Ви увѓиеѓ» (« Ҳаёти коргарон»), «Пэи» («Мамлакат»), чоп шудаанд. Пол бори аввал соли 1921 дар ҳайяти вакилони конгресси сеюми Коминтерн ба Иттиҳоди Ш уравӣ меояд.
 Аввалҳои соли 1931 Пол Вайян-Кутюрйэ бори охирон ба мамлакати мо азми сафар мекунад. Бо вуҷуди душвориҳои он солҳо ба Сталинобод «нахустин фран- савӣ» -Кутюрйэ пой гузошта одами «таҳҷоӣ» шуда буд. (Замон ва тарҷумон. Ш.М) . «Ман нахустин франсавие ҳастам, ки дар Сталинобод пой мегузорам.
Сталинобод пойтахти ҷумҳурияти охирини Осиёи Ҷанубӣ буда, онро роҳи оҳан рост бо Париж пайваст мекунад.
Аз Париж то силсилаи куҳҳои Помир бо поезд ҳамагӣ даҳ рӯза роҳ аст. Сталинобод маро бо хиёбони сангфарши зебое, ки аз вокзал сӯи шаҳр мебараду ду тарафашро дарахтони зебою умедбахш иҳота кардаанд, истиқбол намуд…», -навишта аст Пол Вайян-Кутюрйэ, «П. Вайян - Кутюрйэю. Бунёдкорони ҳаёти нав» Мақсади асосии сафари навбатии Пол аз ҳар ҷониба омӯхтани ҳақиқати зиндагӣ дар шаҳру деҳоти Иттиҳоди Шуравӣ, одамони меҳнатдӯст ва қавииродаи он, махсусан саноатикунонии сотсиалистӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакати ҷавони шуравӣ иборат буд. Ӯ дар боби панҷуми китобаш «Бунёдкорони ҳаёти нав. Нӯҳ моҳи сайёҳат дар ИҶШС-и плани панҷсола. Дар ватани Темурланг. – Париж: Бюро д` Эдисйон, 1932 (бо забони франсавӣ)» оиди ободии деҳоти мардуми Шуравӣ, озодии халқи меҳнатдӯсту, бофарҳанги он нақл мекунад. Ба ҳамин мақсад ӯ роҳи Тоҷикистонро пеш гирифт. Бруно Ясенский, Эгон Эрвин Киш… ӯро ҳамроҳӣ кардаанд. Китоби «Дар ватани Темурланг» очерк дар бораи Тоҷикистон номид. Аз бисту чор боби он понздаҳ тоаш аз дидаву шунидаи Кутюрйэ дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон нақл мекунанд. Ӯ хонандаро ба сайёҳати ба воситаи самолёт кардаи нависанда ва поездсавор дар купе бо шахсони таппонча дар миён ва дигаре камон дар китф во хурда ошно месозад. Тавассути роҳбалад Кутюрйэ мефаҳмад, ки ҳамсояҳои ношиносаш босмачиёнанду онҳоро аз Термиз ба Сталинобод мебаранд.
Кутюрйэ дар сатрҳои пурмазмуну шавқовари боби панҷуми китобаш «Сталинобод шаҳри пионерӣ» ҳуҷҷатҳои боътимоди статистикаи рӯзро бо андешаҳои шахсии худ омезиш дода, доир ба паҳлуҳои гуногуни тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурии ҷавони тоҷикон ва хоса маркази он - Сталинобод муфассал мулоҳиза рондааст. Масалан, ӯ навиштааст: «Душанбе дар забони тоҷикӣ маънои рӯзи якуми ҳафтаро дорад. Аз қадимулайём дар Душанбе бозори боҳашамате – соле як бор «Душанбеи машҳур» баргузор мегашт. Ин ҷо савдогарон аз Форсу Афѓонистон, Ҳиндустону Чин меомаданд. Роҳҳои корвонгузари беохир дар бозорҳои Душанбе ба ҳамдигар бармехӯрданд. Обу ҳавои Душанбе назар ба дигар шаҳрҳои даштӣ беҳтар буд. Искандари Макдунӣ ҳам ба Душанбе қадам мондааст…».
