АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шинохти рубоиёти асили Хайём

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Масъалаи шинохти рубоиёти асили Умари Хайём ва ҷудо кардани онҳо аз мушкилтарин муаммоҳои Хайёмшиносӣ ва таърихи адабиёти тоҷику форс аст. Дар ин бора муҳаққиқони зиёде таваққуф кардаанд ва барои ҳалли он саъю кӯшиши фаровон ба харҷ додаанд. Баъзе аз онҳо, дар ин кори душвор натиҷаҳое ба даст овардаанд, вале ин дастовардҳо ҳанӯз комилан таъйид нашудаанд. Зеро то ҳол қадимтарин нусхаи маҷмуаи рубоиёти Хайём, ки дар замонаш ҷамъоварӣ ва китобат шуда бошад, пайдо нагардидааст. Бинобар ин ҷустуҷӯву таҳқиқи ин масъала идома дорад. Мо ҳам саъй мекунем дар бораи меъёрҳои таъйини рубоиҳои аслии Умари Хайём таваққуф намоем.
Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки ҷудо кардани рубоиҳои аслии Умари Хайём ниҳоят зарур аст. Зеро то ин масъала ҳал нагардад, ба таври дақиқ муайян кардани ҷаҳонбиниву афкори шоир ва сабки эҷодии ӯ ниҳоят душвор аст. Бесабаб нест, ки дар бораи шахсият ва ақоиди Умари Хайём чи дар сарчашмаҳо ва чи дар осори таҳқиқотӣ андешаву назарҳои мухталиф баён шудаанд. Аз ҷумла муаллифи «Таърихи ҳукамо» Ҷамолиддин Абулҳасан Алӣ ибни Юсуфи Қифтӣ дар баробари донишманди маъруф, имому алломаи замон ва дар илм беназир шуморидани Умари Хайём рубоиҳои ӯро барои шариат чун мори заҳрдор медонад. Агар Наҷмиддини Розӣ дар «Мирсодул-ибод» Умари Хайёмро фалсафиву даҳрӣ ва саргаштаву саргум қаламдод кунад ва Аттор ӯро марде нотамом шуморад, пас Ризоқулихони Ҳидоят дар «Риёз-ул-орифин» ӯро сӯфӣ мешуморад. Чунин андешаҳои зидду нақиз дар бораи шахсият ва ақоиди Умари Хайём то имрӯз идома дорад.
Яке аз аввалин муҳаққиқоне, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин тазоди андешаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод ва ба ҷудо кардани рубоиҳои бегона ё саргардони мансуби Умари Хайём пардохт, ховаршиноси рус В. Жуковский буд.
Ӯ дар мақолаи худ пеш аз ҳама ихтилофи назарҳоро дар бораи шахсияти Умари Хайём таъкид намуда, маълумоти сарчашмаҳоро роҷеъ ба ӯ ба қалам медиҳад. Сипас муаллиф ба гуногунии таркиби рубоиҳои мансуб ба Хайём ва тадриҷан афзудани теъдоди онҳо дар асрҳои баъдина ишора менамояд. Соли 1884 ҳангоме ки В. Жуковский дар Эрон буд, бори аввал як рубоии мансуб ба Хайёмро дар «Муноҷот»-и Абдуллоҳи Ансорӣ дучор меояд ва андешаи ҷудо кардани рубоиёти сайёр ё саргардони ӯ пайдо мешавад. Ӯ аз сарчашмаҳои гуногун рубоиҳои мансуб ба Хайёмро гирд оварда, онҳоро бо маҷмуаҳои осори Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Камоли Исфаҳонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Анварӣ, Амини Розӣ, Озар ва ғайра муқояса мекунад ва ҳар рубоии мансуб ба Хайёмро, ки дар он асарҳо ба назар мерасанд, рубоии саргардон меномад. Ӯ 82 рубоии саргардонро дар осори 39 муаллифи асрҳои Х1 – ХУ11 пайдо мекунад ва манбаи ҳар кадоми онҳоро нишон медиҳад.
Маълум мегардад, ки аз нигоҳи В. Жуковский ҳамаи он 82 рубоии саргардон аз Умари Хайём нестанд, зеро ба ин ишорае надорад. Вале аз мутолиаи он рубоиҳо пай бурдан душвор нест, ки на ҳамаи он рубоиҳо аз Хайём нестанд. Аз
эҳтимол дур нест, ки баъзе рубоиҳои Умари Хайём бо саҳви котибон ба осори шоирони дигар ворид шуда бошад. Аз ҷумла В. Жуковский рубоии зерро дар асоси баъзе нусхаҳо ба Наҷмиддини Розӣ нисбат додааст:

Ҳар сабза, ки дар канори ҷӯйе рустаст,
Гӯйӣ зи лаби фариштахӯе рустаст,
Ҳон бар сари сабза по ба хорӣ наниҳӣ,
К-он сабза ба хуни лоларӯйе рустаст [3,377].

Ба назари мо рубоии мазкур аз Наҷмиддини Розӣ, ки аз аҳли тасаввуф буд, нест, зеро дар он андешаи тасаввуфӣ мушоҳида намешавад ва аз ҳар лиҳоз хайёмона аст.
Рубоии зайл дар нусхаи хаттии маҳфуз дар Музейи Осиё ба Фирдавсӣ нисбат дода шадааст:

Ҳон, то наниҳӣ бар тани худ ғуссаву дард,
То ҷамъ кунӣ сими сафеду зари зард.
З-он пеш, ки нафаси гарми ту сард,
Бо дӯст бихӯр, ки душманат хоҳад х(в)ард [3,353].

Дар рубоии мазкур сабки Фирдавсӣ мушоҳида намешавад ва он ҷои дигар ба назар намерасад.
Рубоиҳое, ки бо мисраъҳои зайл шуруъ мешаванд, В. Жуковский аз маҷмуаҳои осори Ҳофиз пайдо кардааст:

Он қаср, ки Баҳром дар ӯ ҷом гирифт
                      ***
Абр омаду боз бар сари сабза гирист
                    ***
Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз
                      ***
Он беҳ, ки ба ҷоми бода дил шод кунем
                        ***
Айёми ҷавонист, шароб авлитар
                  ***
Он лаъл дар обгинаи сода биёр
                     ***
Дар пои аҷал чу ман сарафканда шавам
                     ***
Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлу
                        ***
Онам, ки падид гаштам аз қудрати ту
                      ***
Соқӣ, майи хушгувор бар дастам неҳ
                         ***
Афтод маро бо маю мастӣ коре