Дар китоби «Бунёдкорони ҳаёти нав» аз бобати таърихи бунёди республикаи ҷавони Тоҷикистон ва боигариҳои он низ сухан рафтааст. Тоҷикистон дорои «тамоми ашёи хом ва ҳамаи боигариҳои зеризаминӣ – аз тилло то радий аст», -навиштааст муаллиф, - вале афсус, ки «набудани роҳҳо, сабаби дастнорас будани онҳост», солҳои аввали сохтмони сотсиализм, «одамон болои оҳан, никел ангишт, нефт, симент, порфир хоб мекарданд, вале агар лозим меомад ҳамаи онро аз берун мекашониданд». Мувофиқи қайдҳои Кутюрйэ дар Душанбе соли 1926 ҳамагӣ як мактаб, як осиёб, почта ва бинои сирк сохта шуда, аҳолии шаҳрро ҳамагӣ се ҳазор кас ташкил медод. Баъди соли 1926 равиши сохтмон авҷ гирифт.
П. Вайян- Кутюрйэ яке аз аввалин хориҷие буд, ки шоҳиди дастгир шудани саркардаи босмачиён шудааст. Дар поёни «Шаби Куктош» номи китобаш ҳодисаро сабт кардааст: «Соати якуними шаб, дар остнаи дар садое баромад. Дар равшании фонусе, ки дар дасти касе буд се сурати калони дар тан яктагпӯшро, ки дар даст камон доштанду сӯи Хоҷибоев меомаданд дидам. Бехабар аз ҳодиса, дастамро ба таппончаам бурда аз ҷоям ҷаста хестам…
Ниҳоят ман онҳоро шинохтам, се командири бригадаи мо буданд. Хоҷибоев бедор шуда, қоѓазеро, ки ба ӯ дароз карданд, гирифту ногаҳон аз ҷой хеста, ба мо рӯй оварда ба хондан сар кард: «23 июни ҳамин сол, нисфирӯзӣ мо Иброҳимбек, Соҳиб командир ва ҳамчунон ҷавоне , ки аз деҳаи Ишқобод Оқтурак аст ҳабс кардем. Иброҳимбек ва ҳамроҳони ӯ пиёда буданд. Онҳо як милтиқи ёздаҳ калибра, як таппонча, як наган ва як бровинг доштанд. Нагани Иброҳимбек ҳоло дар дасти ман аст. Сардори отряди ихтиёриён: Муқим Султон!» Мо чапакзанон фарёд кардем: --Ура! Ин талафоти империализм аст! -- Агар хабари мазкур тасдиқ шавад, --гуфт Хоҷибоев, ин ѓалабаи бузурги панҷсола аст… Рӯзи дигар, соати ёздаҳи пагоҳӣ, хабари нав тасдиқ шуд…» -- Кутюрйэ дар қисмати дигари китобаш хонандагонро бо кору бори колхозчиёни водии Вахш, сохтмони Вахш шинос кардааст. Дар совхози «Вахш» бо бисёр колхозчиёну коргарон вохӯрда бо ҳаёти деҳоти районҳои Фархору Кӯлоб ошно шудааст. Бозори шаҳри Кӯлобро таърифу тавсиф намуда навиштааст, ки дар он гусфанд, шутур, асп мефурӯшанд, асп панҷсад сӯм, гӯсфанд ҳаштод сӯм нарх доранд. Бо Кутюрйэ муяссар шудааст, ки масҷиди Мир Саид Алии Ҳамадониро тамошо кунад…
Сафари нависандаи франсавӣ замоне ба вуқуъ пайваст, ки миллати тоҷик Эҳёи нави худро аз сар мегузаронд. Ӯ тараққиёти бемайлони онро бо чашмони хеш медид, ҳақиқатро бо милёнҳо одамони рӯи дунё ошкор кард. Ҳар як сатри китоби дуюми «Бунёдкорони ҳаёти нав»-ро метавон рисолаи ҳуҷҷатӣ номид, зеро дар як боби он на танҳо факту рақамҳои тайёр истифода шудаанд, балки онҳо тавассути вохӯриҳои ӯ бо одамони деҳоти тоҷик, ҳис кардани мақсаду мароми онҳо пас аз ҳамроҳ зиндагию якҷоя гирди дастархон нишастан ба қалам оомадаанд. Дар симои тоҷикон ӯ дӯстони бовафою меҳрубонро дид. Ӯ даҳуми октябри соли 1937 аз олам даргузашт.