Пай бурдан душвор нест, ки на ҳамаи рубоиҳои мазкур ҳофизонаанд ва дар аксари онҳо сабки Умари Хайём эҳсос мешавад, ки ниёз ба таҳқиқ доранд. Чунин ҳолатро дар рубоиҳои ба Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Абусаиди Абулхайр, Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигарон нисбат дода низ метавон мушоҳида кард. Бинобар ин ҳамаи 82 рубоии сайёрро ба таври қатъӣ аз Хайём надонистан ва ба дигарон нисбат додан дуруст нест. Аз ин ҷост, ки В. Жуковский дар охири мақолаи худ рубоиҳои сайёрро аз рӯи мавзуъ ба чор гурӯҳ ҷудо мекунад ва ба рубоиҳои гурӯҳи чорум такя намуда симои Хайёмро чунин ба қалам медиҳад: « Хирадманди солор, ки дар эътиқоди худ устувор буда, дар масоили ҳастӣ азият кашида, дар шариати исломӣ муаммоҳои зиндагиро пайдо намекунад, дар заминаи ирфони суфиҳо ҷаҳонбинии муназзамро эҷод мекунад; ӯ умуман харобкори имон нест…Умар мунодии ахлоқи пок, ҳаёти воқеӣ ва муҳаббати гарм ба Худованд буда, ба арши абад, дурахшон ва зебо майл дорад» [3,362,371].
Тавре ки мебинем, В. Жуковский дар симои Умари Хайём ҳакими хирадманди аҳли тасаввуфро дидааст ва аз ҳамин назар рубоиҳоро интихоб кардааст. Бо вуҷуди ин асари ӯ саҳми бузурге дар Хайёмшиносии олам ба шумор меравад ва чунон ки ховаршиноси бузург Э. Браун навиштааст, «бо интишори мақолаи бадеъ ва пурарҷи профессор Валентин Жуковский ба унвони «Умари Хайём ва рубоиёти саргардон» давраи ҷадиде дар ин боб оғоз шуд» [4].
Ховаршиноси англис Денисон Росс мақолаи мазкурро ба забони англисӣ тарҷума карда, ихтисоран дар шумораи 23 соли 1898 нашрияи Анҷумни Осиё нашр менамояд. Ӯ теъдоди рубоиёти сайёрро ба 108 мерасонад. Денисн Росс пеш аз ҳама равишҳои муҳаққиқони ғарбро дар шинохти рубоиёти Умари Хайём баррасӣ намуда, чанде аз онҳоро шарҳ медиҳад:
  1. Тамомии рубоиёти мансубро, ки дар нусахи хаттии кӯҳан аз шоирони дерини эронӣ ёфта шуда аз девони Хайём ҳазф кунем.
  2. Тамомии рубоиётеро, ки аз ҳамон оғоз ба шоирони мутааххир нисбат дода шуда, бизудоем.
  3. Тамомии калимотеро, ки аз Умари Хайём дар нахустин осори зиндагинома ва таворих забт шуда, ба унвони нақли қавли асил бипазирем. 4. Сабки иншо ва таркиби калимот ва мавзуи шеърро, ки нозир ба ҷаҳонбинии Хайём аст, ба унвони милоки асолат қабул кунем [20,208].
Донишманди даниягӣ Артур Кристенсен пажуҳишро дар ин замина идома дода, соли 1905 рисолае дар бораи Умари Хайём ба табъ расонд ва 12 рубоиеро, ки дар онҳо номи Хайём зикр шудааст, рубоиҳои аслии ӯ донист. Ин пешниҳод мавриди қабули хайёмшиносон қарор нагирифт. Зеро дар ҳақиқат зикри номи шоир на ҳамеша далели муаллифии он мебошад. Масалан, равшан аст, ки дар рубоии зер шоири дигаре ба Хайём ишора кардааст:

Хайём, ки хаймаҳои ҳикмат медӯхт,
Дар кӯраи ғам фитоду ногоҳ бисӯхт.
Миқрози аҷал таноби умраш бибурид,
Фарроши қазо ба ройгонаш бифурӯхт.

Дар рубоии дигар шоире ба Умари Хайём чунин муроҷиат кардааст:

Аз ман бари Хайём расонед салом
В-он гоҳ бигӯед ба эъзози тамом,
К-эй саййиди ҳошимӣ чаро дӯғи турш
Дар шаръ ҳалоласту майи ноб ҳаром? [13,14-15].

А. Кристенсен пажуҳиши худро дар ин замини давом дода, аз ин равиши худ даст кашид ва равиши навро пешниҳод намуд. Ӯ барои муайян кардани рубоиҳои аслии Умари Хайём равиши омориро пеш гирифта, дар асоси матни 13 сарчашмаи хаттӣ ва 5 чопӣ 1231 рубоии мансуб ба Хайёмро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва 121 рубоиро интихоб менамояд. Дар байни он сарчашмаҳо нусхаҳои хаттии китобхонаҳои Бодлеан, Музейи Британия, Париж, Ленинград, Берлин ва нашрҳои Калкутта, Розен ҳастанд, ки дар он даврон нисбатан муътамад буданд. Матни омодакардаи А. Кристенсенро метавон аввалин матни интиқодии рубоиёти Умари Хайём ба шумор овард. Зеро ӯ маъхази ҳар рубоиро зикр намуда, тафовут ва нусхабадалҳоро нишон додааст. Вале ин матн ҳанӯз матни комили илмиву интиқодӣ набуд. А. Кристенсен дар таҳияи матн асосан ба маҷмуаҳои рубоиёти мансуб ба Хайём такя кардааст ва ба сарчашмаҳои дигар эътибор надодааст. Масалан, ӯ аз «Нузҳат-ул-маҷолис» (соли китобат 731ҳ.), ки 31 рубоӣ, «Мӯнис-ул-аҳрор» (с.741ҳ.), ки 13 рубоӣ ва аз «Тарабхонаи Ёраҳмади Рашидӣ (соли ҷамъоварӣ 867 ҳ.), ки 415 рубоии мансуб ба Хайёмро дар бар мегиранд, истифода накардааст.
А. Кристенсен пас аз таъйини 121 рубоии ба асл наздики Умари Хайём ба тавсифи шахсият ва андешаҳои ӯ мепардозад ва бар хилофи В. Жуковский набудани унсурҳои ирфониро дар рубоиёти Хайём таъкид мекунад.
Ховаршиноси маъруфи олмонӣ Ф. Розен низ матни рубоиёти Умари Хайёмро интишшор дода, дар муқаддимаи худ ба масъалаи муайян кардани рубоиёти асили шиор мепардозад ва таъкид мекунад, ки ҳамаи рубоиҳои сайёрро аз Умари Хайём надонистан дуруст нест. Аз ҷумла ӯ ишора менамояд, ки аз 16 рубоие, ки ба Ҳофиз нисбат медиҳанд, фақат ду рубоӣ дар нусхаҳои қадимии Девони Ҳофиз ба назар мерасанд. Аз ин рӯ ӯ ба натиҷае мерасад, ки «мо ҳақ надорем аз қабл як рубоии «саргардон»-ро, ки ҷузъи рубоиёти Хайём омадааст, ба унвони он ки ҷаълӣ аст, канор бигузорем» [5,48].
Ф. Розен барои муайян кардани рубоиҳои аслии Умари Хайём илова бар нусхаҳои қадимӣ афкору андешаҳои ӯро низ ба эътибор гирифта, ҳамроҳ бо завқу салиқаи шахсии худ милок қарор дод ва пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва баррасии маҷмуаҳои гуногуни хаттиву чопӣ аз тақрибан ҳазор рубоии мансуб ба Хайём 23 рубоиро асил донист. Ӯ ин рубоиҳоро ҳамроҳи қитъаҳои арабии Умари Хайём соли 1928 ба нашр расонд.
Мутарҷими маъруфи рубоиёти Умари Хайём Фитсҷералд, ки ба хидмати бузурги ӯ дар тарҷумаи рубоиҳои Хайём ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданаш ишора шуд, дар шинохти рубоиёти шоир низ саҳм дорад. Ӯ ба рубоиҳои мансуб ба Хайём бо назари таҳқиқӣ нигариста, мувофиқи завқи худ он рубоиҳоеро интихоб кардааст, ки дар воқеъ симои ҳакими озодандешро таҷассум менамоянд.
Ховаршиноси маҷорӣ Б. Силлик ба ҷустуҷӯ ва баррасии нусхаҳои хаттии рубоиёти Умари Хайём пардохта, дар ду асари худ сарчашмаҳои дар китобхонаи Париж маҳфуз бударо тавсиф намуд ва чандин рубоиҳои тозаи мансуб ба Хайёмро пайдо кард.
Ба таҳқиқи сарчашмаҳо ва нусхаҳои хаттии рубоиёти Умари Хайём ховаршиноси олмонӣ Г. Ремпис низ машғул шуда, асарҳои илмӣ ба табъ расонд. Ӯ рубоиҳои мансуб ба Умари Хайёмро аз рӯи таърихи мураттаб ва китобат шудани нусхаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо мекунад ва ба ҳар гурӯҳ хол гузошта ҳар гурӯҳе, ки холи бештар гирифтааст, аслӣ мешуморад. Ба ин тартиб ӯ 255 рубоиро асил дониста 47 рубоии дигарро, ки ба онҳо наздиканд, илова менамояд.
Донишманди ҳинд Свами Говинда Тиртҳа беш аз бист соли умри худро ба ҷустуҷӯву таҳқиқи аҳволу осори Умари Хайём бахшида, дар ин росто ба дастовардҳои муҳим муваффақ мешавад. Ӯ пеш аз ҳама сарчашмаҳои дастраси таърихиву адабиро роҷеъ ба Хайём ва осори муҳаққиқони хайёмшиносро баррасӣ намуда, дар баробари ба таври дақиқ муайян кардани санаи таваллуду вафоти ҳаким, таҳқиқи осори нуҷумӣ ва афкору андешаҳои вай ба ҷамъоварии рубоиёт мепардозад. Ӯ аз миёни 2213 рубоии мансуб ба Хайём 753 рубоиро мутааллиқ ба 143 шоири асрҳои баъд дониста, 1102 рубоиро мансуб ба Умари Хайём мешуморад ва дар китоби худ «Ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём» ба тарҷумаи англисӣ соли 1941 дар Оллоҳободи Ҳинд ба табъ мерасонад. Рубоиҳо дар ин китоб аз рӯи мавзуъ ба 17 боб ҷудо карда шудаанд. Свами Говинда ҳарчанд дар таъйини рубоиёти асил равиши тозае пешниҳод накардааст ва дар асоси нусхаҳои хаттӣ ва завқи шахсии худ рубоиҳоро интихоб кардааст, вале китоби ӯ асари ҷамъбастӣ буда, махсусан, бахши таҳқиқотии он саҳми барҷастае дар Хайёмшиносӣ ба шумор меравад. Муҳтаво ва арзиши илмии ин асарро муҳаққиқи тоҷик Ё.Одинаев ба таври оммавӣ бозгӯ ва шарҳу тавзеҳ намуда, дуруст таъкид кардааст: «Асари Свами Говинда, ки ба забони англисӣ таълиф ва чоп шудааст, чандин масъалаҳои муҳиму баҳсталаби тӯли қариб 900 сол ҳамчун муаммо ба шумор равандаро ба таври асоснок ҳаллу фасл намудааст» [12,5-6].
Дар Эрон аввалин касе, ки ба масъалаи ҷудо кардани рубоиҳои аслии Умари Хайём пардохтааст, нависандаи маъруф Содиқ Ҳидоят мебошад. Ӯ ҳанӯз дар ҷавонӣ маҷмуаи рубоиёти Хайёмро мураттаб намуда, соли 1923 бо пешгуфтор ба табъ расонда буд. Сипас ҷустуҷӯҳои худро идома дода соли 1934 маҷмуаи «Таронаҳои Хайём»-ро бо пешгуфтори муфассал чоп менамояд.
Дар воқеъ пешгуфтори мазкур ба ҳукми як тадқиқоти ҷудогона буда, «дар омӯзиши афкору андешаи фалсафӣ ва ҳунари шоирии Умари Хайём то ба имрӯз яке аз пажӯҳишҳои бунёдӣ ба шумор меравад» [21,180]. Бесабаб нест, ки баъзе муҳаққиқон мисли Маҳмуди Катироӣ Содиқ Ҳидоятро бунёдгузори хайёмшиносӣ дар Эрон донистаанд [4,28-35].
Содиқ Ҳидоят 14 рубоиро, ки дар сачашмаҳои қадимӣ сабт шудаанд ва маъниҳои фалсафӣ доранд, милок қарор дода, аз руи онҳо 119 рубоии асилро интихоб намуда, ҷамъан 143 рубоиро ба мавзуъҳо гуруҳбандӣ кардааст.
Содиқ Ҳидоят низ мисли В. Жуковский ба назарҳои зидду нақиз ба шахсияти Умари Хайём ишора намуда, дар як шахс зоҳир шудани хислатҳои илоҳӣ, афюнӣ, шаҳватпарастӣ, моддигароӣ, муртозӣ, риндӣ, ломазҳабӣ, вофуриро ғайри имкон медонад ва дар асоси рубоиёти интихоб кардааш ӯро шоири файласуфи бузург ба қалам медиҳад.