Пол Низан 7-феврали соли 1905 дар ш. Тури Фаронса дар оилаи муҳандиси роҳи оҳан ба дунё омадааст. Баъди хатми литсеи Генрихи IV Париж ӯ дар соли 1924 ба Мактаби олии Париж (Ecole normale superieure) дохил мешавад. Баъди соли1927 ба сафи ПКФ даромада ва оиладор мешавад. Соли 1932 Пол Низан профессори аз улуми философия дар Бурк-ан-Брес гашта ва ҳамон ҷо депутат аз тарафи ПКФ интихоб мешавад. Ҳамон сол дар бораи роли философия (памфлет) бо номи «Сторожевые пси» ( Les chiens de garde) аз чоп мебарояд. Ӯ дӯсти ҷавонии Жан Пол Сартр буд.
Бояд гуфт, ки Пол Низан иштирокчии съезди якуми нависандагони Тоҷикистон буд. Нависандагони тоҷик шоҳиди ин суханони Пол Низан буданд: «Ман съезди якуми нигорандагони Тоҷикистонро аз номи Ташкилоти Байналхалқии нависандагони мубориз ва нависандагони мубориз ва Партияи Коммунисти Фаронса табрик мекунам… Ба адибони тоҷик лозим аст, ки одатҳои куҳнаро барҳам диҳанд. Суръати нав, услуби навро бояд ба даст даровард, лозим аст, ки нависандаи советӣ дар ҳамон нуқтае, ки он ҷо сохтмон дар авҷ аст: заводу колхоз, дар ҳамон ҷо, ки инсони нав – қаҳрамони адабиёти советӣ машѓули кор аст. Рафиқони ҳамқалами калонсолатон ба шумо роҳ азнавсозии мадании Тоҷикистонро нишон дода истодаанд. Ман хушбахтам, ки ин ҷо рафиқон Лоҳутӣ ва Айниро, ки аз аз шаклҳои кӯҳнаи адабӣ ба адабиёти инқилобию сохтмони сосиализм гузаштаанд, табрик мегӯям. Дӯстон дар назди шумо ояндаи дурахшон аст. Масъулияти калоне дар ӯҳдаи шумост, онро қабул хоҳед кард, шумо барои Тоҷикистон бояд адабиёти сосиалистии шоистаи даврони навро офаред» (Глазами французских просвещенцев // «Коммунист Таджикистан». -1965. -4 апрель).
Баъди бозгашт ба Фаронса Пол Низан «Сафар ба Тоҷикистон» ном очерке навишт, ки онро баъди як сол маҷаллаи «Наши достижения» тарҷума ва нашр кард. Мисли Кутюрйэ Низан шоҳиди дастовардҳои коргарону деҳқонони сохтмони Варзоб, Вахш, шаҳрҳои Сталинободу Қурѓонтеппа мегардад. Вале чизи асосие, ки сафарномаи Пол Низанро аз китоби «Бунёдкорони ҳаёти нав» фарқ мекунонад, он аст, ки ӯ чун ҳамкасби худ вақти навиштани сафарномааш аз нишондодҳои омор сарфи назар кардааст. Ҳар як сатри «Сафар ба Тоҷикистон» аз андешаву муоинаи шахсии П. Низан таровиш ёфтааст.