Муҳимтарин иқдомро дар таъйини рубоиҳои ба асл наздики Умари Хайём дар Эрон адабиётшиносони маъруф Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ гузоштанд. Онҳо соли 1942 маҷмуаи рубоиёти Умари Хайёмро бо муқаддимаву тавзеҳоти муфассал ба нашр расонданд. Маҷмуа аз се китоб иборат буда, дар китоби аввал «Хайёмшинохт» шарҳи ҳоли Умари Хайём мавзуоту муҳтавои рубоиои ӯ, хусусиятҳои асосии он рубоиҳо, мизон ва равиши интихоби рубоиҳои аслӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Китоби дувум рубоиёти интихобшударо дар бар мегирад. Дар китоби савум тавзеҳоту шарҳи мухтасари рубоиҳо оварда шудаанд. Ин маҷмуа то имрӯз аз беҳтарин маҷмуаҳои рубоиёти Умари Хайём ба шумор рафта, борҳо ба нашр расидааст.
Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ нуктаҳои асосиии равиши муҳаққиқони пешина, ба хусус В. Жуковский ва Ф. Розенро ривоҷ дода, пеш аз ҳама ба сарчашмаҳои қадимӣ такя намудаанд. Онҳо аз «Мирсод-улибод»-и Наҷмиддини Розӣ, «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Атомалики Ҷувайнӣ, «Таърихи гузида»-и Муставфӣ, «Нузҳат-ул-маҷолис», «Мӯнис-ул-аҳрор фӣ дақоиқ-ул-ашъор», ҷунги Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои миллӣ, нусхаи хаттии маҷмуаи дигари Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои миллӣ, ки то асри Х1У таълиф ва китобат шудаанд, 57 рубоиро ҷамъ оварда ба иловаи 9 рубоии дигар аз сарчвшмаҳои баъдӣ 66 рубоиро ҳамчун рубоиҳои аслии Умари Хайём интихоб менамоянд. Онҳо ҷустуҷӯи худро дар ин росто идома дода, аз рӯи хусусиятҳои асосии он рубоиҳо ва завқи шахсӣ рубоиҳои дигарро илова менамоянд ва теъдоди рубоиҳои мансуб ба Умари Хайёмро ба 178 марасонанд. Дар фасли «Мизони шинохт» ба меъёроҳо онҳо дар шинохти рубоиҳои аслӣ ишора шудааст. Аз ҷумла содагиву беороишии сухани Умари Хайём дар рубоиҳо, аз тахайюлоти шоирона орӣ будан, мӯҷазу устувор, ҷиддӣ, борику зариф, нарм, натиҷаи табъи ҳакими мутафаккир будани мазмуни рубоиҳоро зикр намуда, маъниҳои умдаи рубоиёти ӯро ёдовар мешаванд.
Ҳамчунин аз нигоҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ рубоиёти Хайём «талхиву сақолати насиҳату андарз надорад» ва «вазифаи мавъизаву хотоба бар уҳда нагирифтааст ва ҳеч як аз шууни шоириро бар худ набастааст, на мадҳу зам мекунад на муғозалаву муошақа, на аз фироқ мегиряд, на аз висол механдад» [14,56-57].
Дарвоқеъ Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ моҳият ва мазмуни асосии рубоиёти Умари Хайёмро дуруст муайян кардаанд ва меъёри интихоби онҳо низ ҷолиб аст. Вале ба назари мо рубоиҳои Хайём комилан аз андарзу насиҳат холӣ нестанд. Тавре ки дар фаслҳои пешин дидем, андешаҳои ахлоқии Умари Хайём як ҷузъи фалсафаву ҳикмати рубоиҳои ӯро ташкил медиҳанд.
Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ дар охир иқрор мешаванд, ки интихоби онҳо асосан аз рӯи салиқаи шахсиашон сурат гирифтааст: «ин рубоиҳо, ки мо интихоб карда ва ба номи Хайём қаламдод мекунем, муддаъӣ нестем, ки ба таври қатъу яқин аз Хайём аст ё ин ки рубоиёти Хайём мунҳасир ба ин аст, ки мо фароҳам кардаем. Ба назари мо инҳо аз навъи сухани ҳакими Нишопур аст ва метавонад каломи ӯ бошад ва шоистагӣ дорад, аммо ҳокими ҳақиқӣ дар ин аср завқу салиқаи мо будааст на санаду далел ва бурҳон ва агар дигаре завқу салиқааш ғайр аз ин бошад, бо ӯ низоъ надорем…» [14,61]
Маҷмуаи мазкур то ҳол ҳамчун беҳтарин маҷмуаи рубоиёти ба асл наздики Умари Хайём шинохта шуда, мавриди қабул ва истифодаи муҳаққиқон қарор гирифтааст.
Дар шинохти рубоиёти Умари Хайём нусхаҳои хаттии қадимӣ нақши бузург доранд ва пайдо кардани чунин дастнависҳо ҳодисаи муҳим дар Хайёмшиносӣ маҳсуб мешавад. Донишмкнди ҳинд устоди Донишгоҳи Калкутта Маҳфузулҳақ ҳанӯз соҳои 20 асри ХХ аз пайдо шудани нусхаи хаттии ҷолибе дар Ҳинд хабар дода буд [11,369-374]. Сипас ӯ дар солҳои 40 он нусхаро чоп намуд. Дастнависи мазкур пеш аз ҳама аз он ҷиҳат хеле ҷолиб буд, ки соли 911 ҳ.қ. бо қалами хаттоти маъруф Султон Алии Машҳадӣ китобат шуда, ба вазир Алишери Навоӣ ҳадя шудааст. Арзиши баланди ин нусха дар он аст, ки он аввалин нусхаи маҷмуаи рубоиёти Умари Хайём аст, ки бо минётурҳои рангину хеле зебо ороиш дода шудааст. Султон Алии Машҳадӣ, ки на танҳо хаттоти забардаст, балки ҳунарманди донишвар низ буд, дар интихобу матни рубоиҳо завқу салиқаи баланд ба харҷ додааст.
Дастнависи мазкур 206 рубоиро дар бар гирифта, ба тартиби алифбо мураттаб шудааст. Тавре ки баррасии Маҳфузулҳақ нишон медиҳад, дар ин нусха низ рубоиҳои саргардон ё сайёр ба назар мерасанд.
Дар китобхонаҳои Ҳинд боз чандин нусхаҳои хаттии маҷмуаи рубоиёти Умари Хайём кашф мешаванд, ки дар солҳои 1422, 1463, 1511 ва асри ХУ1 китобат шудаанд. Ҳамчунин нусхаҳои зиёди маҷмуаи рубоиёти ҳаким дар китобхонаҳои Париж, Вена, Упсала, Санкт-Петербург ва ғайра пайдо мешаванд, ки дар асрҳои ХУ – ХУ11 китобат шудаанд. Арзиши дастнависҳо яксон набуда, баъзан нусхаҳои ҷаълӣ ё қалбакӣ низ пайдо мешуданд. Аз ҷумла нусхае, ки ховаршиноси англис А. Арберри пайдо кард ва соли китобати онро 1207 муайян намуд, ҳамчун қадимтарин дастнависи рубоиёти Умари Хайём таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ҷалб намуд. Матни пурраи маҷмуаи мазкур бори аввал бо кӯшиши М.Занд соли 1955 дар Душанбе ба хатти кириллӣ ба нашр расид. Сипас дар соли 1959 Р. Алиев ва М.Н. Усмонов матни форсӣ ва тарҷумаи таҳтуллафзии русии онро дар Маскав интишор доданд. Вале дере нагузашта маълум шуд, ки он нусха ҷаълӣ будааст. Ҳоло қадимтарин нусхаи хаттии рубоиёти Умари Хайём дастнависи Китобхонаи Бодлеан аст, ки соли 865 ҳ.қ. китобат шудааст.
Шинохти рубоиёти Умари Хайём солҳои 60 асри ХХ ба хусус дар Эрон хеле ривоҷ пайдо кард. Муҳаққиқони зиёде ба баррасиву нашри рубоиёти ҳаким пардохта, дар интихоб равишҳои гуногунро корбаст намуданд. Аз ҷумла Ҷалолиддини Ҳумоӣ дар муқаддимаи муфассали «Тарабхона»-и Ёрмуҳаммад Рашидии Табрезӣ, ки онро ба нашр омода кардааст, қабл аз баррасии хусусиятҳои маҷмуа матни нашркардаи Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғаниро беҳтарин нашр медонад. Бо вуҷуди ин ӯ таъкид мекунад, ки дар ин нашр низ ҳанӯз рубоиҳои сайёр ва машкук ба назар мерасанд. Ӯ ба 8 рубоиии нашри мазкур, ки дар маҷмуаҳои осори шоирони дигар мисли Ироқӣ, Маҳастӣ, Наҷмиддини Кубро, Маҷди Ҳамгар, Фахриддини Розӣ, Ибни Сино, Камолиддин Исмоил, Аттор низ ба назар мерасанд, ишора мекунад. Тавре ки дар фавқ зикр шуд, дар маҷмуаҳои дигар ҷой доштани он рубоиҳо на ҳамеша маънии онро дорад, ки аз Хайём нест. Масалан, Ҳумоӣ таъкид мекунад, ки рубоии зер «дар девони Ироқӣ ҳам сабт шудааст» [23,182]:

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.

Ба назари мо рубоии мазкур аз лиҳозу мазмуни муҳтаво ва сабку тасвирҳо ба рубоиёти Хайём наздиктар аст. Ба ашъори Ироқӣ бештар маъниву тобишҳои ирфониву тасаввуфӣ хос аст, ки дар рубоии мазкур мушоҳида намешавад.
«Тарабхона» соли 867 ҳ. мураттаб шуда, 559 рубоии мансуб ба Умари Хайёмро дар бар мегирад. Рубоиҳо дар он аз рӯи мавзуъ ба 10 фасл ҷудо шудааст. Ҳумоӣ ин маҷмуаро бо нусхаҳои хаттии қадимаи соли китобаташон 604 ҳ. ва 658 ҳ. муқояса намуда, маҷъул будани онҳоро бо далелҳо нишон медиҳад. Ҳамчунин дар ҳошияи рубоиҳо ношир андешаҳои худро дар бораи аслӣ ё дахил будани он рубоиҳо сабт кардааст. Дар муқаддима рубоиҳои «Тарабхона» бо рубоиҳои дар сарчашмаҳои қадимӣ сабт шуда мисли рисолаи «Ат-танбеҳ»-и Фахриддини Розӣ, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Марзбоннома», «Нузҳат-ул-маҷолис», «Мӯнис-ул-аҳрор» ва маҷмуаҳои дигар мавриди муқояса қарор гирифта, тафовути онҳо нишон дода шудааст. Сипас дар муқаддима роҷеъ ба «руботҳои дахили «Тарабхона» таваққуф намуда, 27 рубоиро дар Мухторнома»-и Аттор, 6 рубоиро дар осори Афзалиддини Кошонӣ ва 22 рубоиро дар осори Сайфиддини Бохарзӣ, Саноӣ, Фахриддини Розӣ, Асириддини Умонӣ, Маҷди Ҳамгар, Ироқӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саноӣ, Сироҷиддини Қумрӣ, Убайди Зоконӣ пайдо менамояд ва вуҷуди 77 рубоии сайёрро дар ин маҷмуа таъкид мекунад. Ӯ боз 24 рубоиро машкук доиста, теъдоди рубоиёти дахилро дар «Тарабхона» ба 101 мерасонад.
Донишманди эронӣ Рашид Ёсимӣ низ соли 1964 дар асоси нусхаҳои қадимӣ 340 рубоии мансуб ба Умари Хайёмро ба нашр омода намуда, садтои онро машкук медонад.
Муҳаққиқи дигари эронӣ Маҳдии Фулодванд чаҳор рубоии дар сарчашмаҳои қадимӣ ба номи Умари Хайём сабт шударо меъёр қарор дода, 155 рубоиро ба ӯ нисбат медиҳад.
Ҳасани Донишфар низ дар асоси сарчашмаҳои қадимӣ 14 рубоиро ҳамчун милок дониста, аз рубоиҳои зиёди мансуб ба Хайём 85 рубоиро интихоб намуда, соли 1974 ба нашр мерасонад.
Алии Даштӣ ҳам аз сарчашмаҳои қадимӣ 35 рубоиро меъёр қарор дода, 101 рубоиро ба Умари Хайём мансуб медонад ва аз онҳо 81 рубоиро «мухтор» ва 20 рубоиро «хайёмона» мешуморад.
Ба таҳия ва нашри рубоиёти Умари Хайём ҳамчунин Саид Нафисӣ, Муҳаммадалии Тарбият, Салими Найсорӣ, Баҳриддини Хуррамшоҳӣ, Ҳусайни Пажмон, А.Бомдод, Баҳромӣ, Муҳаммад Биҳиштӣ, Алиасғари Абдуллоҳӣ, Амир Номҷӯ ва дигарон пардохтаанд.
Дар Тоҷикистон низ дар ин маврид баъзе кӯшишҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла соли 2000 китоби шоира Гулрухсор «Шинохти рубоиёти Умари Хайём» бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расид. Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми аввал пажуҳиши муаллифро перомуни аҳволу осори Умари Хайём ва андешаҳо дар бораи мазмуну муҳтавои рубоиёти ӯ дар бар мегирад. Гулрухсор низ дар масъалаи ҷудо кардани рубоиҳои асили Умари Хайём кӯшиш ба харҷ дода, ба чанд рубоии машкуки ӯ ишора карда, онҳоро «рубоиёти раҳгум» номидааст. Ӯ аз миёни 600 рубоие, ки ба Умари Хайём мансубанд, 350 рубоиро интихоб намуда, меъёри худро чунин ба қалам медиҳад: «Дар интихоби рубоиёт, маҳаки асосӣ пеш аз ҳама ҳусни хатти шоир, яъне тарзи хосси ифодаи мақсад ва набзи сӯзони сухани хайёмона аст, ки аз гуфтори дигарон фарқи назаррас дорад» [2,102]. Сипас хусусиятҳи хоси рубоиҳои Умари Хайём зикр карда мешаванд. Дар фарҷом ба натиҷае мерасад, ки «ӯро (Хайёмро-М.М) ҳамчун асосгузор ва сардафтари жанри рубоиӣ на танҳо дар адабиёти форс, балки дар ҷаҳон мебояд шинохт» [2,107].
Аз андешаҳои Гулрухсор бармеояд, ки дар шинохти рубоиёти Умари Хайём бештар ба мавзуот ва сабки онҳо такя кардааст, ки кофӣ нестанд.
Ҳамчунин ба андешаи асосгузори навъи рубоӣ будани Умари Хайём низ наметавон розӣ шуд. Зеро тавре ки маълум аст, асосгузори ин навъи шеър дар адабиёти китобии мо устод Абуабадуллоҳ Рӯдакист, ки Умари Хайём низ суннатҳои ӯро идома додааст. Ҳамчунин Гулрухсор дар чанд маврид таъкид мекунад, ки «Хайём ба дарёфти камина аввал шоир буд» [2,110]. Ҷои дигар боз такрор менунад: «Хайём аввал шоир будааст, сипас риёзидон, табиб, мусиқишинос, ситорашинос ва ғайра…» [2,111].
Бо вуҷуди ин маҷмуаи рубоиёти Умари Хайём, ки дар қисми дувуми китоб ҷой дода шудааст, хонандагони тоҷикро ба намунаҳои беҳтарини рубоиёти мансуб ба ҳакими бузург ошно менамояд.
Дар Тоҷикистон ҳамунин дар солҳои гуногун М.Занд, Усмон Назир, А. Абдуманнонов, М. Диловаров, муаллифи ин сатрҳо маҷмуаи рубоиёти Умари Хайёмро интишор доданд, ки аксаран аз рӯи матнҳои дар Эрон ва Маскав чоп шуда мураттрб гардидаанд ва равиши тозае надоранд.
Дар бораи теъдоди рубоиҳои Умари Хайём низ муҳаққиқон андешаҳои мухталиф баён кардаанд, ки ба онҳо ишора шуд. Баъзе муҳаққиқон ҳатто вуҷуд доштани шоире ба номи Умари Хайёмро инкор кардаанд ва Хайёми шоиру Хайёми олимро ду нафар қаламдод кардаанд. Раҳим Ризозода Малик бо номи Хайём дар тӯли нуҳсад сол зиндагӣ ва эҷод кардани шахсони зиёдеро ёдовар шудааст: Абулҳасан Халаф Хайёмии Бухороӣ(ваф. 361 ҳ.), Абдуллоҳ Муҳаммад Хайёми Мозандаронӣ(в. 410 Ҳ), Халаф ибни Муҳаммад ибни Исмоил Хайём(в. асри У), Музаҳҳабиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Аҳмад Халаф Хайёмии Хуросонӣ(в. асри У111) ва ҳадс мезанад, ки шояд баъзе аз онҳо шеър ҳам гуфта бошанд, ки ба Умари Хайём мансуб дониста шудаанд [9,6].
Дар ин маврид махсусан, Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ пажуҳиш намуда, чанд мақола таълиф мекунад, ки баъдан дар маҷмуаи мақолаҳои ӯ «Хайёмӣ ё Хайём» ҷамъоварӣ ва нашр мешаванд. Дар ҳашт мақолаи маҷмуаи мазкур ин масъала мавриди баҳс қарор гирифтааст. Таботабоӣ аз чаҳор нафар, ки бо тахаллуси Хайём эҷод кардаанд, ёдовар шуда, таъкид менамояд, ки «дар садаи панҷуми ҳиҷрӣ ҳакими риёзидон ва машҳур ба номи Умар ибни Иброҳими Хайёмии Нишопурӣ ва шоире форсигӯ ба номи Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Халаф маъруф ба Хайём дар Хуросон мезистаанд» [19,17]. Дар мақолаи дигар ба Бухороӣ будани Хайёми шоир ишора шуда [19,77] таъкид мегардад, ки «аз садаи ҳафтум ба баъд шахсияти зеҳнии ин Алӣ Хайём ва Умари Хайём дар ҳам идғом шуда ва бо ҳазфи нисбати Хайёмӣ аз аввал ва номи Алӣ аз дувум ба сурати таркибии «Умари Хайём даромадааст…» [19,98].
Андешаҳои Таботабоиро баъзе муҳаққиқон таъйид кардаанд ва ҳатто Н. Шайдер иддао дорад, ки «Хайём ҳеч сурудае надорад. Пас номаш аз таърихи адабиёти форсӣ ҳазф гардад» [15,5].
Андешаи Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ дар хусуси бо тахаллуси Хайём ва Хайёмӣ зиндагӣ кардани чанд адибу олим дуруст аст, вале комилан рубоӣ нанавиштани Хайёми донишмандро таъкид намудан ва ба Хайёми Бухороӣ нисбат додани ҳамаи рубоиҳои Умари Хайёми Нишопурӣ дуруст нест, зеро тавре ки зикр шуд, аксари он рубоиҳо ба шоирону донишмандони асрҳои гуногун тааллуқ доранд. Рубоӣ гуфтани ҳакимону донишмандон дар таърихи фарҳанги мо ҳодисаи ғайриодӣ нест ва мисли Абӯалӣ ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Насириддини Тӯсӣ олимони бузург, ки шоирони ҳирфаӣ набуданд, рубоии зиёд навиштаанд, ки ҳаким Умари Хайём низ аз он зумра аст. Бинобар ин ҷудо кардани рубоиҳои аслии Умари Хайём аз вазифаҳои муҳимми хайёмшиносӣ ба шумор меравад.
Тавре ки ишора шуд, барои иҷрои ин вазифаи муҳим муҳаққиқони зиёде саъю кӯшиш ба харҷ дода, равишҳои гуногунро корбаст намудаанд, ки ҳоло аз такрори онҳо худдорӣ менамоем Дар ин бора муаллифи ин сатрҳо низ дар ду мақола изҳори назар карда, ба корҳое, ки дар ин маврид анҷом ёфтааст, ишора карда буд.
Аксари муҳаққиқоне, ки ба ҷудо кардани рубоиҳои аслии Умари Хайём даст задаанд, пеш аз ҳама қадимӣ будани сарчашмаҳои он рубоиҳоро ба асос гирифтаанд. Агар В.Жуковский аз 464 рубоии мансуб ба Хайём 6 рубоии дар қадимтарин нусхаҳои сарчашмаҳо сабт шударо рубоиҳои асили Умари Хайём донад, А. Кристенсен 12 рубоӣ, Муҳаммад Алии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ шасту шаш рубоиро «ба эҳтимоли бисёр қавӣ, балки ба итминон аз Хайём донистаанд» [14,55]. Ахиран муҳаққиқи рус Н.Е. Косачкова бо истифодща аз равиши матншиносии Д.С.Лихачев аз 18 сарчашмае, ки дар тӯли 250 соли пас аз вафоти ҳаким офарида шудаанд, 515 рубоиро аз Умари Хайём мешуморад [6]. Дар замоне, ки ҳанӯз сарчашмаи муътамаде аз замони худи шоир боқӣ намондааст, ин равиш то ҳадде мадад мерасонад, вале масъаларо пурра ҳал намекунад. Зеро далелҳои он сарчашмаҳо, ки дар асрҳои баъд офарида шудаанд, муътамад нестанд. Масалан, дар «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, ки аз қадимтарин сарчашмаи боқимондаи 5 рубоии мансуб ба Хайём аст, номи Умари Хайём зикр нашудааст. Дар «Марзбоннома»-и Саъдиддини Варовинӣ низ номи Хайём сабт нашудааст. Бинобир ин ба таври қатъӣ он рубоиҳоро аз Умари Хайём донистан дуруст нест. Вале баъзе муҳаққиқон мисли Мӯҳсини Фарзона рубоиҳои дар «Мавъиза»-и Аҳмади Ғаззолӣ, «Синдбоднома»-и Заҳирӣ, «Марзбоннома»-и Варовинӣ, «Роҳатус-судур»-и Ровандӣ, «Ат-танбеҳ»-и Фахри Розӣ сабтшударо бетардид рубоиҳои асили Хайём медонад. Тавре ки матншиноси маъруфи рус Д.С.
Лихачев таъкид кардааст, « баррасии таърихи матни асар бо барқарор кардани муосибатҳои мутақобилиаи паи ҳами матнҳо маҳдуд намегардад. Матншиносӣ хусусияти худи матнҳо, ҳадафи мураттаб кардани онҳо, сабабҳои тағйироти онҳо ва ғайраро дар ҳудуди барои шарҳи таърихи онҳо зарур баррасӣ менамояд» [8,10]. Аз ин рӯ таҳқиқи муқоясавию интиқодии сарчашмаҳо ва нусхаҳои хаттии рубоиҳои мансуб ба Умари Хайём зарур аст.
Барои шинохти рубоиёти асили Умари Хайём ба назар гирифтани мавзуот ва мазмуну маъниҳои хоси ашъори ӯ зарур аст. Тавре ки борҳо таъкид шуд, Умари Хайём шоири ҳирфаӣ набуд ва рубоиро маҳз барои баёни андешаҳои муайяни фалсафиву иҷтимоӣ истифода кардааст. Бинобар ин адабиётшиноси тоҷик Абдушукури Абдусаттор дуруст таъкид кардааст, ки «Хайём ҳаргиз ишқ, бода, айшу комронӣ ва беғамиву лоуболиро дар маркази андешаҳои худ қарор надодааст, баръакс тамоми андешаҳои ӯ дар атрофи масъалаи ҳаёту марг ва ҳастиву нестӣ мечархад. Дар назари ӯ ишқ, бода ва хушгузаронӣ василаест, на мақсад ва ӯ доир ба бода ва ишқ танҳо дар сурате сухан меронад, ки бо рафти андешаи ӯ дар бораи муаммои маргу зиндагӣ робитае дошта бошад.» [1,180].
Баррасии рубоиёти мансуб ба Умари Хайём нишон медиҳад, ки онҳо бештар мавзуоти фалсафиро мисли қадимӣ ва абадӣ будани оламу одам, таҳаввулу табаддули олам, рози ҳастиву нестӣ, асрори ҳаёту марг, нопойдории умр, ғанимат донистани лаҳзаҳои нотакрори умр, мунозира бо Офаридгор, масоили иҷтимоиву ахлоқӣ чун вазъи ногувори замона, муҳити носозгор, танқиди зулму риёкорӣ, ҳирсу оз, ситоиши некиву накукорӣ, ҳимматбаландӣ, худшиносиву худогоҳӣ дар бар мегиранд.
Ба рубоиёти Умари Хайём озодандешӣ хос аст. Он матлабе, ки ӯ наметавонист ба таври ошкоро дар рисолаҳои илмиаш баён намояд, дар рубоиҳо ифода кардааст.
Мазмуну мавзуоти рубоиҳои Умари Хайём бо осори илмии ӯ робитаи қавӣ дорад. Донишманди эронӣ, пизишки маъруфи қалб Ҳусейни Содиқӣ дар мақолаи «Рубоиҳои илмии Умари Хайём» муҳтавои илмии онҳоро бо мисолҳои мушаххас нишон додааст. Аз ҷумла аз як рубоӣ бармеояд, ки «Ҳаким Умари Хайём дар ҳудуди 450 сол пеш аз Коперник ба марказияти хуршед ва гардиши моҳ ба даври он огоҳӣ доштааст» [18,48]. Дар рубоиёти Умари Хайём ҳамчунин ба пайдоиши коинот, марги ногаҳонии марбут ба бемории қалб ва ғайра, ки то замони ӯ маълум набуданд, ишораҳо мавҷуданд.
Андешаҳои Умари Хайём дар рубоиёташ бо афкори фалсафии ӯ дар рисолаҳояш робитаи қавӣ доранд. Донишманди эронӣ Алиризо Заковатии Қарогузлу дар ин бора менависад: «Дар рисолот ба таври зимнӣ матолибе омада, ки ба мазмуни рубоиёти асили Хайём созгор аст, аз қабили норасо будани фикри башар, интиқод бар олими намоёни аср, таъйиди ҷабр дар ҳадди маъқул, ишора ба фалсафаи заррот, нафйи ғарази фоилӣ аз бори таъоло, даъват ба қаноат, таҳзир аз дӯстии аҳли замона…» [7,22-23]. Дар асари дигари худ «Умари Хайём (ҳаким ва шоир) Алиризо Заковатии Қарогузлу ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ намуда, андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Ӯ ҳамчунин маҷмуаҳои зиёди рубоиёти Хайёмро, ки нашр шудаанд, мавриди нақд қарор дода, бо сарчашмаҳои гуногун муқояса кардааст ва дар асоси онхо мунтахаби рубоиёти ҳакимро овардааст, ки мо аз он истифода кардем.
Умари Хайём дар ибтидои рисолаи «Ҷавоб ба се масоил» дар хусуси мутаноҳӣ ва ғайримутаноҳӣ будани ҷисмҳо баҳс кушода, онро ҷамъбаст накардааст. Аз рубоии зайл беинтиҳо будани оламро таъкид карда, баҳси мазкурро ҷамъбаст намудааст:

Дар доирае, ки омаду рафтани мост,
Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин олам рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост. [14,73]

Ба ин тартиб Умари Хайём афкори фалсафии рисолаҳояшро дар як силсила рубоиёташ идома дода, ба таври ошкоро баён намудааст. Тараннуми ишқ, ба хусус ишқи тасаввуфӣ, майпарастиву мадҳ хоси рубоиҳои Умари Хайём нестанд. Масалан, рубоии машҳури зер, ки дар тавсифи ишқ гуфта шуда, оҳанги фалсафӣ надорад, аз ӯ донистан нашояд:

Хуршеди сипери безаволӣ- ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафолӣ - ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ ки бимириву нанолӣ – ишқ аст. [16,157]

Ё рубоии зер, ки андешаи ваҳдати вуҷудро талқин мекунад, хоси рубоиёти Хайём нест:

Ҷонҳо ҳама об гашту дилҳо ҳама хун,
То ҷуст ҳақиқат аз паси парда бурун.
Эй бо амалат хирад равад гардуни дун,
Аз ту ду ҷаҳон пуру ту аз ҳар ду бурун. [24,383]

Тавре ки зикр шуд, баъзе муҳаққиқон ба рубоиёти Умари Хайём оҳангҳои тасаввуфиро хос донистаанд. Аз ҷумла ба андешаи Ҷаъфарӣ «Умари  Хайёмӣ мардест файласуф ва донишманди комилан мазҳабӣ ва нисбат додани рубоиёте, ки дорои муҳтавиёти пучгароӣ ва лаззатпарастӣ аст, ба ин шахсияти бузург дуруғи маҳз аст, балки он гурӯҳ аз рубоиётро шоирони дигар суруда ва ба Умари Хайём нисбат дода шудааст» [22].
Аввалан андешаи комилан мазҳабӣ будани ҳаким Умари Хайём, чунонки қаблан гуфтем, дуруст нест, ки инро мухолифати шадиди руҳониён ба ӯ низ нишон медиҳад. Сониян эҳсосоти ҳар фард метавонад дар тӯли умр борҳо тағйир ёбад ва гоҳо пайдо шудани эҳсоси рӯҳафтодагӣ ва ё лаззатгароӣ аз имкон дурр нест. Хайём низ баъзан аз ногувории зиндагӣ ба маъюсӣ гирифтор шуда, изҳори навмедӣ кардааст. Дар рубоиҳои зер ҳамон гуна вазъи ногувори ҳаким бозтоб ёфтааст:

Чун ҳосили одамӣ дар ин шӯристон
Ҷуз хӯрдани ғусса нест то кандани ҷон.
Хуррам дили он к-аз ин ҷаҳон зуд бирафт
В-осуда касе, ки худ наёмад ба ҷаҳон.
                           ***
Гар омаданам ба худ будӣ, н-омадаме
В-ар низ шудан ба ман будӣ, кай шудаме.
Беҳ з-он набудӣ, ки андар ин дайри хароб
На омадаме, на шудаме, на будаме. [14,57]

Бинобар ин мо чанд рубоиеро, ки дорои андешаву эҳсосоти руҳафтодагиву навмедӣ буда, дар сарчашмаҳои қадимӣ ба назар мерасанд, ба гурӯҳи рубоиҳои аслии Умари Хайём ворид намудем.
Муҳаммад Алии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ мавзуоти ахлоқиро низ барои рубоиёти Умари Хайём бегона донистаанд. Маълум аст, ки тарбияи инсон аз вазифаҳои асосии ҳар асари адабист ва ҳар адиб мекӯшад барои ташаккулу ғановати маънавии мухотаби худ мусоидат намояд. Хайём низ бо рубоиёти худ гоҳ ошкор ва гоҳ пӯшида андешаҳо волои аҳлоқиро баён кардааст.
Масалан, дар рубоии зер шаҳвату ҳавасронӣ мазаммат шуда, оқибати нохуши ин хислатҳои бад таъкид гардидааст:

Гар аз пайи шаҳвату ҳаво хоҳӣ рафт,
Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳӣ рафт.
Бингар чӣ касиву аз куҷо омадаӣ,
Медон, ки чӣ мекунӣ, куҷо хоҳӣ рафт. [14,57]

Дар рубоии мазкур андешаи ахлоқӣ на ҳамчун панду насиҳат ё вазъ, балки пайваста бо андешаи фалсафии маъниву мароми зиндагии инсон баён шудааст. Дар рубоии зайл низ зарурати ҳифзи саломатии инсон ва василаи пешрафти инсон будани он пайваста бо андешаи хушгузаронии умр таъйид шудааст:

Ҳар к-ӯ ба саломатасту ноне дорад
В-аз баҳри нишаст ошёне дорад,
На ходими кас бувад, на махдуми касе,
Гӯ шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад. [5,19]

Умари Хайём низ некиву накӯкориро аз беҳтарин фазилатҳои инсон мешуморад ва василаи хушҳоливу хушрӯзии ӯ медонад:

Гӯянд ба ҳашр гуфтугӯ хоҳад буд,
Не кори касе ба кори ӯ хоҳад буд.
Аз хаййири маҳз ҷуз накӯӣ н-ояд,
Хуш бош, ки оқибат накӯ хоҳад буд. [14,97]

Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳси муҳаққиқони Хайёмшинос аст, тасвири май ва майгусорӣ дар рубоиёти ӯст. Тавре ки Ҷалоли Матинӣ навиштааст, «дар бораи «бода» дар рубоиёти Хайём ду назар вуҷуд дорад.
Аксарияти қариб ба иттифоқ, ки нигорандаи ин сутур низ дар шумори онон аст, «бода»-ро дар шеъри Хайём чизе ҷуз шароби ангур намедонанд, дар ҳоле ки бархеро ақидае ҷуз ин аст» [10,235].
Дар ҳақиқат бода, май, шароб дар рубоиҳои Умари Хайём хеле зиёд ба назар мерасад. Аз ин ҷост ки мураттибону котибони нусхаҳо ва ноширон ҳар рубоиро, ки дар он май зикр шудааст, ба Хайём нисбат додаанд ва яке аз сабабҳои хеле зиёд шудани рубоиҳои мансуб ба ӯ низ ҳамин аст. Бинобар ин муайян кардани мафҳуми май аз нигоҳи Умари Хайём хеле муҳим аст. Тавре ки қаблан зикр шуд, май дар шеъри тоҷикиву форсӣ дар асрҳои 1Х – Х ба маънии аслии модии худ истифода мешуд, ки ашъори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ба хусус қасидаи маъруфи «Модари май» гувоҳи он аст. Вале аз асри Х1 бо рушду таъсири тасаввуф мафҳуми май дар шеър васеъ гардида, маъниҳои маҷозиву рамзиро низ касб кард ва дар осори шоирони мутасаввиф мафҳуми комилан тозаро гирифт. Рубоиёти Умари Хайём дар ин маврид ба назари мо дар давраи гузариш қарор дорад. Яъне дар баробари  нигоҳ доштани маънии аслии худ бода хосияти рамзиро касб намуда, дорои мафҳуми васеътар мегардад, вале ҳанӯз мафҳуми маҷозии тасаввуфиро нагирифта буд. Бода дар рубоиёти Умари Хайём дар баробари нигоҳ доштани мафҳуми аслии худ инчунин рамзи неъматҳои зиндагист. Аз нигоҳи Хайём инсон бояд умрро ғанимат дониста, аз неъматҳои он баҳраманд гардад.
Бинобар ин майро василаи беҳтрини хушгузоронии умр медонад:

Бархез буто, биёр баҳри дили мо,
Ҳал кун ба ҷамоли хештан мушкили мо.
Як кӯза шароб то ба ҳам нӯш кунем
З-он пеш, ки кӯзаҳо кунанд аз гили мо.
                                    ***
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт,
К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт.
Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт,
Май хӯр, ки ба зери хок мебояд хуфт. [14,65-73]

Дар рубоиёти Хайём, пеш аз ҳама май василаи хушгузаронии умр, зудояндаи ғаму андӯҳи зиндагӣ ва рафъи мушкилоти ҳаёт мебошад:

Май хӯр, ки зи дил касрату иллат бибарад
В-андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад.
Парҳез макун зи кимиёе, ки аз ӯ
Як ҷуръа хӯрӣ, ҳазор иллат бибарад. [14,82]

Дар интихоби рубоиҳои фаровоне, ки бо зикри май ба Хайём нисбат дода мешавад, мо такя ба он рубоиҳое кардем, ки ба мавзуъҳои мазкур бахшида шуда, маъниҳои
тасаввуфӣ надоранд.
Мавзуи дигаре, ки бо маю майгусорӣ робита дошта, барои ифодаи андешаҳои ҳаким Умари Хайём мусоидпт менамояд, тасвири табиат аст. Дар рубоии зер зебоиҳои табиат дар Наврӯз бо зебоии маъшуқ ва хушиҳои май тавъам шуда, андешаи ғанимат будани умри зудгузарро тақвият мебахшанд:

Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат ҳаст,
Май нӯш ба хуррамӣ, ки ин чархи куҳан
Ногоҳ туро чу хок гардонад паст. [14,71]

Зебоиҳои табиат аксаран барои бозгӯи андешаҳои фалсафии ҳаким тасвир шудаанд. Қадимӣ будани олам ва дар тағйиру такмил будани он, нопойдориву зудгузарии умри инсон тавассути зебоии табиат ба қалам дода шудааст:

Бингар зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул
Дар хок фурӯ резаду мо хок шуда. [14,103]

Дар рубоиёти Умари Хайём тасвири сабзаву гул зиёд буда, онҳо низ маънии аслии худро нигоҳ доштаанд ва ҳанӯз мафҳумҳои таҷридиву тасаввуфӣ нагирифтаанд. Онҳо ҳам мисли май баъзан маънии рамзӣ дошта, таҷассумгари неъматҳои моддӣ мебошанд. Дар рубоии зайл сабза ифодагари орзуҳои инсон аст:

Эй кошки ҷои орамидан будӣ,
Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.
Кош аз пайи сад ҳазор сол аз дили хок
Чун сабза умеди бардамидан будӣ. [14,105]

Тасвири гул низ двр рубоии зер маънии рамзӣ дошта, бесуботии умри инсонро ифдода менамояд:

Бо сарвқаде тозатар аз хирмани гул
Аз даст манеҳ ҷоми маю домани гул.
З-он пеш, ки ногаҳ шавад аз боди аҷал
Пироҳани умри мо чу пироҳани гул. [14,95]

Дар рубоиёти Умари Хайём беш аз ҳама масъалаҳои гуногуни фалсафӣ баён шудаанд. Қадимӣ будани олами ягона, ҳамеша дар тағйири такмил будани унсурҳои олам, аз як шакл ба шакли дигар гузаштани онҳо, бесуботиву зудгузарии умри инсон, хушгузаронии умр, муаммои ҳастиву марг, асрори пайдоиши оламу одам ва масоили дигари фалсафӣ дар рубоиҳои Умари Хайём матраҳ шудаанд. Аксари чунин рубоиҳо ба афкори фалсафии ҳаким, ки дар рисолаҳои илмиаш баён шудаанд, иртибот доранд ва онҳо бешубҳа моли ӯнд. Аз ин рӯ ҳангоми интихоби рубоиҳо ба ин ҷиҳати онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми интихоби рубоиҳои мансуб ба Хайём мавриди назари мо буд, ин забон ва сабки рубоиёт аст. Дар рубоиёти Умари Хайём вожаву мафҳумҳои илмиву фалсафӣ мисли аҷзо, таркиби табоеъ, асрори азал ба назар мерасанд. Хайём ба ороиши зиёди сухан, лафзбозиву суханпардозӣ таваҷҷухи зиёд надоштааст.Дар роубоиҳои Хайём муҳимтар аз ҳама мазмун, ба хусус маъниҳои фалсафӣ аст. Аз ин ҷост, ки баъзе рубоиҳои ӯ аз санъатҳои бадеиву ороиши сухан холӣ буда, ба муҳовараи муқаррарӣ монанданд. Барои мисол дар рубоии зер ягон санъати сухан истифоа нашудааст:

Доранда чу таркиби табоеъ орост,
Аз баҳри чӣ афкандаш андар каму кост?
Гар нек омад шикастан аз баҳри чӣ буд ?
В-ар нек наёмад ин сувар, айб кирост? [14,72]

Ба ин минвол дар интихоби рубоиҳои ба асл наздики Умари Хайём равишҳои гуногун истифода гардид, ки қадимӣ будани сарчашмаҳо, нусхаҳои муътамади маъхазҳои рубоиёт, ифодаи мазмунҳои фалсафиву иҷтимоӣ, баёни озодандешиҳо, вуқуъгӯиву ҳақиқатҷӯӣ, сабки забони содаву беороиш, кутоҳбаёниву камсуханӣ, дурӣ аз муҷаррадбаёниву маҷоз ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Бо ин ҳама мо даъвои комилан асил будани ҳамаи рубоиҳои интихобшуда ва ба Умари Хайём мансуб будани онҳоро надорем. Ин масъала танҳо замоне ҳал ҳоҳад шуд, ки нусхаҳои аслии рубоиёти Хайём ба даст ояд. Ин кӯшиши мо танҳо барои муайян кардани рубоиҳои ба асл наздики ҳаким Умари Хайём аст.
 
                 Пайнавишт
  1. Абдусаттор А. Ташаккул ва таҳаввули рубоӣ дар адабиёти форс-тоҷик / Абдушукур Абдусаттор. – Душанбе, - 2017.
  2. Гулрухсор. Шинохти рубоиёти Умари Хайём. / Гулрухсор. – Душанбе, - 2000.
  3. Жуковский В. Омар Хайям и «странствующiя» четверостишiя. هیرفظملا / В. Жуковский // Сборник статьей учеников профессора барона В. Р. Розена ко дню двадцатипятилетия его рервой лекции. - Санкт Петербург. - 1897.
  4. Катироӣ М. Содиқ Ҳидоят бунёдгузори хайёмшиносӣ дар Эрон / Маҳмуди Катироӣ // Нигин, 1349, № 7. С.- 28 - 35.
  5. Кристенсен А. Баррасии интиқодии рубоиёти Хайём / А. Кристенсен, тарҷумаи Фаридун Бадраӣ. - Теҳрон, 1374.
  6. Косачкова Н.Е. Четверостишия Омара Хайяма в наиболее древних источниках / Н.Е. Косачкова // Известия АН Тадж.ССР, 1983, № 4.
  7. Қарогузлу А. Аз рисолати ҳайёмӣ то рубоиёт / Алиризо Заковатии Қарогузлу // Хулосаи мақолоти Кунгураи байналмилалии бузургдошти нуҳсадумин соли вафоти ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ. – Теҳрон, 1378.
  8. Лихачев Д. С. Текстология (на материале русской литературы Х-ХУ11 вв) / Д.С. Лихачев. – М.-Л., - 1962.
  9. Малик Р. Таронаҳои Хайём / Раҳим Ризозода Малик - Теҳрон, 1378.
  10. Матинӣ Ҷ. Хайёми шоир / Ҷалол Матинӣ // Эроншиносӣ, 1376, № 2.
  11. Mahfuz-ul-Haq M. Some new quatrains of Umar-I Khaiyyam, Islamic Culture 3, 1929, pp. 369-374.
  12. Одинаев Ё. Умари Хайём ва рубоиёти ӯ аз назари Свами Говинда / Ё. Одинаев – Душанбе: «Ирфон». - 2013.
  13. Омар Хаййам. Рубаиййат, подготовка текста, перевод и предисловие Р.М. Алиева и М.Н.О.Османова, ч. 2 – М., 1959.
  14. Рубоиёти Хайём, ба тасҳеҳу таҳшияи Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва Қосим Ғанӣ, ба эҳтимоми Абдулкарим Ҷурбузадор, чопи чаҳорум, - Теҳрон, 1385.
  15. Рубоиёти Умари Хайём, ба се забон, зери назар ва муқаддимаи Фаршед Иқбол - Теҳрон, 1385.
  16. Рубоиёти Хайём, таҳияи Усмон Назир. - Душанбе, - 2000.
  17. Рубоиёти Умари Хайём, - Теҳрон, чопи дувум.
  18. Содиқӣ Ҳ. Рубоиҳои илмии Ҳаким Умари Хайём / Ҳусейни Содиқӣ // Авҷи Зуҳал. 2012, № 2.
  19. Таботабоӣ М. Хайём ё Хайёмӣ / Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ – Теҳрон, 1370.
  20. Шервонӣ Ф, Шойгон Ҳ. Нигоҳе ба Хайём / Фардин Муҳоҷири Шервонӣ, Ҳасани Шойгон – Теҳрон, 1370.
  21. Хоҷамуродов О. Хайём аз зовияи диди Содиқ Ҳидоят / О. Хоҷамуродов // Илм ва ҷомеа. 2017, №2.
  22. Ҷаъфарӣ М. Таҳлили шахсияти Хайём / Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ – Теҳрон, 1372.
  23. Ҳумоӣ Ҷ. Муқаддимае бар «Тарабхона» / Ҷалолиддини Ҳумоӣ // Маю мино, 1372.
  24. Ягонӣ И. Нодираи айём ҳаким Умари Хайём /Исмоили Ягонӣ. - Теҳрон, 1370.

Мирзо Мулл
оаҳмад, д.и.ф,
узви вобастаи  АМИТ

БОЗГАШТ