Муддате чанд вақт Пол Низан ба урфу оинҳои тоҷикон аз наздик шинос мешавад, шоҳиди қад афрохтани биноҳои нав мегардад, бо адибони рӯзноманигорон суҳбат мекунад. Вай бештар ба ҳаёти пойтахт таваҷҷуҳ карда навиштааст, ки дар хиёбони рости калони шаҳр автомобилҳои гуногун рафтуо доранд, дар ҷои биноҳои лоини кӯҳнасохт хонаҳои сафеди сангин қомат рост мекунанд, дӯкони китобфурӯши пури харидорон буданд, бегоҳирӯзӣ ҳангоми сайру гашт сталинободиҳо ѓулингу бодому яхмос мехӯранд, дар чойхонаҳо болои гилемҳо нишаста, чой менӯшанд, сарояндагону мусиқинавозони миллиро гӯш мекунанд. Тамошои магазинҳои Қӯрѓонтеппа бошад, ӯро лаҳзае хаёлан ба Фаронса мебарад: «Магазинҳои Қӯрѓонтеппа дӯконҳои баққолии мавзеъҳои хурди Фаронса, шаҳрҳои музофотиро ба хотир меоранд». (Наши достижения. -1936. -№ 1).
Пол Низан яке аз иштирокчиёни намоиши Якуми май дар Сталинобод соли 1934 буд. Ӯ 23 маи соли 1940 дар муҳорибаи дуртар аз Дюнкерк вафот мекунад. Владимир Познер (шоир, насрнавис, тарҷумон, рӯзноманигор ва мунаққиди адабӣ) 18-январи соли 1905 дар оилаи яҳудӣ дар Париж таваллуд шудааст. Падараш Соломон Владимирович Познер (1876 – 19460) рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ, модараш Эсфир Соломоновна Сидерская (1882–1942). Онҳо дар Фаронса дар муҳоҷират буданд. Ӯ соли 1921 ба Донишгоҳи Сорбони Париж дохил шуда ва онро соли 1924 ба итмом мерасонад. Соли 1928 дар Париж нахустин китобҳои ӯ бо номи «Вазъияти шеър» (Les vers en cas), соли 1929 оиди адабиёти рус бо забони франсавӣ «Адабиёти рус» (La literature russe) аз чоп мебаряд. Соли 1959 дар Париж новеллаи «Ҷои қатл» (Le lieu du suplice)-ро менависад.
Соли 1966 Познер ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар карда, дар чандин республикаҳои он, аз он ҷумла Тоҷикистон меҳмон буд. Таассуроти худро оид ба тараққиёти илму техника, адабиёту санъат, хоҷагии қишлоқи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ воситаи алманахи «Увѓиеѓ» («Коргар») манзур кард, ки баъд дар шакли китоби « Ҳазору як рӯз» интишор шуд. Познер хотироти худро аз Тоҷикистон бо суҳбаташ бо Мирзо Турсунзода оѓоз намудааст: «Мирзо Тусунзода -шоири тоҷик, сӯям хам шуда гуфт: «Замоне одамон ҳатто гугирд надоштанд ва агар оташ лозим мешуд барои он ба хонаи ҳамсоя мерафтанд. Ҳанӯз ҳам барои чунин сафарҳои кӯтоҳмуддат зарбулмасале ҳаст: «Оташгирӣ омадед?».
Ман сӯи одамоне, ки гирди миз менишастанду ба мэри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон –ҳама шоир буданд, менигаристам. Метавонистам ба онҳо фаҳмонам, ки дар забони ненетси отш кофтан маънои гарм, дӯстӣ ҷустанро дорад. Гуфтам, ки:
 --- Оре, ман оташгирӣ омадаам, гӯгирд надорам!» (В.Познер. Ҳазору як рӯз. Париж: Жулляр, 1967).
Тасвири аэропорти Душанбе, муқоисаи дирӯзу имрӯзи пойтахти тоҷикон, нақлҳо дар бораи донишкадаи тиббии пойтахт, колхози «Ѓалаба» -и ноҳияи Ленин, ҳозира н. Рӯдакӣ мазмуни асосии сафарномаи Познерро ташкил мекунанд. Вай дар аэропорти Душанбе одамони бисёреро дидааст, ки «либосҳои аврупоиёна» ё худ бо пӯшокҳои қаҳрамонони афсонаҳои «ҳазору як шаб» монандро дар тан доштанд. Аксарияти занону духтарон муйи сарашонро дуто бофтанд, ки «баробари қадашон буданд», баъзеашон болои сар мисли занони Махачқалъа, Москва, Париж – печонида буданд.
Шаҳри ҳамешабаҳори мо ба омӯзиши таърихи он Познерро ба хулоса овардааст, ки барои хонандагонаш нақли зерин орад: «Чил сол пештар дар маркази республикаи Тоҷикистони имрӯза ҳамагӣ се дарахту майдончаи хурдакаке вуҷуд дошт, ки ҳар рӯзи душанбе бозоре барпо мегашт, акнун сесад ҳазор аҳолии ҳозиразамон дарҳои худро пешкаши меҳнаткашон кардаанд».
Табибу шоир инсондӯстанд. Ба равнақи илми тиб шинос шуда, вазъияти шеъру адабро дар сарзамини тоҷикон ҳис накардан номумкин аст. Ҳарчанд, ки Познер «оташгирӣ омада буд», вале ӯ бо зӯди дарк кард, ки «муҳаббати умумии халқ ба шеър аст». Барои донистани он «дар ҷустуҷӯи оташ» мешавад ва ниҳоят ба хулоса меояд: «Дар Тоҷикистон чун дар Шимоли Бузург бо шоир рӯ ба рӯ шудан муъҷиза нест. Дар ин ҷо назар ба асарҳои насрӣ маҷмуаҳои достонҳо бештар нашр мешаванд. Ҳар як деҳқон метавонад, ки аз осори Умари Хайём, Ҳофиз ё Фирдавсӣ намуна орад… одамони оддӣ – деҳқонон ё ҳунармандоне ҳастанд, ки достонҳои карданро дӯст медоранд. Чунин одамон кам нестанд, барои баъзеашон донистонӣ касб шудааст ва барои шеърхонӣ онҳоро дар тӯйе ё худ ҷашни дигаре шунидан деҳа ба деҳа мегарданд».
Вале он чизе, ки Познер дид замоне сафари Кутюрйэ вуҷуд надошт. Познер дар ҷойи теппаҳое, ки шояд ароба, мошин ё аспи муаллифи «Бунёдкорони ҳаёти нав» аз болои он гузашта бошад иқоматгоҳҳои ҳозиразамон, мактабҳои типпи нав, идораҳои барҳаворо бидид.
Комёбиҳои миллати тоҷик дар замони мавҷудияти Ҳокимияти шӯравӣ нависандаи коммунисти фаронсавиро мафтун карданд. Ҳар чиро ба чашм дид бо меҳри дил навишт. Ба ҳазорон фаронсавизабонони олам воситаи ҳуҷҷатҳои муътамад ва пеш аз ҳама, тавассути таассуроти мушоҳидаҳои фардии худ аз моҳияти сотсиализм сухан ронд. Ҳар як сатру андешаҳои солими Познер аз инсонпарварии ӯ хабар медиҳанд. Нависандаи фаронсавӣ дар ватани тоҷикон меҳрубонию дӯстиро дарёфт, «ҷустуҷӯи оташ» ба дили ӯ гармӣ бахшид.
Ҳамин тариқ, адибони равшанфикри фаронсавӣ дар сафарномаҳои худ ба оламиёни хушманд аз таърихи дигаргуниҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафти ҷанбаҳои гуногуни илму маданияти Тоҷикистони шӯравӣ сухан гуфтанд, нишон доданд, ки Тоҷикистони имрӯз республикаи муқтадиру соҳиби илму техникаи замонавӣ кадрҳои баландихтисос аст ва тоҷикони меҳмоннавозу инсондӯст бофарҳангу адаби гузаштаи худ ифтихор мекунанд ва ба сӯи созмони дурахшони коммунистӣ далерона қадам мебардоранд.
 
 Адабиёт
  1. Ш. Мухтор, Тоҷикистон аз назари адибони Фаронса. Душанбе, 1982, Нашриёти «Адиб».
  2. Ш.Мухтор, Замон ва тарҷумон. Душанбе 1982. Нашриёти « Адиб».
  3. Пол Ваян- Кутурйэ. Бунёдкорони ҳаёти нав. Париж, Бюро д, Эдисйон 1932.
  4. Пол Низан «Коммунист Таджикистан», 15-Май 1934.
  5. Владимр Позднер. Ҳазору як рӯз, Париж: Жулляр, 1967
 
 
Исоқов Маҳмадлатиф,
ходими илмии
шуъбаи Амрико ва Аврупои
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